Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:36

Таҳриф

22 феврал 2012, 07:06

Ҳаводиси маълум, ки бо номи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар саҳфаи нанги миллат бо ҳуруфи дудолудаву ғализ нигошта шудаанд, моро ба кӯи яъсу ноумедӣ, сарафкандагӣ ва ғурбат гусел кард…

Таҳриф ҳам «дӯст»-и дурӯғ аст. Аммо ин «дӯстӣ»-и онҳо маънои даст ба даст додану ҷомеъаро гӯл задан набояд, ки бошад, ҳадди аққал мардуми огоҳ ва қишри рӯшанфикр боястӣ ҳар яке аз ин вожаҳоро аз хотироту лавҳашон берун бикашанд, илло агар не: «Омад ба сарам аз он чӣ ки метарсидам».

Аммо алъон ман метарсам. На, тарс аз тазйиқу фишор ва таҳдиди чизе надорам. Аз пешаи интихобкардаам, ки бист сол боз ризқу рӯзии хонаводаамро ҳам аз он пайдо мекунам, наметарсам. Тарсам аз таҳрифи таърихи начандон пешини миллат аст. Аз ҳаводисе, ки ҳамагӣ ду даҳсола қабл дар Тоҷикистон шурӯъ шуданд ва хотироти мавҳум, аммо сиёҳу тира дар дафтари ҷавониҳои мо дорад.

Мутмаинам, ки ҳамсолонам хӯрдагирӣ намекунанд: Агар бигӯям, ки ҳамин ҳаводиси маълум, ки бо номи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар саҳфаи нанги миллат бо ҳуруфи дудолудаву ғализ нигошта шудаанд, моро ба кӯи яъсу ноумедӣ, сарафкандагӣ ва ғурбат гусел кард. Ин боис шуда, ки дар қиболи мо мегӯянд, пасту баланд, шунавою нимшунаво ва гоҳо бо ҷиддият, замоне ҳам ба истеҳзо: «Насли саркӯбшуда».

Аммо боз ҳамин саркӯбшудаҳоанд, ки воқеъиятро мегӯянд, ҳақиқатро меҷӯянд ва думболи овозаву ҳангома ва дасиса намераванд. Онҳое, ки ғаразу кина доштанд ва ҷавонони роҳгумро ба саргумӣ кашида буданд, гоҳ-гоҳе аз кунҷу канор ба ҳар сурат намоён мешаванд ва лоф аз адолату ҳақиқат мезананд. Агар шоҳидони айнӣ набошанд, яқин дигар марҷаи муқаддас ҳамон неруҳое мешаванд, ки пешопеши лашкари аҷнабӣ аз хоки ҳамсоякишвар бо дашнаву мусалсал вориди пойтахт шуда буданд ва даъвои ҳақиқату адолат мекарданд.

Миллат ҳанӯз ҷароҳати дар қалбдоштаашро, ки аз сӯи ҷигарбандонаш бардоштааст, фаромӯш накарда. Аммо мо маҳфилороӣ мекунем, дар сӯги онҳое нола мекунем, ки ватанро ба вайрона мубаддал карданд, кӯчаҳои Душанберо бо ҷасади ҷавонони бегуноҳ ва аз сад гули умедашон як гулашон нашукуфта лабрез карданд.

Иштибоҳи маҳз ва хатои нобахшиданист, агар ҷомеъа ба зудии зуд аз ин варта нараҳад. Онҳое, ки мехоҳанд рӯи саҳфаи сиёҳ гули сафеди орзу бикоранд ва пасояндагон ба он бовар намоянд, ғалат мекунанд. Мутмаинам, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Шумо ҳам мутмаин бошед, ки таҳрифу таҳрифкорӣ поянда нест. Он як рӯз не, як рӯз рӯшан мешавад.

То ҳамин дирӯз дар ҷанги дохилии Тоҷикистон даст доштани тарафи сеюмро борҳо гуфта буданд, албатта рӯзноманигорон ва бархе аз афроди огоҳи миллат. Аммо далелу бурҳони воқеъӣ ва аснод дар даст набуд. Нақш доштани кишвари хориҷиро дар ин низоъ муддаии асосии курсии президентии Русия тайид кард ва дар матбуот дар ин маврид иброз дошт. Яъне, ҳақиқат он буда, ки мепиндоштем: Моро алайҳи ҳамдигар шӯрониданд ва аз омили заъифи мо истифода карданд

Ҳоло чӣ? Суолест кушода ва рӯёрӯи мо. Мо, ки ин қадар гӯлу гумроҳ набудем ва нестем ҳам. Аммо бархеҳо талқин мекунанд, ки фалонӣ ва беҳмадонӣ инсони шариф буд, ҳақиқатҷуву адолатпеша буд, пуштибони мазлумон буд. Бехабар аз он ки таърих ба далелу рақам такя мекунад ва ба шоҳидон, на ба таҳрифу дурӯғ. Беш аз ин қаҳрамонтарошиҳо аз ину оне, ки ба навъе дастонаш олудаи хун аст, ба ҳеч ваҷҳ поёни хубе нахоҳад дошт. Ҳоло муҳим нест, ки ин шахс зинда аст ё бо мурдаҳои ҳазорсола баробар шуда.

Хилватшоҳи Маҳмуд



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!