Бахшҳо

Бобохоҷаев: То соли 2014 барои табобати ройгони беморони сил маблағ ва имконият дорем

Сӯҳбати ихтисосӣ бо директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Октам Бобохоҷаев


 


Мехостам, қаблтар аз ҳама бигӯед, ки вазъи гирифторӣ ба бемории сил дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?


-Таҳлили ҳисоботҳои оморӣ ва шиносоию омўзиши вазъи аслӣ дар маҳалҳо гувоҳӣ медиҳад, ки бинобар чораҳои зиёди анҷомдода дар самти мазкур, айни замон вазъи эпидемиологии бемории сил дар ҷумҳурӣ нисбатан ба эътидол омада, зери назорати доимии сохторҳои соҳаи тандурустӣ қарор дорад. Аз соли 2008 инҷониб нишондодҳои асосии эпидемиологӣ нисбат ба бемории сил дар мувозинат аст (гирифторшавии аҳолӣ ба бемории сил 78-80 ва фавт 6,2-5,9 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ) ва имкон медиҳад хулосагирӣ намоем, ки авҷи минбаъдаи бемории сил дар ҷомеа боздошта шудааст ва фавт аз ин беморӣ рў ба коҳиш овардааст.


Панҷ соли ахир Тоҷикистон дар самти ошкор ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил чӣ иқдомҳои ҳадафрасе анҷом додааст?


-Умуман аз соли 2003-юм, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои зиёди кўмакрасон (Хазинаи Глобалии мубориза бо бемории АНМБ, сил ва табларза, USAID, WFP, Бонки Рушди Олмон, Каритас Люксембург, Қумитаи Чароғаки Сабз ва дигарон), чораҳои васеи ташкилию амалӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил оғоз ёфт ва дар 5 соли охир боз равнақи тоза пайдо кард, ки дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии тиббии зиддисилӣ ба маротибҳо беҳтар гардонид. Аз ҷумла: а) захираи кадрии соҳа, ки хеле коҳиш ёфта буд, бо ҷалби мутахассисони дигар соҳаҳои тиб ва хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ ба таври назаррас барқарор карда шуд. Инчунин дар доираи дурнамои таҷдиди соҳаи тандурустӣ, қисме аз вазифаҳои соҳа ба дигар муассисаҳои тиббӣ вогузор карда шуд, ки талабот ба мутахассисонро дар соҳа коҳиш дода, дастрасии хизматрасонии зиддисилиро ба аҳолӣ наздику босамартар мегардонад. б) заминаи моддию техникии соҳа ба таври назаррас барқарор гардида, ривоҷи тоза ёфт. Беш аз 18 Марказҳои зиддисилӣ дар сатҳи шаҳру ноҳиявӣ, бо назардошти талаботи назорати сироятӣ барқарору азнав сохта шуданд. Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориии сил дар шаҳри Шифои ноҳияи Ваҳдат пурра барқарор гардида ба истифода дода шуд, ки имкон дод шароити маишию табобати беморон беҳ карда шавад. Инчунин дар ноҳияи Восеъ беморхонаи байниноҳиявии зиддисилӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин сохтмони беморхонаҳои вилояти дар ВМКБ-у Хатлон ва шӯъбаи зиддисилӣ дар назди Беморхонаи марказии СРИҶҶ давом дорад ва соли ҷорӣ истифодаи онҳо дар нақша аст, ки хизматрасониро ба аҳолӣ боз беҳтар хоҳад гардонид. в) дар кишвар 97 таҳлилгоҳҳои микроскопӣ, 4 адад озмоишоҳи бакреиологӣ дар сатҳи вилоятҳо, 4 адад дастгоҳи рентгении муосири ҳозиразамон, 2 дастгоҳи сайёри флюорогафӣ, 2 адад дастгоҳи БАКТЕК, 2 адад ХАЙН-ТЕСТ, 2 адад G-ЭКСПЕРТ ворид гашта, мавриди истифода карор дода шудаанд, ки имкон фароҳам овард ташхиси бемории сил дастрасу комил гардида, табобати саривақтию асоснок ва дарёфти шаклҳои мутобиқгаштаи сил имконпазир гардад. г) аз соли 2003-юм инҷониб таъмини пурраю бефосилаи доруҳои асосии зиддисилӣ барои тамоми беморони сили  ҷумҳурӣ дастрас аст ва то соли 2014-ум маблағи зарурӣ пешбинӣ гардидааст, ки имкон медиҳад табобати пурраю ройгони беморон таъмин карда шавад.  Дар баробари ин барои табобати беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил, аз соли 2009-ум инҷониб доруҳои дараҷаи дуюми зиддисилӣ дастрас аст, ки табобати чунин беморонро имконпазир гардонид. д) тамоми муассисаҳои зиддисилӣ бо таҷҳизотҳои электронӣ (компютер, принтер ва ғ.), ҳуҷҷатҳои оморӣ ва нақлиёти тиббӣ таъмин карда шудааст, ки сифати хуби хизматрасонӣ ва омору иттилоти возеҳу саҳеҳро таъмин менамояд. е) чораҳои васеи фарҳангию иттилоотӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ нисбат ба бемории сил, бо ҷалби сохторҳои тандурустию аҳли ҷомеа, аз ҷумла ВАО, ба анҷом расонида шуд, имкон фароҳам овард то диди мардум ва сохторҳои давлатӣ ба масоили мазкур тағир дода шавад.


