Бахшҳо
24 фев 2012 06:02Сиёсат

Русия дар ҷанги Тоҷикистон саҳм дошт

Бо наздик шудани замони интихоботи раиси ҷумҳур дар Русия баҳсҳо миёни Душанбеву Маскав зиёд мешаванд.

Агар чанде қабл Русияву Тоҷикистон дар мавриди қазияи халабонҳову қатли ом баҳс доштанд, пас имрӯз он ранги дигар гирифт.

Дар мақолаи навбатии худ Владимир Путин, сарвазири феълии Русия ва яке аз номзадҳои асосӣ ба маснади президентӣ гуфтааст, ки низомиёни Русия дар ҳолатҳои зарурӣ устувор монда, кишварро ҳифз кардаанд. "Агар зарур буд, меҷангиданд, рафиқони худро аз даст медоданд. Дар Қафқози шимолӣ, дар Тоҷикистон ва дигар "нуқтаҳои доғ" чунин буд".

Бояд гуфт, ин суханони Путин сару садоеро миёни таҳлилгарони тоҷик ба вуҷуд овард.

Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон борҳо натанҳо аз ширкати Русия дар ҷанги дохилӣ, балки тарҳрезӣ шудани он дар Маскав сару садо баланд кард. Русия ин корро ба хотири хориҷ нашудан аз Тоҷикистон анҷом дод. Зеро агар солҳои 90-ум Русия аз Тоҷикистон берун мерафт, ин маънои баромадан аз Осиёи Марказиро дошт. Русия ба ҳеч ваҷҳ хостори аз даст додани ин минтақа набуда ва нест. Бояд гуфт, ки аз ширкат дар ҷанги Тоҷикистон Путин на ба хотири зикри ҳақиқати таърих, балки барои ҷалби таваҷҷӯҳ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ин нуктаро гуфтааст. ӯ хостори таваҷҷӯҳи артиш аст. Путин қаблан ҳам эълон дошта буд, ки маоши низомиёнро баланд бардошта, имтиёзоте ҷудо хоҳад кард. Ин маънои онро дорад, ки Путин аз артиш нигарон аст.

Ба андешаи Нуралӣ Давлат, ин нигаронӣ ду сабаб дорад. Яке ин ки артиш ба ҳукумати кунунии Русия дар симои Путин ва Медведев бовар надорад, онҳо барои ҷамъоварии сармоя сари қудрат меоянд ва дигар, артиш намехоҳад, ки ҳукумат  дар дасти амният бошад

Ба ибораи дигар, хадамоти амният дар Русия қудратро гирифт, ҳизб ташкил намуд ва нақши артишро коҳиш дод. Вале имрӯз шаҳрҳои калонтарини Русия дар муқобили Путин қарор гирифтаанд.

"Путин ба хубӣ дарк кардааст, ки бояд фавран пуштибонии артишро ба даст орад. Зеро имрӯз тамоми сармояи Русияро Путин ба дасти амният (ФСБ) додааст. Афсарони артиш медонанд, ки ҳукумати Русия наметавонанд ғарбро бо силоҳи ҳастаии худ тарсонанд, зеро дар ин сурат онҳо ҳаёти фарзандони худ ва сармояи худро, ки дар бонкҳои ғарбӣ ҳастанд, зери суол қарор медиҳанд. Ғарб ҳам инро хуб дарк кардааст", мегӯяд Нуралӣ Давлат.

Зимнан, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ низ мегӯяд, ки дар шӯриши солҳои 1992-1997 ва ҳатто аз он ба баъд Русия дар вазъи дохилии Тоҷикистон нақш дошт. Ба хусус дар ҷанги шаҳрвандӣ. Он замон, ки сарҳадбонони Русия дар марзи Тоҷикистон ҳузур дошта, бо нерӯҳои тоҷик даргириҳое дошт. Ибтидои музокирот аз соли 1994 шурӯъ шуда буд. Ҳарчанд Русия хостори музокирот набуд.

Оне, ки имрӯз Владимир Путин аз саҳим будани низомиёни рус дар ҷанги Тоҷикистон ба таври ошкоро иброз медорад ва бар расонаҳои Тоҷикистон паҳн мешавад, маънои шовинизми русиро дорад. Путин мехоҳад бигӯяд, ки ин минтақа дар гузашта моли Русия будааст ва баъдан ҳам онҳо ба инҷо хоҳанд баргашт. Маҳмадалӣ Ҳайит ин изҳороти сарвазири Русияро ҳушдоре барои ҳукумати Тоҷикистон мешуморад.

"Путин, аслан Русия мехоҳад бигӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон набояд аз саҳми Кремл барои ба сари қудрат омадан фаромӯш созад. Аз ҷониби дигар Тоҷикистон, сиёсатмардони тоҷик ҳам борҳо гуфтанд, ки бенизомиҳои солҳои 90-ум ин бо таҳмили нерӯҳои хориҷӣ ба вуҷуд омада буд", мегӯяд муовини раҳбари ҲНИТ.

Номбурда бар ин назар аст, ки акнун фурсате расидааст, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон аз ин суханони Путин бардоште дошта бошанд.

Албатта Тоҷикистон борҳо гуфтааст ва ҳам мегӯяд, ки Русия шарики стратегиаш ҳаст. Аммо Душанбе набояд аз манфиатҳои худ сарфи назар намояд. Чун имрӯз Тоҷикистон ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтааст, Русия ҳам намехоҳад, ки онро аз даст бидиҳад.

