Бахшҳо
09 фев 2012 10:38Сиёсат

Меъёри рушди матбуот чист?

Ҳафтаи сипаришуда Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ҳисоботеро оид ба вазъи расонаҳои хабарӣ давоми солҳои 2005-2010 нашр намуд.

Раҳбари АМРМТ ва ҳамзамон муаллифи ин гузориш Нуриддин Қаршибоев гуфтааст, ки таҳқиқоти мазкур дар асоси таҳлили мавод ва назари коршиносону таҳлилгарон анҷом ёфтааст. Ба бовари номбурда матбуоти миллӣ аз соли 2005 ба ин сӯ рушд накарда, баръакс бо монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар сӯҳбат бо "Озодагон" Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки гузориши мазкур орӣ аз баҳогузорӣ буда, ҳадаф танҳо баёни вазъи озодии матбуот ва ислоҳи мушкилоту ҷилавгирӣ аз пешомадҳои эҳтимолӣ мебошад.

Мушкилоти аслии расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба комил набудани қонунгузорӣ ва ба меъёрҳои байналмилали ҷавобгӯ набудани он рабт дорад. Бино бар таҳлили Нуриддин Қаршибоев феълан расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар як марҳилаи бисёр муҳим қарор дошта, барои рушди устувор такони ҷиддӣ мехоҳанд.

Ба бовари номбурда мушкили аввалиндараҷаи расонаҳои хабарии Тоҷикистон ин номукаммал будани қонун "Дар бораи ВАО" буда, ҳамзамон нашрияҳоро бояд шаклан ва мазмунан тағйир дод, то он ҷавобгӯи замони муосир бошад. Таҳия ва амалӣ гардидани барномаи вижаи дастгирии расонаҳои хабарӣ аз ҷониби ҳукумати кишварро Нуриддин Қаршибоев яке аз чораҳои муҳим мешуморад.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки давоми солҳои 2009 ва 2010 марҳилаи рушди расонаҳои хабарӣ, ба хусус чопӣ мушоҳида мешавад. Даст задан ба мавзӯоти табу ва ҳамзамон афзоиши таъқиботи додгоҳии матбуот бозгӯи пешравии расонаҳои хабарӣ мебошад. "Инкор кардани вазъияти мавҷуда номумкин аст. Фикр намекунам, ки давоми 5 соли охир матбуоти тоҷик дар як ҷо по кӯфта бошад. Албатта мо на ҳамеша рушд меёфтем. Агар қадаме ба пеш гузоштем, дар ҳолати дигар маҷбур мешудем, ки боз ду қадам ба қафо бигзорем. Муваффақият эҳсос мешавад", мегӯяд Қаршибоев. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки пас аз даст задан ба мавзӯъҳои доғе ба монанди "роҳи пулакӣ", "манфиати миллӣ" ва дигар бо сабабҳои номаълум хабарнигорон аз пайгирии он худдорӣ намуданд.

Аммо Хурешди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж" даст задан ба мавзӯъҳое ба монанди "роҳи пулакӣ" ва ё рабт додани ин ё он ширкатро ба хонаводаи раиси ҷумҳурро асоси рушди матбуоти тоҷик намешуморад. Номбурда бар ин назар аст, ки маҳз ба хотири дастрас набудани маълумоти кофӣ хабарнигорон аз пайгирии мавзӯи мазкур даст кашиданд. "Ҳар нафаре, ки дар мавриди роҳи пулакӣ гуфт аз вазифа сабукдӯш гардид. Олим Бобоев, вазири вақти нақлиёт гуфта буд, ки дар сурати ошкор намудани раҳбари ширкати пулчинак ӯро ҷарима хоҳанд кард. Амонулло Ашӯр, ки мегуфт фаъолияти ширкат ғайриқонунӣ аст, низ аз вазифа барканор гардид". Мушкилоти дастрасӣ ба иттилоотро ҳатто таъсиси марказҳои матбуотӣ бартараф карда натавонист, илова намуд Хуршеди Атовулло.

