Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Ношири афкори тараққихоҳон

10 март 2012, 04:32

11 марти соли 2012 ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ дар Вароруд- "Бухорои  Шариф", ки ба рӯзноманигории тоҷик асос гузошт, 100 сол пур мешавад.

Дар сод соли фаъолияташ матбуоти форсии тоҷикӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронд: дар даврони аморати Бухоро аҳли дарбор ва руҳониёни муҳофизакор бо ҳар восита мардумро аз рӯзномахонӣ манъ дур нигоҳ доштан  мехостанд. Бино ба таъкиди устод Айнӣ "ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри рӯзномае буданд, лекин чораи инро намеёфтанд. Зеро ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори оддии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рӯзномае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чи гуна роҳ дода метавонист.

Элчихонаи ҳукумати рус ба нашри як рӯзномаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз ҳукумати амир ҳам бештар монеъ мешуд" (1. 106 ).

Дар солҳои аввали таъсиси давлати шуравӣ бино ба сари ҳокимият омадани пантуркистҳо  чи дар ҷумҳурии Туркистони шуравӣ ва чи ҷумҳурии халқии шуроии Бухоро бо пуштибонии роҳбарони вақти шуравӣ, бо ҳар роҳу васила ба табъу нашри ҷаридаву маҷалла, таъсиси макотиби нав ва интишори китобҳои дарсӣ барои фарзандони мардуми тоҷик бо забони модариашон монеа эҷод мекарданд. Вале бо ин ҳама монеаву мушкилот 11 марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи "Бухоро Шариф" ба табъ расида, ба рӯзноманигории тоҷик поя гузошт.

Заминаҳои пайдоиши рӯзнома

Сафари аҳли илму маърифат ба мамолики мутараққии дунё ва  ошноийии онҳо бо комёбиву муваффақият, дастоварду навгониҳои мардумони кишварҳои дигар  ҳамеша манфиатовар  аст, ки  аллома Аҳмади Дониш бо дидани як мамлакати нисбатан мутараққии дунё-Русия олами наверо кашф кард ва ба хулоса омад, ки низоми нави ҷаҳон боиси тараққиву тамаддуни аҳли фаранг гардида. Пайравону шогирдони ӯ дар охири садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ ба туфайли сафарҳои зиёдашон ва ошноӣ бо мамолики Шарқу Ғарб ба натиҷа расиданд, ки мардуми бедору ҳушёр рӯ ба тараққӣ оварда, аҳли Бухоро дар хоби ғафлатанд.

Аз ҷониби дигар,  таъсиси рӯзномаҳои форсӣ дар садаи Х1Х дар сарзаминҳои мухталиф-Ҳиндустону Эрон, Туркияву Афғонистон, Мисру Инглистон  ва ба рағми ҳамаи монеаҳо нашрияҳои форсии охири садаи Х1Х-оғози садаи ХХ "Ахтар", "Қонун", "Ҳаббулматин", "Парвариш", "Чеҳранамо", ҷаридаву маҷаллаҳои туркиву тоторӣ ва озарбойҷонии "Сирот-ул-Мустақим" "Тарҷумон", "Мулло Насриддин" ва м. и. дастраси мунавварфикрон ва ислоҳталаниби Осиёи Миёна мегардид, ки аз байни одамони одӣ низ касони назаркунанда ба матбуот  пайдо шудан гирифтанд.

Таҳаввулоту дигаргуниҳо, ҷунбишу инқилобҳои пайи ҳам дар оғози садаи ХХ ва ошноии мунавварфикрону тараққихоҳони тоҷик бо  адабиёту матбуоти ҳамзабонону халқҳои дигар дар амри бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳӣ, пайванди ҷунбиши ислоҳталабонаи ҷадиди Бухоро бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодихоҳони кишварҳои дигар нақши муҳим  бозид.

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро бо вуҷуди маҳдудияти фаъолияташон ва таъқиби ошкору ниҳон аз ҷониби ҳукуматдорон бо ҳар роҳу восита мекӯшиданд, ки камбуду норасоиҳои ҷомеаро рафъ сохта, мардуми Бухороро ба сӯйи тараққию тамаддун ҳидоят намоянд. Мактаби ҷадиди Абдулвоҳиди  Мунзим, ки ҳамроҳ бо шарикдарсонаш Садриддин Айнӣ, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ таъсис дода буд, дар  муддати кӯтоҳ дар байни мардум эътибору нуфузи зиёде пайдо карда, боиси эҷоди муборизаи ошкори навгароёну муҳофизакорон гардид.

