Бахшҳо
17 фев 2012 05:23Сиёсат

Анвари Вайсиддин дар Ваҳдат вазъи фавқулодда ҷорӣ кард?

Диққат! Агар бегонаеро дидед, пурсуҷӯ кунед ва ба мақомот хабар диҳед!

Чаро масҷиди "Муҳаммадия"- ро раиси Ваҳдат набаст?

Чанд рӯз қабл як қарори раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба дастам расид, ки иборат аз 10 нукта буда, дар он аз ҷумла омадааст "рафти иҷрои талаботи Конунҳои Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта зери назорати қатъӣ гирифта шавад".

Дар қарори раиси шаҳри Ваҳдат таъкид шудааст, ки "дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи протоколи мазкур (яъне ҳамин қарор, таъкид аз мо. Т. С.) фаъолияти динии масҷидҳо боз дошта мешавад". Ба назари ин ҷониб мурод аз қабули ҳамин се қонуни зикршуда, ки марбут ба масҷид, намоз, таълими динии наврасон, мавъиза гуфтан ва умуман ба ибодату муллоҳо ва аҳкому аркони шаръӣ дахолат доранд, танзими ҳамин масоил, ки асли зистан, маънии бандагӣ ҳам дар ҳамин аст, яъне марбут ба шеваю роҳу равиши мусалмонии мо мебошад. Ва иддае аз коршиносони масоили динӣ бар ин назаранд, ки ин қонунҳо он замон як навъ бо шитобзадагӣ ва бо хоставу хоҳиши масъулин қабул шуда то ҷое озодиҳои мусалмононро ба адои фароизи исломӣ ва ташкили иттиҳодияҳои динӣ маҳдуд намудааст. Ва ба ҳангоми муҳокимаи қавонини мазкур аз ҷониби соҳибназарон пешниҳодоти зиёде ҳам ироъа гардида буд, ки мутаассифона он ҳама мавриди пазириш қарор наёфт. Ва акнун чун ин қонунҳо имрӯз дар ҳукми амаланд, ҳар кадоми мо ба хотири ҳуқуқбунёдии ҷомеъа муваззафем қонунеро, ки вакилони интихоб кардаамон қабул намудаанд, эҳтиром бигузорем. Дар ин навиштаи хеш мо дигар аз ҳусну қубҳи ин қонунҳо чизе нахоҳем гуфт ва акнун мебинем, ки Анвари Вайсиддин ҳам дар такя ба ҳамин, ба хотири "назорати рафти иҷрои талаботҳо"- и ин қонунҳо чунин як қарори таърихӣ содир намудааст.

Оё Анвари Вайсиддин, ё раиси дилхоҳ шаҳру навоҳии дигар ҳаққи бастани масоҷид ё тавре дар қарори мазкур омада "боз доштани фаъолияти динии масҷидҳо"- ро доранд? Магар дари масоҷидро бастан акнун ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ вогузор шуда? Оё иҷрои ин амал, яъне масҷидбандӣ, ки воқеъан як кори бадест бар дари хонаи Худо қуфл задан, тибқи қарори додгоҳҳо ва ё бо супориши Кумита оид ба корҳои дин  сурат намегирад?

Агар раисони шаҳру навоҳӣ чунин салоҳият медоштанд, пас чаро масҷиди "Муҳаммадия"- и шаҳри Ваҳдат, ки мансуб ба бародарон Тураҷонзодаҳо мебошад на бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат, балки аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин барои се моҳ баста шуд?

