Бахшҳо
07 фев 2012 10:38Гузориш

Исроил алайҳи Эрон силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад?

Эрон ҳаргиз чун давлатҳои арабӣ назди Амрикову Исроил сар хам нахоҳад кард ва ба ибораи оқои Никита Хрушев, барои душманонаш «очаи Кузка»-ро (Кузкина мат) нишон хоҳад дод.

Ҳаводиси ахири Ховари Миёна ва моварои наздик ба он боиси нигаронии ҷомеаи имрӯза гардидааст. Баъзеҳо  аз ҳисси бадбинӣ нисбат ба як давлати пешрафтаву «гарданнофарор»-и исломӣ, вале қисмати бузурги ҷаҳониён аз як ҷониб бо дилсӯзиву ғамшарикӣ, аз тарафи дигар тарс аз сар задани ҷанги саввуми ҷаҳонӣ  нигаронӣ доранд.

 

Ҷаҳониён ситами Амрикову Исроил ва НАТО-ро нисбати Эрон бо ҳар роҳу восита маҳкум мекунанд. Таври мисол, сокинони беш аз 60 шаҳрҳои Амрико ҳафтаи гузашта ба хиёбонҳо рехта, аз сиёсати пешгирифтаи Қасри Сафед нисбат ба Эрон, норозигиашонро бо роҳпаймоиву тазоҳурот намоиш додаанд. Роҳпаймоён аз сарварони ИМА даъват доранд, то аз нияти ҳамла болои Эрон даст кашанд ва ҳамбастагиии худро ба Эрон баён намуданд.

Як чунин роҳпаймоии бузург дар пойтахти давлати Туркия, шаҳри Истамбул низ баргузор гардид. Онҳо аз режими саҳюнистӣ ва империализми амрикоӣ изҳори ташвиш карда, бо шиорҳои «Марг ба Амрико, марг ба Англия»,  «Мардуми Эрон танҳо нестанд, энергияи ҳастаӣ ҳаққи ҳалоли Эрон аст», «Амрикои қотил аз Ховари Миёна гум шав!» роҳпаймоии чандинсоата доир намуданд. Ҳамаи ин далолат аз он дорад, ки  Амрикову Исроил нақшаи ҳамла болои Эронро кушоду рӯшан баррасӣ кардаву дар пасманзари он, барои кулли башар тарсу хатар рехтанианд.

Аммо яҳудҳои Исроил ва ИМА бо ҳамон усули маъмули аҷдодӣ мехоҳанд, оламро ба ғафлат монанд. Аввалан онҳо дар якҷоягӣ тавонистанд, мамолики Аврупоро зидди Эрон шӯронанд, баъдан рӯ ба Осиё оварда, дар ин ҷо ҳам бо тарзи маъмули яҳудигӣ, додани маблағҳои калони пулӣ, мехоҳанд миёни осиёгиҳо ҳамдигарбадбиниву хиёнатро ҷорӣ кунанд. Дар ин маврид низ то куҷое даст ёфтаанд. Агарчӣ давлатҳои бузурги ғайримусалмон, ба монанди Русияву Чин ба ин амали яҳудиҳо фирефта нашуданд,  вале давлатҳои исломие чун Арабистони Саудӣ, мамолики Аморати Араб, Ироқу боз чанд давлати дигари мусалмонтабор, гӯё ҷонибдор аз амалиёти ҷангии Исроилу Амрико мемонанд. Вашингтон, ба хотири он, ки дар ҷанги зидди Эрон муттаҳамаш надонанд, гӯё аз нақшаи ҳамлаи Исроил болои Эрон изҳори нигаронӣ дорад ва дар ин маврид ба роҳбарони ин давлат изҳори назар кардааст. Дар ин бора Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико дар рӯзи панҷшанбеи 2-юми феврал эълон намуд. Ҷаноби Панетта дар як баромадаш дар Брюссел гуфтааст, «Исроил дар бораи ҳамла болои Эрон ба таври рӯшан фаҳмонданӣ мешавад ва ҷониби Амрико аз ин амал изҳори нигаронӣ дорад».

Дар остонаи ҷанг…

Леон Панетта гуфтааст, ки назари Вашингтон бо Телавив дар бораи хатар аз ҷониби  Эрон як аст  ва ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст дар кӯтоҳтарин муддат барои ҷилавгирии он ба ҳам оянд. Ба қавли ӯ, асоси ҷанг болои Эрон ҳамоно бунёди силоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар боқӣ мемонад ва ҳадаф низ мавқеъҳои ҷойдори онҳо мемонад. Дар ин бора ҷониби Қасри Сафед ба Телавив борҳо таъкид кардааст.

Яҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил низ рӯзи панҷшанбеи 2-юми феврал гуфтааст, ки агар пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ сари роҳи Барномаи ҳастаии Эронро гирифтан натавонад ,дар он сурат танҳо роҳи ҳалл ҳамлаи ҷангӣ мемонаду бас.

Ба дигарон мумкин. Барои Эрон табу?

Ба пиндори Исроилу Амрико ва боқӣ ҳамтабақҳояшон, гӯё бунёди аслиҳаи ҳастаӣ барои эрону эрониҳо мамнӯъ бошад. Яъне, барои чӣ? Чаро Амрикову Исроил, Фаронсаву Олмону Итолиё ва боқӣ давлатҳои соҳиби яроқи ҳастаибуда ҳуқуқи созмон, бунёд ва истифодаи онро доштаанду танҳо Эрон не? Дар ҳоле, ки оламиён аз ҷангхоҳиву ҷангҷӯйии Амрикову Исроил ба дод омадаанд ва гузашта аз ин, ҳамин яҳудиҳову амрикоиҳо мебошанд, ки пайваста ҷангталабанду   дар ҳамаи ҷаҳон бо ин амалашон шинохта шудаанд. Эрон-ку болои ягон давлати дунё ситезаву ҷанг накардаасту кайҳо боз як давлати осоиштаву ором шинохта мешавад. Он чӣ, ки атому ураниум коркард мекунад, бино ба иттилои мутахассисони эронӣ, танҳо барои истифода дар технологияи замонавӣ мебошад. Ва агар бигирем, ки яроқи ҳастаӣ ҳам бунёд намояд, хайр чӣ. Онро метавонад, ҳамчун Амрикову Исроил, барои нафъи худ ва тинҷиву оромии кишвар сафарбар ва эҳтиёт намояд. То ҳол дар ягон расонаи хабариву васоити ахбор надидаву нахондаем, ки кадом давлате аз ҷониби Теҳрон хатар эҳсос карда бошад. Аммо зиёд дидаву шунидаем, ки Амрикову Исроил болои давлатҳои кучаку заиф чӣ номаъқулиҳое мекунанд. Ғайри пурсиш, бе овозаву пешниҳод ва нописандӣ болои дилхоҳ кишвари дунё «барои кумак намудан ва дастрасӣ ба сохти демокротӣ», бо яроқу аслиҳа ва ҳазорон нафар ҷангчиву сарбоз мерезанд ва онро хок бар сар мекунанд. Ҳамин яҳудиҳову яҳудитаборони амрикоӣ ҳастанд, ки чун диданд Эрони бузургу сарбаланд ҳич гоҳ наздашон зону намезанад, баҳонаи дорои аслиҳаи ҳастаӣ гаштани Эрон ва хатари калон аз ҷониби ӯ барои дигар давлатҳоро фитна карда, қасди оғози ҷанг доранд. Вале бо ҳамон маккорӣ ҳушдор медиҳанд, ки ҳаргиз дар фикри қатли мардуми осоиштаи эронӣ нестанд, ҳадаф танҳо нобуд сохтани иншооти ҳастаикор мебошад.

Исроил омодааст. Барои ҳамла ба Эрон!

Ба навиштаи рӯзномаи «Вашингтон пост», роҳбари Пентагон ба он назар аст, ки Исроил аллакай қарори ҷангӣ дар мавриди ҳамла болои Эронро қабул кардааст ва бо эътимоди қавӣ ин амалиёт дар моҳи апрел ба вуқуъ меояд.

Исроил гуфтааст, барои зарбаи ҷонкоҳ задан ба мавзеҳои ҳастаидори Эрон аз рокетҳои баллистикии «Иерихон-2», ки дарозии парвози то 2400 километр дорад, истифода хоҳад бурд. Дар ин бора дар шабакаи телевизионии NBS-и амрикоӣ бо такя ба фармондеҳони ҳарбии Исроил ахири ҳафтаи гузашта, гузориши махсусе пахш гардид.

Тибқи иттилои паҳншуда, дар ҳоли ҳозир ҳарбиёни яҳуд садҳо адад аз чунин рокетҳои дурпарвоз доштаанд. Ҳамзамон, ҳангоми ҳамла болои иншооти ҳастаидори Эрон садҳо тайёраҳои ҷангии F-151, тайёраҳои бесарнишин низ ҷалб мешаванд.

Ҷониби Исроил гуфтааст, ба ҳангоми ҷанг бо Эрон, ИМА дар канор мемонад ва ба ин даргирӣ пайваст нахоҳад шуд. Аммо, ба андешаи яҳудиён, кишварҳои мусалмонтабори осиёӣ, ба хусус Арабистони Саудӣ ва Иёлоти муттаҳидаи Араб барои Қувваҳои ҳавоии Исроил шароит фароҳам меоранд, то аз фурӯдгоҳҳои ин давлатҳо истифода баранд. Аммо, ба андешаи телевизони NBS, Туркиё ҳаргиз иҷозат нахоҳад дод, то ҷангиёни Исроил аз ҳудуди ин кишвар болои Эрон нақшаҳои ҷангиро ба анҷом расонанд.

Дар ҳамин ҳол, NBS гуфтааст, агар дар натиҷаи ҳамлаи аввали зиёдзарбаи рокетии яҳудҳо иншооти ҳастаидори Эрон ба пуррагӣ хароб нашавад, пас инчунин зарба такроран амалӣ хоҳад гашт.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии NBS, саркардахои ҳарбии яҳуд бар он назаранд, ки ҳангоми мушакборони ҳудуди Эрон, эҳтимоли  аз яроқи ҳастаӣ низ кор гирифтан ҷой дорад.

Эрон «очаи Кузкин»-а нишон медиҳад

Ба гуфтаи коршиносони ҳарбии рус,  Эрон ҳаргиз чун давлатҳои арабӣ назди Амрикову Исроил сар хам нахоҳад кард ва ба ибораи оқои Никита Хрушев, барои душманонаш «очаи Кузкин » (Кузка мат)-ро нишон хоҳад дод.  Агар ҷанг бо Эрон сар шавад (мутаасифона, он ногузир аст), амрикоиҳо садҳо сарбозро дар як рӯз мегӯронанд. Тайи 5-соли ҷанги зидди арабҳову афғонҳо, ки амрикоиҳо гӯё ҳамагӣ 40-50 сарбоз кушта доданд, ин шумораро дар як рӯзи ҷанг бо Эрон аз даст хоҳанд дод. Гуфтан ба маврид аст, ки Вашингтону Телавив аз ҷониби дигар умед ба гурӯҳҳои опозитсионии Эрон, ки беш аз 5-милёнанд,  доранд, бехабар аз он, ки ин миллат ҳаргиз бо душманон дар мадоро набуду намешавад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)