Бахшҳо
02 мар 2012 09:24Иҷтимоӣ

Заифнолӣ

(Ё ҳикмати "аз хук мӯе")

Аз вақте ки масъалаи ҳиссу бахш кардани замин ба мардуми ранҷбари кишвар тибқи амру фармонҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба миён омад, раъият бо ҳавсалаи тамом ва хушнудии беинтиҳо аз ин падида истиқбол ба амал овард. Аз хусуси додани замин баҳри манзили зист ҳама қишри ҷомеа, билхоса зиёиён (муаллимону духтурон), хонадону оилаҳои камбизоати серфарзанд, занҳои танҳо (чун аз шавҳар ба ваҷҳеву омиле ҷудо гаштаанд) ва дигар ниёзмандоне, ки аз набудани шароити беҳу комгорона рӯзгори тоқатфарсое аз сар мегиранд, зиёд мегуфтанд ва овозаи ин "гап" ба муддатҳо аз даҳони мардум канда намешуд.

Мегуфтанду мегуфтанд ва аз рӯзҳои нахуст ҳадсу фол заданҳо байни мардуми содда густариш ёфтан гирифт. Яке кунҷковона мепурсид, ки ҳамин пора ё қитъаи заминро аз кадом мавзеъ медода бошанд? Дигаре дар посух мегуфт, ки шояд (балки бояд!) аз заминҳои деҳаи худамон тақсимамон кунанд. Саввумӣ бо оҳанги шакку тардид сар меҷунбонд, ки "хестед, ки хобед. Аввал ин ки мувофиқи қонуни Ҳукумату давлат заминҳои обӣ барои сохтани манзили зист ва ҳавлии ину он хонавода бахш карда намешаванд. Баъд ин ки заминҳои тахту ҳамвор ва "дилобхӯр" кайҳо фурӯхта, ба савдо зада шудаанд. Пас...

- Пас, аввалаш кори Худо, аз ягон ғору адирҳои сӯхта ба мо замин хоҳанд дод, сухани он рафиқро бурида тахмин зад муаллиме.
Чӣ буду чӣ нашуд, пас аз интизориҳои тӯлонӣ, пас аз омодаву таҳия намудани санаду ҳуҷҷатҳои лозим, ки моҳе дароз кашид, пас аз машварату ҷаласаву ҷамъомадҳои раисону амалдорон, пас аз муайян намудани мавзеи мушаххас, ки аз он ҷо ба раъият замин дода мешудааст, охиру оқибат дар як рӯзи бас сарду қаҳратуни аввалҳои зимистон, ки барф то рикоби асп меомад, аз маконе бо номи "Оқтуда" (аҷаб номе!) тақсимоти замин ба мардум шурӯъ гардид. Тақсимот дар як ҳафта чун шабҳои ҳаҷру дури ошиқони дилсӯхтаи ғариб тӯл кашид. Ва кам не, ғам не, 222 нафар аз деҳу рустои гуногун соҳиби замини шахсӣ баҳри сохтани манзили зист гардиданд. Ва аммо...

222 нафар бар ивази он ки хуршеди толеъу саодат ва фараҳу хурсандӣ аз уфуқи чеҳраашон бозтобӣ намояду дурахшонӣ, бо лабҳои кашолу чашмони ғамандуд, бас пурғазабу хашмӣ, валек дар айни ҳол бечораву оҷизу нотавон ва сархам ба деҳаҳои худ баргаштанд. Рамзу муаммои соҳибони замин дар чорроҳаи деҳа бармало гашт. Оре, ҳадсу тахминзаданҳои қаблии тоифае аз сокинони деҳ рост баромад. Аз тафсилоти нақли эшон маълум гардид, ки ба ниёзмандони замин аз ҷару талу теппаҳо, аз оббурдаву обкандаҳо, аз дараву ғору шибарзамин, аз пуштаҳои пур аз шебу фароз замин тақсим кардаанд.
- Бадии кор дар он аст, ки дар он қарибиҳо аз об дараке нест. Як замини сӯхта, ҷое шибар, - дасти надомат бар сар зада мегуфт холаи Бовармоҳ...

- Ба ман як қитъа замин аз даруни ғори Сойи Лӯлиён расид, - забони шиква кушод Зебои муаллима. - Ба раиси замин гуфтам, ман дар даруни ин ғори балохезу махуф чӣ тавр хонаву дар месозам, масъули замин баланд-баланд хандидаву шиками чун пуффак дамидаашро хор-хорон роҳ нишон дода, посух дод, ки:
"Ҳай муаллимае, ҳай муаллима. Охир, ин мардуми гӯлу гарангро гӯем, хайр савод надоранду мағзу майна. О, ба шумо чӣ шудааст? Панҷ сол Университет хонда, 15 сол дар кори муаллимӣ мӯятонро сафед кардаед. Ақлро кор фармоед, ақлро. О, мардум беҳуда "ақлро пешроҳи давлат" намегӯянд. Ба бачаҳо мефаҳмонед, дар мошинҳои "Камаз" паёпай хок оварда, ба даруни ғор мерезанду мерезанд...
- Баъд? - даҳонво сӯйи раиси замин нигарист Зебои муаллима.

