Бахшҳо
02 фев 2012 08:10Гузориш

Агар мансабдори баландрутба мебудеду наздиконатон ба қочоқи нашъа даст медоштанд, чӣ кор мекардед?

Мансабдорон ба он хотир ба ин кор даст мезананд, ки бо ин усул сарват ҷамъ намоянд ва вазифаҳои баландтареро харанд.

Рустам Назаров,раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки он нафароне, ки ба қочоқи маводи мухаддир даст доштанд онҳо на виҷдон доранд ва на шаъну шарафи афсарӣ доранд. Онҳо афроди бемасъулияте ҳастанд, ки як ҳадафро пайгирӣ мекунанд: Бо ҳар роҳ ёфтани мансабдороне, ки "амният"-и онҳоро таъмин карда тавонанд ва аз пушти фаъолияти ҷинояткоронаашон боз ҳам бештар пул ба даст оранд. Барои ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст ва ҳар каси бо чунин ҷиноятҳо дастгиргашта бояд аз рӯи қонун ҷазо дода шавад.

Хуршеди Атовулло,котиби генералии МАТ

Ба андешаи ман дар ин масъала набояд аз методи солҳои 1937 истифода кард. Он замон якеро дар оила кулак ё мулло эълон карда, тамоми авлодро ё бадарға мекарданд ё мепаррониданд. Бадбахтона, вокуниши ВАО ба қазияи фарзандони мансабдорон ҳамин гуна оҳанг касб кардааст. Агар додар ё хоҳар ё амаку тағову фарзанд гуноҳе содир кард, бигзор худи ӯ назди қонун посух гӯяд. Агар генерал мебудаму чунин қазия ба наздикони ман рух медод, кӯшиш мекардам онҳоро ҳимоя накунам то дар назди қонун худи онҳо посух гӯянд.

Маҳмадалии Ҳайит,собиқ афсари кашшофи шӯравӣ

Ҳодисаҳои ахири боздошти мансабдорони сатҳи боло бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз вуҷуд доштани фасод дар ҳама сатҳ ва хешутаборчигӣ дар ҳукумат ва таъйини кадрҳо бар асоси садоқати шахсӣ ва ҷуғрофӣ шаҳодат медиҳад. Пуштибонӣ дар тамоми зинаҳои ҳукумат ҷой дорад. Ман чунин андеша дорам, ки онҳое, ки хеши наздикашон, бародарашон ва ҳатто агар фарзандашон ба ин чунин расвоӣ даст зада бошад, бояд худашон ҳам аз мақомҳояшон истеъфо диҳанд. Дигар ҷои латма ворид кардан ба имиҷи кишвар боқӣ намондааст. Агар мо масъалаи озодиро гирем, медонем, ки "Хонаи озодӣ" ба Тоҷикистон чӣ гуна баҳо дод. Онҳо Тоҷикистонро як кишвари худкома, ғайридемократӣ меноманд ва мегӯянд, ки дар ин ҷо ҳуқуқҳои инсон поймол мешавад ва касе барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсон коре анҷом намедиҳад. Ана ҳамин хешу таборчигӣ, сиёсати кадрие, ки бар асоси маҳалу садоқати шахсӣ ва пуштибонӣ аз якдигар дар ҳукумат ҷой дорад, мо ба ҳамин рӯз расидем.

Амният Абдуназаров,раиси созмони "Демократия"

