Бахшҳо
12 мар 2012 09:28Гузориш

Миллионҳои ғарқшудаи «Барқи тоҷик» ва ё фоидаҷӯӣ аз мардуми қашшоқ

Ин ширкат дар бозори хориҷӣ садҳо миллион долларро аз даст дода, акнун аз ҳисоби мардуму корхонаҳои қашшоқи Тоҷикистон ният дорад, вазъи молиашро беҳбуд ва қарзҳояшро рӯйпӯш кунад.

Бо пешниҳоди «Барқи тоҷик» ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки сар аз 1 –уми апрел нархи як киловатт барқ барои мардум 20 фоиз қимат шуда, ба ҷои 9 дирами ҳозира, 11 дирамӣ фурӯхта шавад.

Зимнан, нархи як киловатт барқ барои муштариёни саноатию ғайрисаноатии кишвар 26,63 дирам, муштариёни соҳаи буҷавӣ-коммуналӣ, нақлиёти барқӣ ва марказҳои варзишӣ 10,63 дирам , барои бахши обёрикунӣ 1,88 дирам, буғхонаҳои давлатӣ 19,5 дирам ва хусусӣ 65,88 дирам муайян гардидаст.

Абдулло Ёров, раиси «Барқи тоҷик» мақсади фаъолияти ҳар ширкатро гирифтани фоида гуфта, нархҳои то ҳол мавҷударо зараровар арзёбӣ мекунад.  Масъулини энергетикаи Тоҷикистон дар ҳоле аз мардуму корхонаҳои ватанӣ,  тамаъи фоида доранд, ки дар бозори хориҷӣ, роҳи интиқоли барқи барзиёдро то харидорон пайдо накарда,  Тоҷикистонро аз садҳо доллари амрикоӣ маҳрум намуданд.

Тавре худи масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иқроранд, дар фасли гармои ду соли гузашта натавонистанд роҳи интиқоли барқро пайдо созанд.Тоҷикистон имкон дошт аз фурӯши барқ соли гузашта 150 миллион доллар ва соли 2010,  160 миллион долларро ба даст орад.

Имсол ҳам бо назардошти боришоти зиёд ва захираи барф дар болооби дарёи Вахш, таҳлилгарон мегӯянд, ки Тоҷикистон  дар фасли гармо имкон дорад 5,5 миллиард килловат соат  барқи барзиёдро тавлид созад. Аз ин миқдор то кунун масъулини вазорати энергетика ва ширкати «Барқи тоҷик» танҳо барои 600 миллион килловат роҳи интиқолро ёфтаанду халос, ки дар назар аст, таввассути хати баландшиддати Сангтӯда – Пули Хумрӣ ба Афғонистон фурӯхта шавад.

Созиши тоҷикӣ-афғонии 3,57 сентӣ

Як ҳайати воломақоми энергетикҳои Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Кобул бо масъулини Афғонистон оиди фурӯши 608 миллион килловат барқ бо нархи 3,57 сент сари ҳар килловат созиш кардаанд. Интиқоли он баъди лағви маҳдудият дар Тоҷикистон зина ба зина оғоз хоҳад шуд. Аммо тақдири наздики 5 миллиард киловатти дигар норӯшан аст. Агар энергетикҳои воломақоми тоҷик роҳи интиқоли ин миқдор барқро то харидорони хориҷӣ, ки дар минтақа кам нестанд, пайдо насозанд, Тоҷикистон боз аз 170 миллион доллар маҳрум мегардад.

Дар сурати такрори ҳоли солҳои 2010, 2011 талафоти Тоҷикистон имсол ҳамагӣ ба ним миллиард доллари амрикоӣ баробар мешавад, ки муодили пули сохтмони марҳилаи аввали Роғун ё 25 фоизи буҷети солонаи кишвар аст.

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар қатори чораҳое, ки барои аз даст нарафтани садҳо миллион доллар амалӣ шудаанд, чанде пеш пешниҳодашро ба Ӯзбакистон ном бурд, ки тибқи он Ӯзбакистон барқи барзиёди Тоҷикистонро бо нархи арзонтар харида, баъд ба хориҷа бо нархи қимматтар мефурӯхт. Ӯзбакҳо бо вуҷуди нисбатан гарон будани арзиши аслии барқи аловиашон ин пешниҳоди Шералӣ Гулро рад кардаанд.

Дар ҳар сурат таҳлилгарон барои масъулини энергетика зарур мешуморанд, ки ҷаҳдашонро ҷиҳати гирифтани фоида аз бозори дохилӣ дида, дар бозори хориҷӣ зиёд кунанд, чун дар Тоҷикистон бисёре аз мардуму корхонаҳо қашшоқанд.

Масъулини энергетикаи Тоҷикистон дар ҳоле, нархҳои мавҷударо зараровар мегӯянд, ки як муаллима аз шаҳри Душанбе дар моҳи феврал 70 фоизи маошаш, - 123 сомониро барои пардохти ҳаққи барқ сарф кардаст. Гароншавии барқ дар ҳоле сурат гирифтаст, ки тибқи гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи дастрасӣ ба барқ миёни 183 давлати дунё ба қатори панҷгонаи қафомондатаринҳо дохил шуда, дар зинаи 178 –ум қарор дорад. Мардуми навоҳӣ шикоят доранд, ки сарфи назар аз гармшавӣ ва боришоти зиёд, маҳдудияти барқашонро сахттар кардаанд. Салим Содиқ як муштарии «Барқи тоҷик» аз хати 10 –уми ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, бархилофи ҳафтаҳои пеш, ки 6 – 7 соат барқ мегирифтанд, рӯзҳои охир камтар аз 5 соат барқ гирифта истодаанд. Дар мавриди афзоиши нархи барқ Салим Содиқ афзуд, ки  барои буҷаи хароби мардум зарбаи пойафкан аст.

Охир…

Таҳлилгарони масоили энергетикӣ шубҳа доранд, ки бо афзоиши нархи барқ вазъи молии «Барқи тоҷик» беҳбуд ёбад, чун ба ақидаи онҳо қарзу мушкилоти молӣ дар ширкат ба менеҷмент ва низоми нодурусти кор рабт дорад. Дар ҳоли ҳозир «Барқи тоҷик» калонтарин ширкати қарздори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми қарзҳояш ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 603 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рӯйпӯш намудани қарздориаш дар назди буҷет, ки ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 241,4 миллион сомонӣ аз ҷумла 170 миллион ҷарима барои саривақт напардохтани андозҳо мебошад, то якуми ноябри соли 2014 –ум мӯҳлат додаст.

Ҳаким Давлатёров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)