- Хайр, баъд ғорро, ки пур кардед, "трамбовка" карда, дар болояш хона месозед. Ана ҳамааш ҳамин.
Салими "кабут", ки аз қавли худаш 47 соли расо дар колхоз бо тахтапушти "азизаш" доруи селитраву мачавин кашида, сари заминҳои пахта мебурдааст, аз шиддати ғазаб, ки омехта бо яъсу навмедӣ буда, ҳай дареғ мехӯрду ҳай афсӯс. Кӯлоҳи пашмини қирғизияшро гоҳ аз сар мегирифту гоҳ осема ба сар мемонд.
- Ба ман аз як нишебие замин доданд, ки дар он ҷо по гузошта, қадам зада наметавонӣ, чӣ ҷойи он ки баҳузуру бафурҷа хонаву дар кунӣ, ё ниҳолу дарахте биншонӣ. Ҳо, як нишебии рост фуромада, поёнаш дараи чуқур...
Салим гуфту гуфт ва дашноме обдору намакин бар гӯри падари амалдорону раисон ҳавола карда, дастҳо дар пушт раҳ ҷониби хонааш гирифт.

...Инак, 31 рӯз аз ҳангомаи соҳиби замин гардидани мардум сипарӣ шуда. 31 рӯз аҳли деҳ, ононе ки хешро ҷабрдидаву тири ситами гардум бар ҷону тан халида меҳисобанд, ҳар рӯз чор-панҷ нафарӣ дар чорроҳаи деҳ, ё назди дарвозаи худ ё дар гирди дастурхони серанвои нозу неъмати маъракае андар боби замину беадолатии амалдорон дар тақсимоти он мегӯянду мегӯянд, "меноланду меноланд". Аммо шикваву шикояти соҳибони замин аз деҳ берун намешавад, ҳатто то идораи ҷамоат рафта намерасад. Ман бошам...
31 рӯз, чун аз дар мебарояму ҷониби шаҳр раҳсипор мегардам, ҳароина, бо ин мардуме, ки шикояту заифнолиро ба масобаи қисмату сарнавишт, монои одоти маъмулӣ қабул кардаанд, рӯ ба рӯ меоям ва 31 рӯз мешавад, ки он тӯдаи "замингирифтаҳо" арзи дил пешам ифшо месозанд ва ҳасрат мекунанд, ки "мо магар одам нестем? Ҳаққи инсонвор зиндагӣ кардан надорем? Чаро заминҳои обиву корам ва самархезу киштбобро омилони ҳукумати маҳал соҳиб мешаванду ба савдо мезананд, касе ба онҳо кордор несту ба мо бошад, ҷариву адиру ғорро тақсим карда медиҳанд? Дар ин диёр адлу адолат ягон вақт пойдор мегардад? Ку гап зан, муаллим?".
Интиҳо сабр аз даст додаву қарор аз каф, шӯридаму мазамматшон кардам, ки чун медонистед, ки аз теппаву адиру дараҳо заминатон медиҳанд, чаро монанди як лашкари бонизом, 222 нафар якдилонаву ҳамраъй бирафтеду он заминҳоро соҳиб шудед? Мешуд, ки ҳамагон ҳамин тавр, якдилона эътироз мекардеду намегирифтед он заминҳои сӯхтаву беобро.

- Хайр, чӣ кор кунем? - боз ҳам заифнолӣ оғозид духтури деҳа Раҳимбой. - Замин сахту осмон баланд. Аз як ҷиҳат ҳамин замина гирифтанамон фоидаи худро дорад. Надиҳанд, аз дастат чӣ меояд? Ҳеҷ гап не, аз "хук мӯе". Мешавад...
Дуруст, дуруст, - ҳамчунон бо шеваи ҷонибдорӣ, аз маслиҳати духтури деҳ истиқбол карданд дигарон. Ҳеҷ гап не, доданд, гирифтан даркор". Кӣ медонад, фардо чӣ "нағмаву усул" мебароранд ин амалдорон?
...Аз хук мӯй бошад, ҳеҷ қисса не, - андешидам пеши худ. Заифнолию шикоят чӣ лозим? Равед, дар он заминҳои сӯхтаву беобу гиёҳ зиндагии тозаро шурӯъ кунед. Шумо ба ин ҳама азобҳову риёзату машаққатро пушти сар кардан қодир ҳам ҳастед. Паноҳатон ба Худо!
Шӯрӯъ аз рӯзи 32-юм ман роҳамро дигар кардам. Таҳаммулу бардошти оҷизнолии ин мардумро надорам, дигар... Ва аммо чанде баъд ёрони дилогоҳе хабарам оварданд, ки он мардум ҳанӯз ҳам дорад "меноланду меноланд" ва боз... ҳайратзада суро? доранд:
- Ҳамин муаллими китобнавис наменамояд. Куҷо рафта бошад?..

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)