Китобҳои "Мунозира" ва "Баёноти сайёҳи ҳиндӣ"-и Фитрат, "Тӯҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким низ барои тавсеаву густариши андешаи маорифпарварӣ иншо гардид. Фитрат аз номи фарангӣ таъкид дошт, ки "агар мутолиаи ҷароиди исломиро ҳаром нагуфта, балки худатон низ гоҳо мехондед, имрӯз илоҷи дарди исломро аз ман, ки кофирам, намепурсидед" .

Ба назари маорифпарвари тоҷик матбуот, аз як тараф, дармонбахши дардҳои ҷомеа ва аз ҷониби дигар тарғибгари ахлоқи хубу некӯст, ки бад-ин маънӣ дар ҷойи дигари китобаш "Мунозара" дар баҳси мударриси бухороӣ бо фарангӣ таъкид  мекунад: "…матбаа кушода, халқро ба воситаи ҷароид ба ахлоқи ҳасана тарғиб намоед" .

Мирзосироҷи Ҳакими огоҳ аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Бухоро баъди сафарҳои тулонӣ ба мамолики Шарқу Ғарб барои ҳамватононаш "Туҳафи аҳли Бухоро"-ро пешкаш намуд ва сабаби ба ин кори хайр даст заданашро чунин тавзеҳ додааст:

"Чун дар Фарангистону Русия расм аст, ки сайёҳони он ҷо маҳзи касб кардани иттилоъ аз чи гунагии милали олам ва маълумот ҳосил намудан аз фарқи мухталифи рубъи маскун ва донистани тамоми баҳру барии рӯйи замин солҳои дароз бо машаққатҳои зиёд ва заҳматҳои ҷонгудоз мулк ба мулк, шаҳр ба шаҳр рафта, ободиҳо ва харобиҳои дунёро дида, тараққии ҳар милалу фирқаро фаҳмида…ҳамаро ба силки таҳрир дароварда, тақдими бародарони динӣ ва ватании хеш медоранд. Он ҳама мулкгирӣ ва футӯҳоти пай дар пайи дували фаранг аз натиҷаи саёҳати мардумони боилми онҳост. Натиҷаи кашфи Амрико аввал аз баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат аст. Ин ходими миллат низ ба онон таассӣ намуда, баъд аз он ҳама сафару саёҳати чандинсолаи иҷмолии худро, ки бо таҷрибиёте, ки аз ин мусофиратҳо ҳосил намудам, ба силки таҳрир дароварда дарҷи ин маҷалла намуда, тақдими миллати худ намудам".

Адиби навандеш ҳама мулкгирӣ ва футуҳоти пай дар пайи дували Фарангро дар саёҳати мардумони бо илми онҳо дарёфта, кашфи Амрикоро аввал дар баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат донистааст.

Он ҳама таҷрибаву сабақҳое, ки ҳини сафару саёҳати худ омӯхтааст, чунин ба риштаи назм кашидааст:

Он чӣ дар аснои сафар дида шуд,

Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд.

Ҳамин баракати илм ва ҳиммати саёҳат буд, ки баъди бозгашт аз сафар  Мирзосироҷи Ҳаким ҳамроҳ бо тараққихоҳи дигар Мирзомуҳиддини Мансур - тоҷири машҳури Бухоро аз пайи таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ шуд.

Чорасозии Мирзомуҳиддин ва Мирзосироҷи Ҳаким

Соли 1912 Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким, бино ба иттилои устод Айнӣ,  "аввал мудири матбааи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд.

Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиат кард. Мирзомуҳиддин ҳам ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод".

