Бахшҳо
08 фев 2012 10:45Гузориш

Мӯҳри комилан махфӣ дар парвандаи «Баҳманмоҳи 1990»

Қаҳҳор Маҳкамов шояд намедонист, ки чӣ мегузарад. Аммо иштибоҳи ӯ ин буд, ки тамоми талошро барои ҳифзи курсии худ ва дар қудрат мондани сулолааш ба харҷ дод. Ин талош боиси ҷанги дохилӣ шуд…

Бо гузашти 22 сол аз ҳаводиси моҳи феврали соли 1990, ки дар пайи он 27 нафар навҷавонони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, барои шоҳидони он рӯзҳои шуму хунин ҳамчун ёди талхе боқӣ мондааст. Рӯзи сеюми эътирозҳо дар назди бинои ҳукумат (СЕКА, ҳозира Кохи райисҷумҳур) ҷониби мардуми бесилоҳ тир парронда шуд. Дар натиҷа 27 нафар кушта ва зиёда аз 150 нафари дигар маҷрӯҳ гашт. Ин ҳодиса аз он рӯзҳо ба баъд, ба гунаи «баҳманмоҳи хунин» дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. То ҳол ба таври расмӣ дақиқан маълум нашудааст, ки дар ҳамон шабу рӯз фармони тир холӣ кардан ҷониби мардумро кӣ ва ё кадом гурӯҳ додааст. Вале дар доираи коршиносону соҳибназарон ва шоҳидони ҳаводиси феврали соли 1990 роҷеъ ба ҳадаф ва сабаби роҳанозӣ гардидани он андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Раҳматкарими Давлат, коршиноси тоҷик ба ин назар аст, ки ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 омодасозии пешзамина барои таҳвили қудрат аз як гурӯҳи ҳоким ба гурӯҳи дигар буд. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, ин кори дасти хадамоти махсуси шӯравӣ буд:

-Таҳти шароити бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ Маскав дарк карда буд, ки дер ё зуд ҳатман авзоъ дарТоҷикистон тағйир мекунад ва нерӯҳои дигаре, аз ҷумла бо ангезаи миллӣ ва ватании тоҷикӣ ва ҳам исломӣ қувват мегиранд ва ба қудрат даст меёбанд. Маскав дар шароити нав сулолаи шимоли Тоҷикистонро шарики худ намедид. Бояд сулолаи ҳоким тағйир мекард. Зеро ин сулола ё бо нерӯҳои миллӣ созиш мекард, ё таҳти нуфузи андешаи миллӣ қарор мегирифт ва ҳам имкон дошт аз рӯи заъф ба бисёре аз хостаҳои нерӯҳои миллӣ ва исломӣ гузашат кунад. Ба ин ҳама далел Маскав мехост, ҳокимиятро дигар кунад, аммо барои бадастнишондодаҳои дигари худ додани ҳукумат, аввал мебоист нерӯҳои миллӣ ва истиқлолталаб аз саҳна ҳазф мешуд ва ё бадному беобрӯ. Ҳадафи баҳманмоҳ бадномкардани ҳамин нерӯҳо, хафа кардани руҳи истиқлолталабии мардум буд. Сад дар сад ин ҳадаф бароварда шуд. Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон баъди ду сол идомаи ҳамон тарҳ буд. Чун аз роҳи осоишта Маскав натавонист, ки қудратро ба гурӯҳи дигари мавриди назари худ бисупорад. Дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990-ро ба як нақшаи қаблан таҳрезишудаи Маскав рабт медиҳанд, Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии президент ба ин андеша чандон розӣ шуда наметавонад. Номбурда мегӯяд, ҳаводиси моҳи феврали соли 1990-ро дар чорчӯби воқеаҳои умумии Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳ кардан даркор. Ба қавли Иброҳим Усмонов, дар замони бозсозӣ ва авҷ гирифтани назарияи гуногунандешии ақидаҳо халқи Шӯравӣ гуё як бора аз маҳдудияти умуми, ки дар афкору фаҳмиш ва сиёсат буд, озод шуд ва ҳама ҳар гуна ақидаро пеш мондан мегирифтанд, ки ин вобаста ба минтақаҳое, ки буданд, ба ҳамон мутобиқат мекард. Профессор Усмонов мегӯяд, масалан, дар шароити Осиёи миёна бештар ба ақидаи динӣ ва миллӣ такия мекарданд: «Бештар аз нисфи онҳе, ки дар матбуоти мустақили мирӯзаи мо мақола менависанд, як китоб нахондаанд, фарз кардем як китоби ба  давлати Шӯравӣ таалуқ дошта ё ба бар зидди давлати Шуравӣ таалуқ доштаро нахондаанд. Ва онҳо ҳамон чизеро мегӯянд, ки аз касе шунидаанд, касе ба онҳо луқма партофтааст. Ин каси луқмапартофтагӣ дар дохили мамлакат зиндагӣ мекунанд ё дар беруни мамлакат зиндагӣ мекунанад онҳо худашон медонанду Худо он чизро. Давлати советӣ худаш тарҳ мерезад, ки дар Тоҷикистон ҷанг ба вуҷуд биёрад? Дар он вақт давлати советӣ худаш ба охир расида истода буд». Ин ҳамсӯҳбатамон яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани воқеаи соли 1990-ро беқудратии худи давлати Шӯравӣ унвон намуд ва иброз дошт, ки давлате, ки беқудрат шудааст, худаш ба муқобили худаш ҷанг андохта наметавонад, «Ҳа, мумкин аз марказ чизе тарҳ шудааст, лекин ин марказе, ки нав ба вуҷуд меомад, марказе, ки дар муқобили давлати Шӯравӣ ба вуҷуд меомад, он марказ шояд чизе тарҳ карда бошад, вале ин марказ (Шӯравӣ) аз куҷо маблағ мегирад, кӣ ба он маблағ медиҳад ин гуна саволҳо пайдо мешавад. Тарҳрезӣ агар буд, ин тарҳрезии давлатӣ набуд». Бархе аз соҳибназарон ба вуҷуд омадани ҳаводиси баҳманмоҳи хунинро ба гурезаҳои арманӣ, ки аз Озарбоиҷон ба Тоҷикистон омада буданд нисбат медиҳанд. Иброҳим Усмонов мегӯяд, воқеан ҳам овоза пайдо карданд, ки гурезаҳои арманӣ, ки аз Озарбоиҷон ба Тоҷикистон омада буданд, гуё ҳукумати шаҳри Душанбе барои онҳо хонаҳои барои муаллимону олимон пешниҳод шударо додаанд ва дар натиҷа як гурӯҳ интелегенсияи тоҷик аз хона маҳрум шудаанд, ки ин баҳона буд:

