Бахшҳо
03 фев 2012 11:56Гузориш

Нахуствазир, мухолифон ва 800 рубл барои ВВП

Нашавад, ки майдондориву майдоншинии дутарафаи маскавиҳо ба Душанбеи солҳои 90 ва Киев монанд гардад. Агар ин тавр сурат бигирад…

Чун санаи 4 феврал-рӯзи баргузории ҳамойиши навбатии эътирозии мухолифини Путин наздик меояд, ба назар чунин мерасад, ки ҳукумати путинӣ ҳаросҳоро бештар эҳсос мекунад ва мисли ғарқии миёни баҳр дасту почак мезанад. Маҳз дар ҳамин рӯз тарафдорони сарвазири вақт ва даъвогари «асосӣ» ба маснади президентии Русия Владимир Путин мехоҳанд ҳамойиши ҷавобиеро ба мухолифин роҳандозӣ намоянд. Бино ба маълумоти расонаҳо, дар ин ҳамойиш бояд кормандони соҳаи буҷетӣ ва меҳтарон ширкат намоянд. Шиори ин ҳамойишро сардамдоронаш “Мо чизе дорем, ки аз даст диҳем!” («Нам ест, что терят») эълон карда, қарор аст он дар майдони “Теппаи эҳтиром” (Поклонная гора) доир бигардад.

Аллакай чунин ҳамойишҳои ҷонибдорӣ дар бархе аз шаҳрҳои Русия доман заданд ва акнун Маскав низ хостори таҳияи чунин ҳамойиш шудааст, ки бино ба ақидаи масъулинаш мардуми “бо садои қалбашон гӯшдода” ба ин ҳамойиш хоҳанд омад

Дар ҳамин арафа омӯзгорони аксари макотиб изҳор кардаанд, ки онҳоро маҷбур мекунанд ба ҳамойиши ҷонибдорӣ аз Путин ширкат намоянд.

Шикоят аз барои Путин

Тавре Всеволод Луховитский, ҳамраиси Созмони иттифоқи касабаи байниминтақавии кормандони соҳаи маорифи Маскав бо номи “Омӯзгор” ба рӯзномаи “Аргументи и факти” изҳор кардааст, аллакай чанд нафар омӯзгорон аз чунин амали масъулин шикоят кардаанд. “Мардум фақат як гапро мегӯянд. Аз Департаменти маорифи Маскав ба директорон супориш шудааст, то иштирок 10-15 нафар оимӯзгоронро дар ҳамойиш таъмин кунанд, вагарна дар мактаб мушкилӣ хоҳад шуд.

Ҳарчанд сарварони макотиб гирифтани чунин дастурро аз “боло” инкор мекунанд, аммо омӯзгорон  гуфтаанд, ба онҳо сахт тавсия кардаанд то ба гирдиҳамоӣ бираванд.

Ин дар ҳолест, ки масъулини маорифи Маскав онро овозае беш намедонанд.

Котиби матбуоти департаменти маорифи Маскав Александр Гаврилов гуфтааст, “ин овозае беш нест, мо ба маъракаҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ надорем, кори мо дигар аст”.

Аммо ёдовар мешавем, ки Тина Канделаки, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии шинохта ва узви Палатаи ҷамъиятии Русия чанде пеш унвони президенти ин кишвар бо мактуби кушода муроҷиат карда, дар хусуси ғайриқонунӣ, маҳз дар рӯзҳои тазоҳуроти оммавӣ аз сӯи масъулини маорифи Маскав роҳандозӣ кардани дарсҳои иловагӣ ва санҷишҳои хаттиро барои хонандагони синфҳои болоии маҳкум карда буд.

Расонаҳои хабарии аллакай рӯзи шанбеи гузашта аз тартиби ихтиёрӣ-маҷбурӣ кор гирифтани иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф барои баровардани беш аз 30 ҳазор кормандони ин соҳа ба ҳамойиши пушӣтибонии Путин ҳарф зада буданд. Ҳатто ин иттифоқ дар журнали зиндаи худ дар интернет зери суроғаи ЖЖtaki-net, дар гузорише аз ҷаласаи селектории соҳаи маориф қайд карда буд, ки беш аз 30 ҳазор нафар “фаъолон”-худро барои пуштибонии Путин ба майдон хоҳад баровард.

Тасмими «800 рубл» барои ВВП

Ҳамчунин сардамдорон, бо ин вуҷуд, ки инро инкор мекунанд, аллакай ба зердастонашон таъкиди “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” ба митинги тарафдории Путин рафтанро кардаанд. ВАО- и пропутинӣ бошад чанд рӯзи ахир чанд барнома ва ШОУ  - ҳои телевизиониву родиёӣ ташкил кардаанд ва ҳар хоҳишманд маетавонад дар онҳо ширкат намояд ва 800 рубли русӣ (муодили чизе каму беш аз 130 сомонӣ) ҳақ бигирад.

Аз ин ҷост, ки ВАО- озоди Русия ва мухолифонаш қимати Путинро “800 рубл” эълон кардаанд.

Аз он ки дар Русия аллакай майдонҳои дутарафӣ мисли Киеви феълӣ ва Душанбеи аввали солҳои 90-ум шурӯъ шудан дорад, як тағйироти куллие дар ҳукуматдорӣ ва зиндагии ин мардум метавон интизор шуд ва Худо кунад, ки ин майдондориву рӯиҳамистии мардум ба сангарнишиниҳои ҷангӣ табдил наёбад, вагарна агар оташ баланд шуд, ҳам тар месӯзаду ҳам хушк. Ал амон!...

Муҳаммад Рашод, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)