Бахшҳо
05 мар 2012 05:19Гузориш

Facebook: Тӯри шабака аз Тоҷикистон то Ватикан

Дар Тоҷикистон, ки миёни 213 давлати дунё аз рӯи шумораи истифодабарандагони «Фейсбук» ҷои 175-умро мегирад, рӯзи 3-юми март дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ қатъ гардид.


Сабаби басташавии «Фейсбук» ҳанӯз шарҳ дода нашудааст, вале коршиносон аллакай аз пайомадҳои манфии ин кор ҳарф мезананд. Хабаргузории «Озодагон» маълум намуд, ки ба ҳолати 2-юми марти соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони  «Фейсбук» дар Тоҷикистон 29 ҳазору 80 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ ба 0,39 фоизи аҳолии кишвар баробар аст. Аз шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон бо «Фейсбук» ҳамагӣ 4,15 фоиз сарукор мегиранд.

Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернетро ба ҳолати аввали соли ҷорӣ сари ҳар сад сокини ҷумҳурӣ 24 нафар арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ бо назардошти интернети мобилӣ 1,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли 2011 ҳудуди 38 фоиз бештар аст.

Маҷмӯан, тавваҷҷӯҳи тоҷикистониён ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» майли афзоиш дорад. Дар гузориши ҷадиди «Socialbakers», ки ба таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст,  иттилоъ дода мешавад, ки тайи 6 моҳи охир, яъне аз 7 -уми сентябри гузашта то 2 -юми марти соли ҷорӣ ба «Фейсбук» аз Тоҷикистон, 7 ҳазору 200 нафар пайваст шудаанд, ки 32,91 фоизи истифодабарандагони мавҷударо ташкил менамоянд.

Таҳиягарони гузориш таъкид мекунанд, ки аз Тоҷикистон ба «Фейсбук» бештар ҷавонони синни 19-24 сола пайваст шуда истодаанд. Айни ҳол шумораи ин нафарон миёни истифодабарандагони «Фейсбук» дар кишвар ба 38 фоиз, ё  11 ҳазору 50 нафар баробар аст.  Баъдан, миёни истифодабарандагони «Фейсбук» дар Тоҷикистон нафарони синнашон,  25 – 34 сола -33 фоиз, нафарони 35 – 44 сола – 11 фоиз, 16 – 17 сола 7 фоиз, 45 – 54 сола – 5 фоиз, 13 – 15 сола - 3 фоиз, 55 – 64 сола – 1 фоиз ва аз 65 сола боло ҳам як фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Мо аз Туркманистон пеш будем…

Қобили қайд аст, ки дар ҳоли ҳозир миёни истифодбарандагони «Фейсбук» дар Тоҷикистон занон ҳамагӣ 32 фоиз ва боқимонда - 72 фоизро мардон ташкил медиҳанд.

Кишварҳои собиқ шуравӣ,  ба истиснои  Туркманистон аз рӯи шумораи истифодабарандагони «Фейсбук» аз Тоҷикистон пеш меистанд.

Озарбойҷон дар рейтинги истифодабарандагони «Фейсбук» дар зинаи 87 –ум,  Эстония - 98 –ум, Белорус-105–ум, Латвия- 109 –ум, Арманистон 114, Молдова-117-ум, Ӯзбакистон – 140, Қирғизистон-155 ва Туркманистон дар ҷои 201-ум қарор гирифт.  Мавқеи Русия таи 2 моҳи охир аз 28 то 29-ум қафо рафта, истифодабарандагони «Фейсбук» дар ин кишвар 5 миллиону 294 ҳазору 520 нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, дар рейтинги истифодабарандагони «Фейсбук» ИМА ҳамоно аввалин буда, 155 миллиону 701 ҳазору 780 истифодабарандаи «Фейсбук» дорад. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо нишондоди 43,5 миллион нафар, баъдан Индонезия бо нишондоди 43 миллион нафар қарор дорад.

Шумораи аз ҳама ками истифодабарандагони «Фейсбук» дар Ватикан ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 20 нафар аъзо дорад.

Ҳаким Давлатёров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)