Бахшҳо
25 июн 2011 06:54Иқтисодӣ

Тоҷикистон ва бӯҳрони пешорӯи ҷаҳон

Аз мавҷи дуюми бӯҳрони молиявии ҷаҳон кишвари мо бо чӣ роҳ метавонад раҳо ёбад?Аврупо аз соли 2007 стратегияи иқтисодии худро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба субот дар ин минтақа бо роҳи иҷрои барномаҳои мухталиф, ки ба таъмини рушди иқтисодӣ оварда мерасонанд, арзёбӣ мешавад. Йоаҳим Пфайффер, узви Бундестаги Олмон ва ҳамоҳангсози масоили энергетикӣ дар мизи гирде дар Душанбе дар ин хусус сӯҳбат кард. 


Таҳлилу натиҷагириҳо асосан сари мавзӯи гузариши Тоҷикистон аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ ва мушкилоти он сурат гирифт. Йоаҳим Пфайффер аз вуҷуди фасоди молӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки ин яке аз омили асосии рушд накардани иқтисод гаштааст. Ба гуфтаи ӯ маҳз фасоди молӣ сабаб мешавад, ки сармоягузорон аз ворид кардани сармояҳояшон ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ҷанге, ки 7 миллиард доллар зарар овард

Ин дар ҳолест, ки фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна яке аз талаботи аслии гузаштан ба шароити иқтисоди бозорӣ мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 барои гузаштан аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ иқдом кардааст ва тибқи барномаи қабулшуда бояд то соли 95 давраи гузаришро аз сар мегузаронд ва пурра ба иқтисоди бозаргонӣ мегузашт. Вале ба назари масъулини ҳукумат дар соли 2011 ҳам ҳанӯз Тоҷикистон давраи гузаришро паси сар мекунад. Ба гуфтаи Олимҷон Бобокалонов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба раванди гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъсири манфии худро гузошт ва ба пояи иқтисоди миллӣ зарбаи сахт зад. Хисороти ҷанг дар иқтисодиёт аз рӯи ҳисобҳо беш аз 7 миллиард долларро ташкил додааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 68 дар сад коҳиш ёфт. Ба андешаи ӯ дар ҳоли ҳозир идораҳои давлатӣ ва бахши истеҳсолот аз рӯи он талаботе, ки ҳаст, ба кадрҳои ҳирфаӣ таъмин нестанд. Тоҷикистон ба муҳандисони касбӣ, менеҷерон ва дигар мутахассисон ниёз дорад.

Дар ҳоле аз ниёзи кишвар ба кадрҳои ҳирфаӣ гуфта мешавад, ки дар шароити феълӣ ба андешаи коршиносон соҳаи маориф ҷавобгӯ ба ин талабот нест. Яъне дар омода кардани кадрҳои ҳирфаии бахши иқтисод адами мутахассисон дар донишгоҳҳои кишвар эҳсос мешавад. Вале дар баробари робитаи нокифояи маориф бо бозори меҳнат, худи соҳаи иқтисод чандон рушд накардааст, ки аз рӯи талаботи бозор дар ҳамон самт мутахассисони касбӣ омода карда шаванд.