Чаро ин раисони иддае аз шаҳру навоҳии кишвар масалан дар такя ба ягон дигар қонуне, ё тибқи амру супоришҳои сардори давлат қароре, амре, дастуре дар мавриди боло бурдани маъоши бигзор сад тан маъюбу нафақахӯр, панҷоҳ табибу дусад омӯзгор, бунёди манзили зист барои чанд тан хонаводаи камбизоату эҳтиёҷманд, навсозиву бозсозии роҳҳои мошингарди қаламрави ноҳияашон, сохтани нирӯгоҳҳои хурди барқӣ ва аз даҳшату азобҳои алими сардиву торикӣ наҷот бахшидани мардум, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсоливу саноатӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани ҳадди ақал то 10 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва солҳо бори вазнини муҳоҷирати корӣ бар дӯш дошта, ба табобати ройгон фаро гирифтани сад нафар маъюбу кӯҳансолон, ба осоишгоҳҳо равон намудани аҳли илму фарҳанг содир намекунанд?! Агар бигӯянд, ки маблағ нест, бовар намекунам. Барои бодабдаба ва пуршукӯҳ баргузор кардани иду ҷашнҳо, намоишгоҳҳои дастовардҳои ноҳия роҳи ёфтани маблағ пайдо мешаваду барои амалӣ намудани чунин иқдомоти хайри иҷтимоӣ чаро маблағ пайдо намекунанд?

Эшони Аллома ҳаққи дар Ҳисор вазъ гуфтанро надорад

Барои огаҳӣ ёфтан аз он ки раисони дигар навоҳии атрофи пойтахт низ мисли ҳамтои хеш Анвари Вайсиддин як чунин дастуре содир кардаанд, ба ҳукумати ноҳияи Ҳисор тамос гирифтам. Муовини раиси ин ноҳия бону Холбибӣ Давлатова изҳор дошт, ки ҷиҳати назорат аз болои иҷрои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" ва ба хотири ҳушёрии сиёсӣ ва таъмини амнияти мардум аз ҷониби раиси ноҳия амре содир шудааст, ки тибқи он то имрӯз дар ду ҷамоати Ҳисор мулоқотҳо бо мардум ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ анҷом шудааст.

-Дар масоҷиди ноҳия,- идома дод бону Холбибӣ Давлатова,- ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ибодат бикунад, вале зиракии сиёсӣ бояд бошад, то касе минбари масҷидро соҳиб нашавад. Ба имомҳо супориш шудааст, ки минбари масоҷидро ба афроде дигар вогузор накунанд. Мақсад аз пурсуҷӯ намудани шахсони бегона ва хабар додан ба мақомоти амниятӣ шаҳрвандони Афғонистону Хитой дар назар аст, ки солҳои қаблӣ дар Ҳисор зиёд буданд. Мо ҳатто арӯсоне, ки аз дигар навоҳӣ шавҳар карда ин ҷо меоянд, ба қайд мегирем, яъне мо бояд бидонем, оне ки дар ноҳияи мо мезияд, кист ва аз куҷост.

Аз муовини раиси ноҳияи Ҳисор мепурсам, ки масалан Алломаи Регарӣ, ки як рӯҳонии шинохта ва соҳибэҳтиром аст, агар биёяд ё даъват шавад ба маросиме ба яке аз масоҷиди ноҳияи Ҳисор ва имоми он маҳалла ҷиҳати эҳтироми эшон минбари масҷидашро ба ихтиёри Эшони Аллома гузорад, равост, иҷозат аст?

Бону Давлатова гуфт, ки не, имомҳо ин ҳақро надоранд ва ҳама маросимҳои диниро бояд имоми маҳалла ё сархатиби ноҳия анҷом бидиҳанд.

Вазъият дар ноҳияи Рӯдакӣ комилан ором аст, пурсуҷӯ нест

Аз муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мавҷуда Бобоева, ки солҳо боз дар ин ноҳия масъули масоили фарҳангу маънавиёт аст, аз боби мавҷудияти як чунин амре ё қароре дар робита ба мавзӯи баҳси ин мақола суъол кардам, посухи бону ин буд, ки аз ҷониби раиси Рӯдакӣ чунин амре содир нашуда, танҳо ҷиҳати ҷилавгирии мактаббачагон аз рафтан ба масоҷид, махсусан дар вақти дарсхонӣ ва машғулиятҳои иловагӣ супоришҳои қатъие аз ҷониби раис дода шудааст, ки ин тадобир дар иртибот ба татбиқи Конун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" рӯи даст гирифта шудааст. Дар бораи он ки дар масоҷид имомҳо бояд соҳиби минбар бошанд, амре мавҷуд нест.

