Бахшҳо
10 мар 2012 05:13Иҷтимоӣ

Сад пешниҳоди сад сол

Бо пешниҳоди ҳукумат ва ҷонибдории аксари намояндагони Парлумон ширкати IRS роҳи Душанбе-Чанакро соли 2010 пулакӣ кард.

1.Тоҳири Абдуҷаббор эъломияи Истиқлолро навишт ва пешниҳод кард то он заминаи эътирофи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр бошад.

2. Ҷӯрабек Муродов, ҳофизи шинохта дар замони бозсозӣ ва баромадҳои озодихоҳона ба роҳбари ҳукумати вақти Тоҷикистон чунин пешниҳод кард: "Маҳкамов мард бошед, истеъфо диҳед!"

3. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар як мақолааш пешниҳод кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо барқ ва беҳтар кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар дохили кишвар корхонаи алюминий ба Русия фурӯхта шавад ва аз маблағи он нерӯгоҳи Роғун бунёд карда шавад.

4. Бо пешниҳоди намояндагони Парлумони кишвар синну соли нафақа аз 58 ва 60 солагӣ ба 60 ва 63 солагӣ боло бурда шуд.

5. Соли ҶБВ роҳбарони вақти Иттиҳоди шӯравӣ аз Маскав пешниҳод карданд, ки агар роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ мувофиқ бошанд, корхонаи ҳавопаймоии Русияро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Роҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ барои машварат ва фикр кардан 3 рӯз мӯҳлат хостаанд ва баъди се рӯз занг задаанд, аммо аз он тараф посух додаанд, ки то замоне, ки онҳо фикр мекарданд, роҳбарони ӯзбакистон розӣ шудаанд, ки онро ба Тошканд фиристанд ва ҳоло тавассути қатор қисмҳои корхона ба Тошканд интиқол меёбад.

6. Чин пешниҳод кард, ки як қисмати замини Бадахшонро, ки таърихан аз они чиниҳост, Тоҷикистон баргардонад ва роҳбарони феълӣ ҷудо карда доданд.

7.  Бо пешниҳоди ҳукумат ва ҷонибдории аксари намояндагони Парлумон ширкати IRS роҳи Душанбе-Чанакро соли 2010 пулакӣ кард.

8. Амонулло Ашӯр, раиси собиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба масъулини ширкати  IRS пешниҳод кард, ки то як моҳ ҳисоботи худро дар мавриди пулҷамъкунӣ пешниҳод намоянд ва то он замон аз ронандагон пул нагиранд. Масъулини ин ширкат розӣ шуданд, вале рӯзи дигараш боз пулчиниро идома додан два баъдтар худи амонулло Ашӯр аз вазифа барканор шуд.

9. Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷашни мавлуди Имоми Аъзам дар Душанбе баргузор шуд.

10. Бо пешниҳоди Эрон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон созмони ЮНЕСКО Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эътироф кард.

11. Бо пешниҳоди Тоҷикистон Саразм шомили рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои байналмиллалӣ шуд.

12.       Бо пешниҳоди ҳукумат ва ташаббуси таърихшиносон, аз ҷумла, Нӯъмон Неъматов соли 2000-ум дар Душанбе ҳайкали Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

13.       Бо пешниҳоди гурӯҳи олимон ва забоншиносон ва аҳолии кишвар парламент 22-юми июни соли 1989-ро Рӯзи забон эълон кард ва ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод.

14.  Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2011 Рӯзи забон аз 22 июн ба 5-уми октябр гузашт.

15.  Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон соли 2010 мардум барои бунёди Роғун саҳмия харидорӣ карданд.

16. Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ Бонки ҷаҳонӣ баррасии вазъи экологӣ, иқтисодӣ ва техникии нерӯгоҳи Роғунро ба ӯҳда гирифт.

17.       Бо пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ замони бастани пеши дарё барои идомаи нерӯгоҳи Роғун ба қафо партофта шуд.

18.       Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ соли 2011 пешниҳод кард, ки президент бояд тимашро иваз кунад.

19.  Соли 2008 иқтисодшиноси тоҷик аз таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон хабар дод ва пешниҳод кард, ки чорахои зарурӣ андешида шавад, аммо масъулини блоки иқтисодӣ дар аввал ба таъсири бӯҳрони иқтисодӣ чандон бовар накарданд.

