Бахшҳо

«Хистеварз» бо 28 сутуни кандакоришуда бунёд мегардад

Чойхонаи мавсум ба «Хистеварз» дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли кишвар мавриди истифода қарор мегирад.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, охири ҳафтаи гузашта, Қоҳир Расулзода, райиси вилоят бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии ин иншоот ба рустои Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард. Зимнан, қайд гардид, ки чойхона бо риояи анъанаҳои миллии бунёди иншоотҳои мардумӣ қомат афрохта истодааст. Соҳибкор, устои гулдасти соҳаи кандакорӣ Комилҷон Зуҳуров бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гузоштани мерос ба ояндагони диёр чойхонаи миллии беназир сохта истодааст. Маврид ба тазаккур аст, ки чойхонаи «Хистеварз» 28 сутуни кандакоришуда дорад ва 20-тояш дар пешорӯи бино қомат меафрозаду бо нақшу нигори махсус оро дода мешавад.Алҳол дар иншоот кор босуръати вижа идома дорад ва бештар аз 400 нафар ҳунармандон ва сохтмончиён машғули меҳнатанд. Аз ҷумла, 300 нафари онон бо кандакории сутун ва равоқи бино сарукор доранд.Манбаъ афзуд, ҳадаф аз бунёди чунин иншоотҳо ободии диёр аст. Мо бояд бо бунёди қасру боғҳои сарсабз, чойхонаву меҳмонхонаҳо, варзишгоҳҳо ва иншоотҳои дигари миллӣ ҳунари мардуми тоҷикро барои дигарон муаррифи намоем. Ҳамзамон, раиси вилоят  Қоҳир Расулзода ҷиҳати вусъати корҳо дар бинои иловагии беморхонаи ҷамоат, варзишгоҳи замонавии бунёдшудаистода, чароғонкунии кӯчаҳои деҳа ва боз ҳам ободу сарсабз гардонидани маҳал ба масъулин супоришҳо дод.{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)