Бахшҳо
03 фев 2012 07:44Сиёсат

«Cукут мешиканад»

Муҳовараи сарироҳӣ дар шифохона бо Додоҷони Атовулло.

 

Мухтасари мазӯъ

… Шоми 12 январи соли равон ба ҷони Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори шинохта, сардабири рӯзномаи "Чароғи рӯз", сарвари ҳаракати "Ватандор" сӯиқасд сурат гирифт,  ва дасти номарде корд бар синаи ӯ зад. Зарби корд ҳамагӣ 1 см аз қалби Додоҷон дуртар расид. Аммо Худо насиби зиндагии ӯро канда накарда будааст, ки Додоҷон раҳид. Шукр. Ин ҳодиса дар тамоми дунё сару садоҳое ба бор овард ва тамоми расонаҳои  ватаниву хориҷӣ дар бораи он фарзияву тахминҳоеро матраҳ намуданд. Барои дақиқ кардани воқеияти ҳодиса хабарнигори маскавии "Озодагон" имкон пайдо кард, то бо худи Додоҷони Атовулло сӯҳбате доир намояд.

Сароғоз

...Чун шумораи телефони яке аз наздикони устодро пайдо кардам ва ӯ ваъдаи дидор бо устодро бароям дод, пеш  аз ҳама ҳодисаи пеш аз ҳамла болои устод ёдам омад. Зеро тавре худи устод ба расонаҳо изҳор кард, як нафари на он қадар шинос, аз тариқи нафари дигари наздик мехост дар ҳамон шаби шум бо Додоҷон сӯҳбат дошта бошад.  Тасодуф буд, ё на, аммо ҳолати ман ҳам ҳамин буд.

Баъди ин фикри ҷойи сӯҳбат бо устод  сарамро гич кард. Дар Маскав (ва ҳама шаҳрҳои мутараққӣ) мардум ҳама сӯҳбату дидорҳои кориву тиҷориву ғайраро дар қаҳвахонаву тарабхонаву долони меҳмонхонаҳо доир мекунанд ва ҳарос доштам, ки устодро ин навбат низ ба қаҳвахонае даъват карданам болои ҷароҳати ҳанӯз шифонаёфтаи ӯ намак намепошида бошад...

Баъди чанд муддати андеша, зангаш задам ва интихоби ҷойи вохӯриро барояш вогузор кардам. Оромона гуфт: "фалон қаҳвахона". Аз ин ҷавоб, ростӣ, дар ҳайрат мондам. Ҳанӯз бӯи хун аз баданаш нарафтаву ҷароҳати аз дасти номарде ба тан хурдааш  дармон наёфта, бе ҳарос дар қаҳвахона нишаста бо мане, ки боре ҳам надида аст ва тавассути шахси дигар муаррифӣ шудаам, сӯҳбат кардани Додоҷон бемуболиға аз ғайюрии он кас будааст, ки мегуфтанд...

Маро шахси дигар пешвоз гирифту дохили қаҳвахона бурд. Ҳис кардам, ки ин навбат каме эҳтиёт мекунад Додоҷон.

Додоҷон бо вуҷуди ранҷур буданаш бо табассуми малеҳ пешвозам гирифт.

Чун медонистем, ки фурсат ғанимат асту, бо вуҷуди манъи табибон устод моро қадршиносӣ карда ба сӯҳбат омада аст, мехостам зуд-зуд суолҳоро матраҳ кунаму камтар ташвиш диҳам.

Баъди аҳволпурсӣ ором-ором сӯҳбати мо тафсид...

1 сантиметр то марг

-Чӣ ҳол доред, устод?

-Шукри Худои ягона ва ягона такягоҳи ман, хеле беҳтар шудаам. Ҳарчанд табибон иҷозаи нишастан намедиҳанд, дар хона гаштугузор мекунам, менишинам, менависам, мана бо шумо сӯҳбат дорам. Хубам. Барои сафар ба Олмон ба хотири идомаи муолиҷа ва барқарорсози саломатӣ омодагӣ дорам.

-Ин чӣ ранҷе буд, ки бар саратон омад?

