Бахшҳо
24 фев 2012 05:59Сиёсат

Агар раисонро мардум интихоб кунанд… ё зарурати ислоҳи низоми интихоботии мо

Чаро раҳбарияти Русия дубора ба интихоби волиҳо иқдом кард?

Пас аз баргузории интихобот ба Думаи давлатӣ дар моҳи декабри соли гузашта ва соҳиби курсии бештари вакилӣ гардидани аҳзоби сиёсии чун Ҳизби коммунист, бо раҳбарии Геннадий Зюганов, либерал- демократҳо бо сарварии Владимир Жириновский ва "Русияи боадолат"- и Сергей Миронов ва 177 курсиро бохтани ҳизби "Русияи воҳид", ки сарварии онро Владимир Путин бар уҳда дорад, дар доираҳои баланди сиёсии Русия бо ҷиддияти том аз роҳандозии як ислоҳоти густарда дар низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ ибрози назар намуданд ва иқдомоте ҳам рӯи даст гирифта шуд, ки чанде аз онро президент Дмитрий Медведев дар Паёми солонааш моҳи декабри соли рафта эълон намуд. Яке аз ин иқдомот баргузории ҳама гуна интихоботи озоду мунсифона, осон намудани роҳу шеваи ба қайдгирии аҳзоби сиёсӣ ва интихоботи волиҳои вилоёт барои ду навбати панҷсолӣ аз тариқи интихоботи мардумӣ мебошад. Дар замони ҳукуматдории Борис Елсин волиҳои вилоёт ва раҳбарони ҷамоҳири дар ҳайати Русия буда бо роҳи интихоботи умумихалқӣ ба мансаб соҳиб мешуданд ва чун Путин ба қудрати сиёсӣ расид, роҳи интихобро барои хоста гирифтани волиҳо ба мардум баст ва худ бо машварати ҳизбаш, ки аксари кулли курсиҳои Думаро дар ихтиёр дошт, номзади мақбули хешро волии ин ё он вилоят ва ё раҳбари ин ё он ҷамоҳири Русия таъин мекард. Бо гузашти камтар аз 10 сол Путин ва шогирдаш Медведев дар зери таъсири бедориҳои миллӣ ва як навъ фишори мухолифинашон дубора розӣ шудаанд, ки ба ҳамон усули интихоби волиҳо, ки дар аҳди устодашон Борис Елсин роиҷ буд, бозгарданд.

Ҳамон мушкили сиёсие, ки Русия беш аз ду панҷсола гирифтори он буд ва ба қавли Путин "тогда так надо было" беш аз бист сол аст, ки дар фазои сиёсии кишвари мо ба ҳукми амал аст. Ва дар Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёд боре нашуда, ки мардум раиси шаҳр, ноҳия ё вилояти хешро интихоб карда бошанд. Ин ҳақро аз мардум гирифтем ва тибқи Сарқонун ба сардори давлат вогузор кардаем ва  ҳар касеро президент сазовор донад тибқи моддаи 69- и Қонуни асосӣ ҳамон офтоби бахт хандида дар ин ё он шаҳру ноҳия ё вилоят раис мешавад. Мардуми навоҳӣ ва вилоёт сарчашмаи асосии ҳокимияти сиёсӣ дар маҳал ҳаққи интихоб ва сабукдӯш кардани раиси хешро надоранд. Ва замоне, ки мо Сарқонуни хешро дар соли 1994 қабул кардем ва ҳам дар он давроне, ки ду бор, солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйироту ислоҳ ворид кардем, шояд ҳанӯз барои аз тариқи интихоботи озоду мунсифона аз миёни чанд номзади арзанда хоста гирифтани раиси ноҳияву вилоятҳо вақти муносиб ва шароити мусоид фароҳам нашуда буд, вале акнун шукри фазои амну ороми кишвар, ки имсол 15- умин соли имзои Созишномаи сулҳамонро таҷлил мекунем, вақте расида, ки дар бораи аз ҷониби мардум интихоб шудани руасои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо бояд сӯҳбат бикунем ва хотири ба ҷаҳониён нишон додани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ будани Тоҷикистон ба ин амал иқдом намоем.

Вазифа василаи ғун доштани сарват шуда

Банда гуфтанӣ нестам, ки миёни раисони шаҳру ноҳияҳо афроди шойиставу кордон ва дилсӯзу масъулиятшинос нестанд, хушбахтона мо чунин раисон дорем, вале мурод аз роҳандозии интихоботи раҳбарони сатҳи маҳал аз ҷониби мардум ин ҳақ қоил шудан ба соҳиби аслии Тоҷикистон- ба мардум ва аз байн бурдани маҳалгароӣ ва фасод, ки маатаассуф имрӯз дар ҷомеъаи мо рушд карда, дар назар аст. Ва банда дар ин масъала бо як дӯсти журналистам комилан мувофиқам, ки мегӯяд:

"Агар ин афрод (яъне роҳбарон, таъкид аз муаллиф) воқеъан ашхоси арзанда ва мутахассис бошад, албатта ҳеч мушкил ва бадие надорад. Аммо фақат ба хотири ҳаммаҳали роҳбар будан як нафари беистеъдод ба сари кор ояд воқеъан бойиси таассуф ва ҷои нигаронӣ дорад. Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки аксари мансабдорони мо интихоб ё таъин шудан ба ин ё он вазифаро на василаи ошкор кардани тавоноӣ ва истеъдоди худ дар ростои хизмат ба мардум, балки манбаъи даромад медонанд. Табиист, ки дар ин миён афроди боэътимодро ҳар кадом аз онҳо дар маҳалли худ меҷӯяд, зеро бар ин назар аст, ки онҳоро мешиносад. Дар кӯтоҳтарин фурсат соҳиби мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ва қасру кӯшк шудани мансабдорон нишони он аст, ки вазифа ба сифати василаи ҷамъ кардани сарват дар назар гирифта шудааст, яъне амали ҷиноӣ ва ғайриқонунист. Дар ин миён чунин афроди ҷиноятпеша ва хиёнаткорро пуштибонӣ кардани ашхосе фақат ба он хотир, ки ҳаммаҳалашон мебошад, хиёнати дучандон аст."

