Бахшҳо
27 янв 2012 04:47Иқтисодӣ

Андози гарон ё монеъаи рушд?

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов ҳангоми ҳисобот дар ҷамъбасти солона қарздор шудани соҳибкорон ё муфлис гаштани корхонаҳоро аз ҳисобу китоби нодуруст доштан ва аз маърифати андозсупорӣ бехабар будани онҳо донист.

ӯ аз журналистон изҳори нигаронӣ кард, ки дар аксар вақт масъаларо яктарафа баррасӣ мекунанд ва ҳама айбро танҳо ба дӯши Кумитаи андоз мепартоянд, аммо паҳлӯи дигари масъаларо сарфи назар менамоянд, ки ин аз андоз саркашӣ кардани мардум мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон барои роҳандозӣ кардани ин ё он намуди фаъолият бештари даромад баҳри пардохтҳои гуногун, аз ҷумла андозҳо сарф мешавад ва дар аксари ҳолат соҳибкорони навкор ё корхонаҳои навтаъсис имкони пардохти андозро надоранд. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон 80 фоизи даромад баҳри пардохтҳо, ба хусус супоридани андоз сарф мешавад, ки ин хеле гарон аст.
Аммо дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи андоз чунин мешуморад, ки вақте соҳибкор имкони ба роҳ мондани фаъолиятро пайдо кард, аллакай вай ӯҳдадор аст, ки андозҳоро супорад. Агар имконияти пардохтро надорад, маълум мегардад, ки ӯ ҳисобу китоби дурустро ба роҳ намондааст. ӯ бояд омӯзад, савияи донишашро боло барад ва ҳисоби дурустро ба роҳ монад, мегӯяд Нусратулло Давлатов.
Надоштани имконияти пардохти андоз аз ҷониби соҳибкорони навкор аз ҳисобу китоби нодурусти онҳо маънидод мегардад. Дар ҳоле, ки ширкатҳои калоне дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҳар сол аз надоштани имконияти пардохти андоз дар назди буҷет қарздор боқӣ мемонанд ва оё гуфтан мумкин аст, ки ин гуна корхонаҳои азим ҳам ҳисобу китоби нодуруст доранд ё худ дар асл андоз дар Тоҷикистон бениҳоят гарон аст?
Барои мисол дар чанд соли охир ширкати "Барқи тоҷик", Корхонаи алюминии тоҷик Тоҷиктрансгаз ва ғайра дар қатори корхонаҳои калони қарздор ном бурда мешаванд. Соли 2012 "Барқи тоҷик" бо қарзи 159 млн. 368,4 ҳазор сомонӣ, ширкати алюминий бо қарзи 6 млн. 609,4 ҳазор сомонӣ ва "Тоҷиктелеком" бо қарзи 4 млн. 609,3 ҳазор сомонӣ аз қарздорони калон дар назди буҷет дониста шудаанд. Дар ҳоле, ки инҳо ширкатҳои азиманд ва ҳисобдорону мушовирони зиёд доранд. Замоне, ки чунин ширкатҳои азим имкони пардохти андозро надоранд, пас корхонаҳои навтаъсис чӣ гуна имкон пайдо хоҳанд кард?

 

Маърифати андозсупоранда паст аст ё андозгиранда?

Дар ҳоле, ки Нусратулло Давлатов нигаронӣ аз надоштани маърифати андозсупории соҳибкорон менамояд, аммо бархе коршиносон ва соҳибкорон мегӯянд, ки баъзе аз кормандони мақомоти андоз худашон фарҳанги муомила бо соҳибкоронро надоранд. Коршинос Зулфиқори Исмоилиён чунин изҳори назар кард: "Маърифати андозсупорӣ пеш аз ҳама аз ҷониби коргарони андоз коҳиш ёфтааст. Кормандони андоз ба бозорҳо мераванд ва ба соҳибкорон пешниҳод мекунанд, ки патент харад, арзонтар карда медиҳанд ва ғайра. Худи кормандони андоз даст ба ин корҳо мезананд, барои он ки манфиатдоранд ва бо ин роҳ пул кор мекунанд. Тоҷир чӣ хел маърифат надорад? Тоҷир медонад, ки андозро бояд супорид, аммо андозҳои мо хеле зиёд аст ва гаронӣ мекунад. Гуфтани он ки мардум фарҳанги андозсупорӣ надорад, ин ҳама дурӯғ аст ва худи кормандони андоз ин системаро ҷорӣ карданд. Ин шеваи кори андозгирандагон ба фаъолияти андозситонии солҳои 1938-40-и шӯравӣ шабоҳат дорад, ки дар оғоз намедонистанд чӣ кор кунанд ва рафта аз ҳар корхонаву ширкату бозорҳо андоз ҷамъоварӣ мекарданд".