Дар натиҷаи татбиқи  чорабиниҳои мазкур дар ҷумҳури пешгирӣ, дарёфти саривақтии беморон ва табобати ройгони зериназоратии беморони сил ба пуррагӣ таъмин гардид.


Баъзе мутахассисони соҳа мегӯянд, дар сурати таҳдиди мавҷи нави буҳрони молӣ ба иқтисоди ҷаҳон кишварҳои донор, ки барои мубориза бо сил маблағ, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувор мефиристанд, ҳаҷми кӯмакҳои худро ба маротиб коҳиш хоҳанд дод. Агар чунин иттифоқ биафтад, оё ҳама дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар самти мубориза бо бемории сил даст ёфтааст, барабас намеравад?


-Албатта буҳрони нави иктисоди ҷаҳонӣ ба коҳиши дастовардҳои самти мазкур хавф ба миён овардааст, вале бо назардошти захираи кадрии омодагардида дар самти мубориза бо сил, заминаи моддию техникии барқароргардида, инчунин афзоиши мутаасили маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷа (дар қиёси соли 2006-ум дар соли 2011-555%) ва ҷалби манбаҳои нави молиявӣ дастовардҳои соҳа аз даст нахоҳад рафт. Дар баробари ин Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ маблағгузории соҳаро хоҳад афзуд ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад то манбаҳои берунаи молиявиро барои ба даст овардани мақсаду вазифаҳои Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ҷалб намояд. Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ алҳол Дархости наве барои таъмини молиявии Барномаи зиддисилӣ, ба Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БНМО, сил ва табларза омода намуда истодааст ва инчунин Вазорати тандурустӣ дар давлатҳои исломӣ дар самти мазкур кор бурда истодааст.


Тавре ишора кардед, солҳои охир дар қаламрави кишвар чанд бинои беморхонаи зиддисилӣ бунёд шуд, бархе табобатгоҳҳоро таъмиру тармим карда, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз намуданд. Аммо таври маълум натиҷаи мусбат бидуни мутахассиси хуби соҳа имконопазир аст. Феълан масъалаи тарбияи кадрҳо дар кадом сатҳ аст?


-Тайёр ва такмили ихтисоси мутахассисони касбӣ, аз ҷумла соҳаи зиддисилӣ, самти афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 нафар табибони силшинос тайёр карда шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки зиёда аз 8 нафар мутахассисони соҳа дар макотиби олии байналмиллалӣ аз курсҳои бозомузии касбӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд. Дар баробари ин бозомузии зиёда аз 20 нафар табибони силшинос ва зиёда аз 30 нафар кормандони хурд дар курсҳои бозомузӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси тазаккур аст, ки курси омӯзиши аввалияи мутахассисони силшинос дар Донишкадаи давлатии такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст, ки дастрасии хоҳишмандонро таъмин менамояд. Дар баробари ин, бо назардоштаи реформаи соҳаи тандурустӣ, ки ҳамҷояшавии соҳаи зиддисилиро бо муассисаҳои КАТС дар нақша дорад ва иҷрои вазифаҳои зиёди соҳа ба зиммаи муассисаҳои КАТС вогузор мегардад, масъалаи кадрҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.


