Бахшҳо
01 мар 2012 09:16Сӯҳбати рӯз

Чаккафурӯшҳову чӯпонҳо саноати Тоҷикистонро аз байн бурданд

Ҳоҷимуҳаммад Умаров:

Ахиран профессор ва иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров пешниҳод кард, ки ҳукумат бояд сиёсати барқарор кардани саноат дар дохили кишварро пеш гирад. Дар акси ҳол тамоми соҳаҳо фалаҷ гашта, Тоҷикистон ба ҷамъияти ибтидоӣ бармегардад. Дар атрофи ин пешниҳод бо Ҳ. Умаров сӯҳбате анҷом додем, ки манзури хонанда менамоем.

-Чаро то имрӯз масъулини блоки иқтисодӣ ба мавзӯи барқарор кардани саноат дар дохили ҷумҳурӣ аҳамияти ҷиддӣ надодаанд?

-Дар блоки иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба маънои хатарҳои иқтисодӣ сарфаҳм намераванд. Андеша намекунанд, ки агар имрӯз хатарҳои иқтисодӣ зиёд гарданд, фардо хатарҳои дигари иҷтимоиву сиёсиро бар сари ҷомеа хоҳанд овард. Дар Тоҷикистон бо сабаби тезу тунд гардидани хатарҳои иқтисодӣ вазъи иҷтимоиву сиёсӣ муташаннич мегардад. Мутаассифона, блоки иқтисодӣ аз эҳсоси чунин хатарҳо дуранд ва ин боиси нигаронист.

"Худо накунад, ки ӯзбакистон моро вобастаи худ гардонад"

-Пешниҳоде, ки шумо кардед оё мавриди муҳокимаи блоки иқтисодӣ мегардад?

-Агар пешниҳоди ман дар блоки иқтисодӣ муҳокима ҳам нагардад, вале як чиз равшан аст ва бояд фаҳманд, ки ин роҳи объективист. Агар мо пеши роҳи ғайрисаноатӣ намудани иқтисодро нагирем, агар кӯшиш накунем, ки саноати Тоҷикистон аз нав барқарор ва рақобатпазир шавад, дар он сурат ба таври умумӣ ин маънои аз байн рафтани давлату миллатро дорад. Зеро масъулон намефаҳманд, ки ӯзбакистон бо суръати хеле баланд саноати замонавӣ сохта истодааст. Намефаҳманд, ки яке аз сабабҳои манъ шудани воридоти либосу пойафзол, маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ, металҳо ва ғайра ба ӯзбакистон дар он аст, ки тамоми ин маҳсулот бояд дар дохили худи ин мамлакат истеҳсол карда шавад. Худо накунад, ки иқтидори иқтисодии ӯзбакистон хеле баланд шавад ва моро вобастаи худ гардонад. Чунин хавфу хатарҳо, ки аз чорсӯ моро таҳдид мекунад, масъалаи барқарор кардани саноати замонавиеро, ки дорои маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ бошад, дар мадди аввал қарор медиҳад. Барои ин кор танҳо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ кофӣ нест, балки ҳукумате лозим аст, ки тамоми мардумро дар атрофи худ муттаҳид карда тавонад ва як платформаи илман асосноки бо суръати баландтарин рушд додани саноатро амалӣ созад. Чунин корро танҳо ҳукумати покизаву орӣ аз фасод ва поквиҷдон анҷом дода метавонад. Зеро ин на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки мавзӯи ҳаёту мамоти миллат мебошад. Аз ӯҳдаи ин кор ҳукумате баромада метавонад, ки қатъиян бо фасод ҷанг эълон кунад ва сиёсати имрӯзаи комилан нодурусти кадриро барҳам диҳад ва як сиёсатеро ба роҳ монад, ки ҳар касе қобилияти баланд дораду воқеан мутахассис аст дар идораҳои давлатӣ кор карда тавонад ва дар ҳамбастагии мансабдорон бо мардум иқтисод боло бардошта шавад. Лекин рушди соҳаи иқтисод бидуни рушди соҳаи саноат ғайри имкон мебошад.

-Бовар доред, ки барқарор кардани саноатро ҳукумат аз ҳоло дар мадди аввал қарор медиҳад?