20.  Баъд аз таъсири бӯҳрони молӣ Тоҷикистон аз Хазинаи байналмиллалии асъор 116 миллион доллар кӯмак гирифт. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик пешниҳод кард, ки бо ин маблағ ҳукумат бояд сиёсати табодули воридотро пеш гирад. Аммо ҳукумат баръакс сиёсати ба содирот майлдоштаро аввал гузошт, ки натиҷа надод.

21. Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров соли 2012 ба ҳукумат ва блоки иқтисодӣ пешниҳод кард, ки сиёсати иқтисодии барқароркардани саноатро дар мадди аввал қарор диҳанд. Дар акси ҳол тамоми соҳаҳо фалаҷ гашта, Тоҷикистон маконе мегардад, ки дар он одамон мисли ҷамъияти ибтидоӣ шиками худро танҳо ба ҷамъ кардану шикор кардан сер месозанд ва иқтисодиёт аз байн меравад.

22. Дар асри гузашта Ниёз Кончӣ ба ҳукумати вақт пешниҳод карда буд, ки ба ӯ иҷоза диҳанд то аз Самарқанд ба самти Панҷакенту Фалғар роҳи оҳан орад ва конҳои води Зарафшонро мавриди коркарду истифода қарор диҳад. Ин пешниҳод дастгирӣ ёфта буд ва ӯ сохтани роҳи оҳанро оғоз кард, аммо пантуркистон ба ин амали ӯ зид буданд ва ӯро аз байн бурданд.

23.  Роҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ дар сӯҳбат бо аҳолии Кӯлоб пешниҳод кардаанд, ки корхонаи аккумуляторбарорӣ дар ин минтақа сохта шавад. Аммо як мӯйсафед дар посух гуфтааст, ки корхона ба мардинагии одам зарар дорад, бигзор роҳбарон дар зодгоҳи худашон онро созанд. Бо ҳамин ин корхона дар Қазоқистон сохта шудааст ва ҳоло даҳҳо нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад.

24. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 то 2015 соли оби тоза дар ҷаҳон эълон шуд.

25.  Бо пешниҳоди ҳукумати шӯравӣ соли 1927 Кумитаи гузариш ба алифбои нав таъсис ёфта, нақшаи панҷсолаи лотинӣ кунонидани алифбои тоҷикӣ ба тасвиб расид. Ҳама босаводони форсидон бесавод шуданд. Сипас ба омӯхтани лотинӣ партохтанд. Аммо соли 1940 супориш доданд, ки боз аз лотинӣ ба крили гузаранд. Бо ин амал акнун босаводоне, ки лотинӣ омӯхта буданд низ бесавод монданд.

26. Бо пешниҳоди пантуркистон баъди лотинӣ шудани алифбои тоҷикӣ омӯзгорон муваззаф шуданд, ки дар як моҳ ин хатро осмӯзанд ва ба дигарон ёд диҳанд. Пантуркистон чунин таблиғот мебурданд, касе бо форсӣ менависад ҷадид аст ва илова карданд, ки ҳамаи ҷадидҳоро ҳабс карданд, аз ҷумла С.Айниро, ки ӯ ҳам мухолифи хати лотинӣ буд.

27. Ҷаласаи махсуси Ҳизби коммунисти ӯзбакистон нашри "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро маҳкум намуда, Маскавро бар зидди Айнӣ таҳрик дод. Мисраи Рӯдакӣ: "Мир моҳ асту Бухоро осмон, Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме"-ро пантуркистон ба русӣ дигар хел шарҳ дода, ба Айнӣ тӯҳмат заданд, ки гӯё ин шеърро худаш дар ҳақи амир Олимхон навиштааст ва зери номи Рӯдакӣ нашр кардааст ва манзураш даъвати Олимхон ба Бухорост. Манзури пантуркистон аз нобуд сохтани китоб буд ва ба Маскав пешниҳод карданд, ки Айниро барои ин кораш танбеҳ кунад.

28.  Бо пешниҳоди Николай Бухарин, яке аз сарони ҳукумати болшевикии Русия дар соли 1930 китоби Садриддин Айнӣ: "Намунаи адабиёти тоҷик" ҳамчун китоби "зарарнок" мамнӯъ ва мусодира гардид.

29. Абдурауфи Фитрат баъди вазифаи роҳбари маориф шудан пешниҳод кард, ки ҳама тоҷикон бо забони туркӣ ҳарф зананд ва агар касе бо забони форсӣ гап мезанад, 5 дирҳами он вақта ҷарима бояд пардозад.

30.       Дар як сӯҳбат ба гуфти адабиётшинос Шавкат Ниёзӣ академик Бобоҷон Ғафуров дар Маскав ба Сталин пешниҳод кардааст, ки масъалаи Бухорову Самарқандро ҳал кунад. Сталин чунин гуфтааст, ки бояд ҳама барои барқарор кардани мамлакат сафарбар шаванд. Пас аз расидан ба ин мақсад ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб ҳал хоҳанд шуд.

31. Баъди он ки Никита Хрушёв, роҳбари Иттиҳоди шӯравӣ Қримро аз ҳайати Русия хориҷ намуда, ба Украина тӯҳфа кард, Турсун Улҷабоев роҳбари вақти Тоҷикистони шӯравӣ бо маслиҳати Б.Ғафуров аз он илҳом гирифта, ба Н.Хрушёв пешниҳод кард, ки масъалаи Самарқанду Бухороро баррасӣ кунад. Аммо аз сабаби он ки муносибати Хрушёв бо Ғафуров чандон гарм набуданд, баъди ин пешниҳод мавзӯи барканории Улҷабоев ҳам пайрезӣ шудааст.

32. Сталин дар оғози террор ё репрессия пешниҳод кард, ки ҳар як шаҳрванди СССР корманди хадамоти амниятӣ аст.  Ин ба он ишора мекард, ки ҳар як кас бояд аз паси дигаре ҷосусӣ кунад. Кор ба ҷое расида буд, ки волидайн дар назди фарзанди худ чизе гуфта наметавонистанд. Нависандаи тоҷик Додоҷон Раҷабӣ мегӯяд, ки соли 1937 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 28 узв дошт. 14 нафари онҳо бар зидди 14 нафари дигар суханчинӣ карда, мақолаҳои тӯҳматангез навиштанд ва ҳамкасбони худро гирифтори зиндон карданд.

33. Бо пешниҳоди пантуркистон ба хотири кам нишон додани шумораи расмии тоҷикон дар Бухоро ва Самарқанд ҳангоми шумориши аҳолӣ ба мардуми тоҷиктабор чунин суол дода шавад: "Ту тоҷикӣ ё мусулмон?". Ин савол боис ба он гашт, ки бисёре аз мардуми камсаводи ин шаҳрҳо ба хотири он ки тоҷик гӯянд, аз мусулмонӣ хориҷ мешаванд, худро мусулмон (ӯзбак) гузарониданд.

34. Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи танзими расму оинҳо қабул гардид.

35. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд қабул шуд.

36. Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2010 соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуд.

37. Бо пешниҳоди вазири маорифи собиқ, Абдуҷаббор Раҳмонов омадан ба дарс бо ҳиҷобу фаранҷӣ ва риш манъ гардид.

38. Вазири маорифи феълӣ Нуриддин Саидов пешниҳод кард, ки донишҷӯдухтарон ба дарс бо либоси атлас оянд.

39.  Абдурауфи Фитрат пешниҳод кард, ки "Агар хоҳед, ки фарзандонатон ба миллат хиёнат накунанд, онҳоро ба мактабҳои туркӣ насупоред".

40. Бо пешниҳоди президент соли 2010 бояд ба аҳолӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода мешуд, аммо дар соли 2012 ҳанӯз ин кор нотамом мондааст.

41. ӯзбакистон ба Покистон пешниҳод кард, ки як нерӯгоҳи калон сохта, барқашро ба Покистон мефурӯшад, то аз харидории барқи Роғун худдорӣ кунад.

42. Соли 1996 дар Қурғонтеппа фармондеҳи бригадаи якуми Вазорати дифоъ Маҳмуд Худойбердиев назорати шаҳрро ба даст гирифт ва ҳамзамон шаҳрдори Турсунзода Ибод Бойматов корхонаи алюминийро ишғол кард.  Маҳмуд пешниҳод кард, ки президент Эмомалӣ Раҳмонов ноиби авали нахуствазир Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба истеъфо фиристад. Ин нерӯҳо то 15 километрии Душанбе пешрафт кардан два ба Душанбе таҳдид намуданд ва сипас Раҳмонов Убайдуллоевро ба истеъфо фиристод.

43.       Бо дархости президент ва оппозитсион соли 1997 гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанд.

44.  Панҷуми апрели соли 1994 бо пешниҳоди Созмони милал дар Маскав даври авали гуфтугӯҳои сулҳи тоҷикон баргузор шуд.