Худ ба ислоҳ бикӯшем беҳтар аст, то маҷбурамон кунанд

Магар он беҳтар нест, ки то қудратҳои зӯргӯ, созмонҳои мухталифи байнулмиллалии ҳуқуқи башар ва нозирону институтҳои хориҷии назорат аз болои интихоботҳо давлати моро муттаҳам ба баргузории интихоботҳои номунсифона, пуртақаллуб ва ғайридемократӣ намудан худ ба ислоҳи низоми интихоботиамон ҷаҳду талош бикунем ва иқдомоти муассире дар ин росто рӯи даст бигирем. Аз ин рӯ, роҳбарияти кишвар бояд сар аз имсол омодагии хешро барои ислоҳи низоми интихоботӣ, ворид намудани тағйирот ба Қонун дар бораи интихобот, махсусан дар масъалаи ба ҳайати комиссияҳои қитъавӣ ворид намудани намояндагони ҳама аҳзоби сиёсӣ, осону содатар намудани шеваи ба қайдгирии аҳзоби ҷадиди сиёсӣ, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани ислоҳот ба Сарқонун ва ба хотири боз намудани роҳ ба интихоби раисону шаҳру навоҳӣ ва вилоёт аз тариқи интихоботи мардумӣ боҷуръат гом бардошта, иродаи сиёсии хешро ба намоиш бигзоранд.

Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад ва бешак ҳастанд нирӯҳои фурсатталабе дар дохил ва хориҷи кишвар, ки мехоҳанд аз ин сабқати муҳими сарнавиштсози миллати тоҷик барои хеш имиҷи сиёсӣ касб кунанд ва ё манофеъи худро ин ҷо пиёда созанд. Мо шоҳид будем, ки чанде қабл як ҳаракате бо номи "Ҷунбиши миллӣ" дар хориҷи кишвар таъсис ёфта, ки он ҳадафи хешро таъмини интихоботи шаффофи президентии соли 2013- и Тоҷикистон унвон кардааст. Яъне ба қавле кор оғоз шуда ва раҳбарияти кишвар бояд ташаббусро ҷиҳати баргузории интихоботи мунсифонаву шаффоф аз дасти ҳама нирӯҳо бигирад ва дар ин росто ҷиддӣ ва боҷасорат амал намояд. Аз ҷониби мардум интихоб шудани раисони шаҳру ноҳия ва вилоётро аз он хотир ёд кардам, ки агар ин амал сурат бигирад, эҳсоси масъулиятшиносии раисони мо бештар хоҳад шуд, онҳо беҳтару бештар дар андешаи боло бурдани рӯзу рӯзгори мардум андеша ва ҷаҳду талош хоҳанд кард, чун медонанд, ки мардум онҳоро интихоб кардааст ва агар барои ҳамин мардум кор накунанд, баъди панҷ сол дар интихоботи навбатӣ дигар рӯи курсии мансабро нахоҳанд дид.

Чаро ҳама мехоҳанд раис бошанд?

Чаро панҷ сол гуфтам? Ман фикр мекунам бояд як нафар танҳо ду навбати панҷсолӣ раиси ин ё он шаҳр ё ноҳия интихоб шавад ва дигар ба ӯ иҷозаи роҳбари ягон шаҳру ноҳия будан дода нашавад. Дар сурати роҳандозӣ шудани интихоби раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мардум ба президент ҳамчун кафили риояи Сарқонун дар ҳолати аз тарафи раисе содир шудани амали ҷиноӣ ҳуқуқи ӯро аз вазифа сабукдӯш намудан дода шавад. Имрӯз мебинем, ки як нафар солҳои тӯлонӣ дар ин ё он шаҳру ноҳия раҳбар аст ва аз курсии раисии ноҳия бо истифода аз нуфузи доштаи Ҳизби халқии демократӣ ва бо пешниҳоди ин ҳизб вакили мардум дар Парлумон мешавад. Хушбахтанд ҳамин раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон, не хатое аз онҳо сар мезанад, не ҷурме ва гуноҳеву иштибоҳе содир мекунанд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 15 тан вакилони Парлумон, ки ҳамагӣ аз ҳизби ҳоким мебошанд, онҳое ҳастанд, ки солҳо раиси ин ё он шаҳру ноҳия будаанд. Ва миёни онҳое, ки имрӯз дар ин ё он шаҳру ноҳия роҳбар ҳастанд, вакилони собиқи Парлумон кам нестанд. То ҳол нашуда, ки раиси ягон ноҳия муҷозот шуда бошад ва ҳатто мо шоҳид будем, ки чанд сол қабл Шарифхон Самиев барои бемасъулиятӣ аз мақоми раҳбарии ширкати "Барқи тоҷик" барканор ва директори НБО- и Норак ва баъди чанде раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид. Ба назар чунин мерасад, ки муҷозот барои раисон аз як вазифа сабукдӯш намудани онҳо ва ҷое дигар раҳбар таъин шудан аст. Ва дар Тоҷикистон раиси нодор он сӯ истад ҳатто миёнҳол нест, ҳама раисон пулу мошин, ҳавливу молу ҳол доранд. Аз ин рӯ ҳама мехоҳанд раис бошанд, зеро чун раис шудӣ, соҳиби мошину ҳавлӣ шуда, муҷозот намешавӣ.

Толибшоҳи Сайидзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)