-Дар ҳоли ҳозир кадрҳои мо аз ӯҳдаи кор намебароянд. Сухан дар бораи он кадрҳое меравад, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекунанду мутахасиси касбӣ нестанд. Вале ба ҷуз рӯ овардан ба барқарор кардани саноат роҳи дигари рушди иқтисод дар мо вуҷуд надорад.

На сиёсати саноатӣ дорем, на аграрӣ

-Солҳои охир дар кишвар корхонаҳои саноатии коркарди пахта, коркарди пӯст ва баъзе корхонаҳои дигари саноатӣ таъсис ёфта истодаанд. Оё ин шаҳодат аз он нест, ки ҳукумат барқарор кардани саноатро дар назар гирифта аст?

-Солҳои ахир корхонаҳои саноатӣ пайдо шуда истодаанд, аммо бо вуҷуди зиёд шудани корхонаҳо иқтидори истеҳсолии онҳо коҳиш ёфта истодааст. Вале то ҳанӯз на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ саноати мо ба даврони Тоҷикистони шӯравӣ қиёснашаванда аст. Агар шумораи корхонаҳо ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро бо иқтидори корхонаҳои саноатии даврони шӯравӣ муқоиса кунем, хеле ночизанд. Саноатикунонӣ танҳо маънои зиёд кардани корхонаҳоро надорад, балки маънои онро дорад, ки дар корхонаҳо болоравии иқтидори истеҳсолӣ таъмин гардад. Бояд дар ҳамаи минтақаҳои кишвар корхонаҳои саноатӣ сохта шаванд. Мувофиқи ҳисобу китобҳо ҳатто дар Помир, ки минтақаи дурдаст аст, имкониятҳои рушди соҳаи саноат вуҷуд дорад, ки бо самаранокии хеле баланд фаъолияти онҳоро ба роҳ мондан мумкин аст. Мутаассифона, на сиёсати саноатӣ дорем, на сиёсати аграрӣ дорем ва на сиёсати минтақавӣ дорем. Зеро масъулон мақсаду мароми шахсии худро доранд, ки ба мақсаду мароми ҷомеа мувофиқ нест.

-Сабаби коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва аз фаъолият бозмондани онҳоро дар чӣ мебинед?

-Дар Тоҷикистон шароити мусоиди сармоягузорӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин беш аз 20 ташкилот фақат ба тафтиш машғуланд ва ба фаъолияти корхонаҳо монеа эҷод мекунанд. Ба ғайр аз ин сатҳи гаронии андоз хеле болост. Дигар ин ки дар Тоҷикистон сиёсати пулҳои гарон амалӣ гашта истодааст. Агар ба фоизи бонкӣ дар Тоҷикистон одилона баҳо диҳем он ба сатҳи судхӯрӣ наздик аст. Тасаввур кардан душвор аст, ки корхонаҳо бо фоизи 30-36 фоиз қарз гиранд ва онро сари вақт баргардонанду боз аз он фоида ба даст оранд. Аз ин рӯ давлат ва Бонки миллии Тоҷикистон бояд кӯшиш кунанд, ки аз сиёсати пулҳои гарон ба арзон гузаранд. Дигар Тоҷикистон ба он тавсияҳое, ки Хазинаи байналмиллалии асъор доир ба рушди иқтисод ва системаи бонкӣ медиҳад гӯш накунад. Сиёсат бояд комилан сиёсати миллӣ бошад, ки ба манфиатҳои миллӣ равона гашта бошад.

Шахсони баландпоя ба фасод ғарқ шудаанд

- Барои фароҳам кардани шароити мусоиди сармоягузорӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод то корхонаҳо зиёд шаванд ва саноат тараққӣ кунад?