-Аслан ман медонистам, ки чунин мешавад, таъкидҳое низ аз ҳар тараф дӯстону рафиқонам карда буданд. Худам ҳам инро чанд муддат эҳсос мекардам. Аммо, аслан ман як одаме ҳастам, ки бо ҳар касе ки хоҳиши дидору сӯҳбат дошта бошад, во мехӯрдам. Ин навбат низ як нафаре, ки нағз намешинохтамашу ҳамагӣ чанд бор дидор дида будем, ба сӯҳбат даъватам кард.  Ман рафтам. Аммо ӯ чанд маротиб занг зада бо ҳар баҳона вақти сӯҳбатро тағйир медод. Баъдан ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз ин ҳодиса ба ман занг зада изҳор кард, ки дар атрофи қаҳвахонаи интихобшуда тоҷикон истодаанд ва ӯ гӯё атрофро як давр мезанад ва меояд. Ман ҳам бовар кардам ва баъди чанд муддат дидам, ки шахсе сӯям меояд. Манам пештар рафтам. Мо ҳарду муддати беш аз 15 сония ба чашмони ҳамдигар нигаристем. Ман хатарро эҳсос кардам. Имкон доштам гурезам, дод занам, ба кӯмак даъват кунам. Аммо чаро накардам? Худам ҳам намедонам. Шояд, аз он ки ба ғайр аз Худо аз касе тарс надорам.  Гумон доштам ӯ бо ман салом карданист. Аммо ӯ наздик омаду ба ҷойи салом дафъатан корд зад.   Ман чеҳраи ӯро дидам, зарба бениҳоят касбӣ буд, ман ҳатто дардро дар аввал эҳсос накардам, аммо дидам, ки чӣ хел зад. Дидам, ки чӣ гуна ором қадам заду гузашта рафт. Сахт бовар кард, ки ман аллакай зинда нестам. Баъдан худро ба қаҳвахона кашидам ва кӯмак хостаму хоҳиши даъвати "Ёрии таъҷилӣ" -ро кардам. Кормандони ин қаҳвахона аз телефони худам табибонро даъват карданд. Зарба он чунон профессионалӣ буд, ки ҳамагӣ қариб 1 см аз қалб дуртар расидааст. Ҳатто табибон инро тасдиқ карданд.

- Мусоҳиби ваъдагиатон куҷо шуд? Шояд аз дур тамошо дошт ин "саҳна"- ро?

-Намедонам. Шояд. Аммо баъдан нафаре, ки ба сӯҳбати мо сабаб шуда  буд, ба ӯ занг зада, пурсон шудааст. ӯ гуфтааст, ки дар ин кор даст надорад ва дар ҳамин ҷо асту меояд. Баъдан гум шуд. Дина хабар гирифтам, ки аз кадом кишвари арабӣ занг зада, таъкид доштааст, ки тамоман дар ин кор даст надорад. Иловатан афзудааст, ки он ҷо 6 нафар тоҷикон меистодаанд. Аммо аз он ки ҳанӯз тафтишот идома дорад, бо хоҳиши муфаттишон наметавонам аз он одам ном бигирам.

-Фарзияҳо дар ин мавзӯъ зиёд матраҳ шуданд...

-Бале, аммо ман сад дар сад мегӯям, ки ин танҳо ба фаъолияти сиёсиву рӯзноманигории ман рабт дошт. Фармон аз ҷониби Тоҷикистон ва фармони ҳатмии нобуд кардани ман буд. Бале, гуфтанд, ки ин сӯиқасд  тамоман бе омодагӣ ва ғайрикасбӣ анҷом шудааст. Аммо ман мегӯям, ки ин амали махсус тарҳрезишуда, ҳамин гуна рангубор додашуда  буд. Бубинед, махсус ҷое интихоб шудааст, ки ҳама ҷо кушода, назди қаҳвахонае, ки тамоми тирезаҳояш шаффофанду берун бемалол менамояд. Ором ба сӯи ман қадамзании "киллер" ва ба чашмони ман рӯирост нигаристану баъди зарба ором қадам зада рафтанаш далолат аз ҳамин чиз мекунад. Гузашта аз ин ман, ба ягон одам хусумати шахсӣ надорам. Ба ақидаи ҳама эҳтиром мегузорам. Ҳатто ҳамон одамони тарафдори ақидаҳои гуногун, чӣ коммунисту чӣ демократу  чӣ ҳомиён ҳуқуқу дигару дигар ҳамон лаҳза ба бемористон омаданд.

Аммо бубинед, ҳамин ҷо ҳам "фармоишгар" ноӯҳдабарояшро нишон дод.

-Аммо ба фикри шумо фарзияи ивазкунии халабонҳои рус бо писари Амонуло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз сӯи Шумо аввалин шуда, матраҳ шуд, боис ба ин кор нагашт?

-Шояд, зеро Амонулло Ҳукумов низ аз тими ҳамин ҳукумат аст. ӯ низ аз нафарони хос аст. Фарзандаш бо маводи мухаддир ба даст афтода, 9 сол зиндонӣ шуда буд. Бубинед, ки баъди ҳалли ин қазия Рустам Ҳукумов озод шуд ва ба Тоҷикистон бозгашт. Бубинед, чанд  руз пеш чи ашхосе  бо нашъаҷаллобӣ дастгир шуданд. Яъне, фасодзадагӣ, нашъаҷаллобӣ, дуздӣ хоси ин режим аст. Тоҷикистон дорад ба Колумбия бадал мешавад - кишвари наркобаронҳо ва ё ба Афғонистони сонӣ.

