Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:02

Рӯзи сиёҳи Сафеддара. Дар Ҷиргатол

14 феврал 2012, 06:35

Рӯзи 12-уми феврал, Ҷумъабойи Ҳотами 12-сола, ки бо хар аз ин дарё об мекашонид, аз ҷарӣ сарозер шуда, дар қаъри  Сурхоб ба ҳалокат расид...

 

Ҳарчанд аз замони таълифи асарҳои устод Садриддин Айнӣ (манзурам «Одина» ва «Дохунда»-ву «Ёддоштҳо»-и ӯст), беш аз 80 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар аксари манотиқи кишвари кӯҳистони тоҷик воситаи асосии техника хару аспу гов боқи мемонад. Амрикоиву русу яҳуд, ирониву англис дар фикри тасхири моҳу сайёраҳои дигаранд, аммо мо ҳанӯз дучарха ихтироъ накардаем. Мушкили бероҳӣ, норасоии нақлиёт, ҳаёти сахту вазъи ноҷӯри иҷтимоӣ аз камбуди асосии сокинони дурдасти кишвар аст, хоса аз мардуми шарқи Тоҷикистон-ноҳияи Ҷиргатол.

Собиқ деҳаи  Оқсой, ки ҳоло бо номи Сафеддара дар ин минтақа маъруф аст, тақрибан ду ҳазор аҳолӣ дорад. Рустои мазкур ба истиснои як мактаб дигар ягон корхона ва ё идораи хурди марбута ва ҳатто ягон бунгоҳи тиббиву беморхона надорад. Аз маркази ҷамоати деҳот сар карда то касалхонаву масҷиди ҷамоавӣ ва шӯъбаи корҳои дохилӣ, оҷонсиҳои бонкӣ дар собик деҳаи Ҷайлған, имрӯза Чорсӯ воқеъ аст. Роҳи байни деҳаҳои номбурда беш аз панҷ километр масофа дорад. Барои расидан ба Чорсӯ, сокинони дашти фарохеро убур мекунанд ва монеаҳои зиёдро пушти сар менамоянд. Ногуфта намонад, ки сардии ҳаво дар ин дашт 35 дараҷа мешавад.

Шурӯъ аз моҳи декабри соли равон, яъне аз замони барфрезии аввал роҳи мазкурро тоза накардаанд, кулли ҷодаҳо барфпӯшанду касногузар.  Инчунин, дар баромадгоҳи деҳа як пули дар ҳолати садама қарордошта вуҷуд дорад, ки ҳар лаҳза аз як воқеаи даҳшатборе дарак медиҳад. Худо накарда, ба сари ягон нафаре аз ин мардум дард ё беморие расад, зинда расиданашро ба беморхона тасаввур кардан имконнопазир аст.

Ба болои ин, масофаи беш аз 200 метри ин роҳ аз болои ҷарии паҳлӯи дарёи Сурхоб мегузарад, ки на ҳар кас ёрои гузаштан аз онро дар зимистон мекунад.Тундбоди ба қавли мӯсафедони деҳаи номбурда «қӯракуш», барфи теппаҳои атрофро рӯфта, дар роҳ мехобонад, ки кас бо қадами ноҷояш ба даруни Сурхоб сарозер мешавад.

Рӯзи 12-уми феврал, Ҷумъабойи Ҳотами 12-сола, ки бо хар аз ин дарё об мекашонид, аз ҷарӣ сарозер шуда, дар қаъри дарёи Сурхоб ба ҳалокат расид. Ҷасади беҷони ин кӯдаки бечораро, ки дар ҳукми гул буду орзуҳои зиёде дар дил дошт, баъди чанд соат аз наҳр берун кашиданд. Акнун оҳу шевани волидайни ӯ ба ҳаво хестааст, аммо масъулинро парвое нест.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ҳамин роҳ ду мошини сабукрави пур аз мусофирон, яке аз баландии тақрибан 70 метр ва дигаре аз баландии 30 метр ба ҷарӣ сарозер шуданд. Хушбахтона, дар ин сониҳаҳо одамон ҷон ба саломат бурданд, ҳарчанд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта буданд ҳам. Пуле, ки дар боли Сурхоб сохта шудааст, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, сари чандин сокинонро хӯрдааст. Ҳанӯз ҳам нишоне аз се ҷавони шаҳидгашта дар ин мавзеъ дар назди купрӯк побарҷост.