Даст доштани мансабдорон ба қочоқи маводи мухаддир ба он хотир аст, ки онҳо ҳеч ваҳму тарсу ҳаросе надоранд. Зеро имрӯз дар ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати кадрӣ як сиёсати хешутаборист ва як гурӯҳ мансабдорон метавонанд бе ягон мушкилӣ ба қочоқи маводи мухаддир даст зананд. Ҳамагон медонанд, ки Тоҷикистон, ба хусус сохторҳои қудратии кишвар  фасодзада ҳастанд. Афроде, ки ба ин амалҳои ношоиста даст мезананд, медонанд, ки харидани намояндагони ин ниҳодҳо ҳеч мушкилие надорад. Кӣ инсонро маҷбур мекунад, ки ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст занад? Нахуст гурӯҳе аз одамон ба қочоқи маводи мухаддир машғул мешаванд, ки дигар роҳи пеш бурдани зиндагиро надоранд ва аз ҷонашон сер шудаанд. Зеро коре нест дар ин кишвар, ки машғул гарданд, ба фақру нодорӣ фурӯ рафтаанд, гирифтори мушкилиҳои зиёданд. Онҳо маҷбуранд, ки баҳри идома додани зиндагӣ ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд. Гурӯҳи дигари одамон афроде ҳастанд, ки ҳама чиз доранд, фақат ба он хотир, ки медонанд дар боло пуштибон доранд, ба ин кор даст мезананд. Бо ин роҳ дороии худро мехоҳанд дучанд гардонанд ва аз болои мардум ҳамчун ҳоким фармонравоӣ кунанд. Мансабдорон ба он хотир ба ин кор даст мезананд, ки бо ин усул сарват ҷамъ намоянд ва вазифаҳои баландтареро харанд. Ягон нафар бидуни дастгирии фарде аз боло наметавонад ба чунин амал даст занад. Дар кишварҳои соҳибтамаддун агар як амали ношоистае аз мансабдоре сар занад, пеш аз он ки мардум аз кирдораш огоҳ шаванд, худи ӯ аз мансабаш истеъфо медиҳад. Як соҳибмансаби ҳукумати Олмон, ки ба дуздидани иқтибосе аз китоби дигар гумонбар мешуд, розӣ буд, ки аз вазифа равад. Ин вобаста аст аз тамаддуни ҳар миллат. Дар Тоҷикистон агар нафаре аз боло пуштибон бошад, метавонед ба ҳар кор даст занед. Ҳеч кас наметавонад шуморо ба истеъфо гусел кунад. Лекин агар миллати мо худро соҳибтамаддун ҳисоб кунад, бояд чунин афродро ҳам аз мансаб ва ҳам аз сиёсат берун кунад. Аммо дар Тоҷикистон ин кор сурат намегирад. Чунки боварӣ танҳо ба ҳамин гурӯҳи мардум аст. Ба дигарон ҳукумат боварӣ надорад. Боварӣ ба як маҳал, ба як гурӯҳи мардум ва ба касонест, ки ҷаноби олиро дар маҳалҳо пешвоз мегиранд.

Султони Ҳамад, собиқ корманди амният

Агар мо бигӯем, ки тамоми он касоне, ки дар мақомоти интизомӣ, амниятӣ ва умуман ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд бо фасод олудаанд ё худ ришваситонӣ мекунанд, албатта хато мекунем. Инчунин баръакси ин нуқтаи назар ҳам агар исрор биварзем, яъне бигӯем, ки дар ин мақомот ҳама одамони боинсоф, поквиҷдон ифои вазифа менамоянд, ин андеша низ хатои маҳз мебуд.  Дар ин ниҳодҳо низ ҳастанд одамоне, ки аз мансабҳои худ сӯистифода намуда бо роҳи ҷиноят ва истифода аз наздикони худ, хешу табор, мехоҳанд  бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиби молу боигарӣ шаванд. Чунин мисолҳоеро, ки баъди мурофиаҳои судӣ ба исбот расидаанд,  кам бошад ҳам, мутаассифона, овардан мумкин аст. Вале дар мисоли ҳодисае, ки бо бародари муовини раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии кишвар, ки худ низ корманди ниҳоди қудратӣ ҳаст иттифоқ уфтод, мо ҳанӯз гуфта наметавонем, ки ин амал бо ҳамин шакле ки матбуоти давр? онро инъикос кард, бо ҳамон тарз сурат гирифтааст. Барои он ки ҷурми гумонбаршуда аз тариқи судӣ ҳанӯз исбот нашудааст. Мутаассифона, дар бархе аз ин ниҳодҳо муборизаҳои дохилӣ, ихтилофҳои байнихудӣ то он андозае ҷиддӣ шудаанд, ки як ҷониб тарафи дигарро метавонад ба содир кардани ҷинояте муттаҳам созад.  Ҳатто метавонанд саҳнасозӣ кунанд. Ҳамин аҳволро аҳёнан дар байни ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  низ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Бо ин гуфтанӣ нестам, ки ин ҳодиса маҳз ҳамин тавр сурат гирифтааст. Аз тарафи дигар бе исботу далел мо наметавонем як  бародарро масъули ҷинояти бародараш ҳисоб кунем. Ин чизро на қонунҳои юридикӣ иҷозат медиҳанд, на талаботи шариат. Мутаассифона, ҳамин амали номатлуб низ, яъне муқассир донистани як шахс барои ҷурми ҳатто исбот нашудаи шахси наздикаш  дар ҳаёти имрӯзаи мо вомехӯрад. Ман нафареро  дар ҳамин ниҳодҳои қудратӣ  мешиносам, ки мутахассиси хуби соҳаи кори худ аст, вале барои он ки бародараш муттаҳам ба содир кардани ҷиноят шудааст (ҳанӯз аз тариқи суд  ҷинояти ӯ исбот нашудааст) муддати тӯлонист, ки аз вазифа озод аст ва касе дар суроғаш нест. Чунин вокунишҳо на танҳо ба  шахсияти як инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки барои ҷомеъа низ зарар дорад.  Ҷомеъа мутахассиси  поквиҷдону чашми кордонеро аз даст медиҳад.

