Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

SoS: «Бобо Сафол» дар хатар

31 январ 2012, 06:14

Бо сабаби тоза нагаштани заҳбуру заҳкашҳо дар ин минтақа манозили маскунии одамон зери хатар қарор гирифтааст…

Дар ноҳияи Фархор, тибқи иттилои расмӣ дар соли сипаришуда аз ҳисоби Лоиҳаҳои корҳои мелиоративӣ ба маблағи 6-милён сомонӣ заҳбурҳо ва 4-милён сомонӣ ариқу каналҳо дар заминҳои ноҳия тоза ва аз нав барқарор гардонда шуд.  Ин амалиёт барои беҳтар  гаштани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ва низ барои зери обҳои заҳ намондани ҳавлиҳои сокинон мусоидат хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи аз ҳукумати ноҳия расида, бо истифода аз ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ, идораи хоҷагии оби ноҳия заҳбуру  заҳкашҳоро дар масофаи 8 километр бо ҳаҷми 40000 метри мукааб ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағи буҷавӣ ба масофаи 16 километр бо ҳаҷми 58773 метри кубӣ ба маблағи 255 ҳазор сомонӣ тоза карда, мавриди истифода қарор додаанд.
Аммо дар баъзе маврид, сокинон аз мушкили сари вақт тоза нагаштани заҳкашҳо ва дар ҳамин маврид, зарари обҳои зеризаминӣ ба манзили зисташон шикоят мекунанд. Сокинони рустои Бобо Сафоли поёни ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ ба «Озодагон» гуфтанд, ки бо ҳамин иллат манзили зисти зиёди одамони наздик ба заҳкашҳо, дар ҳолати хатар қарор доранд. Обҳои зеризаминӣ бо ҷурми тоза накардани заҳбурҳо, аз ҳавлиҳо ва хонаҳои мардум берун гаштан дорад. Ба гуфтаи эшон, ҳамасола ҳамин вазъият дар ҳудуди русто ба амал меояд, вале касе ба доди сокинон намерасад: «Тирамоҳи соли 2011-ум заҳбурҳоро то наздики деҳа тоза карданд. Вале даруни деҳа ва заҳкашҳои атрофи онро ба ҳоли худ гузошта, рафтанд. Масъулини идораи хоҷагии об гуфтанд, ки ҳамин ҷо маблағи ҷудошуда тамом шуд. Аҳолӣ маблағ ҷамъ карда, супоранд, он вақт омада, тоза мекунем».
Ҳамин гуфтаҳои аҳолии русторо муовини аввали раиси ноҳия низ тасдиқ кард. Дар як нишасти матбуотӣ оид ба ин мавзуъ гуфт, ки «агар сокинони деҳа хоҳиши тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва эмин нигаҳ доштани манзилҳояшонро дошта бошанд, бигзор маблағи сӯзишворӣ барои экскваторҳоро пардохт кунанд. Ҳукумати ноҳия дигар маблағ барои тоза намудани ин заҳбурҳоро надорад.
Аммо сокинони деҳа мегӯянд, ки дар пайи ҷамъоварии маблағ оҷизанд, зеро аксари эшон бе ҷойи кор будаанд.  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мушкили заҳкашҳо ҳар чӣ тезтар ҳалли мусбатро наёбад, дар кӯтоҳтарин фурсат манзили зисти зиёди сокинони ин русто харобу валангор хоҳад гашт.
Бо иллати тоза нагаштани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Фархор,  манзилҳои зисти одамон таҳти хатар мемонанд.Ҳарчанд ки тибқи як лоиҳаи ҷадиди ҲҶТ барои тозаву коршоям намудани заҳбуру каналҳои ноҳия маблағи зиёде ҷудо гардида буд.

Аслиддин Достиев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!