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро барои муҳаррирӣ аз Боку Мирзоҷалол Юсуфзодаро даъват карданд, ки дар кори табъу нашр таҷрибаи кофӣ ва бо рӯзномаю маҷаллаҳои Қафқоз ҳамкории доимӣ дошт. Дар маҷаллаи номдори Озорбойҷон "Мулло Насриддин", ки дар Тифлис чоп мешуду дар Бухоро ҳам ихлосмандону ҳаводорони зиёде дошт ва дар мактаби эҷодии ду тан аз адибони маъруфи Озарбойҷон Мирзоҷалил Маҳмадқулизода ва Алиакбари Собир, ки бунёдгузор ва сардабири моҳвораи мазкур буданд, чун адибу рӯзноманигори варзида ба камол расидааст. ӯ забони форсиро хуб медонист ва  аз осори адибони форсизабон баҳраи зиёде бардошта буд, ки маҳз ба шарофати Мирзоҷалол нахустрӯзномаи тоҷикии "Бухорои шариф" на танҳо дар қаламрави аморату байни мардуми Осиёи Миёна, балки Эрону Афғонистон, Русияву Ҳиндустон ва Қафқозу Туркия ва дигар мамолики мусулмонӣ муштариву хонанда пайдо кард.

Рӯзнома  дар чаҳор моҳи аввал ҳафтае шаш маротиба, баъди таъсиси рӯзномаи "Тӯрон" ба забони ӯзбекӣ ҳафтае чаҳор бор чоп мешуд.

Азбаски масрафи чоп бештар гардида, фоида камтар, Левин баъди нашри чанд шумора аз соҳибимтиёзии рӯзнома даст кашид ва ҷавонбухороиён бо ҷамъоварии маблағ барои идомаи нашри рӯзнома ширкати "Бухорои шариф" -ро соҳибимтиёзи рӯзнома эълон карданд ва дар шумораҳои охири худ хабар доданд, ки ба баракати "кӯмаки тараққихоҳон ва арбоби ҳиммат ва ҳамияти Бухоро" мушкилоти молии рӯзнома рафъ ва имкони идомаи нашраш фароҳам гардидааст.

Ғояи омоли рӯзнома

Мирзоҷалол дар шумораи аввалини "Бухорои шариф" эълом дошт, ки "саҳифоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмия ва адабия ва фанния ва билумуман мақолоти нофия боз аст. Мақолоти муғойир ба маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳад гардид" ва ин нукта басо муҳим аст дар мушаххасоти мақсаду маром ва ғояву омоли рӯзнома.

Барои хотирҷамъии ҳукуматдорони Бухоро ва сафоратхонаи рус дар ҳамин шумора таъкид шудааст, ки "мизони мундариҷот мутобиқати Қуръони шариф ва зарурати ислом хоҳад буд. Рӯзномаи мо аз ёрморкаҳо, мисли Нижниновғуруд ва ғайра маълумот дода, аз моли алтиҷораи дохил ва хориҷ ва маҳсулоти Бухорои шариф ва атрофу тавобеи он, мисли пунба, пашм, пӯсти кароқӯл, қимати мизони нон, гӯшт, абрешим, чой ва ғайра иттилоот хоҳад дод.

Мирзоҷалол аз як тараф, бо таъкиди ибрози андешаву мулоҳиза дар  доираи Қуръони шариф ва аҳкоми ислом ҳукуматдорону руҳониёни Бухороро хотирҷамъ  ва аз тарафи дигар, бо нияти иттилои доимӣ аз ярмаркаҳо, молҳои тиҷоратии дохилию хориҷӣ кормандони сафорати Русияро дилпур месохт, ки ин рӯзнома ҳам чун нашрияҳои расмии ҳукумати подшоҳӣ дар Туркистон ба манфиати онҳо хидмат хоҳад кард.

Ғози кор чунин буд…

Муҳаррири рӯзнома Мирзоҷалол Юсуфзода дар саҳифаи аввали шумораи якум мақолаи "Ғояи омол"-ро пешкаши хонандагон намуда, аз хонандагон ширкати фаъолонаро дар табъу нашри рӯзнома тақозо ва хоҳиш дошт, ки "аввал, дар ҳамроҳӣ ва муовинати мо музоиқа нафармоед. Сониян, ҳар чӣ аз мундариҷоти рӯзнома дар назарашон нобаҷо омад, ба шарҳу тафсил ба идора нависанд, ки агар саҳв аз ҷониби мост, бо имтинону ташаккур ислоҳи саҳви худ намуда бошем. Агар саҳву иштибоҳ аз ҷиҳати нуқсон ва қусури ифодаи бурҳон аст, ки  дар такмилаш бикӯшем. Махсусан, тараққии инсоният беш аз ҳама чиз бо интиқодоти саҳеҳа метавонад буд".

