Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

"Тоҷиктелеком" муштариёнашро эҳтиром намекунад?

16 феврал 2012, 11:53

"Ширкати "Тоҷиктелеком" нархи зангҳоро аз телефони хонагӣ ба телефони ҳамроҳ аз 2,5 дирам ба 4 дирам боло бурдааст.

Вале на сабаби болоравии нархро ба муштариён шарҳ додаст, ки дар кадом асос аст ва на аз чунин як тағйирот ба муштариён хабар додааст". Ин ҳарфҳоро яке аз муштариёни ширкати "Тоҷиктелеком" ба мо занг зада баён кард ва хоҳиш намуд, ки сабаби болоравии нархро маълум намоем. Бо мақсади муайян кардани асли воқеа роҳ сӯи ширкати "Тоҷиктелеком" пеш гирифтам. Ба нигаҳбони дари ширкат сабаби омаданамро фаҳмонидам ва гуфтам, ки ба назди ягон масъуле оид ба нархгузорӣ роҳнамоӣ кунад то сабаби болоравии нархро фаҳмонанд. ӯ ба чанд нафар тамос гирифт ва дар охир гуфт, ки назди сардори шӯъбаи иқтисод Қурбон Шамсов рафтан лозим аст. Бо роҳнамоии нигаҳбон ба шӯъбаи мазкур омадам ва Қ.Шамсовро ҷӯё шудам. Ду нафар дар шӯъба нишаста буданд, гуфтанд, ки сардор берун рафт ва каме баъдтар меояд. Тақрибан 15 дақиқа дар берун мунтазир гаштам ва сипас дубора омада пурсидам, гуфтанд ҳанӯз наомадааст. Сипас масъаларо ба миён гузоштам ва онҳо изҳор доштанд, ки ин мавзӯъро аз худи сардор бояд пурсон шавам. Аз онҳо хоҳиш кардам, ки рақами телефони идораи сардори шӯъбаро диҳанд, то ҳар вақте омад аз корхона ба ӯ занг зада, сабаби болоравии нархи сӯҳбати телефониро фаҳмам. Онҳо рақами телефонеро доданд ва ман дигар сардорро интизор нашуда баргаштам. Сипас аз корхона ба Қурбон Шамсов занг зада сабаби болоравии нархро пурсидам. ӯ дар посух чунин гуфт, ки "бо назардошти хароҷотҳо" нархи зангҳо танҳо аз телефони хонагӣ ба дастӣ боло рафтааст ва аз 2,5 дирам ба 4 дирам расидааст. Дигар тарифҳо тағйир наёфтааст. Зангҳои маҳаллӣ миёни телефонҳои хонагӣ 2 дирам боқӣ мондааст. Аммо дар ҷавоб ба суоли мо, ки хароҷотҳо гуфта, мушаххасан кадом навъи хароҷотро дар назар доранд, ҷаноби Шамсов гуфт, ки онҳо ҳамаи маълумотро ба мо гуфта наметавонанд. Танҳо онро метавонанд шарҳ диҳанд, ки бо назардошти хароҷотҳо арзиши зангҳо миёни телефони хонагӣ ва дастӣ боло рафтааст. Ёдрас кардам, ки ҳамаи маълумот ба мо лозим нест, танҳо мушаххасан хароҷотро гӯянд, то мардум донанд, ки сабаби болоравии нарх дар кадом асос ва аз ҳисоби чӣ навъ хароҷотҳост. Зеро ба қавли як муштарии ин ширкат, Раҳматулло Валиев дар бораи баланд шудани нархи зангҳо тамоман хабар дода нашудааст. Мо низ сомонаи ширкатро "сайр" кардем, аммо хабаре дар бораи қимат шудани зангҳо наёфтем. Аммо сардори шӯъбаи иқтисоди ин ширкат гуфт, ки онҳо аз афзоиши нархи зангҳо хабар додаанд ва эълон дар нашрияҳо ба табъ расидаст.