Пас, хулоса ин аст, ки Саидмурод Тағоев, раиси ноҳияи Рӯдакӣ пурсуҷӯ кардани ашхоси бегонаро дар масҷиду маҳалҳои қаламрави ноҳияаш зарур надониставу шояд дар такя ба вазъи комилан ороми ноҳияи Рӯдакӣ ҳар гуна тафтишу пурсуковро нолозим шумурдааст, ки фикр мекунам ин бойиси тақдир аст.

Тураҷонзодаҳо ҳамеша "бегона дар миёни худиҳо" буданд

Дар нуктаи 4- уми қарори зикршуда омада, ки "дар ҳолати иштирок доштани намояндаи маъруфи динӣ аз хешу табор ва наздикони майит баъди мавъизаи имоми ваколатдор танҳо хондани намози ҷаноза иҷозат дода шавад." Ростӣ, ман хуб ба дарки маънӣ ва мӯҳтавои ин нуктаи қарор нарасидам ва бардоштам ҳамин шуд, ки агар дар маросими ҷанозае дар шаҳри Ваҳдат, ки хеле зиёд аз аҳли ин шаҳр хешу табор, ёру ошно ва муридони бародарон Тураҷонзодаҳо мебошанд, Эшони Нуриддин , Мавлавӣ Маҳмудҷон ё Хоҷӣ Акбар ширкат дошта бошанд ҳақ доранд, ки намози ҷанозаи хешону ихлосмандони хешро имоматӣ бикунанд. Зеро пушти мафҳуми "намояндаи маъруфи динӣ" дар шаҳри Ваҳдат чӣ ки дар дигар навоҳии атрофи пойтахт ҳам ҳамин бародарон Тураҷонзодаҳо пеши назар меоянд, ҳарчанд шояд барои иддае мақбул нест вақте аз Эшони Нуриддин ё Хоҷӣ Акбари Тураҷонзода ба унвони рӯҳониёни саршиноси кишвар ном мебаранд, вале чӣ метавон кард, ки дар тайи 20 соли ахир рӯҳониёни шинохтаамон маҳз ҳаминҳо ва боз ду- се нафари дигар будаанд. Ва чун ҷои гап омад ва фикр мекунам он аз мавзӯъи баҳси мо берун нест ва агар беғараз ҳарф занем бояд мояи ифтихори ҳар тоҷики мусалмон бошад, ки аз хонадони як марди муслиму худопарасти ҳамдиёрамон ба исми Эшони Тураҷон (Худо раҳматаш кунад!) се пешвои дин, се донишманди фарзона бархоста, ки дар кишвар,  дар минтақа ва ҳатто дар зиёд мамолики мусалмонии ҷаҳон мавриди арҷгузориву иззат қарор доранд. Аммо аз чӣ бошад, ки мо тайи 20 сол ҳеч наметавонем Тураҷонзодаҳоро таҳаммул бикунем ва хосса дар ҳамин 4 соли ахир аз тариқи расонаҳои хабарии расмӣ он қадар бар сари эшон санги маломату мазаммат задем, ки агар бар сари кӯҳ мезадем, пора мешуд. Ва Хоҷӣ Акбари Тураҷонзода вақте аз тариқи рӯзномае мегуфт, ки "мехоҳанд моро бишкананд, хору залил кунанд, иштибоҳ мекунанд, мо зиндонро қабул дорему хориро не" гувоҳи ба истилоҳ сангсар будани бародарон Тураҷонзодаҳост. Танҳо мани журналист ба як суъол, ки бисёриҳо ҳам аз ман онро мепурсанд ҷавоб намеёбам, ки ин ҳама ҷабру маломату сияҳсозии Тураҷонзодаҳо ба хотири чӣ ва ба манфиати кист?

Эшони Маҳмудҷони Тураҷонзода, ки донишманди шинохтаи дин аст, ахиран моҳе қабл аз тариқи матбуот ба "гуноҳон"-и хеш ва бародаронаш иқрор шуда гуфт: "Шояд гуноҳи мо аз назари душманонамон яке имондорӣ ва хидмати мухлисона барои дини Худо карданамон ва дигаре шӯҳрат ва обрӯямон дар ҷомеъа бошад".