Ин ҷо ба як нукта бояд равшанӣ андохт, ки бародари гиромӣ Наҷмиддини Ковиёнӣ дар нигоштааш "Пажӯҳиш бар замона ва корномаи рӯзномаи "Бухорои Шариф" дар маҷаллаи "Ориёи бурунмарзӣ" дар такя ба гуфтаи муаллифони "Таърихи матбуоти тоҷик" таъкид карда, ки  "таҷаддудхоҳони Бухоро ба хубӣ огоҳ буданд, ки руҳониён ва калтакдорони амир метавонанд дар заминаи пахши рӯзнома монеа эҷод кунанд. Аз ин рӯ, оқоён Қ. Л. Левин, Ҳайдархоҷа Мирбадалуф ба қушбегии Бухоро Мирзо Насруллоҳ муроҷиат карданд ва аз ӯ дархост намуданд, ки номае мабнӣ бар ҳимоят аз нашр ва пахши рӯзномаи "Бухорои шариф" интишор бидиҳад ва ӯ ҳамчунин номаеро содир кард. Рӯзнома "Ризоятнома"-и қушбегиро чоп кард, ки дар он омада буд: "ҳар касе ки ба рӯзномаи мазкур муштарӣ шаванд, ихтиёр доранд, мо бо он монеъ намешавем".

Мутаассифона, чунин "Ризоятнома"-и қушбегӣ дар шумораи нахустин ва шумораҳои аввали рӯзнома ба чашм нахӯрд. Вале таҳти унвони умумии "Ахбори маҳаллӣ ва Туркистон" дар шумораи сеюми рӯзнома ба чунин мазмун эълон ба табъ расидааст: "Идораи рӯзнома ба хонандагони гиромии худ ихтор мекунад, ки то боз шудани идора дар Бухоро муштариҳои солиёна ва шашмоҳа метавонанд ба китобфурӯш Саидмуродхоҷа руҷӯъ намуда, муштарӣ шаванд. Маълум мешавад, ки фурӯшандагони рӯзнома ба қимати хотирхоҳи худ мефурӯшанд. Идора ба муштарикини эъзом ихтор менамояд, ки аз тарафи идора ба рӯзномаи мо се тин қимат гузошта шудааст. Таваққуъ мекунем, ки аз ин қимат гаронтар нахаред".

Дар хабари дигари ҳамин силсила аз хусуси пешниҳоди шумораи аввал ба намояндаи сиёсии императории Русия, амири Бухоро, қушбегӣ ва қозикалон иттило додааст: "Рӯзи якшанбе, баъди нашри нумраи аввали рӯзномаи мо ношири рӯзнома дар чаҳор попка чаҳор нумра ба политически оганти аълоҳазрати импературӣ нишон додаст, ки яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби политически оганти Русия дар Бухоро ва яке барои ҷаноби қушбегӣ ва яке барои ҷаноби қозикалон аст.

Аз огантгарии сиёсӣ ношири мо ба ҳамроҳии бародар тӯқсабо хидмати қӯшбегӣ мушарраф гашта ва ду попка ба эшон пешниҳод намуданд: яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби қушбегӣ. Эшон аз мазмуни рӯзнома мутталеъ гардида, дар бораи муҳарририни рӯзнома суол намуда ва баъд марҳаматан ноширро мураххас фармуданд.

Вақти пешниҳод намудани попка қозикалон аз нашри рӯзнома, ки аз ахбори олам мардумро хабардор мекунад, изҳори шодмонӣ фармудаанд. Баъд ноширро ба сари дастурхон даъват намуда ва бо ширинӣ мураххас намудаанд".