-Дар Тоҷикистон фароҳам кардани чунин муҳите зарур аст, ки он аз муҳити сармоягузории ӯзбакистону Қирғизистону Қазоқистон беҳтар бошад. Яъне сармоягузорони стратегӣ эҳсос кунанд, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан ба онҳо манфиатнок аст. Шарти дигар ин комилан аз байн бурдани фасод ва муҳайё кардани имкониятҳои рушд дар Тоҷикистон аст. Ашхосе, ки дар идораҳои гуногуни давлатӣ кор мекунанд бояд аз дахолат кардан ва халал расонидан ба фаъолияти корхонаҳову сармоягузорон худдорӣ намоянд. Барои чунин дахолатҳо ҳукумат бояд ҷазои вазнинтар пешбинӣ кунад. Ман чунин андеша дорам, ки агар 50 коррупсионери калони ғарқи фасодро дар пеши чашми халқ парронем, он гоҳ ҳолатҳои ба фасод даст задан хеле кам мешавад. Азбаски шахсони баландмақом ба фасод ғарқ шудаанд, ин корро анҷом намедиҳанд. Зеро мегӯянд, ки аввал касонеро паррондан лозим аст, ки ба фасоди калон даст доранд. Ба ғайр аз ин ба баъзе равандҳо, ки ба рушди саноат ва ҷалби сармоя боис мешавад, тағйирот ворид кардан зарур аст. Масалан, кам кардани андозҳо, васеъ кардани базаи андозгузорӣ дар Тоҷикистон, ошкор кардани иқтисоди пинҳонӣ, паст кардани сатҳи фоизҳои бонкӣ, ба танзим даровардани муомилоти пулӣ дар кишвар ва ғайра. Албатта як омили аслии таъсиррасон ба ҷалби сармоя пеш аз ҳама масъалаи бо барқ таъмин будани иқтисоду саноат мебошад, ки аз номусоидии муҳити сармоягузорӣ шаҳодат медиҳад. Албатта муносибати худи ҳукумат дар масъалаи виза додан ба сармоягузорони хориҷӣ, барҳам додани раводид ба он мамлакатҳое, ки дар иқтисоди Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ мекунанд, муносибат мардум бо хориҷиён баҳри рушди туризм ва ғайра вобастагии калон дорад.

Директорони корхонаҳои мо бояд ё ҳезумфурӯш ё подабон ё ин ки роҳрӯб мешуданд

- Шумо пешниҳод мекунед, ки ҳукумат набояд ба тавсияҳои экспертҳои хориҷӣ дар мавриди рушди соҳибкории хурду миёна ё аввал содирот кардани ашёи хом ва то андозае пул ёфтан ва баъдан таъсис додани корхонаҳо дар Тоҷикистон такя кунад ва масъалаи коркарди ашёи хом ва барқарор кардани саноатро дар мадди аввал қарор диҳад. Пас ҳукумат ба тавсияи кӣ бояд кор кунад?

- Рушди соҳибкории хурду миёна барои баланд бардоштани иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунад. Лекин дар Тоҷикистон корхонаҳое буданд, ки онҳо имрӯз ҳам метавонанд бо иқтидори пурра кор кунанд ва маҳсулоти хомро коркард намоянд. Хусусан, корхонаҳои калонеро, ки дар азнав коркардани маҳсулот машғуланд, дар назар дорам. Саноати бофандагиву шоҳибофӣ, ки дар Тоҷикистон барои коркарди он ва рушди ин соҳа ҳам қувваи коргари баландихтисос вуҷуд дошт ва ҳам базаи ашёи хом мавҷуд буд ва ҳам мо дар ин кор таҷриба доштем, бо айби ҳукумат тақрибан аз байн рафт. Албатта, вақте самбӯсафурӯшро директори як корхонаи бузурги бофандагӣ таъин мекунанд, пас суоле ба миён меояд, ки ӯ аз ӯҳдаи кор мебарояд? Аммо дар ин ҷо меъёрҳои хешутаборчигӣ ба назар мерасид. Ин самбӯсафурӯшу чаккафурӯшҳо ва чӯпонҳо саноати Тоҷикистонро комилан аз байн бурданд. Ман боварӣ дорам, ки агар сухан дар бораи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои инженерӣ-техникӣ равад, аксари директорони корхонаҳои мо бояд, ки ё ҳезумфурӯш ё алаффурӯш ё подабон ё ин ки роҳрӯб мешуданд. Асоси гап дар он аст, ки ҳангоми интихоби онҳо меъёрҳои хешу таборчигӣ ба назар гирифта мешавад.

Ҳукумат ба тавсия коршиносони хориҷӣ такя накунад?

- Агар ҳукумат сиёсати барқарор кардани саноатро ҷиддӣ пайгирӣ накунад, дар солҳои наздик моро чӣ интизор аст?

