Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:58

«Белорус» дар Кӯлоб

27 феврал 2012, 09:45

Як мавзеъ дар Душанбе, ду ҷой дар ноҳияи Данғара ва ахиран корхонаи «Козто»-и шаҳри Кӯлоб пешниҳоди ҳамкорон шуда буд. Ахиран, интихоб болои «Козто» қарор гирифт…

 

Дар шаҳри Кӯлоб, корхонаи истеҳсоли тракторҳои тамғаи «Белорус-82» ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод.

Маврид ба ёдоварист, ҳанӯз ахири соли 2011-ум ҷониби Тоҷикистон ва ҷумҳурии Белорус дар як созишномаи муштарак ба мувофиқа омада буданд, то дар Тоҷикистон  корхонаи истеҳсоли тракторро ба роҳ монанд. Зимнан, даҳаи дуюми декабри соли гузашта, санади марбута бо имзои президенти ҷумҳурии Белорус   оид ба дида баромадан ва кӯмак намудан барои истеҳсол ва баровардани тракторҳо дар ҳудуди вилояти Хатлони ҷумҳурии Тоҷикистон («Рассмотрет  вопрос об организатсии сборочного производства тракторов в Хатлонской области республике Таджикистан») ба нашр расид.

Ба ҳамин хотир, намояндагони заводи тракторбарории Белорус  аз корхонаи «Кӯлоб-Сомон-таҷҳизот»-и шаҳри Кӯлоб (дар гузашта заводи машҳури СССР «Козто») дидан карда, онро мувофиқ ба мақсад донистанд. Зеро ҳамин корхона, тақрибан ба ҳамаи талаботи мутахассисони белорусӣ ҷавобгӯ будааст.

Пеш аз ҳама, корхона, ки дар гузашта низ ба баровардани техникаву таҷҳизоти технологӣ фаъолият мекард, дорои майдони фароху васеъ, биноҳои барҳаво барои коркарди ҳар гуна металлу оҳан ва таҷҳизоту техника, таҷҳизоти зарурии техникӣ, электрокранҳо, бинои рангзании техникӣ, бинои санҷишӣ, таҷҳизоти ҳаводории беш аз 6 атмосфера ва дигар шароити мусоид мебошад.

Гузашта аз ин, барои ҳамкорони белорусӣ мавқеи ҷойгиршавии корхона низ мувофиқ омадааст. Зеро он дар назди истгоҳи роҳи оҳан қарор дорад, ки бевосита барои воридоти ҳар гуна маҳсулоту таҷҳизоти  корӣ, инчунин дар ҳолати содирот низ нақши муҳим мебозад. Инчунин, шаҳри Кӯлоб, ки наздик ба сарҳади ҷумҳурии Афғонистон мавқеъ дорад, бо барориши тракторҳо метавонад, онро ба кишоварзони ин давлат ва низ ба ҷумҳурии Покистон, ки харидори тракторҳои Белорус  будаанд, бе мамониат содир намояд.

Бурди ду ҷониб

Вазорати кишоварзӣ ва вазорати саноати Тоҷикистон барои фаъолияти муштараки ин корхонаи тоҷикистону белорус дар мавриди барориши тракторҳои кишоварзӣ 4 минтақаро пешниҳод карда буданд: Як мавзеъ дар Душанбе, 2 ҷой дар ноҳияи Данғара ва  корхонаи «Козто»-и шаҳри Кӯлоб.

Ба қавли Рустам Неъматов,  муовини райиси шаҳри Кӯлоб, мутахиссисони белорусӣ аз ҳамаи ин ҷойҳо корхонаи «Кӯлоб-Сомон-таҷҳизот»-ро  ихтиёр кардаанд.

Тибқи шартномаи тарафайн, то рӯзи 15-уми апрел ҷониби корхонаи «Кӯлоб-Сомон-таҷҳизот» пешниҳоди ҷониби заводи тракторбарории Белорусро ба анҷом расонида, дархост ирсол менамояд. Намояндагии заводи белорус баъди пурра иҷро гаштани дархосту талаботҳояшон ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Дар марҳилаи аввал, дар корхонаи муштарак истеҳсол ва барориши 500 трактор дар як сол ба нақша гирифта шуда аст. Баъдан, ҳамин корхона қудрати ҷамъу гир ва истеҳсоли то яку ним ҳазор тракторро дар як сол дорад, ки метавонад онро ба ҷамоҳири Афғонистону Покистон ба савдо барорад.

Коршиносон мегӯянд, созишномаи муштараки корӣ ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои ҷониби Белорус манфиатовар мебошад. Агар аз як тараф, ҷониби Тоҷикистон, ки дар шароити ҳозира эҳтиёҷ ба ин гуна корхона доштаву гузашта аз ин, даҳҳо ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳайё мегардад, барои белорусҳо ҳам аз як тараф фаъолияти густардаи байнидавлатӣ ва ҳам ҷалби қувваи кории арзон фоидаи бештаре меоварад.

Аслиддин Достиев



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!