Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Марги мармузи олимон

30 январ 2012, 04:21

Дар миёни 5 рӯз чор нафар маъмурони воломақоми Ниҳоди посдори инқилоби исломии Эрон ба таври мармуз фавтидаанд.

Ҳамаи ин афрод ба маълумоту лоиҳаҳои махфии таҳияи аслиҳоти ҳарбӣ дастрасӣ доштаанд ва дар коркарди онҳо бевосита ширкат мекардаанд. Гуфта мешавад, миёни онҳо нафари ба таҳияи аслиҳаҳои ғайримаъмулӣ машғул,  ҷенероли ҷанги миёни Эрону Ироқ, ихтироъкори аслиҳаи электронӣ низ будаанд. Сабаби фавти ин 4 нафар, ки аз 50 то 55 сол доштаанд, сактаи қалб ва ғалаёни хун (инсулт) дониста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бар асари як инфиҷор олими соҳаи ядроӣ- Мустафо Аҳмади Равшан кушта шуда буд. Тафтишот муайян карда буд, ки дучархасаворе ба зери нақлиёти олим маводи таркандаро насб карда ғайб задааст. Пештар олими соҳаи физикаи ядроии донишгоҳи Теҳрон Масъуд Алии Муҳаммадӣ низ аз тариқи инфиҷор дар нақлиёташ ҷонашро аз даст дода буд.
Дар ҳарду ҳолати аввалӣ Эрон Амрико ва Исроилро дар даст доштанашон дар ин инфиҷорот муттаҳам карда буд.
Дар ҳолати ахирӣ Теҳрони расмӣ ҳанӯз ифшои назар накардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!