- Рушди саноат боиси паст гаштани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Зеро саноат на танҳо ҷои кор медиҳад, балки беҳтарин роҳи зиёд кардани буҷаи давлатӣ аз ҳисоби андоз ин рушди соҳаи саноат аст. Андозе, ки дар замони шӯравӣ аз ҳисоби саноат ба даст меомад, нисбат ба андози соҳаи кишоварзӣ хеле зиёд ва ҳатто муқоисанашаванда буд. Як корхонаи калони саноатӣ метавонад аз як корхонаи бузурги кишоварзӣ 10-15 маротиба бештар андоз супорад. Корхонаҳои саноатӣ шабу рӯз кор мекунанд ва ҳатто баъзе корхонаҳое  ҳастанд, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳам аз кор намемонанд. Аммо корхонаи кишоварзӣ алаф мекорад ва ду-се моҳ интизор мешавад, ки кай ҳосил ба даст меояд. Баъди ҷамъоварии ҳосили якум боз се моҳи дигар фаъолият мекунад ва бо ҳамин то соли дигар аз фаъолият бозмемонад. Гандумро дар як сол як бор корида, медараванд, бо ҳамин кори кишоварзӣ ба охир мерасад. Дигар ин ки агар сухан дар бораи коркарди маҳсулот равад, ин маънои онро дорад, ки ҳар қадар иқтидори коркарди маҳсулот баланд шудан гирад, ҳамон қадар ҳиссаи арзиши иловагӣ ё вазъи хосаи арзиши иловагӣ дар таркиби арзиши маҳсулот болотар рафтан мегирад. Масалан, арзиши иловагӣ дар таркиби пахтаи хом ночиз аст, дар таркиби нахи пахта зиёдтар аст, дар таркиби матоъ боз баландтар аст ва дар таркиби либоси тайёр хеле баланд аст. Дар Ғарб ин чизро ба назар мегиранд. Лекин намояндагони Ғарб мехоҳанд, ки мо мустамликаи онҳо бошем ва аз онҳо хеле вобастагӣ дошта бошем, мехоҳанд, ки аҳолӣ зиёд нашавад, аммо гуруснагӣ бештар бошад, ба мо меомӯзанд, ки аввал бояд соҳаи истеҳсоли ашёи хомро тараққӣ диҳем, каме пул ҷамъ кунем, баъдан ягон корхонаи саноатӣ месозем. Ин комилан аблаҳист. Мутаассифона, Ғулом Бобоев, собиқ вазири иқтисод ва дигар гумоштаҳои ташкилотҳои молиявию иқтисодӣ ҳамин сиёсатро дар 20 соли ахир амалӣ гардониданд. Аввал як бор пурсидан даркор аст, ки ҳамон Ғулом Бобоев кист ва ба манфиати кӣ кор мекунад? Бояд фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмиллалии асъор аз ҷониби як комиссияе, ки сирф аз мутахассисони тоҷик иборат бошад, мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ба умеди кишоварзӣ набошем?

- Шумо дар як мақолаатон оқибати ғайрисаноатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистонро баргаштан ба ҷамъияти ибтидоӣ маънидод кардаед. Оё воқеан хавфи баргаштан ба чунин ҷамъият вуҷуд дорад?

-Дар асри сангин одамон камон мегирифтанду мерафтанд ва оҳуеро мепарронданд ё сангпуштеро медоштанду оварда мехурданду шикамашонро сер мекарданд. Ё алафу гиёҳҳоро ҷамъ карда, хурда мегаштанд. Агар мо саноатро барқарор накунем, рӯз аз рӯз вазъ бадтар мешавад ва оқибат ба он оварда мерасонад, ки танҳо соҳаи аграрӣ мемонад. Лекин соҳаи аграрӣ бидуни саноат ҳеч гоҳ тараққӣ карда наметавонад. Соҳаи аграрӣ ҳатто худи кишоварзонро бо хӯрок таъмин карда наметавонад. Таҷрибаи тамоми давлатҳои бузург нишон медиҳад, ки дар деҳот соҳаҳои ғайрикишоварзӣ бояд рушд ёбад. Масалан, мардуми Тоҷикистон баҳору тобистон дар замин кор мекунанд, аммо дар тирамоҳу зимистон бекор мемонанд. Бояд зимистону тирамоҳ ё авали баҳор низ коре бошад, ки машғул шаванд ва музд гиранд. Дар Канада, Амрико ва Олмон дар деҳаҳо корхонаҳои гуногун амал мекунанд ва мардум дар соҳаҳои ғайрикишоварзӣ машғули коранд ва бо ҳамин роҳ зиндагии серу пур доранд.

Мусоҳиб Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)