Бе шакку шубҳа, роҳандозии чунин тарзи муомила ва пешкаши шумораи аввали рӯзнома ба амир, қушбегӣ ва қозикалон ва нашри хабари бо хушнудӣ истиқболи ношири рӯзнома аз ҷониби қушбегӣ ва қозикалон чун ризоятномаи аморат хидмат карда, ки мардум бе ҳеч мамониат ба рӯзномаи "Бухорои шариф" обуна шаванд.

Огоҳиҳо ва хабарҳои тиҷорӣ

Саҳифаи чаҳоруми шумораи аввали "Бухорои шариф" пурра ба хабарҳои тиҷорӣ ва реклом ихтисос ёфта, унвони 35 номгӯй китобҳои нави нашриёти кутуби исломии Л. Н. Левин дар Бухорои нав, аз қабили "Девони бузурги Ҳофиз", "Бедил", "Девони Машраб", "Баёз"  бо нархаш ва 5 эълону реклом ҷой дода шудааст.

Матолиби шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии "Бухорои шариф" аз он далолат медиҳад, ки бо таъсиси он бунёдгузорону муассисон ду ҳадаф доштаанд: иттило ва манфиати молӣ. Барои интишори эълону реклом ва хабарҳои тиҷоратӣ дар саҳифаҳои сеюму чаҳорум муассису идораи рӯзнома 20 тин ва дар саҳифаи аввалу дуюм 30 тин муқаррар намуда буд, ки иқтисоди бозорӣ чунин муносибатро тақозо мекунад. Қисми зиёди расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон фаъолияти худро аз ҳамин ҳисоб ба роҳ мондаанд, ки дар даврони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон чунин тарзи фаъолият мамнӯъ буд. Бо гузашти солҳо, расонаҳои хабарии Тоҷикистон боз ба ин тарзу усул баргаштанд, ки имрӯз аз ин ҳисоб бархе аз расонаҳои хабарии кишвар маблағи муайяне ба даст меоваранд ва он ҳам ҳамон идомаи анъанаи нахустрӯзномаҳои мост.

Мирзоҷалол ва инъикоси масоили муҳими замон

Мирзоҷалол Юсуфзода чун сармуҳаррири рӯзнома дар инъикоси масоили муҳими аморати Бухоро ва ҷаҳон аз жанрҳои гуногун истифода мебурд. Хабар дар рӯзномаи "Бухорои шариф" ҷойгоҳи вижа дошт, ки зери унвони ахбори дохила, хориҷа, маҳаллӣ, тиҷоратӣ, санъатӣ ва телегрофотӣ ба табъ расидааст. Дар хабарҳои хориҷӣ инъикоси ҷанги Итолиё ва императории усмонӣ мавқеи бештарро  касб кардааст.

Мирзоҷалол на танҳо хонандагонро аз воқеаю рӯйдоди дохилу  олам хабардор мекард, балки барои чидани дурри маънӣ  дари хазинаи маърифатро боз менамуд, то ки  худро шиносанд ва ҳам ба ҳаводиси олам бо чашми ибрат нигаранд. Дар мақолаи "Чӣ бояд кард?" ин маънӣ хеле хуб тавзеҳу эзоҳ ёфтааст: "Ҳар кӣ нигоҳ ба унвони мо фармояд, хоҳад гуфт дар чӣ хусус шумо мегӯед, чӣ бояд кард? Арз мекунем: дар ҳама ҳолат чӣ бояд кард?" ва ба гузаштаи миллати кӯҳантаърихи ориёӣ рӯ оварда, аз бузургоне чун Фирдавсӣ, Имом Ғаззолӣ, Фахриддини Розӣ, Имом Бухорӣ ва Саъдиву Ҳофиз ёдовар мешавад, ки ба туфайли файзу баракати таълиму дониш, ашъору сайри маънии гуфтори онҳо замоне мардуми форсигӯй  "ноз ба саканаи Фирдавс" менамудем.

Ба рӯзноманигори нуктасанҷу воқеъбин  иқрору таъкиди  мӯҳтоҷию нотавонии аҳли ислом гарон буд, вале инкори воқеият гаронтар!

"Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъият набуд, авлоди одам бештарашон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафҳои саҳро ва самари дарахтон ва шикори ҳайвонҳои заифро хӯрда, ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳ гоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъамзоданд.

Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусулмонҳо, ба шумор меравем. Дар воқеъ ва ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст, ки ин сӯ муҳаббатро фаромӯш намуда, ба ҳолати ваҳшият баргаштаем. Пас, дар ҳамин ҳолат чӣ бояд кард?"

Ба назари Мирзоҷалол аввалан нохуш ва маризии худамонро дарк кунем ва аз пайи табобати дардамон шавем. Бо чашми ибратбин бубинем, ки ҳар сол миллионҳо пунба (пахта)-ву пашмро ба ҳамсоягон фурӯхта, тани худро мепӯшонем ва агар метавонистем пунбаи худро матоъ бофем, сарвати мо даҳ баробар зиёд мешуд. Агар ин нохуширо бифаҳмем, бино мегузорем ба бунёди корхона ва таҳсили санъатҳои лозима. Ва оқибат дар ҳар чизе, ки мӯҳтоҷ ба ҳамсоя будем, ҳамсоя мӯҳтоҷ ба мо мегардад."

Мирзоҷалол чун аксарияти маорифпарварон ислоҳи норасоиҳоро дар талаби илм мебинад ва дар зиёда аз дусад номгӯй силсиламақолаҳояш дар рӯзнома ба суолҳое ҷавоб гуфта, таваҷҷуҳи хонандагонро ба масъалаҳое ҷалб намуд, ки ба маснади тараққихоҳон, дармонбахши дардҳо, ифшогари розу ниёзҳо,  донандаи таъриху ҷуғрофия, сиёсати давлатҳо ва ёри мушфиқ будани рӯзнома эътимод ҳосил шуд.

Таҳқиқи амиқи масъалаҳои муҳими давру замон аз мақола ба мақола ва ифшои моҳиронаи  гиреҳҳои печида аз маърифати баланду ҷаҳонбинии фарохи муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Таҳлили амиқи мушкилоту муаммои рӯзгор дар вазъияти мураккабу печидаи аморати Бухоро дар оғози садаи бистум ғайрату ҷасоратро талаб мекард, ки гӯшзадии муаммо кифоя набуд. Ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо аз  ҷониби  Мирзоҷалол, Мирзосироҷи Ҳаким, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, устод Айнӣ, Сайидризо Ализода,  Абдулвоҳиди  Мунзим, Абдулқодир Муҳиддинов,  Мирхон Порсозода барин даҳҳо равшанфикрону ислоҳотхоҳони тоҷик  гувоҳи густариши нуфузу эътибори  ҷараёни ҷадидия дар ҷомеа мебошад.

Замон ва забон

Мирзоҷалол  ба масъалаи забон низ таваҷҷуҳ карда, ки  "ҳанӯз шумораи аввали рӯзномаи "Бухорои шариф"-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён дар матбаъа ҳозир шуданд ва ба мақолаҳо нигоҳ карда ва фармуданд, ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикист, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст. Мо дар хусуси забон шояд як вақте як маълумоти муфассал бидиҳем, иҷолатан арз мекунем. Аввалан, уламо ва файласуфони рӯйи замин дар ин хусус мекӯшанд ва сайъ менамоянд, то як забони умумӣ имтиёз ва ихтиёр намуда, ҳамаи мардуми рӯйи заминро таҳлим намоянд.

Сониян, мо бояд сайъ намуда, аз барои ҳар забоне мизоне бардорем, ки ҳалли он забон ва онҳое, ки ба он забон мансуб ҳастанд, забони миллии ҳамдигарро бифаҳманд. Риштаи қавмият аз ҳам гусехта шуда, яке бо исми дарӣ, дигаре бо исми порсӣ, дигаре ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд.

Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода ва ба забони ғолиб бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем, дар хусуси забон ва шеваи нашароти мо ҳар чӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд. Бо итминон ва ташаккур қабул мекунем".

Мирзоҷалол баъди тавзеҳу ташреҳи гуруҳи забонҳои туркӣ ба шарҳи гуруҳи забонҳои форсӣ пардохта, менигорад: "…форс ҳам миллати махсус буда, дар атрофи олам порча-порча шуда ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ, ҳар се забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ ва… намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми порсӣ, сеюмӣ ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд".