Оё ба пизишконе, ки бевосита бо беморони сил кор мекунанд, ягон имтиёз дода шудааст? Масалан, маоши баландтар?


-Дар давраи пешин ва алҳол низ табибону кормандоне, ки бо беморони сил бевосита сарукор доранд, аз имтиёзҳои иловагӣ бархӯрдоранд ва инро моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” кафолат медиҳад. Аз ҷумла: рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хавфнок, мувофики қонунгузории ҶТ ба тариқи имтиёзнок аз рӯи сину сол ба нафақа баромадан, табобати имтиёзнок дар санаторияҳо, ҳангоми марг аз бемории сил ба оилаи фавтида пардохти 100% маоши корманд то ба балоғат расидани фарзандонаш, суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои фалокат дар истеҳсолот ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Масъалаи дигаре, ки мувоффиқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст иловапулӣ дар ҳаҷми 100% ба вазифаи моҳонавӣ мебошад, ки Вазорати тандурустӣ дар ин самт кор бурда истодааст ва бо назардошти вазъи молиявии буҷаи ҷумҳурӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.


Мегӯянд дар 20 соли охир теъдоди беморони мубталои сил рӯ ба афзоиш овардааст ва коршиносон сабаби аслии инро дар паст будани сатҳи иқтисодии оилаҳову камбағалии мардуми Тоҷикистон медонанд. Шумо дар ин маврид чӣ мегӯед?


Бобохоҷаев: То соли 2014 барои табобати ройгони беморони сил маблағ ва имконият дорем-Бемории сироятии сил, ҷанбаи амиқи иҷтимоию тиббӣ дошта, солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар ҳодисаҳои маълуми сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъи эпидемиологии бемории сил дар ҷумҳурӣ ва умуман ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ хеле мутташаниҷ гардида буд. Бо  имкони аввалини бадастомада Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1996 Барномаи миллии мубориза бар зидди сил барои 5 сол қабул намуд ва агарчи ҳадафҳои ниҳоии гузошташудаи Барномавӣ ба даст наомадаанд, пойдевори ривоҷи мубориза дар самти мазкур гузошта шуд. Баъдан ду Барномаи дигар дар самти мазкур қабул гардида амалӣ карда шуда истодааст, ки имконияти дастрасии хизматрасонии зиддисилиро ба ҳама гурӯҳҳои аҳолӣ, аслан баробар таъмин менамояд. Дар баробари ин мавриди тазаккур аст, ки муваффақ гардидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар самти мазкур (ба эътидол овардани вазъи эпидемиологии сил ва барои ҷомеа бартараф намудани хавфи он) вазифаи танҳо соҳаи тандурустӣ нест ва ҷалби фаъолонаи тамоми ҷомеа, аз ҷумла рӯзноманигоронро талаб менамояд.


Ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар баъзе расонаҳо ба унвони маҳалле муаррифӣ мешавад, ки теъдоди зиёди сокинонаш мубталои бемории сил ҳастанд. Аммо дар як нишасти хабарӣ Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон изҳор дошт, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз Восеъ дида ноҳияҳое, ки теъдоди беморони сил зиёданд, мавҷуд аст. Аммо бо ин вуҷуд ҳар вақт сухан дар мавриди сил меравад, ҳатман аз Восеъ мисол мезананд. Ба фикри Шумо чаро чунин шудааст, яъне барои чӣ ин ноҳия «дар рӯйхати сиёҳ» ҷой дорад?


