Бахшҳо
22 фев 2012 06:45Дидгоҳи хос

Дурӯғ

Агар бо дурӯғсанҷ (детектор лжи) бисанҷем, шояд наваду анд дар сад дар Тоҷикистон дурӯғ мегӯянд.

Имрӯз бештарин қисми аҳолии ҷомеаи мо хоставу нахоста дурӯғ мегӯяд. Мо дар ҳоли табдил шудан ба як ҷомаеи дурӯғгӯ ҳастем. Агар бо дурӯғсанҷ (детектор лжи) бисанҷем шояд наваду анд дар сад дурӯғ мегӯянд. Дар асл дурӯғ гуфтан ҳеч тавҷеҳе надорад, аммо нуктаи аламовар ва афсӯсбарангез он аст, ки дар наваду нуҳ дар сади ҳолат бидуни ҳеч зарурат дурӯғ гуфта мешавад. Ҳатто тифлакон низ падидаи дурӯғ гуфтанро чун амри табиӣ аз бузургтарҳо ба мерос бурдаанду дар бисёре аз ҳолатҳо ба қавле онро бо қасам қадосат медиҳанд, то қобили бовар бошад. Яъне ошкоро ҳарфи дурӯғ мегӯянду савганд мехӯранд: ба номи Аллоҳ, ки чунин буд ё чунон шуд. Ҳамчунин дурӯғ гуфтанҳо ҳарими ҳалолу ҳаромро низ дар ҳоли комилан шикастану аз байн бурдан аст ва қадосати мафҳуми муқаддаси хонаводаро низ бо таҳдиди нобудӣ рӯ ба рӯ кардааст. Вақте дурӯғ ба сифати як амр ё падидаи маъмулӣ пазируфта мешавад заминаи мустаҳкаме барои қадам дар роҳи хиёнат гузоштани зан ё марди хонавода фароҳам мешавад. Ҳеч инсони ростгӯе тардоманиро чун амри табиӣ намепазирад, зеро арзишҳои ахлоқиву меъёрҳои маънавияш ба ин кор иҷоза намедиҳад. Вале як дурӯғгӯ ба осонӣ ба арзишҳои волои хонавода хиёнат мекунад ва лаззати лаҳзаиро аз арзишҳои ҷовидона боло мегузорад. Аз сӯи дигар ин хиёнату бешарафиро бо чанд ҳарфи дурӯғе ё инкор мекунад ва ё ба дунболи тавҷеҳе пайдо кардан мешавад.
"Дурӯғ торикии имон аст", "дурӯғгӯ душмани Худост" ва "дурӯғ баракатро мебарад" мегуфтанд бузургтарҳои мо. Имрӯз бо мушоҳидаи авзои ҷомеа ба худ иқрор мекунам, ки ин ҳикмат бар асоси таҷрибаи чандсадсола ва мушоҳидаҳои доимӣ гуфта шудааст. Зеро мебинем, ки чи гуна ину оне ба хотири манфиати ночизу гузаро ва ё мансабаке ба фармудаҳои Худову бандагони солеҳи Худо душманӣ меварзад. Зеро инсоне, ки имонаш торик нест ва дар фикри ризои Худованди ростину ростгӯст ба ҳеч ваҷх дурӯғ нахоҳад гуфт. Аз сӯи дигар ҳамин фарогир ва саросарӣ шудани дурӯғгӯӣ дар ҷомеа аст, ки дигар баракатро аз миён бурдааст. Албатта, таваррум ва амсоли он падидаву мафҳумҳои иқтисодиро намешавад сарфи назар кард. Вале ба ҳамсари худ бидуни ҳеч хиҷолат дурӯғ гуфтани зан ва мард ё ба падару модари худ дурӯғ гуфтани фарзанд низ як омили таъсиргузор дар пар кашидани баракат аз ҷомеаи мост. Вагарна магар солона беш аз ду миллиард доллар маблағи аз тариқи расмӣ ва шояд наздик ба ҳамин миқдор аз роҳҳои даст ба даст воридкардаи муҳоҷирони корӣ вазъи зиндагии мардумро беҳтар намекард? Ё як мисоли дами дастии дигар; замони шӯравӣ тамоми корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, ки пас аз ба ивази маблағи ночизе хусусӣ шудан имрӯз ё аз фаъолият монда ё бо даҳяку садяки иқтидори аслӣ кор мекунад, ба