Бахшҳо
10 мар 2012 04:54Иҷтимоӣ

Сад иқтибоси сад сол

Қавми берӯзнома мисли одами безабон аст...

Саидризои Ализода, муҳаррири ҳафтаномаи "Шӯлаи инқилоб":

- Ҳангоме ки мо ба майдони матбуот даромада, қалами шикастаи худро ба даст гирифтем, яқин доштем, ки миллати мо, форсҳо ба матбуот ташна ҳастанд, қадри матбуоти форсиро дониста, аз ҳар ҷиҳат барои пойдории маҷалла ёрӣ ва ҳамроҳӣ хоҳанд намуд. Чунон ки дар ин бора аз чандин маорифпарварони форс ваъдаҳои равғанӣ ҳам гирифта шуда буд, вале афсӯс, ки дар муддати ин шаш моҳ  ҳар чи фарёд задем, касе ба фарёди мо нарасид, на аз ҷиҳати моддӣ ва на аз маънавӣ касе моро ёрӣ накард, ки то дили мо гарм шуда, ба такмилу давоми маҷалла бикӯшем.

Садриддин Айнӣ:

- Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гуё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст.

Таъкиди Абдурауфи Фитрат аз номи Фарангӣ:

-Агар мутолиаи ҷаридаи исломиро ҳаром нагуфта, балки худатон низ гоҳе мехондед , имрӯз илоҷи дарди исломро аз ман, ки кофирам намепурсидед.

Зайнулобиддини Мароғайӣ:

- Имрӯз ба ҳама кас маълум аст, ки сабаби умдаи тараққиёти милали мағрибзамин аз маёмини (саодати) матбуоти он мамлакатҳои некбахт аст, ки тамоми нақоиси атвон (ватан)-и худашонро аз ҳар табақае аз табақоти миллат ва ҳар шӯъбае ва шуаботи мамлакат, ки дидаву мешунанванд, пас аз ҳусули итминони комил аз сидқи онҳо машҳудот (дида) ва масмуот (шунида)-и худашонро бидуни ҳеҷ мулоҳизоти шахсия ва оғози нафсия дар саҳоифи авроқи матбаа ба пеши анзори амвия гузошта мураҷҷа (бартарӣ)-и корро ба ислоҳи он нуқсон даъват мекунанд.

Наҷмиддини Ковиёнӣ:

- Нақши рӯзнома дар таҳаввули нашри форсӣ дар қаламравӣ аморати Бухоро боҳамият аст. Нашри рӯзнома иффати калом, ҳурмату иззати қаламро нигоҳ дошта ва аз ба корбурди иборати мустаҳҷин иҷтиноб намуда ва ба таври кулл аз таҳрику таҳдид, иттиҳому ифтиро, захми забон ва истеҳзо парҳез намудааст.

Абдурауфи Фитрат:

- Он ҷиҳат ҳамин ки самарқандиён бо он ки дар миёнашон муҳаррирони муқтадир ва фозилони мутабаҳир хеле ҳастанд, ҳанӯз як адад рӯзномаи миллӣ надоранд. Мо дар ин ҷо ба бародарони самарқандии худ " ба ҳиммате, ки ту дорӣ, умедворӣ ҳаст" гуфта, ба саёҳати худ давом менамоем.

Мирзо Турсунзода:

- Матбуот дили замон аст, дил аз кор монад ҳаёт ҳам нест. Вазифаҳои коркунони матбуот ҳамаҷониба тайёр намудани мухбирон аст. Ин корро фақат дар натиҷаи ҷоннок кардани кори газетаҳои деворӣ ва кори кружокҳо ба роҳ мондан мумкин.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик:

- Соли 1910 ҷамъияти махфии "Тарбияи атфол" ташкил шуд, ки мактабҳои усули ҷадид мекушод. Он гоҳ, ки амири Бухоро бо иғвои уламои сӯъ ин маконро баст, ҷамъияти "Тарбияи атфол" мактабҳои пинҳонӣ кушод, кӯдакону наврасонро барои таҳсил ба кишварҳои дигар фиристод, соли 1912  ба номи "Бухорои Шариф" рӯзномае чоп кард, ки нахустин рӯзномаи форсии тоҷикии Мовароуннаҳр аст.

Абдулқосим Лоҳутӣ:

-Ман вақте менависам, ки воқеа ё мавзӯъ маро то амиқтарин гушаи қалбам мутаассир гардонад.

 

Мирзо Сироҷиддини Ҳаким:

- Ҷаридаи ҳар миллате забони гӯёи он миллат аст. Бояд ҳарф бизанад, бояд такаллум бикунад. Агар қабоҳии миллатро нагӯяд, абадан вазифаи миллӣ иҷро нашуда. Агар дар пайи таъриф ва тамҷид рафта ва маддоҳӣ кунем, олам моро таън кардаву соири олимон ҳоҳанд хандид.