Ёдоварии як забон ба номҳои гуногуни форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҳақиқати бебаҳс аст, вале ҳадафи Мирзоҷалол аз забони ҳамдигарро нафаҳмидани бухороӣ, самарқандӣ, кошонӣ, хуросонӣ ва ... шояд баъзе нозукиҳои шеваи гуфтор бошад.

Тафовути онҳо дар се кишвар бо ҳамдигар аз нуқтаи назари реша ё маншаъ нест, балки натиҷаи сарнавишти таърихии мутофовит аст. Ба ҳар ҳол, ин ихтилофот ночиз буда, ба ҳеч ваҷҳ марбути қоидаҳои дастурӣ ва захираи луғавӣ нест. Дар асл фаҳмидани забони ягонаи меъёр аз аҳди Сомониён ва ашъори шаҳдбори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Камол, Шайх Саъдиву Ҷомӣ ва Мавлоно то ба имрӯз барои сокинони манотиқи гуногуни форсизабон ҳеч мушкиливу душворие надорад. Бад-ин маънӣ Мирзоҷалол ҳам дар давоми мақола навишта: "Адибони моҳир ва комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеи ҳарф задани авомуннос намоянд".

Дар рӯзнома дар бораи пайдоиши забони форсӣ, посдорӣ ва рушди он ва тадриси дастури забон матолиби зиёде, аз қабили "Муҷмалӣ дар хусуси забон", "Забони Эрон ва ё Ориён" андешаву мулоҳизаҳои ҷолибе баён шудааст, ки то имрӯз қимати худро гум накардаанд. Мирзоҷалол аз шумораи 53 зери унвони "Қавоиди форсия" ба нашри дастури забони форсӣ мепардозад, ки муаллиф дар муқаддима нигоштааст: "Дер вақте мо дар хаёл доштем, ки қоидаҳои забони форсиро хурда-хурда дар рӯзномаи "Бухорои Шариф" интишор бидиҳем, то хонандагону нависандагонро иттилоъ ҳосил ояд".  Рӯзнома дар бист шумора ба ташреҳи дастури забони форсӣ ба таври мухтасар, бо истифода аз манобеи муътабар ва ба шеваи омӯзишӣ ҳамроҳ ба таъриф ва ироаи мисолҳо мепардозад.

Таъсири рӯзнома ва сабабҳои бастани он

Бино ба таъкиди  устод Айнӣ аҳли қалами рӯзнома "ба мағзи ҷавонон фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир карда, ба хотири падарон хаёлҳои тарбия ва хонондани бачагонро оварданд. Аз ин таъсирҳо мадраса ҳам хушк намонд. Шогирдони мадраса ислоҳи ҷадвалҳои дарсро талаб мекарданд… Ҳатто баъзе мударрисҳо талаб ва рағбати умумии талабагонро дида, аз ӯҳдааш набароянд ҳам, ба таври худ ба ислоҳи таълим сар карданд". Устод Айнӣ дар  марсияи пураламе низ ба нақши рӯзнома дар бедориву худшиносӣ баҳои баланд додааст.

Рӯзномаи "Бухорои Шариф"  мисли барқе дар осмони тирагуни Бухоро дурахшида ғайб зад, ки устод Айнӣ мушаххасоти сабабҳои манъи интишори онро чунин тавзеҳ додаст:  Рӯзнома "ба танвири афкори мардум хеле хидмат кард"; "Ҳукумати амир, зотан, ба нашри рӯзнома розӣ набуд ва  намехост, ки дар пеши назараш мисли як муфаттиш ҳамеша рӯзномае  ҷилвагар бошад" ва  "…элчихонаи рус дар аввал гумон доштанд, ки рӯзномаи  "Бухорои Шариф" мисли "Туркистон вилоятининг газети" ба сиёсати иғфолифонаи ӯ хидмат хоҳад кард. Бинобар ин ба нашраш маънан ёрмандӣ карда буд. Лекин воқеъ бар хилофи маъмулаш баромад".

Бинобар ин, баъди нашри 153 шумора аз 2 январи соли 1913 бо фармони  гумоштаи сиёсии рус Петров рӯзномаи "Бухорои Шариф" аз нашр боз дошта шуд.

Пайванди Гулмурод



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!