Бахшҳо
09 фев 2012 09:36Дидгоҳи хос

Қаноат

Акнун таҳаввули андешаи рӯшангарӣ дар ҷомеа буруз мекунад ва ин омилро метавон ба ҳадафи дигар истифода кард…

Агар инсон қаноату сабр пеша кард, яқин мерасад ба соҳили муроду ормонҳо ва агар сабурӣ накарду сер нашуд, дар ростои манофеъи думболгирифтааш дер нахоҳад поист. Аз рӯзе, ки одам офарида шуд, ризқу рӯзияш ҳам баробари ӯ аз сӯи Офаридгор муҳайё гардид, аммо Худо ба Одам гуфта, ки аз ту ҳаракат аз ман баракат. Агар мо инсонҳои хокии ин замона ҳаракат намекунем, пас шаҳди баракат аз куҷост ва табиист, ки саодати орзу мекардагиамон ҳам нопайдост. Ҳам дар умури динӣ ва ҳам дар қиболи зиндагии ин дунё ҳамвора дар ҷараён мебояд буд, то пайи дарёфти ҳақиқат ва рӯшанӣ ба умқи саодат бирасем.

Бархе аз зимомдорони аҷнабӣ моро, ки боре ҳам дасти таадӣ ва зӯрӣ болои қавми бегона дароз накардаем ва орзуи ғасби сарзамини дигаронро надоштаем, бо иттиҳоми наслкушӣ муттаҳам мекунанд. Боз ҳам моем, ки хомӯш ва орому сокит ҳазёни онҳоро мешунавем, аммо садо баланд намекунем. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро маҳз ҳамонҳо болои мо оварданду сенарияи онро ҳанӯз дар долонҳои баланди худ навиштанд. Мо, ки аз тарҳҳои онҳо бехабар будем, шӯридем: Албатта, ба сари ҳаммеҳан, ҳаммилат ва ҳамкеши худ бо дашнаву силоҳ. Ва дар ин набарди бемантиқ беш аз як саду панҷоҳ ҳазор кушта додем, ки наваду нӯҳ дарсади онҳо тоҷик буданд ва бегуноҳ. Агар даҳу понздаҳ ғайритоҷик қурбон шуда бошад, боз ҳам бо айби худашон, ки болои оташи доманзадаашон равған рехтанӣ буданд…

Тоҷик қаноат кард, сабр кард, меваи сабраш бор овард, ахиран ба мусолиҳа расид. Аммо душману бадхоҳи камингирифта аз оштии тоҷик бо тоҷик ғашаш омад, ба худ печид, ғалт рафт, хесту балво кард. Ин дафъа аз дохили кишвар зархариди аҷнабӣ юриш кард, қисмати ҷанубӣ ва мавзеъи ҷангзадаи Тоҷикистонро боз ҳам ноором кард. Қавми парешони акнун сарҷамъгашта нагузошт, ки бадӣ болои некӣ пирӯз шавад. Душман саркӯб шуд, сар фаровард.

Як муддате хеле кӯтоҳ субот ҳукмфармо шуд. Хоин акнун бо чеҳраи наву кӯҳна аз дари дигар сар халонд. Шимоли кишварро безобита карду ҳавои роҳаткурсиро дар Душанбе дошт. Мухолифини дирӯз ва низомиёни он вақт, ҳамҷо бо нерӯҳои қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон пеши роҳи Заҳҳокро дар Суғд ҳам гирифтанд.

Ба қавле замони эҳёи миллат ва зуҳури воқеии ваҳдат фаро расид. Сохтану бозсозӣ, ободкориву созандагӣ фазои Тоҷикистони азизро саросар печид. Ба ҳадде, ки дигар касе аз он айёми хуношом, ки ҷони ҳазорон бародару ҳаммилати моро рабуд, ёд намекард. Ва хуб ҳам буд, ки ба гузашта «салавот» мегуфтему баҳри сарсабзии диёр ҷаҳду талош мекардем.

Аммо ҳаводиси чанд моҳи ахир ҷомеаро ба гирдоби яъсу ноумедӣ ва беэътимодӣ кашида, дар зеҳнҳо пурсишҳои бепосухи агару магарро зинда кардааст. Фардои нек дар симои истешани нур- Роғун зери суол аст. Ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳам имрӯзу фардо ваъда мекунанд, аммо аз қавл то амалашон ҳазор фарсах роҳ аст. Ҳамсоякишвар обамонро беману мисқол мегирад, газу барқашро бошад, бо нархи осмонӣ мефурӯшад. Мо боз ҳам қаноат пеша кардаем. Ба умеди рӯзи неки фардо.

Марзшиканон, ки бе истиҳола сарҳади моро убур мекунанд, аз додгоҳ «сафед» мешаванду сӯи ватан мераванд. Боз мо гунаҳкорем, ки ҷинояткорро ҷавоб додем.

Магар ин ҳама гирудор ва кашмакаш бас набуд, ки акнун миёни мазҳаби худ тафриқаандозиро сар кардему чанд вақт боз айби набударо ба якдигар зӯран мебандем. Душмани камингирифта, ки ин аъмоли моро наззора дорад, сармаст аз бигӯ-магӯи мост. Хурсанд аст, ки акнун боз тоҷик бар сари тоҷик мушт мебардорад.

Магар боз ҳам вақти қаноат ва сабр нарасида? Чаро ки акнун таҳаввули андешаи рӯшангарӣ дар ҷомеа буруз мекунад ва ин омилро метавон ба ҳадафи дигар истифода кард: Барои расидан ба рӯшанӣ ва қаноати ҳамешагии миллат.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)