Бахшҳо
23 фев 2012 05:48Гузориш

Калонсолорӣ ё худ «дедовшина» дар Артиш

Албатта, ин як фазои кӯҳна аз замони Шӯравӣ ба ҳамон маъно буд. Дедовшина ё ягона истилоҳи дигарам, ки  дар нисбати ҷавонҳои  нав ба армия рафта, истифода мекарданд. Инҳо буданд.

Бо пош хӯрдани СССР кулли давлатҳои аъзои он баҳри соҳибистиқлолии хеш талош намуда, соҳиби он гардиданд, ки  Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳ шомил мебошад. Аммо Тоҷикистон замоне истиқлолият ба даст овард, ки Артиши миллии худро надошт ва танҳо пас аз ду сол, 23 феврали соли 1993 дар бораи таъсиси артиши миллӣ эълом дошт.

Ҳамакнун, рӯзи 23-юми феврал 19-солагии артиш ҷашн гирифта мешавад, артише, ки аз рӯзҳои нахустинаш бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида буд. Замоне, ки Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфт, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт.Дар ҳоле ки бештари давлатҳои пасошӯравӣ ва ҳамсояҳо тамоми лавозимоти ҳарбиро пас аз фано шудани собиқ Шӯравӣ моли худ дониста, ба он соҳиб гардиданд, Тоҷикистон натавонист, чизе аз «падарбузург»-и  худ -  Иттиҳоди Шӯравӣ мерос бигирад. Ин дар ҳоле ки ҳар як кишвари собиқ аъзо метавонист, қисмҳои низомии дар қаламраваш мустақар бударо моли хеш эълом намояд. Аммо, ба қавли шоҳидони айнӣ президенти вақт Раҳмон Набиев   аз миллӣ кунонидани ҷузъу томҳои ҳарбӣ даст кашид. Ҳамзамон, базаи ҳарбии Русия (дивизияи 201) дар  кишвар боқӣ монд, ки  матбуот онро хатаре болои истиқлолияти Тоҷикистон ном мебаранд.

Гарчанде Артиши миллии кишвар дар рӯзҳои нахустини таъсис аз кам ва ё надоштани мутахасиси соҳа, аслиҳаю муҳимоти ҳарбӣ, ба мислм танку тӯп яроқу аслиҳа, мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳавопаймою чархболи ҳарбӣ танқисӣ мекашид. Бояд гуфт, ин камбудӣ ҳоло то ҷое бартараф шуда, артиш соҳиби лавозимоту муҳимоти зарурӣ шуда истодааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки пас аз чанд рӯз даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиши миллӣ шурӯъ мегардад, ки қисме аз онҳоро аллакай ба “ташвиш” овардааст. Воқеан, ҳамакнун дигар наметавон Артиши миллии  кишварро артиши ҷавон номид, ки чанд сол пеш буд. Зеро он ҳаждаҳро кайҳо пур карда, имсол 19 -солагии таъсиси он ҷашн гирифта мешавад. Вале ташвиши ҷавонон аз он дарак медиҳад, ки то ҳанӯз мушкиле дар ин ҷо ҷой дорад. Ва яке аз ин мушкилиҳоро эшон дар калонсолорӣ, маъруф ба ибораи “дедовшина”,  дар қисмҳои ҳарбӣ медонанд. Намунаи ин мактуби кушоди як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ аз вилояти Суғд мебошад, ки чанде пеш дар бастагӣ ба калонсолори дар хизмати ҳарбӣ унвонии ВАО-и кишвар ва мақомоти марбута ироа гардид. Ин аст, ки ҷавонон бо ҳар роҳ мехоҳанд, аз хизмати ҳарбӣ худро канор гиранд. Ва ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш бештари эшон роҳ мегиранд ҷониби Русия. Аммо суоле  пайдо мешавад, ки чаро чунин калонсолорӣ то ҳанӯз дар Артиш ҷой дорад ва заминаҳои он аз куҷост, ки  мушкилеро ба бор овардааст.

Ба андешаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, чунин як фазои калонсолорӣ ва қаторӣ хеле кӯҳна буда, ҳатто замони шӯравӣ низ роиҷ будааст. Аммо сабаби  дар артиш ҷой доштани калонсолориро Сайфуллозода вобаста ба  таъсиси Артиши миллӣ дар заминаи Фронти халқӣ маънидод кард. Зеро ӯ бар он назар аст, ки то ба ҳол қишре аз ҷомеа андешаи манфӣ дар нисбати Фронти халқӣ дошта бошанд: “Албатта ин як фазои кӯҳна аз замони Шӯравӣ ба ҳамон маъно буд. Дедовшина ё ягона истилоҳи дигарам, ки  дар нисбати ҷавонҳои  нав ба армия рафта, истифода мекарданд. Инҳо буданд. Вале банда,  бештар густариш пайдо кардани чунин як калонсолорӣ ё бузургсолорӣ ё ба ҳар солорҳои дигар  дар Артиши мо, дар заминаи Фронти халқӣ таъсис ёфтани Артиши миллӣ мебошад. Зеро ба ҳар ҳол дар умум Фронти халқӣ ангезаи манфӣ дар тамоми афкори қишри муайяни ҷомеаи Тоҷикистон дорад”.

Роҳҳал кадом аст?

Дар ҳамин ҳол, барҳам хӯрдани калонсолориро дар Артиши миллӣ  роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” Қироншоҳ Шарифзода дар ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ мебинад. Тавре ӯ афзуд: “Дар ҳақиқат муаммо ё масъалаи дедовшина дар сафҳои Артиши милии мо мутаасифона вуҷуд дорад. Ҳамзамон, пас аз даъвои ин мавзӯъ дар ҳолатҳои зарурӣ исбот намудан кори мушкил аст. Ба ҳар ҳол, як роҳи пешгирӣ ё аз байн бурдани дедовшина дар артиш, ин  тағйир додани низоми хизмати ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ, касбӣ гардонидани хизмат дар сафҳои артиш, яъне гузаштан ба хизмати алтернативӣ мебошад. Чунин низом на танҳо дар кишварҳои ғарбӣ, балки инчунин дар ҷумхуриҳои ҳамсояи собиқ шӯравӣ  ҷорӣ гардида бартарият ва афзалияти худро собит намудааст. Ҷорӣ намудани хизмати алтернативии харбӣ аз тарафи дигар барои бо қувваи корӣ таъмин намудани иншоотҳои ҳаётан муҳим ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоии кишвар, ки маъмулан талабгорони кам доранд, аҳамиятнок аст.

Зимнан, масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фарҳод Ибодуллоев бар он аст, ки   калонсолорӣ имрӯз дар Артиш ҷой надорад. Ва ҳар як сарбоз дар асоси Оинномаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд. Ибодуллоев афзуд: “Аслан ин гапҳо имрӯз дар Артиш нест. Ҳоло вазъ нисбати солҳои гузашта хуб аст. Ҳар як сарбоз дар асоси Оинномаи хизматии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад”.

Дар мавриди хизмати алтернативӣ бошад, Фарҳод Ибодуллоев  чунин  пешниҳодро гапи миёни мардум ном бурда, иброз дошт, ки дар вазорат ягон санаде дар ин бора ба имзо нарасидааст.

-Ин гапҳо як вақт байни мардум буданд, ки хизмати алтернативӣ ё шартномавӣ бошад. Аммо ин расмӣ нест. Ба андешаи ман ҳар як нафар вақте ба синни хизмати ҳарбӣ мерасад, бояд хизмати Модар- ватанро бикунад. Зеро, пас аз ин мактаби мардонагиро меомӯзад ва ба қадри ватану падару модар мерасад,-мегӯяд Фарҳод Ибодуллоев.

Дар ҳар маврид ҷойгиршавии Тоҷикистон, ки аз назари ҷуғрофӣ дар маркази манфиатҳои геопалитикӣ  маънидод мегардад, ба як артиши воқеан пурқувват ҳамеша ниёз  дорад. Зеро сарҳади беш аз 1300 километра бо Афғонистони амнияти кишварро метавонад, ноҷӯр кунад. Калонсолорӣ бошад, мисли як падидаи манфӣ ба чунин принсипи пурқувват латма ворид мекунад.

Наврӯз Қурбонзода, донишҷӯи ДМТ

Аз идора: Имрӯз,ки 23-юми феврал асту ва ин сана ба рӯзи таъсиси Артиши Миллӣ иттифоқ афтодааст, кулли муҳофизони Ватан ва собиқ сарбозонро ба ид табрик мегӯем. Ҷашн муборак!

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)