Бахтиёр Муртазоев, собиқ сармуҳарири рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон:

- Имрӯз ҳам рӯзномаи қадрдони худ "Ҷавонони Тоҷикистон"-ро сабақомӯзи ҷавонони Ватан мебинам. Орзу дорам, ки кормандони кунунии он ба анъанаҳои неки собиқа ҳамвора обу рангу навгонӣ бубахшанд ва ин рӯзномаи азизамонро беш аз пеш ҷолиб, хонданӣ ва дӯстдоштанӣ намоянд. Ба ҳамкасбони худ, воқеанигорони замон бозёфтҳои тоза хосторам.

Ато Ҳамдам, нависанда ва журналисти варзида:

- Рӯзнома минбари муқаддаси гуфтугӯ бо мардум аст. Бояд рӯзноманигор аз ин минбар самимӣ, рӯирост ва аз рӯи ҳақиқат гуфтугӯ кунад. Касе ба рӯзнома хиёнат кунад, нони рӯзнома ӯро мезанад. Бори масъулияти рӯзноманигориро на ҳама бардошта метавонад. Ҳалолашон бод рӯзноманигоронеро, ки рост мегӯянд, ҳақиқатро менависанд, дурӯя нестанд, тамаъ надоранду нони ҳалол мехӯранд. Ҷомеа бояд ба қадри чунин рӯзноманигорон расад. Хулоса, ҳар як ҳарфи рӯзноманигор бояд созанда бошад, на сӯзанда.

Ҳидояти Ҳотамӣ, муҳаққиқи озарбойҷонӣ:

- Баъди ғалабаи инқилоби машрутаи Эрон дар Ҳиндустон, Афғонистон, ва Бухоро рӯзномаҳои форсӣ ба табъ расиданд, ки "Бухорои шариф" аз қабили онҳост.

Мирзо Ҷалол Юсуфзода, муҳаррири "Бухорои шариф":

- Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем, салоҳи амри умумро дар назар дошта бошем. Лиҳозо, рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, ба забони форсии содда навишта мешавад, сониян мақолаҳое, ки (ғайр аз ахбори олам) мехоҳем дарҷ намоем, иборат аз муқадимаи инсоният хоҳад буд, яъне тадриси мардум ба талаби илм ва ислоҳ намудани вазъи таълим.

Абдуқодир Муҳиддинов, публисист:

- Бародарон! Аз хаёлҳои баланду боло гузашта, ба сари кор биёем. Иттиҳодияҳо, мубодилаи афкор ва мусоҳибаҳо тартиб бидиҳем. Бо ҳамин роҳ ба ҳамдигар шинос шавем. Барои танвири афкор ва ислоҳи аҳволи миллат рисолаҳои хурд-хурд навишта паҳн кунем, ба нашриёти хурде оғоз намоем, ки раҳнамои роҳи рост бошад.

Манофзода Собит, адиб-публисист:

- Имрӯз аксарияти навқаламони мо калимаи танқидро ба маънои таҳқир ё тавбеҳ мегиранд ва аз шунидани ин лафз саросема мешаванд. Инҳо гумон мекунанд, ки танқид кардани як шеър, як мақола ё як китоб ҳатман аз рӯи душманӣ ё ғаразнокӣ ба амал меояд ва як нафар мунақид (танқиднавис) то ба касе ғарази шахси надошта бошад, мумкин нест, ки асари ӯро танқид намояд.

Абдулғанӣ Мирзоев, адиб- публисист:

- Ҳар як олими ҷавон, пеш аз шурӯъ кардан ба кори илмӣ бояд ба роҳҳои гуногун аз мактаби газета гузарад. Газета барои олими хуб шудан ёрии бебаҳое мерасонад.

Баҳроми Фирӯз, адиб:

- Ҳоло аз бепарвоӣ ё бевуқуфии баъзе роҳбарони матбуот тарғиби китоб каме суст гаштааст. Агар ба китобе тақризе ба нашр расад ҳам, он холисона нест, ҷӯра ва ё аксар ҳамдиёрони адиб китоби ӯро зур мезананд, то таъриф кунанд.

Валӣ Самад, муҳаққиқ:

- Фикри дар Бухоро таъсис намудани рӯзнома ва ба ин васила дар бедории мардуми Бухоро ҳисса гузоштан аз Аҳмади Дониш сар задааст.

Раҳим Ҳошим:

- Рӯзнома (Бухорои Шариф) бо ҳаҷми калон, бо ҳарфи мехӣ дар чаҳор саҳифа чоп мешавад… Дар шумораҳое, ки мо аз назар гаузаронидем, бисёртар мақолаҳои характери ахлоқӣ ва майишӣ ва ғайраҳо чоп карда шудаанд. Мутаасифона, ба ғайр аз имзоҳои мустаор имзоҳои кушодаи нависандагони бухориро дидан муяссар нашуд, бинобар ин дар бораи касони иштироккунанда ҳеҷ чиз нависонда наметавонем.

