Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

Кӯлоб: Мубориза «шиддат» мегирад

21 феврал 2012, 07:55

Дар шаҳри Кӯлоб барои соҳиб гаштан ба курсии намояндаи мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ намояндагони халқӣ холӣ гаштаанд, миёни аҳзоби сиёсии дар шаҳр фаъолият дошта, маъракаи ба истилоҳ «пешбарии номзадҳо»  оғоз гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб ва муовинаш бо сабаби ба дигар кор гузаштан ва аз ҳудуди шаҳр берун рафтан, аз намояндагии халқ дар маҷлиси вакилони шаҳр озод гаштанд. Сар аз рӯзи 15-уми феврал, бахшҳои ҳизбҳои сиёсӣ конфронсу маҷлисҳои ғайринавбатии худро оғоз карда, барои ишғоли ин ҷойҳо талош меварзанд.

Аммо ба назар мерасад, ки ҳамин бахшҳо дигар умед ба пирӯзӣ дар ин гуна сабқатҳо тақрибан надоранд ва ба хотири «қафо намондан аз… маърака», ҷаласаву ҷамъомадҳо дар дафтари корӣ амалӣ кардаву номзадҳои худро пешбарӣ намудаву «ихтиёри ғайриихтиёрӣ» дар он ширкат мекунанд.

Номзадҳои «нав»-у «кӯҳна» ва пир

Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин бахш Амрохон Сафаровро, ки наздик ба 80-сол умр дорад, бо як овоз номзад ба вакилӣ пазируфтанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳизби мазкур аъзои хеле кам дар ҳудуди шаҳр дорад ва ҳамоно, агар бошанд ҳам, на ҷавононанд ва ё намояндаи лоиқтаре аз як мӯйсафед надорад.

Ҳизби наҳзати исломӣ низ рӯзи 16-уми феврал бо баргузории як конфронси ғайринавбатии худ ду тан аз намояндагони худро барои номнавис гаштан дар интихоботи миёнадаврӣ пешниҳод намуд. Дар ин конфронс, ки воқеан аъзои он бо ташаббус самимона ва хеле зиёд ҷамъ омада буданд, бо як овоз номзадии раисони бахшҳои шаҳриву минтақавии ҲНИТ-ро пешбарӣ карданд. Гӯё ин ҷо низ, аъзоҳои қатории фаъол набуду нест. Зеро, дар ҳамаи маъракаҳои интихоботӣ танҳо раисони бахшҳо «ба майдон» мебароянду вале пирӯз намешаванд.  Гузашта аз ин, дар баъзе ҳолатҳо номзадҳо аз  ин ҳизб то маъракаи интихоботӣ, бо иллати «ноадолатӣ ва иҷозат надодан» аз ҷониби ҳавзаҳои интихоботӣ аз рақобат даст мекашанд.

Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, «Сайидиброҳими Назар, ки дар интихоботи миёнадаврии гузашта барои номзад ба маҷлиси вакилон Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гашта буд, бо иллати иҷозат надодани назоратчиён барои назорати рафти интихобот дар участкаҳои интихоботӣ, аз рақобат даст кашид. Зеро дар ин ҳолат, замонати нигаҳдории овози интихобкунандагонро надоштем». Ба қавли Набиев, дар қитъаҳои интихоботӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки барои интихобкунанда варақаҳои раъйдиҳии   қаблан хатзадаро медиҳанду хоҳиши ба қуттӣ андохтан мекунанд:«Дар интихоботи гузашта, далел дорем, ки дар қитъаи №1 ҳатто ба дасти узви ҲНИТ ҳам инчунин бюлетен додаанд».

Аммо ба назар мерасад, ки номзадҳо аз ин ҳизб ҳам ба пирӯз шуданашон дар интихобот ба пуррагӣ бовар… надоранд. Абдусамад Ғайратов, номзад ба намояндагии мардум дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар интихоботи миёнадаврӣ, дар ҳамин конфронс гуфт,  агар пирӯзӣ насибамон нагардад ҳам, вале бояд аз будани худ ёдрас намоем.

То интихоботи намояндагони мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб каме бештар аз 1 моҳ мондааст. Вале бахшҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок дар он  ҳанӯз хомӯшанд. Гуфта мешавад, ҳамин хомӯшӣ гувоҳ аз он аст, ки онҳо низ ба пирӯзӣ дар интихобот бовар надоранд. Зеро барои ишғоли «вазифа»- намояндагии мардум ду рақиби тавонову пуштибондошта, иҷрокунандаи раиси шаҳр ва муовинаш довталабанд ва… демократи пиру ҷавонони наҳзатӣ, агар аз нимароҳ берун нашаванд, гумон аст, ки «депутат» мешуда бошанд.

Аслиддин Достиев



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!