-Албатта дар баробари ноҳияи Восеъ дар баъзе ноҳияҳои минтақаи гуногуни ҷумҳурӣ вазъи бемории сил боиси ташвиш аст, вале ҳамаи он аз солҳои 50-60-уми асри гузашта маншаъ мегирад, ки сабабгори пайдоиши манбаҳои силӣ гаштааст. Аз ҷумла кучондани аҳолӣ ба даштҳои Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ), деҳоти Бартанги ноҳияи Рўшон, Язгулони ноҳияи Ванҷ, инчунин мардуми Сари Хосору Балҷувон ба ноҳияҳои Темурмалик, Ҳамадонӣ ва Восеъ вазъи мазкурро ба миён овардааст. Дар баробари ин нишондоди оморӣ аз дастрасии хизматрасонии тиббӣ низ вобастагӣ дорад ва гувоҳи он аст, ки кор беҳтар ба роҳ монда шудаасту дар оянда самараи нек ба бор хоҳад овард, зеро манбаи паҳнкунандаи сил (шахси бемор) аз атрофиён ҷудо карда шуда, ба табобат фаро гирифта мешавад, ки ҳам бемор солим мегардад ва ҳам атрофиён дар офият қарор меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Барномаи зиддисилии амалигаштаистода, нисбати ноҳияҳои вазъи эпидемиологии сил ташвишовар чораҳои иловагии ташкилию тиббӣ пешбинӣ гардидааст ва амалӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла соли 2011 дар ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Вазорати тандурусти беморхонаи зиддисилии байниноҳиявӣ ва Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия азнав сохта ба истифода дода шуд. Ба ғайр аз ин соли ҷорӣ  дар ноҳия барои табобати беморони шакли музмини сил таъсис додани беморхонаи табобати таскинӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Кўлобу Ҳамадонӣ ва Восеъ табобати беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил ба роҳ монда шуд. Инчунин дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони беморхонаи нав давом дорад. Ҳамин тариқ чораҳои зиёди дигари тиббӣ амалӣ гашта истодаанд.


Дуруст аст, ки теъдоди беморони гирифтори шакли мутобиқшуда ва шакли васеи мутобиқат мояи нигаронӣ шудааст? Зимнан, дар мавриди ин ду навъи бемории сил маълумоти мухтасаре пешниҳод намоед.


-Бале, афзоиши шаклҳои мутобиқгаштаи сил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мо боиси нигаронӣ аст. Чунин шакли беморӣ дар натиҷаи табобати нодурусти беморӣ ва риоя накардани беморӣ ба тавсияҳои табиб сабаб мегардад, метавон онро маҳсули эҷоди табибу бемор номид. Барои ҷомеаи мо аслан маҳсули ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аст. Вазорати тандурустӣ баъди ташкили заминаи кадрӣ ва молиявию моддӣ аз соли 2008-ум ба дарёфти чунин беморон оғоз намуд ва аз соли 2009-ум табобати чунин беморон тадриҷан имконпазир гардид. Алҳол дар ҷумҳурӣ дарёфту табобати шакли мутобиқгаштаи сил дар 15 шаҳру ноҳияҳо (43,8% аҳолӣ) ва муассисаҳои ислоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар беморхонаҳои зиддисилии ҷумҳуриявию вилоятӣ 157 кат барои бистаргардонӣ ва табобати чунин беморон амал мекунад. Барои табобати ин гуна беморон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур микдори зарурии доруҳои махсуси зиддисилӣ ва патогенетикӣ, инчунин ғизои иловагӣ таъмин карда шудааст. Ҳукумату Вазорати тандурустӣ боз дар ҷустуҷўи имкониятҳо баҳри васеъ намудани доираи фарогирии чунин беморон ба табобат саъю кўшиш доранд.


Дурнамои мубориза бо сил чӣ гуна аст? Оё воқеан мешавад бар ин беморӣ пирӯз шуд?


-Айни ҳол дар кишвар Барномаи миллии ҳимояи аҳоли аз бемории сил барои солҳои 2010-2015 амалӣ гашта истодааст ва бо захираи зарурии молиявию моддӣ таъмин аст, ки расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи Барномавиро (то соли 2015 паст намудани сатҳи беморшави аз сил то 41 ба 100 ҳазор аҳоли ва ё пастар аз он, коҳиши фавт то 7 ба 100 ҳазор аҳолӣ)  умедворем таъмин менамояд. Дар баробари ин чораҳои зиёде аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи тиббӣ (барқарор намудани осоишгоҳи Муъминобод, осоишгоҳҳои зиддисилии бачагона ва ғ.) ва иҷтимоии андешидашудаю дар нақшабуда имкон медиҳад, дар мубориза бар зидди ин беморӣ, ба пирўзӣ расем. Дар баробари ин, мубориза дар самти мазкур ширкати аҳли ҷомеаро, хусусан ВАО-ро талаб менамояд ва барои ноил гаштан ба пирўзӣ саҳми ҳар яки мо зарур аст, зеро бехавф гардондани ҷомеа аз бемории мазкур сатҳи баланди фарҳангии ҳар як шахс, таъмини хуби иҷтимоӣ, сатҳи баланду босифати хизматрасонии тиббӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти инсониро талаб менамояд.


Мусоҳиб: Абдулазизи Восеъ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)