Балои дигар дар ин роҳ гургони ваҳшианд, ки баъди ба тасвиб расидани «Қонун дар бораи ҷангал» шикори онҳоро манъ карданд, акгнун шумораи онҳо афзун шуд ва ҳар вақту новақт ба одамон ҳамла меоранд.

Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо мардум ҳамарӯза дар ин роҳ равуо доранд, зеро чораи дигар надоранд. Куҷо раванд: Замин сахту осмон баланд ва ин ҷо ватани эшон асту хуни нофашон дар ин марзу бум рехта..

Ноумедии сокинон аз кӯмаки масъулини ноҳия

Як кампираки 70-сола, ки сокини Сафеддара аст, мегӯяд, баъзан вақтҳо аз тарси ин мушкилоти роҳ набераҳоямро ба мактаб рафтан намемонам, чунки рафтанашон ба дарс имрӯзҳо барои волидайн як дарди сар шудааст. Онҳо мераванду то омаданашон мо калонҳо сад бор мурдаву боз зинда мешавем, ки дар роҳ ба кӯдакҳо чӣ ҳодисае рух медода бошад. Дар ҳамин маврид Маҳрам Фақеров, ки солҳои тӯлонӣ дар маркази ноҳия ва деҳоти гирду атроф ба тиҷорат машғул аст, афзуд: «Ёд надорам, ки ин роҳ ягон бор аз ҷониби ҳукумати маҳал ва ё бо сармоягузории ягон «галстукдор» рӯфта, ё таъмир шуда бошад. Ҳамасола халқи бечора тариқи ҳашар ба андозаи як харроҳа ин роҳро бо белу каланд мерӯбанд. Ҳамин, ки моҳи апрел расид, масъулин як хизмат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки савдогарон фоидаи ин роҳро мебинанд, роҳро рӯбанд гуфта ба гардани мо мезананд ва мо бошем байни худ ва як зумра мардуми хайрхоҳи деҳа маблағ ҷамъ карда, роҳро мерӯбем. Таъмири роҳро ҳам халқ худаш мекунад. Масъулин бошанд, савори мошин чанг дода мегузаранд».

Бузак намур ва ё ҳамон Аҳмади порина

Зимнан, дар мавриди ҳамин мушкили хостем аз мақомоти масъули ноҳия пурсон шудем. Ба ин хотир рӯзи 27-уми январ ба маркази Ҷиргатол рафтем, аммо мутаасифона, касеро аз Раёсати истифодабарии роҳҳо (ДЭУ) ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда пайдо карда натавонистем. Дари ин идораҳо пӯшида ва қуфли онҳо маҳкам буд.

Ба қавли чанд сокини Сафеддараву Чорсӯ, ки аз гуфтани номашон худдорӣ карданд (бо сабабҳои маълум, албатта), «таъмири ин роҳҳо он тараф истад, шоҳроҳи байни Душанбеву Саритош, ки яке аз роҳҳои байналмилаллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, маҳз дар минтақаи Ҷиргатол нопурраву ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар дигар ноҳияҳо ду ва се қабат, аммо дар ноҳияи мо танҳо як қабат мумфарш шудаасту халос, ки аллакай аз чанд ҷо кафидаву пош хӯрда истодааст».

Дар замони роҳбарии райиси собиқи ноҳия мушкилоти ин роҳ (ҷодаи байни Сафеддара ва Чорсӯ) ҳалли худро пайдо накард, аммо мардум бо иваз шудани райиси нав ҳам ба таъмиру тармими ин роҳ боварӣ надоранд. Зеро аз таъин шудани райиси нав беш аз яку ним моҳ гузашта бошад ҳам, сокинон худашон бо қувваи белу каланди бобоӣ ва тариқи ҳашар ин ҷодаро мерӯбанд.

Ногуфта намонад, ки дар Ҷиргатол овозае паҳн шудааст, ки гӯё сохтмони ин роҳ ба нақша гирифта шуда бошад ва сармоягузориашро давлати Ҷопон ба зимма гирифтааст. Боз ҳам сокинон ин овозаро гапи «занакои лави ов» унвон карданд.   Манучеҳр Зуҳуров, сокини Сафеддара мегӯяд, тахминан 10 сол мешад, ки ин гуна овозаҳои бардурӯғ ба гӯшам мерасад. Ин ба мисли ҳамон мақоли халқӣ, ки «бузак-бузак намур баҳор меояд», мебошад.

-Аммо интизор мешавем, кӣ медонад ки чӣ мешавад,- асроромез ва ба як рамз илова мекунад, Манучеҳр.

Шӯҳратуллои Фахриддин, донишҷӯи ДМТ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!