Далели "Тоҷиктелеком" ва баҳонаи сабзавотфурӯш

Вақте нархи орд боло меравад, далели мушаххас ё кам шудани содироти он аз Қазоқистону Русия ба Тоҷикистон ё коҳиш ёфтани истеҳсоли гандум ном бурда мешавад. Ё замоне, ки қимати роҳкирои нақлиёти мусофиркаш дар пойтахт боло рафт, сабаби асосӣ афзоиши нархи сӯзишворӣ арзёбӣ гашт. Соли 2011 ширкатҳои мобилӣ тасмим гирифтанд, ки хизматрасониҳои худро 3 дар сад боло мебаранд. Сабаби онро чунин шарҳ доданд, ки охири соли 2010 ба кодекси андоз тағйирот ворид гашт ва тибқи он аз хизматрасонии операторҳои мобилӣ пардохт дар ҳаҷми 3 фоиз андози аксизӣ муқаррар карда шуд.

Дар мисоли ин гуфтаҳо, бояд боло рафтани нархи зангҳо низ сабаби мушаххасе дошта бошад, ки омили таъсиррасонанда ба арзиши зангҳои телефонӣ ба ҳисоб равад. Агар сабаб ба таври мисол зиёд шудани андоз мебуд, ин мисоли мушаххас буда метавонист, ки шояд ба иллати ситонидани андози бештар арзиши зангҳо низ зиёд шудааст. Аммо вақте гуфта мешавад, ки "бо назардошти хароҷот", ин маълумоти умумист ва маълум нест, ки кадом хароҷот дар назар дошта шудааст. Зеро вақте "бо назардошти хароҷот" мегӯянд, суоле пайдо мешавад, ки оё дар гузашта чунин хароҷотҳо набуданд? Оё ин хароҷотҳо ба нав пайдо шуданд? Ё ягон навъи дигари хароҷот илова шуд?

Замоне, ки нархи сӯзишворӣ боло рафт, савдогарзанони сабзавотфурӯше, ки бидуни хароҷоти нақлиёт ба бозор пиёзи сабз ва кашниҷ меоварданд, болоравии нархи сӯзишвориро баҳона карда, бандчаи сабзавоти худро бо нархи як баробар зиёд мефурӯхтанд. Баҳона ҳаст, сӯзишворӣ қимат шуд. Аммо ба арзиши сабзавоти савдогароне, ки хонаашон дар назди бозор аст, афзоиши нархи сӯзишворӣ чӣ таъсир мерасонад?

Ба назар мерасад, ки далели масъулини "Тоҷиктелеком" ҳам монанд ба баҳонаи савдогарзанони сабзавотфурӯш аст. Баҳона ҳаст: хароҷот, аммо кадом хароҷот маълум нест ва ба нархи занг чӣ гуна таъсир мерасонад ин ҳам номаълум.

Таъмини 1 миллион аҳолӣ бо телефон: иллати афзоиши нарх?

Чанде пеш раисҷумҳур ба раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров супориш дода буд, ки то иди Наврӯзи 2012 як миллион хонаводаро бо телефонии хонагӣ таъмин кунад ва дар моҳи аввал сӯҳбатҳо бидуни пардохт сурат гирад. Президент зиён доштани телефонҳои мобилиро таъкид карда, гуфта буд, ки мардуми Тоҷикистон солона барои ширкатҳои мобилӣ 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ пул пардохт мекунанд. Ҳоло ба гуфтаи масъулин маъракаи таъмини аҳолӣ бо телефонҳои хонагӣ идома дорад. Аммо суоле пайдо мешавад, ки хароҷоти ин ҳамаро кӣ ба ӯҳда мегирад: Хадамоти алоқа, Бег Зуҳуров ё "Тоҷиктелеком"?