Дар ҳамин маврид Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) мегӯяд, ки нақши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон буд ва ҳаст. Аз ҷумла дар ҷанги дохилии кишвар. Албатта, то ин замон нақши нерӯҳои ҳарбии Русия дар чандин фарзияҳо гузориш шуд. Замони ҷанг низ ба Тоҷикистон бо машварату расонидани силоҳ ёрӣ мерасонд. Путин ҳарфи наве нагуфтааст. Зеро соли сипаришуда ҳукумати Русия иштирокчиёни ҷанги Тоҷикистонро ҳамчун собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ қадрдонӣ намуд, имтиёзоте ҷудо намуд. Ин гувоҳи эътирофи ширкат дар бенизомиҳои Тоҷикистон буд.

Муовини раҳбари МТС бар ин бовар аст, ки суханони навбатии Путин ба Тоҷикистон таъсиргузор нахоҳад буд.

"Ин суханони пеш аз интихоботӣ мебошанд. Путин номзад ба курсии раиси ҷумҳур мебошад. Барои ғолиб омадан дар ин набарди сиёсӣ ва барои боло бурдани нуфузи худ ҳамчун номзад Путин имрӯзҳо бисёр сухан мегӯяд. Мақолаи навбатӣ низ шашумин матлабаш мебошад. Путин талош намуд, то дар матолибаш ҷиҳатҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русияро инъикос намояд. Вазъ тағйир намеёбад. Сиёсат тавре, ки ҳаст боқӣ хоҳад монд. Ин танҳо як барномаи пеш аз интихоботӣ аст", мегӯяд Сайфулло Сафаров.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо дар ин шабу рӯз ва дар ин шакл изҳорот додани Путинро наметавон нодида гирифт.

Қаблан замони баргузории интихоботи парлумонии Русия аксарият бар ин назар буданд, ки Маскав барои бозиҳои сиёсии худ дигар аз "қартаи Тоҷикистон" истифода нахоҳад кард. Аммо ин навбат ёдовар шудан аз Тоҷикистон маънои дигар дорад.

"Путин бо ин ҳарфи худ мехоҳад бигӯяд, ки ба ҳар қимате набошад абарқудратии Русияро эҳё хоҳад кард. Аммо ин тасмим бидуни ширкати низомиён амалӣ нахоҳад гашт. Аслан ин суханони Путин барои мардуми рус ду ҳушдор дошт:

1.    Русияро ҳамчун давлати абарқудрат барқарор месозем

2.    Ин амал бидуни низомиён анҷом нахоҳад ёфт

Метавон гуфт, ки Путин бо ин суханонаш мехоҳад амалҳои баъдиашро бима кунад", зикр намуд Раҷаби Мирзо.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик ба эҳтимоли зиёд Русия мехоҳад аз усули Амрико- нерӯи низомӣ истифода кунад. Аммо чун баъди чанд сол тамоми мардуми Амрико ва Аврупо бо баргузориҳои ҳамоишҳои оммавӣ аз ҳукумати кишварашон даъват ба амал оварданд, то ба қатли фарзандашон дар кишвари Афғонистон хотима гузошта шавад. Мардум бо талаби баргардонидани фарзандонашон ба хиёбонҳо баромаданд. Шояд аз ҳамин хотир имрӯз Путин чунин гуфтааст. Яъне, агар ман писарони шуморо ба Тоҷикистон ва ё дигар кишвар барои эҳёи Русияи абарқудрат равон кардам, шумо набояд эътироз намоед.

Бояд гуфт дар яке аз баҳсҳои телевизионӣ Егор Холмогоров файласуфи рус гуфтааст, ки Русия бояд танҳо барои русҳо бошад. Мардуми Белорус ва Укроин ҳам рус ҳастанд. Мардуми Русия барои эҳёи давлати абарқудрат бояд талош варзанд.

Маврид ба зикр аст, то имрӯз ба ҷузъ аз Геннадий Зюганов боқӣ монда номзадон ба курсии президентии Русия дар нисбати Тоҷикистон мавқеъгирӣ намуданд.

Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерол демократии Русия бо тасдики ҳарфҳои Егор Холмогоров дар робита ба қатли оми русҳо дар Тоҷикистон мавқеъи худро рӯшан баён намуд. Баъдан, Михаил Прохоров номзади дигар гуфт, ки дар сурати пирӯз омадан бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ хоҳад кард. Танҳо Путин, ки номзади аслӣ ба ҳисоб меравад, дар робита ба Тоҷикистон мавқеъгирӣ накарда буд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки давлатҳои кӯчаке ба монанди Тоҷикистон дар сурати табдил ёфтан ба як майдони рақобати абарқудратҳо бояд бештар дар пайи амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ бошанд. Чун Тоҷикистон дар ин авохир яке аз чунин давлатҳо ба ҳисоб меравад, то куҷо тавонистааст манфиатҳои худро бароварда созад. Дар ҳамин маврид Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон, яъне сиёсати дарҳои боз роҳи нодуруст аст. Тоҷикистон бояд бо андешаи ояндаи миллат ва давлат амал намояд. То ба имрӯз Душанбе шарикони стратегии зиёде интихоб карда, манфиатҳои зиёде дорад. Ба назари ман мегӯяд номбурда, ба ҷузъ аз Русия интихоб намудани шарики стратегӣ дар минтақа хатарнок аст. Чунки Тоҷикистон Русияро ҳамчун "майдони муҳоҷирони меҳнатӣ" истифода мекунад. Дар ин кишвар ҳудуди 2 млн шаҳрванди тоҷик кору фаъолият дорад. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки агар Тоҷикистон нақши Русияро дар гузашта ва имрӯз ба назар нагирад, бо шарикони ҷадидаш эҳтимолан ба ҷойе нарасад.

Ҳумайрои БАХТИЁР

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)