45.  Бо пешниҳоди Шӯрои олӣ соли 1994 мақоми президентӣ дар Тоҷикистон эҳё шуд ва рӯзи интихоботи президентӣ муайян шуд. Оппозитсони ҷанганда интихоботро бойкот кард ва рӯзи интихобот аз 25-уми сентябр ба 6-уми ноябр кӯчонида шуд.

46. Охири моҳи декабри соли 1993 Евгений Примаков, хадамоти кашфи хориҷии Русия бо роҳбарони Наҳзати исломии Тоҷикистон дар Теҳрон вохӯрда, пешниҳод кард, ки ҳар чӣ тезтар сулҳ кунанд.

47. Моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд намояндагони Шурои олӣ дар иҷлосияи 16-ум истеъфои президент Набиевро пазируфта, мақоми ӯро барҳам доданд ва пешниҳод карданд, ки  раиси комиҷроияи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои олӣ ва Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазир интихоб шаванд.

48.  Бо талабу пешниҳоди гурӯҳи мухолифин соли 1992 ноҳияи Ғарм барои чанд муддат Ҷумҳурии исломӣ эълон шуд.

49. Соли 1961 бо пешниҳоди Комитети марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди шуравӣ муаллиф ва коргардони барномаи саноатикунонии Тоҷикистон: Турсун Улҷабоев бо тӯҳмат аз мақомаш барканор шуд.

50. Турақули Зеҳниро кормандони хадамоти кашфи Русия ба он айбдор карданд, ки дар назди зану фарзандаш дуо хонда, омин мекардааст ва бо хати форсӣ менавиштааст. Бо пешниҳоди онҳо ӯ бо ин "гуноҳаш" ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

51. Соли 2011 Раҳматилло Зойиров раиси ҲСДТ ба дигар аҳзоби сиёсӣ пешниҳод кард, ки дар интихоботи парламентӣ ширкат накунанд. Танҳо намояндагони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ барои иштирок номзадиашонро гузоштанд.

52. Раиси ширкати Вавилон Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев соли 2011 пешниҳод кард, ки андозҳо кам ва сода карда шаванд.

53.  Бег Зуҳуров, раиси феълии хадамоти алоқа ба соли 2009 ба кормандони ширкати "Тоҷиктелеком" чунин пешниҳод кард, ки ба кор бо мошинҳои хизматӣ неву бо велосипед оянд.

54. Бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев кадрҳои маориф ва тандурустии шаҳр, ки аз 5 сол зиёд дар вазифаи роҳбарӣ кор кардаанд, барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои ҷавону мутахассис соҳиби вазифа мегарданд.

55. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик дархост кардааст, ки барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бояд забони Русияро омӯзанд.

56. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба сартарошидаҳову нажодпарастони рус пешниҳод кардааст, ки дар ягон ҷашнворае ба кишвар оянд ва бо мардум нишасту сӯҳбат дошта бошанд ва муносибати худро нисбати тоҷикон иваз кунанд.

57. Раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон бояд ҳампаймони Русия бошад. ӯ гуфтааст, ҳолатҳое мешавад, ки як нафар фикри мардумро бо роҳи ғалат мекашад, аммо ин муваққатист ва хатои он нафар ошкор мешавад. Муносибати Тоҷикистон бо Русия хуб буд ва ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд, мегӯяд ӯ.

58. Дар Бухорои Шарқӣ шахси оташинсухане бо номи Алибой пайдо шуд, ки дар ҷайбаш мандате дошт, ки онро худи Ленин имзо карда буд. Номи аслии Алибой дертар ифшо гашт: Анвапошшо, собиқ вазири дифои Туркия, ки пас аз дидор бо Ленин барои наҷоти маркази ислом-Бухорои шариф ва ташкили империяи исломӣ омада буд. Ленин ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ба Бухоро омада, тамоми мардуми Осиёи миёна ва афғонистонро алайҳи англисҳо шӯронад ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб кунад. Анварпошшо тавонист дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои парешони муқовиматро гирд оварда, артиши 20 ҳазорнафараи муназзам ташкил диҳад. Аммо ӯ барномаи Ленинро як тараф гузошта, мехост давлати ягонаи туркро ташкил диҳад, аммо мухолифатҳои дохилӣ ба парокандагӣ оварда расонд.

Таҳияи Исфандиёр Халилӣ

Идомаи пешниҳод аз шумост, хонандагони азиз!

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)