Таъмини 1 миллион аҳолӣ бо телефонии хонагӣ кори саҳл нест ва аз соли 1996 то имрӯз шумораи умумии телефонҳои хонагии "Тоҷиктелеком" ҳудуди 260 ҳазор донаро ташкил медиҳаду бас. Тӯли 15 сол танҳо 260 ҳазор оила бо телефони хонагӣ таъмин будаанд ва чӣ гуна имкон дорад, ки дар давоми 1 сол як миллион аҳолӣ бо телефони хонагӣ таъмин гарданд? Аз ин рӯ шояд хароҷоти ҳамаи ин ба дӯши ширкати "Тоҷиктелеком" вазнинӣ карда бошад ва иди Наврӯз ҳам наздик асту барои пӯшонидани як тарафи хароҷот арзиши зангҳои телефони хонагӣ бо дастиро боло бурдаанд. Зеро дар Тоҷикистон 6 миллион нафар аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд ва аз ҳисоби қимат кардани нархи занги телефони хонагиву дастӣ фоидаи бештар ба даст хоҳад омад. Қурбон Шамсов мегӯяд, ки маъракаи таъмини аҳолӣ бо телефонҳои хонагӣ идома дорад, аммо ин ба болоравии нархи зангҳо ягон таъсире надоштааст.

Болоравии нархи зангҳо дар ҳолест, ки қаблан ба гуфтаи масъулини ин ширкат арзиши занги телефонии хонагӣ ва мобилӣ 4 дирамро ташкил медод ва аз моҳи майи соли 2010 барои ҳар дақиқаи сӯҳбат 2,5 дирам муқаррар шуд. Ҳамчунин арзиши занги байни телефонҳои хонагӣ қаблан 5 дирам буд ва аз соли 2010 ба 2 дирам пойин оварда шуд. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат ҳоло нархи занги байни телефонҳои хонагӣ тағйир наёфтааст, аммо нархи занг аз телефони хонагӣ ба дастӣ боло рафтааст.

"Тоҷиктелеком" дар гузашта ва имрӯз

Соли 1996, баъди хусусигардонии амволи давлатӣ ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" таъсис ёфт. "Тоҷиктелеком" мақоми шахси ҳуқуқиро дорад ва дорои 74 шӯъба мебошад. Дар охири соли 2008 раиси кулли ширкат Х.Мирзоев буд, аммо баъди чанд моҳ ӯро аз кор ронданд ва ба сактаи қалбӣ гирифтор шудааст. Байни ӯ ва Бег Зуҳуров нофаҳмиҳое вуҷуд доштааст.

Соли 2009 қарзи ин ширкат дар назди ширкати чинии ZTI 8,5 ва ба ширкати XUAWEI 7 миллион долларро ташкил медод. Қарзи дохилияш бошад 3 млн. доллар ва дар назди ширкатҳои алоқаи ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур 115 ҳазор доллар буд. "Тоҷиктелеком" барои омӯзонидани як донишҷӯ ва омода кардани як кадри ин соҳа аз 3 то 8 ҳазор доллар сарф мекард, аммо замоне Зуҳуров кадрҳои зиёде аз кор рафтанд. ӯ далел пеш овард, ки бисёре аз кормандони ширкат хатмкардаи факултаи филология ҳастанд ва бояд ба ҷояшон мутахассисон оянд. Ин қарздории ширкат дар ҳолест, ки чанд соли пеш роҳбарияти ширкат барои сардори шӯъбаҳои гуногун аз ҳисоби корхона мошинҳои гаронарзиши "Тойота" ва ба раиси ширкат "Лексус" харидорӣ кард. Аммо дар охир Зуҳуров ба кормандон бо мошин ба кор омаданро манъ кард ва бо велосипед ба кор омаданро тавсия намуд.  Ҳоло раиси кулл Ҳиматов Музаффар ва раиси Шӯрои директорони ширкат Бег Зуҳуров ҳастанд.

Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!