Бахшҳо
13 фев 2012 08:50Минбари Шумо

Муроҷиатномаи сарбозони қисмҳои ҳарбии ШҲФ «Суғд»

Муроҷиатномаи сарбозони қисмҳои ҳарбии ШФҲ «Суғд» ба ҳамхизматон ва ҳамаи сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бародарони азиз!

Ҳамхизматони гиромӣ, сарбозони қисму воҳидҳои кӯшунҳои сарҳадии ҚДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон! Мо бо амри виҷдону имони хеш ба ин натиҷа расидем, ки бо ин номи ҷавонмардона бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ба шумо муроҷиат намоем.Сад шукр, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон соҳибистиқлол аст!

Сарзамини бостонаии мо, миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърих ба таҳаввулоти зиёде, ба ҳазорон ҳуҷуму тохтутозҳо,  задухӯрдҳову муҳорибаҳои шадид, ғорату харобкориҳо ва ба ин монанд фоҷиҳои даҳшатбор дучор шудааст.Бо ҷаҳду талошҳои   Президенти кишвар, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем.  Мо сарбозони қисмҳои ҳарбии ШФҲ «Суғд» Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи ин ормонҳо ва ҳама муқаддасоти Ватани азизамон бояд ҳамеша омодаву сарсупурда бошем. Зеро душманону нотавонбинони миллату кишвари мо аз ояндаи ободу шукуфони ин сарзамин бо ғараз ва дилу ниятҳои нопок эҳсоси хавфу нигаронӣ доранд. Онҳо бо дасисаву иғво, андешаву афкори сиёҳу миллатгароёнаи хеш метавонанд ҳар лаҳза боз сари мо даҳшату фоҷиаи навбатие ба бор оранд.Ба рағми бадхоҳони дилсиёҳ, ҳасудону нотавонбинон мо бояд Артиши пурқуввате дошта бошем.

Яке аз сабабҳои аз хизмати Ватан сарпечӣ кардани аксари ҷавонон зуҳуроти ноҷавонмардонаи калонгарӣ дар артиш аст. Мо фарзандони як Ватан, фарзандони як модарем, ки Тоҷикистон ном дорад. Агар дар ду сол хизмати Ватан ба чои калонгариву ҷаҳлу зулмат дӯстӣ варзему обу тоб ёбем, бо ҳамдигар бародарона рафтор кунему донишу маърифат омӯзем, ояндаи кишвари худро ҳусну равнақ файзу баракат мебахшем.Мо сарбозони собиқаи яксолаву бештари хизмати ҳарбӣ дошта агар навдаъватшудагонро бародарвор истиқбол гирем, ба онҳо меҳрубониву раҳму шафқат зоҳир намоем, онҳо низ нисбати мо эҳтирому самимияти бепоён нишон хоҳанд дод ва шаҳди ин эҳтиромотро баъди адои хизмати ҳарбӣ низ хоҳем чашид. Ҷавонмардон, хайрхоҳӣ, ҳаловату имону виҷдон аст.Подоши он самараи неки он, файзу баракати гуворои онро на танҳо дар рӯзгори сарбозӣ, балки дар зиндагии шаҳрвандӣ ва тамоми умр ва яқинан дар охират низ хоҳем дид.Бародарон! Биёед бо гиромидошти ҳама ойинҳову суннатҳо ва муқаддасоти аҷдодӣ аз Артиши миллиамон заҳрпечаки калонгариро комилан решакан намоем. Ба ҷои он тухми меҳру шафқат, шарафу номуси баланд, ифтихору худнишосии миллиро бикорем. Фарзандвор дар назди модар –Ватан, назди волидони хеш, назди ҳамдигар хиҷолату шарманда набошем. Балки бо сарбаландиву ифтихор эълон дорем, ки мо бародаронем! Мо мусулмонем ва ойниҳои диниву миллии худро муқаддасу гиромӣ медорем. Ҳар, ки шарафу номус дорад, ба ҳаракати мо ба ин иқдоми мо бипайвандад. Ин иқдом, ин ҷумбишро зери унвони «Бародарон» созмон додем ва боварӣ дорем, ки тамоми сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мо ҳамроҳу ҳамсадо хоҳанд шуд.Дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврӯз»-и фархундапай бо ин номаи меҳр ба ҳамаи шумо муроҷиат мекунем, зеро ҷавонмардӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ, меҳру шафқат, бахшишу эҳсон, сидқу сафо ва ҳама хубиҳову зебоиҳои рамзи Наврӯз суннату ойинҳои наврӯзист.

Бо эҳтиром сарбозони қисмҳои ҳарбии

ШФҲ «Суғд» СҚС КАДМ ҶТ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)