Бахшҳо

Сарнавишти норӯшани саҳмияҳои Роғун

Телевизионҳои Тоҷикистон акнун дар мавриди саҳмияҳои Роғун ҳарфе намегӯянд.
Бовари кас намеояд, ки маҳз ҳамин шабакаҳои давлатӣ замоне бо шӯру вал-вала ва эҳсосот аз харидории ҳазорҳо саҳмияи иншооти аср хабар медоданд…


Тибқи иттилои расмӣ 237 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон қарор доранд. Дар ҳоле, ки мебоист ин маблағҳо як моҳи қабл аз ҷониби бонкҳо баргардонида мешуд.


Як масъули баландпояи вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ки "Натиҷаи огоҳиномае, ки ҷиҳати баргардонидани маблағҳои Роғун ба бонкҳои кишвар ирсол гардид, дар наздиктарин фурсат маълум мешавад".


Вазорати молияи Тоҷикистон моҳи августи соли 2010 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошт. Бонкҳои мазкур муваззаф буданд, то моҳи августи соли 2011 ин маблағҳоро бо фоидааш ба вазорат баргардонанд. Аммо Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк моҳи август дархости тамдид кардани мӯҳлати баргардонии пулҳоро кардаанд. Тибқи қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо 16-уми феврали соли равон муайян шуд.


Манбаи хабар ба "Озодагон" ҳамчунин гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои Роғун ҳамчунин 80 миллион сомонӣ-30 миллионӣ ба Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ва 20 миллион ба Амонатбонк дода шуд.


Ҳамҳамаи 186 миллион долларӣ. Баъд чӣ?


Масъалаи маблағҳои неругоҳи барқӣ-обии Роғун аз замони фурӯши саҳмияҳо ҳамеша дар мадди назарҳо будааст. Таҳлилгарон ниҳодҳои марбутаро барои ба таври шаффоф пешниҳоди мардум накардани тақдири пули саҳмияҳо ҳамеша интиқод мекунанд.


Зимнан, оғози соли 2011 хабарҳои ба кор шурӯъ кардани бозори саҳмияҳои Роғун доғ шуд. Гулнора Ҳасанова, раиси "Амонатбонк" он замон ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорати молия, биржаи фондӣ, ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун ва бонкҳо масъалаи бозори саҳмияҳои Роғунро баррасӣ кардаанд. "Мо дар бораи ҳамкорӣ ва ташкили бозори дуввумдараҷаи хариду фуруши саҳҳом ва коғазҳои баҳодор қарордод имзо кардем. Мо дар ин бозор ба унвони даллол ё брокер дар хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фаъолият хоҳем кард". Аммо ҳоло дар кадом сатҳ қарор доштани ин бозор барои соҳибони саҳмияҳо рӯшан нест. Моҳи майи ҳамон сол бошад, дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи саҳҳомони неругоҳи Роғун баргузор шуд. Ташвиқи саҳҳомон ва бо ин роҳ кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳ аз ҳадафи аслии ҳамоиш арзёбӣ гардид.


Одил Нодиров, раиси комиссияи ҷамъиятӣ дар ин ҷаласа гуфт, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои давлат дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва хайрияи додаи ташкилоту муассисаҳо, ба ҳисоби ин ширкат беш аз 831 миллион сомонӣ ворид шудааст.


Дар моҳи декабри соли 2011 "Азия-Плюс" навишт, ки маблағҳои неругоҳи Роғун, ки дар ҳисобҳои бонкӣ гузошта шудаанд, 19 миллиону 220 ҳазор сомонӣ даромад овардаанд.


Ёдовар мешавем, 6-уми январи соли 2010-ум аввалин рӯзи фурӯши саҳмияҳои неругоҳи Роғун буд. Ин рӯз телевизионҳои Тоҷикистон гӯё тӯй доштанд. Бештари эфири шабакаҳоро акнун "микрофони озод"-у гузоришҳои вижа, сӯҳбатҳои рӯзу барномаҳои мустақим аз ҷараёни саҳмияхарӣ пур мекард.


Ҳамин валвалаҳои харидории саҳмияҳои Роғун боиси мушкилии нафарони зиёде ҳам шуд. Замоне, ки оинаи нилгун шиорҳои "Роғун -ормони миллӣ", "Роғун- кохи нур", "Роғун- ҳаёту мамоти Тоҷикистон" сар медоданд, ӯзбакистон ягона роҳи оҳанро баст ва садҳо мошини ҳомили маводи хӯрокворӣ ва либосу масолеҳи сохтмонӣ моҳхои тӯлонӣ дар банд монд.


Ҳамҳамаи роғунии телевизионҳо ба ҳадде буд, ки президенти ҳамсоякишварро Ҷаноби Олӣ хитоб мекарданд!


Замоне, ки телевизион мавҷ-мавҷи одамонеро нишон медод, ки саҳмия мехариданд, нафароне буданд, шикоят мекарданд, ки раҳбари корхона пеши онҳо шарт гузоштааст, ки агар ба маблағи муайяне саҳмия нахаранд, аз кор пешашон мекунанд ё аз маошашон барои саҳмия "минус" кардаанд. Донишҷӯён бошанд, мегуфтанд, ки танҳо харидории саҳмия хатари аз донишгоҳ хориҷ шуданашонро бартараф сохтааст. Ҳатто бархе донишҷӯён шикоят карданд, ки раҳбарияти донишгоҳ ба онҳо барои нахаридани саҳмияҳои Роғун иҷозаи ҳимояи кори дипломӣ ва имтиҳоноти давлатиро надодааст.


Ин ҳама дар ҳоле буд, ки мегуфтанд, харидории саҳмияҳо ихтиёрист. Ҳамин буд, ки дар матбуот ибораҳои "саҳмияҳои ихтиёрии маҷбурии Роғун" пайдо шуд.


Маъракаи саҳмия замоне мавзӯи аввалиндараҷа буд. Ба ҳадде, ки ҳатто аз Саҳмиябонуву Роғуншоҳ ном гузоштани навзодон хабарҳо мерасид.


Он замон телевизионҳои Тоҷикистон ҳамеша мардумеро нишон медод, ки мегуфтанд, бо фалон қадар маблағ саҳмия харидаанд. Аммо аҷиб аст, ки чаро имрӯз аз тақдири саҳмияҳо ин шабакаҳо чизе намегӯянд? Ба кӣ ин маблағҳо баргардонида шуданд, кӣ чӣ қадар фоида дид ва ғайра…


Воқеан, шуру вал-валаи телевизионҳо аз рӯзи оғози фурӯши саҳмияҳо то се моҳи баъд идома кард. Замоне, ки гуфта шуд, саҳмияҳои Роғун ба маблағи наздик ба 186 миллион доллар харидорӣ шудаанд…


Баъдан дигар аз фурӯши як дона саҳмияи арзонтарин, ки 100 сомонӣ қиммат дошт, ҳеч шабакаи давлатӣ хабар надод.


Ҳоло ҳам шабакаҳои давлатии ТВ ва радио ба лаб кулӯх молида, аз масъулин боре ҳам суол накарданд, ки сарнавишти саҳмияҳо чӣ шуд ва баргардонидани онҳо кай шурӯъ мешавад? Ё шояд медонанду намегӯянд? Ба ҳар ҳол мо намедонем…


 


Абдулазизи Восеъ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)