Бахшҳо
11 фев 2012 06:46Гузориш

«Рӯзи МегаФон» дар Бохтар ва Ҷалолиддини Румӣ хотирмон гузашт

Нархномаи навро пайваст намудан, барои шахси наздик чун тӯҳфа телефони мобилӣ харидорӣ кардан, 3G-модеми мувофиқи технологияи навтаринро интихоб намудан- ҳамаи инро истиқоматкунандагони ноҳияи Бохтар метавонанд дар кӯтоҳтарин фурсат дар идораи нави ширкати «МегаФон» анҷом диҳанд.

Расми ифтитоҳи намояндагӣ ҳудуди 300 истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтарро гирди ҳам овард. Ба онҳое, ки нахустин шуда вориди бино гардиданд, тӯҳфаҳо тақдим гардид. Ғолибони бозии тӯҳфаҳои қимматнок соҳиби телефонҳои мобилӣ ва 3G-модемҳои баландсуръати «МегаФон» шуданд. Мукофоти асосӣ – нетбукро бошад, Носирҷон Маҳкамови 26-сола ба хонааш бурд. «Пештар ман нетбукро  истифода карда наметавонистам. Компютери муқаррарии доимӣ дорам, ки барои сӯҳбат бо ҳамкорон ва дӯстон аз Русия истифода мебарам. Зиёд мехостам нетбук дошта бошав ва ҳоло ин орзӯям амалӣ гардид. Ман хеле хушбахтам»,-мегӯяд Носирҷон.

Барои сокинони хурдсоли ноҳияи Бохтар «Рӯзи МегаФон» аз дарси саводнокии мобилӣ ва бехатарӣ дар мактаби №49 шурӯъ гардид. Намояндаи «МегаФон» ба бачаҳо оид ба қоидаҳои одоби муоширати мобилӣ нақл намуд. Ҳамчунин, роҳҳои аз рабуда шудан ҳифз кардани телефони ҳамроҳро фаҳмонид. Бачаҳои аз ҳама фаъол бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. «То  ин вақт  ман ҳаргиз фикр накардаам, ки ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ риояи қоидаҳои муайяни одоб зарур аст. Акнун ҳатман ба он пайравӣ менамоям», -мегӯяд Рустам Ҳайдаров, хонандаи  синфи 10-и мактаби №49.

Ба қавли роҳбари Идораи минтақавии ширкати «МегаФон» дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов ба бачаҳо омӯзондани саводнокии мобилӣ ва иштирок дар барномаи давлатии интернетикунонии мактабҳо яке аз вазифаҳои муҳими ширкати «МегаФон» аст.

Дар «Рӯзи МегаФон» кормандони ШКД ҳукумати ноҳияи Бохтар имконияти шиносоӣ бо хизматрасонии боэътимоди операторро доштанд. Барои онҳо мутахассисони ширкат муаррифии махсусро роҳандозӣ карданд.

Алоқаи боъэтимод дар ҳар як гӯшаи кишвар

Истиқоматкунандагони  ноҳияи  Ҷалолиддини Румӣ ҳам «Рӯзи МегаФон»-ро ҷашн гирифтанд. Дар ин минтақа низ расми тантанавии кушодашавии толори оператор баргузор шуд.
Нахуст ин ҷо ҳам барои мактаббачагон дарсҳои саводнокии мобилӣ ва бехатарӣ баргузор гардид. Машғулиятҳои интерактивӣ ба бачаҳои мактаби №5 хеле писанд омад. «Алоқаи мобилӣ далели ҳаёти замонавии мо аст, бинобар ин, чунин дарсҳо айни муддаост», -иброз дошт директори мактаби №5 Cамандар Муродов.

Дар толори ҷадиди «МегаФон» дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳам ба ғолибони бозиҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим шуд.Насимҷон Холматов, донишҷӯи соли аввали факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  соҳиби нетбук шуд. «Пештар  компютер надоштам. Фикр мекунам бо нетбук ва Интернети боъэтимоди «МегаФон» хеле тезтар ба ҳамаи дарсҳо тайёрӣ дида, ҳамчунин барои сӯҳбат бо дӯстон вақти иловагӣ меёбам»,-мегӯяд ӯ.

Расми ифтитоҳи биноҳои нави намояндагии ширкати «МегаФон» дар ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Румӣ зери унвони «Алоқаи боэътимодро аз МегаФон истифода намо» баргузор шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)