- Сабаби асосии норозиги пайдо шудан, ин аз системаи мавҷудаи давлатдорӣ буд, ки дар ҳамаи ҷумҳуриҳо ба назар мерасид. Бубинед агар шиорҳои моҳи февралро нигоҳ кунем чиро мебинед- аҳволи иқтисодии мо бад аст, роҳбарияти ҳукумат бояд ба истефоъ равад. Яъне мақсад гуё беҳтар кардани аҳволи иқтисодӣ буд, ки баъди 20 сол ҳоло ҳам вазъияти иқтисодии мо беҳтар нашудааст, ҳатто дар баъзе ҷойҳо бадтар шудааст. Воқеаи соли 1990 як чизи мусбатеро нишон дод, яъне ба қуллаи халқ бепарвоёна нигоҳ кардан даркор нест. Агар халқ иттифоқ кунанд зери дигар таҳдидҳо , зери силоҳо ҳам орм намешинанд, ки ин ҳамон гуфтаи Саидо «аз иттифоқи мурчагон ғофил мабош» ҳамин дар воқеияти соли 90- исбот карда шудааст, ки ҳукумати пуриқтидорро ба ларза овард, бедор шудани халқро нишон дод ва нишон дод, ки халқ ҳақиқатан омили пешбаранда аст ва агар аз чизе норозӣ шавад пеши онро гирифта намешвад, эҳтиёт кардан даркор.

Ба андешаи Иброҳим Усмонов дар воқеаи соли 1990 мутаасифона шиори маҳалчигӣ аз шиори сиёсӣ баландтар шуд, ки барои дарки дурусти ин ба матбуоти ҳамон замон нигоҳ кардан лозим. Аз тарафи дигар воқеаи моҳи феврал нишондиҳандаи фаношавии давлати Шӯравӣ буд, ки дар ҳама минтақаҳои Осиё ҳам норозигӣ аз система ба вуҷуд омада буд. Ин ки норозигӣ табиӣ буд ва ё аз берун сохта мешуд, ин гапи дигар, вале воқияташ ҳамин воқеаҳо аст. Номбурда мегӯяд, албатта як гурӯҳи ба вуҷуд омадаи моҳи феврал дар тарбияи афкори сиёсӣ ва пайдо шудани шахсиятҳои баъдӣ кӯмак кард. Феълан, дар Тоҷикистон бархе аз коршиносон сари ошкор шудани ҷузъиёти ҳаводиси баҳманмоҳ ҳарф мезанаду ин воқеаро як амали фармоишӣ меҳисобанд, вале ҳанӯз ҳам ин ҷузъиёт ба таври комил ошкор нашудааст.

