Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Форс ва Озодагон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд

6 март 2012, 10:52

Дар миёни бозиҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳонаи қудратҳо дарёфтан ва дар ихтиёри хонанда гузоштани ахбори саҳеҳ ва сареъ аз тариқи ҳамкории расонаҳо бештар имконпазир буда, дар ростои манфиати кишвару миллатҳои минтақа мебошад…

Дар остонаи садумин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Теҳрон миёни Хабаргузориҳои Форс ва Озодагон тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Пеш аз имзои ин тафоҳумнома Сийид Низомиддин Мусавӣ, мудири кулли Хабаргузории Форс ҳангоми сӯҳбат бо Зафари Сӯфӣ, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои Озодагон бар зарурати ҳамкорӣ байни расонаҳои ҳамсӯ дар ростои таъолии андешаҳои созанда ва расондани хабари воқеъӣ ва бидуни таҳриф аз рухдоду ҳаводиси кишварҳои ҳамдину ҳамзабон таъкид намуд. Ӯ гуфт: «Ҷои таассуф дорад, ки то имрӯз мо аксари хабарҳо дар бораи кишварҳоямонро аз тариқи расонаҳои ғарбӣ дарёб мекунем. Ин дар ҳолест, ки мешавад мустақим ва аз тариқи ҳамкории Хабаргузориҳои кишварҳои дӯст ин иттилоъ дастрас ва пахш гардад. Хабаргузории Форс тасмим гирифта, ки дар ин росто бо ҳамаи Хабаргузориҳои таъсиргузор ва матраҳ дар минтақаи Осиё ва олами ислом ҳамкории густардаро роҳандозӣ кунад».

Ҳамзамон, Зафари Сӯфӣ бо ишора ба оғози кори Хабаргузории Озодагон ба сифати як хабаргузории минтақавӣ дар Осиё Марказӣ гуфт, ки дар миёни бозиҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳонаи қудратҳо дарёфтан ва дар ихтиёри хонанда гузоштани ахбори саҳеҳ ва сареъ аз тариқи ҳамкории расонаҳо бештар имконпазир буда, дар ростои манфиати кишвару миллатҳои минтақа мебошад: «Шинохти бештари ҳамдигар беҳтарин заминаи ҳамкориҳои созанда ва шиносондани мардумон ба ҳамдигар барои оғози корҳои азиму созанда яке аз рисолатҳои муҳими расонаҳои хабарист».

Тафоҳуномаи ҳамкорӣ нуктаҳое чун мубодилаи  иттилоот ва таҷрубиёт, барпоии коргоҳҳо дар заминаи расонаҳо ва фарҳанг, ҳамкорӣ дар тавлид ва арзёбии интишороти интернетӣ (онлайн), мубодилаи таҷрибиёт дар заминаи фановарии электроникӣ, доир кардани коргоҳҳои вижаи боло бурдани маҳорати коркунони расонаҳо ва муассисоти пажӯҳишии ду тараф, иҷрои тарҳҳои таҳқиқотии муштарак, фароҳам овардан ва барпоии конфронсҳо, барномаҳо ва дигар ҳамоишҳои марбут ба расона, ҳамкорӣ дар заминаи ироаи мӯҳтавои матолиб барои вебсойтҳо ва нашриёти ду тараф, барпоии намоишгоҳҳои фарҳангии муштарак ва боз чанд нуктаи дигари ҳамкориро дар бар мегирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!