Сардабири ҳафтаномаи "Фараж" мегӯяд, ки мушкилоти расонаҳои чопии Тоҷикистон танҳо дар сурати таъсиси нашриёти мустақил бартараф хоҳад шуд. Дар ҳолати мазкур бошад сару садо баровардан дар мавриди озодии баён ва ё демократия ин танҳо афсонагӯие беш нест. "Бадбахтона вазъ ҳамон тавре, ки дар соли 2005 буд, боқӣ мондааст. Яъне, агар имрӯз фарроше аз дастгоҳи иҷроия ба чопхона занг занад, метавон гуфт, ки дар нашри ҳафтаномаҳо мушкиле пеш меояд. Ин ҳолат буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд, агар мо чопхонаи мустақиле таъсис надиҳем. Нафаре ҷуръат барои таъсиси чопхонаро надорад. Ҳамон тавре, ки масъулини ҳафтаномаҳо барои нашри шумораи навбатиашон шубҳа доранд. Аз ҳамин лиҳоз ман хулоса мебарорам, ки дар Тоҷикистон вазъи матбуот ва озодии баён иваз нашудааст", мегӯяд Хуршеди Атовулло.

Дар ин маврид сардабири ҳафтаномаи "СССР" Сайёфи Мизроб назари дигар дорад. Ба гуфтаи вай давоми  5 соли охир матбуоти тоҷик на танҳо рӯ ба беҳбуд, балки инкишоф ҳам ёфтааст. "Кор то ҷойе расидааст, ки метавон гуфт мо озодии баёнро то бар ҳадди ифрот расонидем. Дар ин авохир аз озодии баён суйиистифода бурда, хабарнигорон аз доираи салоҳияти худ берун мераванд. Ҳангоми пайгирии масъала истеъфои ин ё он мансабдорро талаб мекунанд. Ин вазифаи хабарнигор нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Хуршеди Атовулло мардум эҳсоссотӣ буда, танҳо бо далелу арқом сару кор доштан намехоҳад. "Барои ҳамин ҳам ман ҳамеша талош дорам, то дар ҳафтаномаҳои худ ин махсусиятро нигаҳ дорам. Боз ҳам мегӯям, ки мардуми мо он матлаберо қабул дорад, ки дар баробари факту далел он обу ранги бадеӣ дорад". Рушд наёфтани бозори матбуот низ бозгӯйи ҳамин гуфтаҳо ҳаст, мегӯяд Хуршеди Атовулло. Вале Марат Мамадшоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс"-ро ғайриҳирфаӣ будани гурӯҳе аз хабарнигорон ба ташвиш овардаст.

"Албатта инҷо вазъи маорифро мо набояд фаромӯш кунем. Аммо омӯзгорон мегӯянд, ки аксарияти донишҷуён худ талош барои аз худ кардани илме надоранд. аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки барои чӣ касби журналистикаро интихоб кардаанд. Аз ҷониби дигар вақте онҳо ба ҳафтанома меоянду корро андаке ёд мегиранд, ҳатман ба дигар соҳа барои фаъолият мераванд. Он ҷойе мераванд, ки маоши хуб, кори осонтар ва бехавфтар аст", зикр намуд Марат Мамадшоев.

Дар мавриди гузориши АМРМТ сармуҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс" гуфт, ки албатта вазъи матбуоти тоҷик дар як шакл боқӣ намондааст. Расонаҳои чопии Тоҷикистон гоме ба пеш гузоштанд. Дар авохири соли 2010 ва аввоили соли 2011 фаъолияти минбаъдаи ҳафтаномаҳо зери суол рафта буд. Аммо мо ин марҳиларо пушти сар кардем. Ин маънои онро дорад, ки акнун ҳафтаномаҳо ва хабарнигорон ҷасур шудаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)