Агар ман дар мансаб мебудаму наздикони ман ба чунин амал даст мезаданд, ман  онҳоро маҳкум мекардам ва ҳаволаашонро ба Худои одил ва қонунҳои ҷории кишвар месупоридам.

Комёб Ҷалилов,коршиноси масоили амниятӣдар МТС

Дар тамоми ҷаҳон наркомафия бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, кормандони амнияту политсия алоқамандӣ доранд ва онҳоро ба мақсадҳои худашон истифода мекунанд. Ин танҳо хоси як кишвар нест. Ин фаъолияти нав нест ва Тоҷикистон ҳоло чандон таҷриба ҳам надорад. Президент ҳам дар баромадҳояш гуфта буд, ки баъзе намояндагони сохторҳои қудратӣ ба наркомафия дар интиқоли маводи мухаддир иртибот доранд. Вазъият ҳаминро талаб мекунад, ки ҷамъият бояд ба муқобили ашхосе, ки сиёсатро бадном мекунанд ва ҳам аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ зарар мерасонанд, мубориза барад. Дар бораи боздоштшудагоне, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд, то суд нашавад чизе гуфтан душвор аст. Дар ин корҳо набояд шитоб кард. Зеро бозингарон дар каминанд ва ҳар лаҳза метавонанд аз вазъияти баамаломада суиистифода кунанд. Дар бисёр ҳолат барои беобрӯ кардани баъзе ашхосе, ки ба наркомафия халал мерасонанд ва музоҳими фаъолияти онҳо мегарданд, хешу таборро низ метавонанд истифода кунанд. Ин фарзияро бояд сарфи назар накунем. Масалан, шумо дар ҷомеа зиндагӣ мекунед ва дӯсту душман доред. Медонанд, ки хешу табори шумо дар ҳукумат кор мекунанд. Оҳиста-оҳиста шуморо ҷалб мекунанд ва дар рӯзе, ки лозим омад, барои беобрӯ кардани хештон метавонанд шуморо истифода кунанд. Ин усулест, ки дар бозиҳои сиёсӣ истифода мешавад. Барои ҳамин бояд мо ба чунин масъалаҳо эҳтиёткорона назар кунем. Ҳамаро яку якбора бадном накунем. Нагӯем, ки сохторҳои мо ҳамааш бо наркомафия ҳамкорӣ доранд. Дар минтақа ва ҷаҳон бозиҳои сиёсӣ идома дорад. Аз ин хотир бояд эҳтиёт кунем то аз мо суиистифода накунанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар зери ҳимоят ва пуштибонии намояндагони баъзе мақомоти қудративу амниятӣ қарор дорад. Ин ҳодиса аз он шаҳодат медиҳад, ки бидуни чунин пуштибонӣ ин гуна фаъолиятҳои ғайриқонунӣ имконнопазир аст. Аз рӯи боздошти нафарони гурӯҳи фаромиллии қочоқи маводи мухаддир маълум ст, ки агар ин фаъолият дар солҳои 1190 дар сатҳи поёнӣ қарор дошт ва ҳаҷми интиқол он қадар зиёд набуд, ҳоло баръакс ҳаҷми интиқоли он зиёд гашт ва дар сатҳи болоӣ қарор дорад. Мо тоҷикон дарк карда метавонем, ки бародар дар хонавода ин нафари азизу наздик аст ва ин хеле табиист, ки вақте хешу табори ягон мансабдор дастгир шуд, кӯшиш мекунад, ки ӯро пуштибонӣ кунад. Лекин шахсан ман чунин назар дорам, ки бояд як низоми мустаҳкаму аниқ бошад, ки вақте чунин ҳодиса рух дод, имконияти кӯмак расонидани мансабдор ба хешаш вуҷуд надошта бошад. Бо вуҷуди он ки бародари ман дастгир шуд ва бо вуҷуди он ки ман дар мансаби баланд ифои вазифа мекунам, як низом ва назорте бошад, агар ҳатто кӯмак кардан хоҳам, аз чунин имконият бархурдор набошам. Бояд ҳамин гуна як низом вуҷуд дошта бошад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)