Бахшҳо
22 фев 2012 05:42Минбари Шумо

ВКХ: БРИФИНГИ НАЗРИЕВ

Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев (21 феврали соли 2012)

Дар бораи 20-солагии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Аз санаи ба узвияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад.
25 феврали соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон Санади хотимавии Ҳелсинкиро имзо намуд. Дохил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба САҲА аҳамияти истифодаи таҷриба, нуфуз ва нерӯи он ташкилот дар ҷараёни демократикунонии ҷомеа, таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ, эҷод намудани унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзими масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ воҷиб гардонида буд.
Ҷорӣ намудани муносибатҳои қавӣ дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалии амниятӣ, аз он ҷумла САҲА ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон мувофиқ буда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ, хусусан дар самти Аврупо мусоидат менамояд.
Дар тӯли 20 соли ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА байни сохторҳои ҶТ ва САҲА ҳамкории пурмазмун ва гуногунҷабҳа ҷараён гирифт.
Ибтидои муносибатҳои амалии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва САҲА аз соли 1994 сарчашма мегирад.
Ҳайати кишвар таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 декабри соли 1994 дар ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокчии САҲА дар шаҳри Будапешт ширкат варзид. Дар рафти нишаст Президенти Тоҷикистон роҷеъ ба талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи дохилӣ ва авлавиятҳои кишвари худ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо он Созмон ибрози назар кард.
Дар ибтидои солҳои 90-ми асри XX вазъи сиёсии Тоҷикистон хеле мураккаб буд. Вобаста ба ин, САҲА кӯшид, ки баҳри ба эътидол овардани вазъият ва ҳалли мушкилоти бамиёномада саҳм гирад.
Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси намояндагии САҲА муқаррароти механизм барои машварат ва ҳамкорӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулода гардиданд, ки дар мулоқоти якуми вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Берлин (июни 1991) таҳия шуда буданд. Қарор оид ба таъсиси намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 1993 дар мулоқоти 4-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд. Намояндагӣ дар назди худ вазифа дошт, ки дар устувор гаштани вазъи кишвар ва ташкили шароити мусоид дар тавсеаи равандҳои демократӣ кумак мерасонад.
САҲА дар музокироти байни тоҷикон мақоми нозирро дошт. Дар ин мавзӯъ САҲА ва СММ, ки музокирот таҳти сарпарастии он сурат мегирифт, мавқеи ҳамсонро ишғол карда буданд.
Солҳои ҳамкорӣ бо САҲА нишон доданд, ки ҷонибҳо на фақат ба ислоҳи вазъ дар равобиташон муваффақ шуданд, балки САҲА тавонист симои мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Аврупо ва созмонҳои байналмилалии аврупоӣ нишон диҳад. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, то вазифаҳои дарпешистодаро бо назардошти манфиатҳои худ ҳал намояд ва ин созмонро ба ҳамёри стратегии худ табдил диҳад.
Тавре зикр гардид, САҲА соли 1994 тавассути ифтитоҳи намояндагияш дар Тоҷикистон фаъолияташро дар кишвар оғоз кард. Моҳи октябри соли 2002 Намояндагӣ ба Маркази САҲА дар Душанбе табдил дода шуд, ки бо ин роҳ ваколаташ тавсеа ёфта, панҷ намояндагии он дар Ғарм, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Шаҳритус таъсис дода шуд. Сипас, соли 2008 бо тағйири ваколат, намояндагӣ ба Дафтари САҲА мубаддал гашт.
Дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои паҳн намудани ғояҳои Ҳелсинки ва арзишҳои демократӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, тавассути Дафтар ҷомеаи байналмилалӣ имкон дорад, ки оид ба вазъ дар кишвар иттилои пайваста дошта бошад.
Бояд гуфт, ки дар таҳкими муносибатҳои тарафайн абзори махсус - ҷаласаи ҳамасолаи Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва САҲА нақши калидӣ мебозад. Чунин абзор то ҳол дар муносибатҳои САҲА беназир аст. Дар рафти ҷаласаҳо намояндаҳои вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва намояндагони Котибот, Маркази пешгирии муноқишаҳо ва Раиси амалкунандаи САҲА масоили муҳими ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои онҳо изҳори назар мекунанд.

Дар бораи 20-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка
14 феврал аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка 20 сол пур шуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка 14 феврали 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати ШМА дар Тоҷикистон моҳи марти 1992 кушода шуд. 28 июни соли 2006 маросими кушодашавии бинои нави Сафорати ШМА дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА аз декабри соли 2002 инҷониб фаъолият дорад.
Воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 ва амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон марҳилаи навро дар густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка оғоз намуд.
Дар айни ҳол муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ, сиёсӣ, маориф, тандурустӣ, мубориза бо терроризми байналхалқӣ самаранок тавсеа меёбанд.
Дар тӯли ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ШМА 25 санад ба имзо расид, ки ин заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро муҳайё намуд. Аз ин теъдод 13 санад масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва 12 санад соҳаи ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар бар мегиранд.
Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА дар соли 2011 ба 119517,3 ҳазор доллари ШМА баробар шуд. Аз он содирот 821 ҳазор доллар ва воридот 118696,3 ҳазор долларро ташкил доданд. Ин нишондиҳандаҳо дар соли 2010 мутаносибан 93512,4 ҳазор доллар, 140,2 ҳазор доллар ва 93372,2 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил доданд.