Шояд, ман намедонам, кошкӣ медонистам, то мегуфтам.Танҳо ҳаминро медонам, ки замони 7 сол муовини аввали Сарвазир ва 5 соли узви Маҷлиси миллӣ буданаш ҳам Хоҷӣ Акбари Тураҷонзода бегонае миёни худиҳо, ба ибораи русӣ "чужой среди своих" буд.

"Шахсони тасодуфӣ" дар Ваҳдат киҳоянд?

Акнун бозгардем, сари он қарори раиси шаҳри Ваҳдат, ки ҳар киро аз дӯстонам дар бораи шарҳу тафсири нуктаи 2- юми он, ки дар он ба имомони масоҷид супориш шуда то ба ҳангоми баргузории ҳама маросимҳои динии дар доираи қонун буда "минбари масҷидҳо ҳамеша аз онҳо бошад ва шахсони тасодуфӣ роҳ дода нашаванд" пурсидам, посухашон ин буд, ки ин таъкид ба бародарон Тураҷонзодаҳо, махсусан ба Эшони Нуриддин дахл дорад, зеро ин рӯҳонии шинохта на танҳо дар шаҳри Ваҳдат, балки дар ҳар ҷои дигар ҳам аз обрӯ ва ҷойгаҳи вижае миёни мардум бархурдор аст ва мусаллам аст, ки ба ҳар маросиме, ҷашни арӯсӣ, хатна, хатми Қуръон ё ҷанозае даъват шавад, имоми он масҷид ё муллои маҳалла адои намози ҷаноза, амри маъруф кардан ва хулоса минбарро ба ихтиёри ӯ хоҳанд гузошт. Ва зери мафҳуми "шахсони тасодуфӣ" ба қавли Амиршоҳ, як сокини шаҳри Ваҳдат манзури муаллифони қарор ҳамин Эшони Нуриддин ва бародаронаш буда бо ин роҳ  мақомоти маҳаллӣ хостаанд аз минбардории Тураҷонзодаҳо ҷилавгирӣ шавад. Шояд ҳамин фарзия ҳақиқате ҳам дошта бошад, зеро дар шаҳри Ваҳдат дигар чӣ касе аз он нуфузу эҳтиром бархурдор аст, ки имоми масҷиди масалан деҳи Ҷангалак ё маҳаллаи Чуқайша минбари масҷидашро ба ихтиёри ӯ гузорад?

Ҳеч кас, илло ҳамин Тураҷонзодаҳо!

Ман намехоҳам салоти ҷанозаамро сархатиб бихонад

Як нуктаи дигари ин қарор таъкид бар он дорад, ки "дар баргузории маросими ҷаноза дар ҳолати иштирок доштани сархатиби шаҳр мавъиза ва гузаронидани маросими ҷаноза ба ӯ вогузор карда шавад" хилофи иродаи фарзандону хешовандони марҳум ва хоставу васияти майит аст. Агар он худораҳматӣ дар замони зиндагиаш ба бозмондагонаш васият карда бошад, ки намози ҷанозаашро Эшони Нуриддин, ё Хоҷӣ Исмоил ё Алломаи Регарӣ имоматӣ кунад, пас ин чӣ гуна мешавад, ки сархатиби шаҳр ё имоми масҷиди маҳаллае, ки марҳум он ҷо зиставу фавтидааст бар хилофи васияти майит ва алорағми хоҳиши фарзандону наздикони он равоншод каси дигаре (Зеро ҳукумати маҳал чунин мехоҳад!) биёяд ва намози ҷанозаро имоматӣ кунад. Таърих гувоҳ аст, ки халифаи дуввуми Ислом Ҳазрати Умари Форуқ дар ҳоле, ки бузургони саҳоба амсоли Усмон, Алӣ, Абдураҳмон ибни Авф ва Зубайр зинда буданд, хондани намози ҷанозаашро ба Суҳайби Румӣ васият кард. Ин нукта далели он аст, ки хоставу васияти фарди мусалмон ва умуман як инсон бояд бойиси арҷгузорӣ ва эҳтиром бошад ва мавриди иҷро қарор бигирад.