Ибод Файзуллоев, адиб-публисист:

- Дар он рӯзҳо мо рӯзноманигорон, серташвиш будем. Рӯзе набуд, ки ба идораи газетаи "Тоҷикистони Советӣ" панҷ-шаш нафар олим, шоир нависанда, мунаққид, адабиётшинос бо дастнависе, шеъре, ҳуҷҷати тадқиқоти наве ворид нашаванд. Баҳсу талоши эҷоди авҷ мегирифт….. Вале меъёри асосӣ барои мо рӯзноманигорон, дар он рӯзҳои тафсон насиҳат ва васияти устоди шодравонамон Мирзо Турсунзода буд.

Наҷмиддини Ковиёнӣ, донишманди афғонистонӣ:

- Замзамаҳои озодихоҳӣ, додхоҳӣ, тамаддунхоҳӣ ва ислоҳотхоҳии рӯзномаи "Бухорои шариф" батадриҷ роҳи худро дар миёни гурӯҳҳои рӯшанфикрон ва баданаи ҷомеа боз намуд ва нақши муассире дар амри инкишоф ва рушди афкори иҷтимоиву сиёсӣ ва ташаккули онҳо дар даври як барномаи ислоҳталабона бозӣ намуд.

ӯрун Кӯҳзод, адиб:

- Вақте ки Отахон Латифӣ дар Ленинград мактаби олии мақоланависиро хатм намуд ва ба Душанбе омад, ҳам саводи хуби касбӣ ва ҳам ҳунари хуби масъалагузорӣ дошт, ки аз усули роиҷи он рӯзҳо хеле фарқ мекард. Модом, ки фарқ мекард, тарзи фикр ва услуби иншойи ӯ ба муҳаррири рӯзномаи "Комсомолец Таджикистана" маъқул наафтод.

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, рӯзноманигор-публисист:

- Ҳар касе, ки аз қонун фарохтар қадам мегузорад, дар кадом вазифае, ки кор накунад, аъмолаш бояд мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ дар матбуот қарор гирад.

Асадулло Саъдуллоев, профессор:

- Рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" барои ман мактаби бузурги журналисти буд. Дар ин ҷои муқаддас ба қавле, алифбои журналистикаро азбар намудаам.

Иброҳим Усмонов, профессор:

- Нахустин нашрияи тоҷикии Осиёи Миёна "Бухорои шариф" буд, ки аз 11 марти соли 1912 ба нашр шурӯъ кардааст. Ин газета аз 14 июл иловаи ӯзбекии "Тӯрон" низ дошт. Доир ба ин рӯзнома то ҳол таҳқиқоти муфассале сурат нагирифтааст ва сабаб ин аст, ки то имрӯз бастаи пурраи он пайдо нашудааст.

Қироншоҳи Шарифзода, журналист:

- Мо ворисони маорифпарварони садаи бистуми тоҷик, аз ҷумла дастандаркорони "Бухорои шариф" дар назди рӯҳи поку ормонии онҳо қарздор ҳастем.

Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи соҳаи журналистика:

- Дар 153 шумораи рӯзномаи "Бухорои шариф" беш аз 200 мақолаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода чоп шудааст.

Муродӣ Муродов, профессор, муҳаққиқи соҳаи журналистика:

- Пайдоиши матбуот раванди дахолатпазирии равшанфикронро ба мушкилоту қазияҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз як тараф, суръат бахшид, аз ҷониби дигар мушаххасу муайян намуд. Дар матбуоти тоҷик саргаҳи чунин майдон "Бухорои шариф" мебошад.

Баҳриддин Камолиддинов, профессор:

- Забони расонаҳои хабарӣ оина ё рӯйнамои вазъи имрӯзаи забони мост. Вай,  якум, бояд ба меъёри устуворгардидаи забони адабӣ мутобиқ бошад, зеро бо ҳамин забон фикри якдигарро осон мефаҳмем ва ин омили ваҳдати миллист. Дуюм, забони  матбуот, радио ва телевизион, ҳатталимкон, ба забони адабии гуфтугӯ наздик бошад, то ки бо як бор хондан ё шунидан матлаб фаҳмида шавад. Сеюм, забони расонаҳои хабарӣ қудрате дошта бошад, ки ҳама гуна эҳтиёҷот ва навгониҳои  ҳаёти имрӯзаи  моро ифода карда тавонад. Ба ҳамин маъно, забони матбуотро қолабӣ (стандартӣ) гуфтан мумкин аст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)