Бахшҳо
16 мар 2012 05:04Сиёсат

Журналистонро барои таҳқир дигар зиндон намекунанд

Ахиран бандҳои 135, 136 (тӯҳмат ва таҳқир) аз кодекси ҷиноии кишвар лағв карда мешавад.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур зимни мулоқот бо хабарнигорон эълон намуд.
Тӯҳмат ва таҳқир, яке аз моддаҳои Кодекси ҷиноии кишвар буд, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани хабарнигорон мусоидат менамуд. Гуфта мешавад дар асоси ин ду банд давоми 3 соли охир гурӯҳе аз мансабдорони давлатӣ хабарнигоронро барои интишори матолиби танқидӣ ба додгоҳ кашиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон масъулини давлатиро лозим буд, ба ҷойи худсафедкунӣ бештар ба ислоҳи бахши ба зима доштаашон даст мезаданд. Ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд лағв шудани ин ду банд аз кодекси ҷиноӣ барои коҳиш додани даъвоҳои додгоҳии мансабдорон дар робита ба матолиби танқидӣ мусоидат менамояд.

Воҳидова аз дахолати раиси ҷумҳур барои бекор кардани бандҳои "тӯҳмат ва таҳқир" аз қонуни ҷиноӣ истиқбол намуда, онро як фоли нек барои фазои иттилоотии кишвар арзёбӣ намуд. Аммо ин набояд бойиси хушҳолии рӯзноманигорон бошад, мегӯяд номбурда. Зеро дар қонуни ҷиноӣ бандҳои 137 ва 330 боқӣ мондаанд. Ин ду банд нашри ҳамагуна матолиби танқидиро дар мавриди раиси ҷумҳур иҷоза намедиҳад. Тибқи қонунгузории кишвар дар сурати нашри матолиби "танқид ва таҳқири беасос ба шахсияти раиси ҷумҳур" хабарнигор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад, ки ин аз рӯи адолат нест. Чунки раиси ҷумҳур мисли дигар шаҳрвандон узви ҷомеа буда, набояд банди махсусе барои дифоъ аз ҳуқуқҳои ӯ вуҷуд дошта бошад", мегӯяд ӯ.

Номбурда бар ин назар аст, ки даъвоҳои додгоҳӣ аз болои хабарнигорон танҳо бо роҳи масъулиятшинос кардани мансабдорон аз байн хоҳад рафт. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам дар шароити феълӣ раиси ҷумҳурро лозим аст, ки дар ҳайати худ бештар ба ҳирфаӣ будани кадрҳо аҳамият диҳад.

Дар ҳамин маврид Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи "Азия плюс", ки дар соли гузашта даъвоҳои додгоҳӣ дошт, дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, ки мутаасифона гурӯҳе аз мансабдорон матолиби танқидиро ғаразнок қабул мекунанд.

"Мушкилоти аслӣ ин хусусияти нодида гирифтани норасоиҳо дар бахшҳои ҷомеа аз ҷониби мансабдорон мебошад. Мансабдорон танҳо барои "худсафедкунӣ" ба матолиби танқидӣ ҷавоб мегӯянд ва ё баръакс, ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, ки худ далели кофӣ барои ҳимояи "обрӯ" далели кофӣ надоранд".

Ба сифати далел Рамзия Мирзобекова аз қазияҳои додгоҳии "Азия плюс" мисол овард. Ба гуфтаи номбурда зимни баррасиҳои додгоҳӣ муаяйн гардид, ки мансабдорон тавони сафед кардани худ ва даъвояшонро надоштанд.

Хонум Мирзобекова мегӯяд, ки лағви бандҳои 135 ва 136 албатта гоми муҳиме барои беҳтар кардани фаъолияти хабарнигорӣ буда, аз он ҳамкасбон набояд суйиистифода бубаранд.

"Хабарнигорон бояд масъулиятро ҷиддӣ эҳсос карда, бидуни факту далели кофӣ набояд матолиберо нашр кунанд. Мо набояд ба мансабдорон барои таблиғи беасосашон ёрӣ расонем", мегӯяд Рамзия Мирзобекова.

Ба бовари ин хабарнигори "Азия плюс" на ҳама матолиби расонаҳои хабарии Тоҷикистон холисона аст. Дар баъзе аз матолиб касбият ва беғаразӣ дида намешавад, ки ин бар зарари тамоми хабарнигорон аст. Лағви бандҳои 135 ва 136 аз қонуни ҷиноӣ наметавонад кафолати бехатарии комили хабарнигорро бидиҳад. Дар сурати "гузаштан аз марз" мансабдорони тоҷик роҳҳои зиёди фишор оварданро доштанд ва доранд. Аз ин хотир хабарнигорони тоҷикро зарур аст, ки аз пештар дида имрӯз хеле ҷиддӣ ва бо масъулият бошанд.

Ин гуфтаҳои Рамзия Мирзобековаро ҳуқшинос Файзиниссо Воҳидова тақвият бахшида мегӯяд, ки дар мавриди берун шудани ин ду банд аз қонун хабарнигорон набояд осуда бошанд.

"Аз лғви ду банд аз қонуни ҷиноӣ хабарнигорон набояд суйистифода баранд. Онҳо набояд аз доираи одоби баҳс ва ё рисолати касбиашон берун бароянд. Дар сурати иншои матлаби беасос шахси ҷабрдида имкон дорад хабарнигорро тавассути аризаи даъвогӣ ба ҷавобгарӣ кашавад, ки ин метавонад ҷаримаҳои ҳангуфте бошад".

Файзиниссо Воҳидова бар ин назар аст, ки бо бекор шудани ин ду банд хабарнигорони тоҷик бояд аз қабл бештар зирак бошанд.

Тавре зикр намудем аз байн бурдани ду банди қонуни ҷиноӣ, бандҳои 135-136 давоми ду соли охир бештар мавриди баҳсҳо қарор мегирифт. Аммо пас аз иқдоми раиси ҷумҳур дар мавриди лағви он ин навбат баҳс тобиши дигар гирифт. Гурӯҳе аз коршиносон ва ҳуқуқдонҳои соҳа бар ин назаранд, ки қонуни матбуот бояд дар умум мавриди ислоҳ қарор бигирад. Бо таваҷҷӯҳ ба банди 137-и қонуни мазкур ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки саддгузориҳо барои хабарнигорон ҳамоно мавҷуд аст. Аз ин хотир ба ҷои бекор кардан ин ду банд, масъулинро лозим аст, то тамоми бандҳои қонуни ҷиноиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, онро дубора тартиб ва қабул намоянд. Зеро бо вуҷуди бекор кардан ин ду банди қонун афроди манфиатдор-мансабдорон, мақоми пулис, додгоҳҳо, раиси ҷумҳур ҳуқуқи давъо аз рӯзноманигоронро барои интишори матолиби танқидӣ доранд. Аз ин хотир вожаҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" бояд ба пуррагӣ аз қонуни ҷиноӣ бекор карда шаванд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом барои бекор кардани бандҳои 135-136 дар асоси интиқоди пайвастаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) сурат гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, САҲА ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар борҳо хостори бекор кардани ин ду банд шудаанд.

Хумайрои Бахтиёр

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)