Дар шаҳри Ваҳдат гурӯҳҳои силоҳбадасту хатарнок амал мекунанд?

Аз пункти 5- уми қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз чӣ буд, ки ба машомам як навъ бӯйи солҳои сиюми қарни 20 омад. Дар он ба қавле таъкид ба ҳушёрии сиёсӣ шуда, аз ҷумла омада:

"Ҳангоми пайдо гаштани шахсони бегона дар масҷид ва маҳал дарҳол пурсуҷӯ намуда ба мақомотҳои дахлдор хабар расонанд." ДАҲШАТ!!!

Чун ин нуктаи қарорро хондам қарорам аз даст рафт, ба ҷонам рашъа дамид.

Магар дар Ваҳдат ва дигар навоҳии атрофи пойтахт ягон гурӯҳи силоҳбадасту ба амнияти мардум хатарборе пайдо шуда, ки мо алъон хабар надорем?

Агар чунин нест, пас чаро аз пурсуҷӯ кардани "шахсони бегона" (хонда шавад сокинони дигар ҷамоату навоҳӣ. Таъкид аз мо. Т. С.) ва "ба мақомотҳои дахлдор хабар расонидан" бонги изтироб мезанед?

Оё агар мани бегонаи Ваҳдату Ҳисор биравам он ҷо ва дар масҷиди як маҳаллае намоз бигзорам, бояд ҳатман мавриди пурсуҷӯ қарор бигирам ва милисаву мақомоти амниятӣ аз ҳузури ин "бегона" хабардор шаванд?

Пас, то ин қарору амрҳо бекор нашавад, агар парранда шавам ҳам болои Ваҳдату Ҳисор пар нахоҳам зад. Аз бало ҳазар гуфтаанд, чӣ даркор он ҷо рафтани ман ва болои мардуми заҳматқарин мушкил овардан, бе ҳамин ҳам мушкили ин мардуми бечора кам нест. Агар онҳо ба милисаву амният аз "пайдо гаштани шахси бегона" хабар кунанд, ин айб ва берун аз одоб, хабаркашӣ накунанд, қарори раис амалӣ намешавад ва агар касе дигар хабар бубарад, масҷиди он бечораҳои хабарнабурда баста хоҳад шуд.

Хулоса як дарҳамбарҳамӣ ва як ҳолати гӯям ё нагӯям!

Ҷанобон! Ин тарс аз чист? Дубора мепурсам, магар ба ростӣ вазъи навоҳиатон ноором аст? Агар ҳама ҷо оромист ин ҳама қарору протоколу амру супориш додан барои пурсуҷӯ ва хабаркашӣ аз болои "шахсони бегона" ба мақомоти амниятӣ ба хотири чист?

Сандуқи хайрия ҳизб нест, ки созмон ёбад

Аммо воқеъан пункти 7- уми қарор маро хуш омад ва шояд ҳар хонандаи ин навиштаи маро ҳам хуш ояд. Он чунин садо медиҳад:

"Дар рафти намозгузорӣ ҷамъоварии маблағ аз намозгузорон қатъиян манъ карда шавад. Сандуқҳои хайрия дар ҳамаи масҷидҳо созмон дода шавад."

Танҳо ин ҷо эроди сабуке дорам, ки бояд ин банди қарор чунин мебуд: "Ба ҳангоми дар масоҷид ҳузур доштани мардум ҷамъоварии маблағ қатъиян манъ аст." Ва ҳамчунин гуфтаниям, ки сандуқи хайрия ҳизб ё ташкилот нест, ки онро бояд созмон дод. Сандуқи хайрия, сейфи оҳанӣ ё як қуттии чӯбинест, ки он дар як канори саҳни масҷид бояд гузошта шавад. Чаро ибораи "дар рафти намозгузорӣ" ғалат аст гуфтам, зеро ба ҳангоми намозгузорӣ касе маблағ ҷамъ намеорад ва ҳеч мусалмони огоҳе ҳам намозро гузошта даст ба ҷайб намебарад то ҳаққи муллову масҷидро хайрот гуфта ба сандуқ бирезад.  Дуруст омадааст дар идомаи  ҳамин нуктаи 7- уми қарор, ки "хайрия бояд озод бошад ва маблағҳои аз хайрия ҷамъшуда бо розигии аъзоёни(?) комиссия сарфу харҷ карда шаванд". Вале пурсидан мехостам, ки магар то судури ин қарор маблағҳои аз ҳисоби хайроту садақоти мардум ғуншуда бе розигии аъзои комиссия сарфу харҷ мешуданд?

