Владимир Жириновский, 30 январи соли ҷорӣ дар барномаи "Честный понеделник"-и шабакаи НТВ аз "ҳолатҳои қатли оми аҳолии руси Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум" сӯҳбат кард. Публисист Егор Холмогоров дар ин мавзӯъ ҳамфикри Владимир Волфович буд. Ин даъвоҳо дар доираҳои мухталифи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳам хомӯш нанишаста, ҳарфҳои Жириновский ва Холмогаровро беасос хонд. Ин вазоратхона ҳатто гуфт, ки ба мақомоти Русия нота мефиристад. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, умедворанд, ки расонаҳои Русия минбаъд аз нашр ё иҷозаи пахши чунин изҳорот, ки "ҳеч асос надошта, танҳо ба барангезонидани ихтилофи миёни миллатҳо нигаронида шудааст", худдорӣ хоҳанд кард.
Егор Холмогоров дар ҷавоб ба вокуниши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар блоги худ навиштааст, ки мақомоти тоҷик ба ҷои навиштани посухномаҳо беҳтар аст, барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумиссиюн ташкил бидиҳанд.
Ҳарфҳои Жириновский ва Холмогаров мавзӯи доғ барои сӯҳбат дар Тоҷикистон шудааст. Аксар шоҳидони воқеоти солҳои 90-ум ин даъвоҳоро дур аз мантиқ, ғаразнок ва комилан беасос унвон мекунанд. Ҳатто намояндагони ҷамъияти русзабонҳо низ. Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон ба "Озодӣ" гуфтааст, русҳо дар Тоҷикистон ҳамеша соҳиби эҳтиром буда ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ мавриди ҳамлаҳои барқасдонаю оммавӣ қарор нагирифтаанд.
"Солҳои 90-ум, вақте ки ҷанг ҷараён дошт, мо дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардем. Ҳарду ҷониби даргири ҷанг ба назди мо меомаданд, ҳурмат мекарданд, ягон муносибати ноҷоро нисбат ба русҳои муқимӣ раво намедиданд", -гуфтааст номбурда.
Ин бори аввал нест, ки Владимир Жириновский носазо мегӯяд.
Даъвои ӯ барои ба ҳайати Русия шомил кардани Тоҷикистону Қирғизистон ҳоло ҳам аз ёдҳо нарафтааст. Ҳамин раиси Ҳизби либерал-демократи Русия буд, ки Тоҷикистонро минтақаи аслии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон гуфта буд. Дар як баромадаш назди вакилони Думаи давлатӣ гуфт: "Тоҷикистон на танҳо кишвари транзитӣ барои интиқоли маводи мухаддир аст, балки онҷо коркард мешавад ва қисмати зиёди он ба Русия мунтақил мегардад. Ҳамасола як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия омада мераванд. Агар ҳар нафари онҳо як грами дар кисаи худ маводи нашъадор биёрад, чӣ қадар мешавад"? Жириновский ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузоштани ҳифзи сарҳади муштараки Тоҷикистону Афғонистонро иштибоҳи бузург номид. Ва маҳз Жириновский аз ҷонибдорони №1-и ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Тоҷикистонро маркази бурузи маризии полимелит унвон кард. Вай даъват кард, ки ҳаракати қаторҳо ва парвози тайёраҳо аз Тоҷикистон ба Русия манъ карда шавад. Ин ҳама охири кор нест ва Жириновский буд, ки баъди боздошти халабони рус дар Қӯрғонтеппа бо сароҳат гуфт, пойгоҳи низомии 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон бояд бо зури нерӯ Садовничийро раҳо кунад.
Ин гуна изҳороту таҳдид, таҳвину бӯҳтон ва даъвоҳои беасоси лидери ЛДПР нисбат ба тоҷикон ангуштшумор нест. Жириновский оддитарин фурсатро барои неш задани тоҷикон сарфи назар намекунад. Бархе коршиносон хавф доранд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 4 март Владимир Жириновский аввалин иқдоме, ки пиёда мекунад, бастани марзҳои кишвараш рӯи тоҷикон хоҳад буд. Гурӯҳе аз дигар соҳибназарон муътақиданд, ки лидери ЛДПР ба ҳеч ваҷҳ баррандаи интихобот намешавад. Онҳо мегӯянд, хурсанд мешаванд, агар чунин иттифоқ бияфтад, яъне маснади раёсатҷумҳурӣ дар Русия насиби Жириновский шавад. Агар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон "дастнорас" гардад, пас ҳукумат маҷбур мешавад барои таъмини аҳолии бекормондааш корхонаву фабрикаҳо бисозад, кишвари алтернативаи Русияро барои муҳоҷирон пайдо бикунад. Танҳо дар ин сурат майнаҳои масъулин молиш мехӯрад ва "аз хоби гарони бемасъулиятӣ" бармехезанд. Пеш кардани муҳоҷирон аз Русия агар боиси ба вуҷуд омадани як фазои тангу торик ва даҳшати гуруснагиву дуздӣ шавад, аз сӯи дигар сабаби рушди иқтисод ва пешрафтҳое низ хоҳад гашт. Зеро вақте чораи дигаре нест, мардум маҷбур мешаванд чизе ихтироъ кунанд ва барои наҷоти худ аз бекориву гуруснагӣ талошҳое анҷом диҳанд. Агар таҳримҳои пайваста ва шадиди кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон намебуд, шояд ин давлати исломӣ то ин ҳад рушд намекард ва дар қатори қудратҳои ҷаҳон қарор намегирифт. Шумо чӣ мегӯед?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |