Бахшҳо
23 янв 2012 12:11Гузориш

Амонатбонк тасдиқ мекунаду РАДСИН рад

Бознишастагон шикоят аз он мекунанд, ки танҳо бо иллати набудани маблағи пулӣ дар Амонатбонки навоҳӣ, эшон наметавонанд ҳақашонро дар сари вақт, яъне аввали моҳ бигиранд.

Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон масъулини Амонатбонк ва Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (РАДСИН) то ҳанӯз ба мувофиқа наомадаанд, ки қарздорӣ аз нафақа барои бознишастагон вуҷуд дорад ё не.
Изатулло Раҳмонов, сардори Амонатбонки минтақавӣ ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ки то рӯзи 16-уми январ қарзи нафақа зиёда аз 10-милёну 800-ҳазор сомониро ташкил медиҳад: «Дар ҳамаи навоҳӣ, ба ҷуз шаҳри Кӯлоб,  қарз аз нафақа ҷой дорад. Ба хусус дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ пардохти ҳаққи нафақапулӣ нигаронкунанда аст. Дар ин навоҳӣ аз 1,5 то 2-милён сомонӣ нафақаи бознишастагон пардохт нагардидааст».   
Аммо Ҷурабек Қурбонов, сардори РАДСИН дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, то рӯзи 17-уми январ дар ҳамаи навоҳии минтақа қарздорӣ аз нафақа мавҷуд нест. Ба гуфтаи ӯ, мушкили қарздорӣ аз нафақа танҳо дар ноҳияи Восеъ будааст, ки он ҳам рӯзи 17-уми январ ба пуррагӣ маблағгузорӣ гардид: «Маълумоти пешниҳоднамудаи Амонатбонк комилан нодуруст мебошад. Кормандони агентӣ ҳамарӯза аз шӯъбаҳои ин бонк дар навоҳӣ бақияпулӣ аз нафақаро таҳти назорат қарор додаанд. Талаботи нафақаи соли 2011-ум ба ҳолати 17.01-и имсол пурра маблағгузорӣ гардида, қарздорӣ аз нафақа вуҷуд надорад».
Аммо дар навоҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҷой доранд, ки баъзе аз бознишастагон ҳаққи 3-4-моҳаи нафақаашонро гирифта натавонистаанд.

 

Айб дар ош ё дар мош?

Сардори Амонатбонки минтақа низ инро рад намекунад, вале ба қавли ӯ, дар ин ҳолатҳо худи нафақагирон айбдор будаанд. Зеро бо сабабҳои номаълум,  гирифтани нафақапулиашонро ба таъхир мегузоранд. Вале худи бознишастагон шикоят аз он мекунанд, ки танҳо бо иллати набудани маблағи пулӣ дар Амонатбонки навоҳӣ, эшон наметавонанд ҳақашонро дар сари вақт, яъне аввали моҳ бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Исоев, сардори Амонатбонки шаҳри Кӯлоб, ки воқеан ба иттилои манбаъ, ягона шаҳре дар ҳамаи навоҳӣ будааст, ки маблағи нафақаро ба пуррагӣ таъмин кардааст, мегӯяд, роҳи ҳали ин мушкилро дар он ёфтааст, ки аз ҳисоби даромадҳои бонк ва маблағҳои озоди воридмешуда, ҳаққи нафақаро ҳамарӯза ба воситаи банкомат ва минибанкоматҳо таъмин мекунад: «Баъдан, бо ворид шудани маблағ аз раёсати агентии нафақа, маблағи аз дигар самт харҷшударо рӯпӯш мекунем».   
Аммо Раҳмонов иттилои зердасти худ аз Амонатбонки шаҳриро такзиб карда гуфт, ки дар ҳеч сурат бонк ҳуқуқи аз дигар самт пардохт намудани ҳақи нафақаро надорад. Дар акси ҳол, ин гуна амалиёт қонуншиканӣ ҳисоб мешавад: «Аз ҳисоби даромади бонкӣ ҳеч масъул ҳуқуқи сарф намудани онро надорад. Шояд аз ҳисоби бақияи озод пардохт карда тавонанд».    
Мантиқан сардори Амонатбонки минтақавӣ аз амалиёти зердастонаш ба пуррагӣ бехабар мондааст ва ҳатто намедонад, ки эшон пардохти нафақаро аз кадом ҳисоб ба анҷом мерасонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли худи ӯ, тайи 6-моҳ аст, ки иҷрокунандаи вазифаи сардори Амонатбонки минтақаро ба ӯҳда дорад.  Ӯ мегӯяд, ҳаргиз нияти ба ин вазифа гузаштан надорад, вале дар «боло» ӯро иҷборан ба мӯҳлати номаълум, ба ҳайси иҷрокунандаи сардор бозмедоранд, зеро ба андешаи ӯ, то ҳол кадри мувофиқ ба ин курсиро пайдо карда наметавонанд. Ҳарчанд дар ин маврид Раҳмонов мегӯяд, фарзанди Амонатбонк асту дар ҳар гуна вазифа барои он содиқ мемонад ва сидқан кору фаъолият мекунад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)