Каблан ҳам ба гӯши мо мерасид, ки маболиғи дар роҳи Худо додаи мардум дар баъзе аз масоҷиди кишвар аз ҷониби муллову муаззину имому хатиб беинсофона масраф мешавад ва касоне дигар ҳам ширинкома мегирифтаанд. Агар воқеъан чунин ҳолат дар масоҷиди мо ҷо дошта бошад, ин кори бадест.

Амру қарорҳои раисон бояд ташхиси ҳуқуқӣ шаванд!

Аз Салим Шарифзод, як сокини огоҳи шаҳри Ваҳдат хостам, ки андешаашро сари ин қарори Анвари Вайсиддин иброз намояд. Мавсуф гуфт, ки "ин қарор хилофи қонунгузории Тоҷикистон, хилофи Сарқонуни кишвар ва ба хусус мухолиф ба Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" аст. Вале мутаассифона имрӯз дар Тоҷикистон ба ҷои он ки мансабдоронамон дар риояи қонунҳо намуна бошанд, аз ҷониби иддае аз эшон қонуншиканӣ ба назар мерасад. Акнун ин вазифаи мақомоти прокуратура аст, ки назорат бикунад ва вазорати адлияро зарур аст, ки ҳар як қарору супоришҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки ба ҳаққу озодиҳои шаҳрвандон дахолат доранд, аз ташхиси ҳуқуқӣ бигзаронад. Дар замони Шӯравӣ низ ҳамин гуна қарорҳо буд, ки бояд намози ҷаноза ва маросимҳои диниро имомони расмӣ адо кунанд, ин аз ҳамон замон боқӣ мондааст. Вале тибқи қонун соҳиби майит ҳар имому муллоеро, ки худ мехоҳад, ба кадом рӯҳоние, ки ихлос дорад, ӯ бояд намози ҷанозаро имоматӣ кунад. Он имому муллое, ки ман ӯро нашиносам, ба ӯ ихлосу эътиқод надошта бошам, чӣ ҳақ дорад, ки биёяд ва ҷанозаи маро имоматӣ кунад. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки Расули акрам фармудаанд: "Касе, ки ба зӯрӣ ва ё бо амри ҳокиме болои мардум имом мешавад, дар ҳоле, ки мардум ӯро намехоҳад, Худо бар ӯ лаънат кардааст."

Охирсухан: Хуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд арзиши олист!

Барои ҷамъбасти ин навиштаи хеш аз ҳамин пешниҳоди кардаи ҳамсӯҳбатам Салим Шарифзод чизе беҳтар пайдо накардам. Воқеъан дар ҳоли ҳозир чун зиёд аз ҳуқуқбунёдии давлатамон ҳарф заданро одат кардаем, бояд мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқӣ амру қарору фармону дастуру супоришҳои масъулини шаҳру навоҳию вилоёт ва вазоратхонаву кумитаҳоро, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дахл доранд, аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида, баъдан барои амалӣ намудани онҳо иҷоза бидиҳанд, зеро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ буда, дахолатнопазии онро Сарқонун кафолат додааст. Агар ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистони азизро мехоҳем, бояд ҳамин гуна бошад, то ҳеч раисе, ё вазиру раиси кумитае қароре ё амре бо табъи дили хеш ва бо тавсияи шӯъбаи ҳуқуқии дар итоаташ буда содир кунад ва онро болои мардум ва ё зердастонаш таҳмил намояд. Ин амал оқибати хуб надорад.

Толибшоҳи Сайидзода,

махсус барои "Озодагон"

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)