"Асотсиатсияҳо имрӯз роли адвокатро мебозанд"

Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ки андоз дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо ягон хел гарон ва зиёд нест. ӯ аз теъдоди андоз дар Қазоқистон мисол меорад, ки 28 навъро ташкил медиҳад ва ин нишондод дар Тоҷикистон ба 21 намуд баробар аст.
Ин нишондиҳанда дар Русия 15 навъ аст.
Нусратулло Давлатов аз фаъолияти асотсиатсияҳои соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт: "Асотсиатсияҳо фақат дар бораи гарониву зиёд будани андоз мегӯянд. Гӯё дигар проблема вуҷуд надошта бошад. Асотсиатсияҳо нигоҳ карда меистанд, ки як андозсупоранда ба проблема мувоҷеҳ шавад ва онҳо роли адвокатро бозанд. Барои баланд бурдани савияи дониши андозсупоранда кӯшиш намекунанд то ба қонуншиканӣ ва саркашӣ аз андоз роҳ надиҳад".
Аммо саволе пайдо мешавад, ки агар андоз гарон набошад, ҳодисаҳои пинҳонкорӣ ё ду шакли ҳисобдорӣ дар корхонаҳо аз чӣ далолат медиҳад? Агар андоз гарон набошад, пас чаро соҳибкорон аз супоридани он саркашӣ мекунанд? Зулфиқори Исмоилиён чунин мешуморад, ки теъдоди андозҳо дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. ӯ аз теъдоди андозҳо дар Қирғизистон мисол овард, ки танҳо 7 намудро ташкил медиҳад ва нақшаи буҷети давлат бо ин 7 намуди андоз иҷро мегардад. Аммо дар Тоҷикистон бо 21 намуди андоз боз нақшаи буҷет иҷро намешавад ва рӯйхати қарздорон сол то сол меафзояд. Дар мисоли андозҳои нолозим ё сарборӣ ӯ андоз аз истифодаи нақлиётро қайд кард, ки аз ҳар фурӯшандаи бозор ситонида мешавад. Вай гуфт: "Аз шахсе, ки дар бозор кор мекунад, чӣ хел андози нақлиёт гирифта мешавад? Нозирони андоз мегӯянд, ки тоҷирон аз нақлиёт истифода мекунанд. Дуруст, лекин онҳо ба соҳиби нақлиёт маблағ пардохт мекунанд ва бигзор соҳиби нақлиёт андоз супорад, на тоҷир. Чунин андозҳое ҳастанд, ки ба андозсупор гаронӣ мекунад ва ӯ кӯшиш мекунад то онҳоро насупорад. Ин навъи андозҳо дар ягон кишвари дунё нест. Андози роялти ҳаст, ки ҳукумат дар коркарди он ҳеч саҳме надорад. Масалан, дарё қуму сангро ҷамъ мекунад ва одамон аз он ҷо як халта қум ё санг мекашанд, ки аз он ҳам андоз ситонида мешавад".
Дар бораи гарон ва зиёд будани андоз ахиран президенти кишвар дар ҷаласаи солонаи ҳукумат изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки барои баъзе фаъолиятҳо бояд имтиёз дода шавад. ӯ аз ҷумла ба масъулини ниҳодҳо супориш дод, ки дар ворид кардани дастгоҳу таҷҳизотҳо барои корхонаҳои тавлидотӣ андоз ситонида нашавад. Аз гуфтугӯе, ки президент дар ин ҷаласа нисбати андозситониву пардохтҳои гумрукӣ дошт, чунин бардоште ҳосил мегарад, ки ин ду бахш феълан монеаи рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳастанд. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки таъкидҳои президент дуруст буданд. Зеро монеаи асосии рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боҷу андози зиёд мебошад. ӯ воридоти таҷҳизотеро мисол меорад, ки дар коркарди ин ё он маҳсулот зарур аст ва қимати гарон дорад, аммо барои ба ҳудуди Тоҷикистон овардани он боҷи гарон ситонида мешавад, ки дар натиҷа маҳсулоти аз дигар кишвар воридшуда нисбати маҳсулоти дар дохил истеҳсолшаванда арзонтар мегардад.

Андоз аз 21 ба 12

Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои кам кардани коррупсия дар фаъолияти андоз бояд системаи автоматӣ роҳандозӣ карда шавад. Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки мисли "Оинаи воҳид" андозсупоранда ба ҳар ташкилот наравад ва бояд дар як ҷо ҳамаи намуди андозро супорад ва ҳама ҳуҷҷатҳояшро омода созад. Чӣ хеле, ки дар дастгоҳ пули телефони мобиливу маблағи барқ супорида мешавад, додани андоз низ бо чунин шакл роҳандозӣ гардад ба манфиати кор аст. Зеро чунин система якум боиси коҳиши коррупсия мегардад ва дуюм истеҳсолкунандагонро дигар нозирони андоз ба ташвиш намегузоранд. Агар соҳибкор андоз насупорида бошад, нозир ҳатман маблағи аз будаш зиёдро талаб мекунад ё ба кисаи худ мезанад. Вай пешниҳод мекунад, ки барои шаффоф кардани фаъолияти иқтисодӣ проблемаи дигар, яъне кам намудани андозро ҳал кардан зарур аст.
Бештари коршиносон автоматикунонии системаи андозро ҷонибдорӣ мекунанд. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки дар Душанбе ҳазорҳо нафар нозирони андоз фаъолият мекунанд, ки кори онҳоро як компютер метавонад иҷро кунад. Яъне ҳам маблағ сарфа мешавад ва ҳам фаъолияти шаффоф роҳандозӣ мегардад. Аммо бо ин ҳама ба андешаи ин коршинос то замоне, ки теъдоди андозҳо кам нашавад, проблема аз байн нахоҳад рафт.
Ҳоло тибқи иттилои пешакии раиси Кумитаи андоз дар таҳрири нави кодекси андоз теъдоди андозҳо 12 намуд пешбинӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки агар ин пешниҳод қабул шавад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Аммо бархе аз соҳибкорон бим аз он доранд, ки масъулин миқдори андозҳоро кам карда, ҳаҷмро ҳамон тавре, ки буд нигоҳ доранд.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)