Дар бораи вазъи диаспора дар Миср
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози бетартибиҳо дар Миср то ҳол диаспораи тоҷик дар воқеаҳо ва дигаргуниҳои ин кишвар иштирок накардааст ва ҳеҷ кас дар он осеб низ надидааст.
Диаспораи тоҷик дар Миср асосан аз донишҷӯён иборат аст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср аз ҳолати будубош ва таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ бохабар аст.

Дар бораи тартиби рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ тавассути нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу
Тартиби омаду рафти шаҳрвандон тавассути гузаргоҳи Кулма-Қаросу дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 26 декабри соли 1996 ба муайян карда шудааст.
Мувофиқи Созишномаи мазкур, ҷонибҳо гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросуро барои рушди соҳибкорӣ ифтитоҳ намуданд, ки барои шаҳрвандони ду ҷониб (Тоҷикистон ва Хитой) пешбинӣ шуда, рафтуомади шаҳрвандони кишварҳои дигарро истисно мекунад.
29 декабри соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ва реҷаи кори онҳо ба имзо расид, ки тибқи он гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳамчун гузаргоҳи байналмилалӣ эътироф шуда, имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ аз ин истифода баранд. Айни замон, вобаста ба Созишномаи мазкур расмиёти дохилидавлатӣ давом дорад ва он то ҳол эътибори қонунӣ пайдо накардааст.

Дар бораи андозаи хироҷи консулӣ барои додани шиносномаҳои хориҷӣ
1 феврали соли 2012 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010, №15 меъёрҳои хироҷи консулӣ барои додани шиносномаҳои навъҳои гуногун тағйир ёфтаанд.
Барои шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ 20 доллари ШМА ва 60 сомонӣ ҳамчун боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Ин шиносномаҳо 5 сол муҳлат дошта, ҳангоми зарурат то ду сол тамдид карда мешаванд.
Барои додани шиносномаи хориҷии дипломатӣ 50 доллари ШМА ва хизматӣ 40 доллари ШМА ситонида мешавад. Ин гуна шиносномаҳо боҷи давлатиро талаб намекунанд.
Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ 75 доллари ШМА ва 60 сомонӣ боҷи давлатиро тақозо менамоянд. Ин намуди шиносномаҳо 10 сол мӯҳлат доранд.
Барои кӯдакони то 16-сола шиносномаи биометрӣ 25 доллари ШМА арзиш дорад. Шиносномаҳо барои кӯдакони то 5-сола – 3 сол, аз 5-сола то 10-сола – 4 сол ва аз 10-сола то 16-сола – 5 сол мӯҳлат доранд.
Ҳамзамон, барои додани шиносномаи хориҷии биометрии дипломатӣ 125 доллари ШМА ва хизматӣ 100 доллари ШМА ситонида мешавад.

Дар бораи қазияи ду ронандаи эронӣ

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 моҳ қабл ронандагони эронӣ Сулаймон Бекӣ ва Абдулло Карбалоии Ҳусейнӣ барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Эрон тибқи қарордоде бо ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ ҶДММ «M&M Милитсер энд Мюнх», ҶДММ «Истифлид», ҶДММ «Синон-2010» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд. Аммо баъди боргирӣ ва анҷоми расмиятҳои гумрукӣ бо сабаби мувофиқа нашудани мушкилоти байни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ронандагони эронӣ, ин ду нафар ронанда бо мошинҳои боркаши худ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон монданд.
Ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъала Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва намояндагони ширкатҳои ҶДММ «M&M Милитсер энд Мюнх», ҶДММ «Истифлид», ҶДММ «Синон-2010» чанд мулоқот баргузор намуд.
10 феврали соли 2012 ҷаласаи кории Комиссия оид ба ҳолатҳои ғайричашмдошт вобаста ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Зоҳидов баргузор шуд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштироккунандагони ҷаласаи мазкур мувофиқа шуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи додани раводид ва дастрасии иҷозати хориҷ шуданро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ҳал карда, ширкатҳои ҶДММ «M&M Милитсер энд Мюнх», ҶДММ «Истифлид», ҶДММ «Синон-2010» ба ронандагон маблағи хароҷотҳои сафарро то Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт намоянд.
Дар натиҷа масъалаи мазкур мусбат ҳал шуд ва ронанданоги эронӣ Сулаймон Бекӣ ва Абдулло Карбалоии Ҳусейнӣ бо мошинҳояшон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)