Таи солҳои сохтмони сотсиализм шакли хоҷагидорие ба миён омад, ки мувофиқи тарҳу нақшаҳои пешакӣ тартибдодашуда фаъолият мекард. Ба гуфтаи коршиносон дар замони шӯравӣ сиёсат бо иқтисод робитаи зич пайдо карда, ҳар як ҳаводиси соҳаи иқтисод баҳои сиёсӣ мегирифт. Асосгузорони иқтисоди сотсиалистӣ чунин ақида доштанд, ки ҷомеаи адолатпарвари коммунистӣ бо бозор пайваста буда наметавонад. Давлат чораҳои зиёдеро оид ба маҳдуд сохтани муносибатҳои моливу пулӣ ва савдову тиҷорат пеш гирифта буд. Дар натиҷа як иқтисоди сохтаву қолабие ба вуҷуд омад, ки раванди табиии худро аз даст дод ва давлати абарқудрати шӯравӣ ба бӯҳрон дучор шуд. Дар замони бозсозӣ кишварҳои дар ҳайати СССР буда, кӯшиши ба даст овардани истиқлол ва гузаштан ба шароити бозориро мекарданд.  Аммо аз сабаби фароҳам набудани шароит, омода набудани тарзи идориву сохторӣ ва кадрӣ ин кишварҳо ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа иқтисодиёти кишварҳо ба чанд навъ тақсим шуд. Баъзе кишварҳо гарчанде расман  ба иқтисодиёти бозорӣ гузашта бошанд ҳам, амалан тибқи меъёрҳои нақшавӣ ҳанӯз фаъолият мекарданд. Вале ин шакли иқтисодиёт, ки хоси шӯравӣ буд,  бо оҳистагӣ аз байн рафт ва иқтисоди бозориву омехта ба миён омад. Дар шакли омехта ҳам низоми бозорӣ ва ҳам нақшавӣ нигоҳ дошта мешуд. Иқтисоди омехтаро асосан Хитой идома медиҳад. Вале аз рӯи таҳлили иқтисодшиносон бӯҳрони молии соли 2009 нишон дод, ки тарзи идораи иқтисоди нақшавӣ, хоса низоми иқтисодии Чин бештар муваффақ аст. Зеро Амрикову кишварҳои аврупоӣ, ки бо иқтисоди бозорӣ пеш мерафтанд, дар пайи бӯҳрони молӣ хисороти зиёде диданд. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки дар Хитой идоракунии нақшавӣ ва бозорӣ вуҷуд дорад. Масалан, дар он соҳае, ки ба зиндагии мардум зиёд таъсир мерасонад, кӯшиш карданд, ки иқтисоди нақшавиро нигоҳ доранд. Бахусус дар он соҳаҳое, ки таъсири давлат калон аст ё ин ки моликияти давлат вуҷуд дорад, аз ҷумла, дар нигоҳ доштани нархи гӯшт, шир, равѓан, нон, таксӣ, чиптаи тайёраҳо ва ѓайра шакли нақшавӣ нигоҳ дошта шудааст. Аммо дар аксари соҳаҳо иқтисоди Хитой бозорӣ мебошад. Дар ин кишвар шаклҳои омехтаи  нақшавӣ ва бозорӣ амалӣ гардонида шудааст. Бӯҳрон ба Хитой таъсир кард, лекин мисли давлатҳои Аврупову Амрико ва собиқ шӯравӣ он қадар зиёд таъсир нарасонд, мегӯяд ӯ.

«Капитал» -и серхонанда ҳам  наҷот намедиҳад?

Ҳарчӣ буд ё не, маҳз ин гуна низомҳои иқтисодӣ аз мавҷи аввали бӯҳрони  молии ҷаҳон безарар берун шуданд ва гуфта мешуд дар ин давра китоби «Капитал» -и Карл Маркс ба пурхонандатарину гаронарзиштарин китоби ҷаҳон бадал ёфт.