тамоми иқтидор фаъолият дошта, вале мардум аслан мафҳуми дар зимистон аз нерӯи барқ маҳрум мондан ва ё падидае ба номи реҷабандии барқро намедонист. Ин ҳам дар ҳолест, ки чандин неругоҳҳои хурди обӣ дар кишвар он замон вуҷуд надошт. Агар баракат нарафтаву пои ин масъулони масъулиятношинос номуборак набудаву ба қавли ҳикмати мардумро "гар ба дарё расад барорад дуд" намебуд, чаро мо аз азоби камбуди барқ ҳеч не ки халос шавем?
Дурӯғ гуфтанҳо чунон фарогир шуда, ки дигар боиси зери суол қарор гирифтани арзишҳо, боварҳо ва ҳатто дар бархе ҳолат ормонҳо низ мебошад. Дигар ба имондории тарафи муқобил зиёд бовар надоранд. Агар қаблан ба номи Аллоҳ касе савганд мехӯрд ҳатман ба ҳарфаш бовар мекарданд ва ҳатто ин савганд як далели мустаҳкам дар исботи бегуноҳӣ низ буд, имрӯз ҳеч касе ба чунин савганд бовар надорад. Зеро ваъдаҳои дурӯғ, барномаҳои дурӯғ, мардумгароии дурӯғин, ватанхоҳии дурӯғин, имондории дурӯғин, гиромидоштҳои дурӯғин, қаҳрамонҳои дурӯғин, хуллас падидаҳову мафҳумҳои дурӯғин он қадар ҷомеаро фаро гирифта, ки дурӯғу дурӯғ гуфтан ба як меъёри маъмулии зиндагӣ дорад табдил мешавад. Имрӯз дар ҷомеа инсонҳои худотарс мулоқот бо як инсони ростгӯро чун падидаи нодир бо хушҳолии беандоза мепазиранд. Як дӯсти рӯзноманигорам нақл мекунад, ки корманди як шабакаи телевизионӣ будаву рӯзе аз нишасте ба сӯи идора дар мошини корхона меомада. Дар назди РКД-и шаҳри Душанбе телефони ҳамроҳаш занг зада ва дар куҷо қарор доштанашро ба мусоҳибаш гуфтааст. Мӯйсафеди ронанда, ки инсони шарифест, мошинро канори роҳ қарор додаву берун омада ва дӯсти моро, ки низ хавотиромез аз мошин фаромада ба оғӯш гирифтаву ба хотири рост гуфтан сипосгузорӣ кардааст. Ин мӯйсафед иқрор карда, ки азбас дигар ҳамкорон дурӯг мегӯянд ва дар ҷомеа низ ҳар сари қадам ба дурӯғгӯӣ рӯ ба рӯ меояд, аз ростгӯии ин шахс ҳаяҷонзада шуд. Албатта, ин як мисоли оддӣ аз як ҳодисаи оддӣ буд, вале агар амиқтар бар он бингарем як фоҷеаро метавон дид. Он қадар дар мунҷалоби дурӯғ то гулӯ ғӯтидаем, ки инсонҳои худотарс аз шунидани як ҳарфи рост мисли кудак хушҳолӣ мекунанд. Ҳол он ки ростгӯӣ бояд як усул, як арзиш, як меъёри ҷомеаи солим бошад. Бадбахтона, ин ҳама дурӯғгӯӣ фақат дар сатҳи поёнии ҷомеа ва муносибатҳои оддӣ боқӣ намонда ва мисли як бемории вогир ҳама қишри ҷомеаро дар коми худ фурӯ мебарад. Суханҳои инсони озода ва марди сарбаланд, шодравон Аслиддин Соҳибназаров ба ёд мерасад, ки гуфта буд; "ҳеч зарурате надорад, ки масъулон ба мардум дурӯғ гӯянд, ваъдаҳои дурӯғ диҳанд. Бояд мардона ва ошкор икрор шаванд, ки ин ё он корро анҷом дода натавонистанд. Албатта мардум мефаҳмад ва ин норасоиро хоҳад бахшид, вале дурӯғро намебахшад, агар имрӯз не, ҳатман фардо барои дурӯғгӯӣ ҳар масъуле бадном хоҳад шуд".

Зафари Сӯфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)