-Доим дар бораи заъфи ҳукумати Тоҷикистон мегӯем, оё "Ватандор" наметавонад пешниҳодҳое унвони ҳукумат матраҳ кунад ва ҷойи заъфи онро пӯшонад?

-Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба бемори табобатношаванда монанд аст, ки танаш аллакай пури ҷароҳатҳои хунбор асту дигар илоҷи табобат надорад. Он бояд тағйир ёбад. Бояд на фақат роҳбар, балки атрофиёну мушовиронаш ҳам эҳсос кунанд, ки назди ин халқ масъуланд. Аммо паҳлӯи дигари масъала он аст, ки мардум бояд иваз шаванд. Агар мафкураи мардум дигар нашаванд, иваз кардани ҳокимият маъное надорад. Мо, соҳибони аслии Тоҷикистон, бояд афкору тартиби зиндагиву ҳукуматдории худамонро иваз намоем. То мо дигар нашавем хамеша арзандаи он мемонем, ки  бесарон сарварамон бошанд.  Баъзан ба  рафтору  кирдору гуфтори бархе аз ҳамватанон менигарам ва мегӯям:  ба ту аз ин ҳукумат дида, арзандатар ҳукумате нест.  Аммо боз Барзу  Абдураззоқовро мехонаму умед зинда мешавад. Ва барзуҳои дигарро...

Ман мебинам, ки бомдод наздик аст... Бисёр наздик....Паси панҷараҳои торик пораҳои нур ва рӯшанӣ медурахшанд.

Занҷирҳо дар пойҳо ва дастҳо дигар вазнинӣ мекунанд.... Сукут мешиканад. Садохои эътироз баландтар мешаванд.  Ва нишонии дигар: мардум  ришханд мезанад, латифаю анекдот  мебофад, ки ин ҳама фазоро дигар мекунад.

-Дар ҳоле ки Русия, як кишвари бузург ба мухолифинаш имкони фаъолияти густурдаро медиҳад, аз пешниҳодҳои он истифода мекунад, ба ҷони шумо-мухолифи аслии ҳукумати Тоҷикистон сӯиқасд сурат гирифт. Ба назари Шумо чунин амвоҷи майдондориву тартиби изҳори назари мухолифини ҳукумати Русия то чӣ ҳад метавонад ба мардуми кишварҳои Осиёи марказӣ ва ба хусус барои бедории тоҷикон таъсир дошта бошад?

-Низоми мавҷуда дар Русия ба худ бовар ва итминон дорад. Зеро новобаста аз интиқодҳои шадиди мухолифон ва кишварҳои ғарбӣ қисмати аъзами шаҳрвандони Русия онро ҷонибдорӣ мекунанд. Аз тарафи дигар дар Русия ҳам расонаҳо ва ҳам мухолифини сиёсӣ фаъолияти маҳдуд ва таҳти фишор надоранд. Онҳо ақида ва мавқеи худро озод баён мекунанд. Шароити сиёсии Русияро бо Тоҷикистон муқоиса кардан намешавад.  Режими Точикистон  ин як диктатураи колхозӣ аст. Ва мисл надорад. Хатто дар Африқо чунин як давлату давлатдорӣ нест. Албатта ҳама гуна ҷунбишҳову ҷӯшишҳову талошҳои дигарандешӣ бетаъсир буда  наметавонад. Ҳоло ки барои расонидани иттиллоъ ва дарёфти хабар ҳамагӣ сонияҳо лозим аст. Аз ин рӯ бедорӣ мутмаин бошед, ки Тоҷикистонро низ фаро хоҳад гирифт. Асри сангин не, асри ХХ1   гом мезанад. Ё зимомдорони новарзидаю ноандӯхтаи тоҷик тақвимро  ҳам намедонанд???

-Устод, баъди ин ҳодиса дар дилатон ҳарос пайдо нашуд, чун пештар танҳо таҳдидҳое буданд ва аммо ин навбат зарар ба ҷисматон?

-Аслан ман танҳо аз Худо метарсам ва доим ба ӯ умед мебандаму шукргузор ҳастам. Сад ҳазорон шукр, ки Худованд маро ҳимоят карду аз марг наҷотам дод.

-Ба шумо саломатӣ мехоҳем. Маъзарат, ки дар чунин ҳолат музоҳиматон шудем.

-Худо нигаҳбони Шумо!

Саранҷом

Номае аз девори Фейсбук:  Суиқасд ба Додоҷони Атовулло сӯиқасд ба ҷони ман низ буд. Ва ба ҷони ҳама озодаҳо ва озодихоҳон.

 

Муҳаммад Рашод,

Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)