Аммо тибқи пешгӯиҳои иқтисодшиносон ҳоло мавҷи дуввуми бӯҳрон тақрибан фаро расидааст ва ба иқтисоди давлатҳое, ки низоми нақшавӣ доранд, бештар хисорот мерасад.  Аз ҷумла бӯҳронҳое, ки феълан дар Белорусия ва ӯзбакистон аз худ дарак додаанд. Гарчанде Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад, аммо ба андешаи бархе аз таҳлилгарон ҳанӯз таъсири иқтисоди нақшавӣ дар бахшҳои хоҷагидорӣ эҳсос мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки бар асоси стратегияи наве, ки Аврупо барои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардааст, ба онҳо чун ба як “нуқтаи бензинфурӯшӣ ва газфурӯшии захиравӣ” дар оянда нигоҳ мекунад. “Агар Тоҷикистон дар оянда тавонад, ки захираҳои оби худро ба барқ табдил дода, даромад ба даст орад, дар он сурат алоқамандии Аврупо бештар хоҳад шуд” мегӯяд ӯ. Аммо ба қавли раиси ҲНИТ алоқамандии Ѓарб ба Тоҷикистон дар сурате пайдо хоҳад шуд, ки иқтисоди воқеии бозориро роҳандозӣ кунад ва аз усулу шеваҳои фармонфармоӣ дар иқтисоду иҷтимоъ, ки аз замони шӯравӣ ба мерос гирифтааст, даст кашад. Мо ҳоло ба маънои томаш иқтисоди бозорӣ надорем, балки иқтисоди мо як бозорро мемонад, иброз дошт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ба андешаи бархе аз коршиносон Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад, вале то ҳанӯз нишонаҳои идоракунии маҷбурӣ ба назар мерасад. Коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол муваффақона анҷом наёфтааст. Зеро баъзе аломатҳое, ки характери таркибӣ доранд, нишонаҳои иқтисоди бозорӣ дар онҳо ҳанӯз пайдо нашудааст. Масалан, то имрӯз дар Тоҷикистон рақобати озод вуҷуд надорад. Теъдоди хеле зиёди ширкатҳо дар хизмати бюрократҳо аст ва ба шахсони баландмартаба такя мекунанд ва онҳо нисбат ба ширкатҳое, ки бе пушту паноҳанд, як андоза бартарӣ доранд. Ин қудрат муқобили иқтисоди бозорӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ тамоми агентиҳои хоҷагидорӣ бояд дар як шароит амал кунанд ва ҳуқуқҳояшон амалан баробар бошад. Аммо ҳоло ҳуқуқи онҳо мувофиқи қонун баробар аст, аммо дар амал баробар нест, мегӯяд ӯ.

“Иқтисоди нақшавии феодалӣ”

Суоле ба миён меояд, ки ҳоло Тоҷикистон бо кадом роҳ пеш рафта истодааст: иқтисоди нақшавӣ, бозорӣ ё дар ҳолати сардаргумӣ қарор дорад?

Ба андешаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров сохтори иқтисоди нақшавӣ дар Тоҷикистон аз байн рафтааст. Зеро вай характери маҷбурӣ дошт. Аммо то ҳанӯз дар иқтисоди феълӣ нишонаҳои маҷбурӣ будани идоракунӣ ба назар мерасад.

-Ман гумон мекунам, ки ин як хусусияти ба иқтисоди нақшавӣ ва бозорӣ комилан рабт надошта бошад. Зеро дар он элементҳое вуҷуд доранд, ки омехтаанд. Аз ин нуқтаи назар иқтисоди нақшавӣ гуфтан мумкин аст, аммо ҷузъҳои иқтисоди нақшавии иқтисоди феодалӣ доштаро мемонад.

Дар шароити бозори иқтисодӣ ба гуфтаи коршиносон проблемаҳо зиёде дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба назар мерасад. Олимҷон Бобокалонов дар суханрониаш аз мушкилоте ёдрас шуд, ки ҳанӯз монеа барои гузаштан ба иқтисоди бозорӣ аст. Аз ҷумла, бозсозии сохтории иқтисод, рушди бахши воқеӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, боло бурдани дониши зеҳнии кормандон, зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот ва монанди инҳо.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки якчанд омилҳои таъсиррасонанда ба иқтисоди Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки дар сурати коҳиш надодани он иқтисоди кишвар осебпазир хоҳад буд. Вобаста будан аз интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ, вобастагӣ аз воридот ва бо ин роҳ боло рафтани сатҳи таваррум ва аз назорат баромадани танзими нархҳо омилҳои берунаи таъсиррасон ба иқтисоди ҷумҳурӣ аст. Камбизоатии аҳолӣ ва даромади ночизи онҳо, набудани ҷойи корӣ ва рушд наёфтани бахши истеҳсолот ва норасоии кадрӣ аз омилҳои дохилӣ ба шумор мерафтаанд, ки дар сурати бартараф накардани ин мушкилот на танҳо сардаргумӣ дар шакли рушди иқтисодӣ мушоҳида мешавад, балки иқтисоди кишвар заъифтар мегардад.
Исфандиёр Халилӣ
{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)