Бахшҳо
21 фев 2012 07:51Гузориш

Нигаронии Афзалов аз фаъолияти сусти бархе аз идораҳо

Раиси ҳукумати вилоят аз фаъолияти сусти идораҳои нақлиёт ва истифодабарии роҳҳо, ҷамъоварии маблағи қувваи барқ, набудани корхонаҳои хурди саноатӣ, мушкили оби нӯшокӣ ва камбуди ҷойи корӣ изҳори ташвиш кард..

Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон бо вазъи иҷтимоии вилоят аз наздик ошно мешавад. Зимнан, рӯзи 18-уми феврал, вохӯрии ӯ бо сокинон ва фаъолони  ноҳияи дурдасти Темурмалик баргузор гардид. Дар мулоқот иштирокчиён аз   мушкилоту камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли он бо шахси аввали вилоят сӯҳбат карданд. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» мушкили асосӣ, ки   ҳам сокинон ва ҳам масъулини ноҳияро ба ташвиш овардааст, ин вайроншавӣ ва дар баъзе ҳолат, номустаҳкамии саддҳои соҳили руди Сурхоб мебошад, ки метавонад бевосита ба рустоҳои наздисоҳилӣ хатар эҷод кунад.

Дар ин маврид раиси вилоят ба масъулини зертобеъ супориш дод, то барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин ноҳия техникаҳои зарурӣ ва сӯзишворӣ, инчунин симтӯрҳои саддгузорӣ дар кӯтоҳтарин муддат таъмин намоянд.

- Ҳукумати вилоят кӯмакҳои заруриро мерасонад. Аммо барои пурра мустаҳкам намудани соҳилҳо ва пешгирии хатари селфароӣ, аз сокинони маҳаллӣ ҳам истифода баред,-афзуд Афзалов.

Дар вохӯрӣ раиси ҳукумати вилоят аз фаъолияти сусти идораҳои нақлиёт ва истифодабарии роҳҳо, ҷамъоварии маблағи қувваи барқ, набудани корхонаҳои хурди саноатӣ, мушкили оби нӯшокӣ ва камбуди ҷойи корӣ изҳори нигаронӣ кард. Супориш шуд, то фаъолияти ин муассисаҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Афзалов гуфт, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ бояд бо  соҳибкорони маҳаллӣ ба мувофиқа омад: «Вақти он аст, ки дар ҳудуди ҳар ҷамоат корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд намуд.  Бо фаъол гаштани ин гуна корхонаҳо, ҳам ҷойи корӣ зиёд мегардаду ва ҳам зиндагии мардум ба тадриҷ боло хоҳад рафт. Дар ин кор албатта, такя ба соҳибкорон мебояд кард».

Ҳамзамон, соҳибкорон пешниҳод намуданд, ки омодаанд корхонаҳои хурди коркарди меваю консерва, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, комплекси паррандапарвариро бунёд карда, даҳҳо ҷойҳои кори нав ташкил намоянд.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)