Ҳатто Горбачёв ҳам намедонад

Михаил Гарбачиёв, аввалин ва охирин президенти СССР низ дар як сӯҳбаташ иброз намудааст, ки вобаста ба тирборон карданани эътирозгарон дар пойтахти Тоҷикистон фармони хаттӣ вуҷуд дошт, вале он фармон аз ҷониби кӣ дода шудааст, мушаххас нашуд, чунки ин фармонро аз бойгониҳо нест кардаанд. Раҳматкарими Давлат дар робита ба ин қайд намуд, ки мутаасифона, ҳеч яке аз мақомоти Тоҷикистон ва ҳеч як шахсият талош накард, ки омилҳои ин ҳаводисро муайян кунанд, ки то кунун номаълум аст. Муҳим ин буд, ки бояд фаҳмида мешуд, ки чаро ин ҳаводис роҳандозӣ шуд? Номбурда иброз намуд, ки ҳарчанд чанд нафаре, ки ҳоло зинда ҳастанд, медонанд, ки ҳадаф аз ташкили ин ҳодисаҳо чӣ буд. «Масалан, сарвазири собиқ- Изатулло Ҳаёев. Қаҳҳор Маҳкамов шояд намедонист, ки чӣ мегузарад. Аммо иштибоҳи ӯ ин буд, ки тамоми талошро барои ҳифзи курсии худ ва дар қудрат мондани сулолааш ба харҷ дод. Ин талош боиси ҷанги дохилӣ шуд. Додситонии Тоҷикистон баррасии ҳодисаҳои баҳманмоҳро тафтиш кард. Баъдан, сӯҳбати раҳбари гурӯҳи тафтишоти ин ҳодисаҳоро шунидам. Ба ҳақиқати ҳарфи 20 сол пеш гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор бовар кардам. Ӯ гуфта буд, ки  прокуратураи ҷумҳурӣ дар бораи воқеъаҳои баҳманмоҳ ба ғайр аз дурӯғ чизе нагуфтааст. Ҳанӯз ҳам муайян накард, кӣ фармони ба мардуми бесилоҳ тир паррондаро додааст». («Сухан», №7, 13.02.1992)».

Раҳматкарими Давлат гуфт, агар тоҷик он вақт ба ҳадди миллат расида буд, чунин ҳодисае пеш намеомад: « Агар мо миллат бошем аз он намеҳаросем, ки ҳукумат аз дасти ман ва ҳамшаҳрии ман меравад. Ҳоло ҳам ҳаргуна талоши бозурнигаҳдории қудрат дар ҳар куҷое ба бадбахтӣ меанҷомад».

Авроқи хунин дар китоби таърихи Тоҷикистон

Акрами Санг, журналист, роҷеъ ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 90 то имрӯз ҳар навишта ва ҳар сухани гуфташударо танҳо аз рафти хронологии воқеаҳои ҳамон рӯзҳо ҳисобид ва гуфт, ки ин аз гумону тахмин ва инчунин аз худсафедкунии тарафҳо иборат аст: «То ҳол ҳуҷҷат ва ё далели исботшуда аз хусуси он, ки тири аввал аз майдони ҷамъомадагон садо дод ва ё аз ҷониби дигар сар дода шуд пешниҳод нашудааст. Зимнан, худи ҳамон моҳи феврал барои таҳқиқи воқеаҳои февралӣ бо сардории Сафаралӣ Кенҷаев комиссияи махсуси босалоҳият таъсис ёфта буд. Шояд то 50-100 соли дигар сирру асрори воқеии воқеаҳои февралии Тоҷикистон пӯшида боқӣ монад, ҳарчанд бо гузашти ду даҳсола то ҳанӯз сиёсатдорони фиребхӯрдаву ноком, ашхоси сиёсатолудаи бозингар, ҷоҳталабони беҳунари маҳаллӣ, ҳангомахоҳони пулпараст ва дигарон аз ин фоҷеаи миллӣ барои худ манфиатҷӯӣ мекунанд. Месазад, ки аз ин сана ёдоварӣ карда шавад, зеро ин сана нуқтаест, ки пас аз он дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фигураҳои нав, ғаразҳои нав, бозиҳои дигар пайдо шуданд; ин санае ҳаст, ки пас аз он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳунарии на танҳо мамлакат, балки ҳар як сокини кишвар тағийроти куллӣ ворид кард, ин санаест, ки аз паси худ арвоқи хунин дар китоби таърихи Тоҷикистон боқӣ гузошт».

Ба ҳар сурат, гунаҳкори асосӣ ва фармоишгари меҳварӣ, ки даст ба куштори инсонҳои бегуноҳ зад ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз ҳамин обхӯра сар зад, паси парда боқӣ монд. Ҳадди аққал, то замоне, ки ин навишта рӯи саҳфа омаду аз баҳманмоҳи фоҷиавии Душанбе кам не, 22 сол сипарӣ мешавад.

Ёди шаҳидони баҳманмоҳ ба хайру рӯҳашон шод бод.

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)