Бахшҳо
16 мар 2012 09:50Гузориш

Афзоиши нархи барқ давлати иҷтимоӣ будани кишварро зери суол намебарад?

Воқеан, зиёд шудани нархи нерӯи барқ вазъияти бе ин ҳам мушкили мардуми моро боз бештар мекунад.

Амният Абдуназаров, роҳбари созмони "Демократия"

Дар Тоҷикистон нархи барқ барои аҳолӣ нисбати дигар кишварҳо шояд хеле арзон бошад. Ба хотири он, ки барқи мо аз ҳисоби нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мешавад, на аз ҳисоби ангишту сӯзишворӣ. Аз ин сабаб арзиши аслии барқи Тоҷикистон хеле паст аст. Ба боло бурдани қимати барқ ҳеч зарурате нест. Аз сӯи дигар рӯз ба рӯз нархҳои бозор баланд шуда истодааст ва мардум қобилияти харидориро аз даст медиҳад. Боло бурдани нархи барқ боз як зарбаи дигар ба кисаи мардуми қашшоқ аст. Ҳамзамон кишвари иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ҳам зери суол мемонад. Сабаби баланд бардоштани нархи барқ дар Тоҷикистон дар он аст, ки ширкатҳои бузурги Тоҷикистон қарзи барқро пардохт намекунанд ва ин хисоротро боз мехоҳанд аз кисаи мардум гиранд. Қимати барқ на ба он хотир боло рафтааст, ки хароҷоти "Барқи тоҷик" зиёд шудааст, балки танҳо ба хотири он аст, ки кӯшиш кунанд то аз ҳисоби мардум ширкат ғанитар гардад. Вале теъдоди мардуми камбизоат боз афзоиш хоҳад ёфт.

Абдуқаҳҳори Давлат, иқтисодшинос

Воқеан, зиёд шудани нархи нерӯи барқ вазъияти бе ин ҳам мушкили мардуми моро боз бештар мекунад. Ҳайратовар он аст, ки чаро ҳукуматдорони мо, ба хусус иқтисодшиносон ба мақомоти давлатӣ аз пайёмадҳои ин гуна тасмимҳо ҳушдор намедиҳанд. Намегӯянд, ки шумо ин корро анҷом надиҳед, ки оқибатҳои мудҳише дар пай дорад. Дар баробари ин боз нархи истифодаи обу барқ ва дигар намуди хизматрасониҳоро ҳамасола баланд мебардоранд ва боре суол намедиҳанд, ки оё мардум тавони бардошти ин гуна баландшавии нархро доранд? Агар боло бурдани қимати нерӯи барқ талаботи Бонки ҷаҳонӣ ё ягон созмони дигари байналмилалист, пеш аз ҳама мебоист маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, ба хусус муаллиму духтуру нафақагиронро то ҳадди 20% баланд мебардоштанд ва сипас нархи барқро баланд мекарданд. Кӯр-кӯрона гӯш додан ба талаботи созмонҳои байналмилалӣ кишварро ба бӯҳрон мувоҷеҳ мекунад.

Абдураззоқ Абдуллоев, раиси ширкати "Аҳмадсоз"

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки патенсиали неругоҳҳои обии барқии бешумор дорад, ҳатто зиёда аз 90 фисади оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Мутаасифона то ҳол ин инфрасохторро мо мавриди истифода қарор надодаем, ки боиси ба камолот нарасидани истиқлолияти энергетикии  Тоҷикистон гаштааст. Ҳангоме, ки ин намуди хизматрасонӣ (яъне таъмини нерӯи барқ) дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ комилан ё 24 соат ба аҳолӣ пешниҳод намешавад (бо сабаби маҳдудияти нерӯи барқ)  онгоҳ хизматрасонии ширкати "Барқи тоҷик" пурра шуморида намешавад. Пас бо сабабе, ки хизматрасонии "Барқи тоҷик" бо истифодабарандагон комилан иҷро наёфт дар он сурат оё ситонидани пардохти нерӯи барқ бо меъёрҳои дохилию байналмилалӣ мувофиқати мекунад? Аз рӯи таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои чанд сонияи қаът намудани нерӯи барқ ҳатто ҷарима супорида мешавад. Илова бар ин нархи қуваи барқ дар ҷумҳурии мо сол то сол афзоиш ёфта истодааст, ки мутаасифона, аксари мардуми мо, махсусан мардуми деҳот тавоноии пардохти қуваи барқро надоранд. Албатта ҷумҳурии мо сиёсати иқтисоди озодро пеш мебарад ва афзоиши нарх аз тарафи бозори озод муайян мешавад, вале афзоиши нарх бо ченаки харидории мардум мувофиқ нест. Аз ин сабаб вақте, ки нархҳо боло мераванд нафақа ва маоши мардум низ бояд афзоиш ёбад. Дар замони ҳозира дар аксари кишварҳои ҷаҳон, махсусан чанд миқдори қувваи барқ аз тарафи ҳукумат пардохт (субсидироват) карда мешавад. Аз ин сабаб сабукӣ ба дӯши мардум афтода, баланси иҷтимоӣ ҷорӣ мегардад. Бояд аз хатоиҳои кишварҳои ҳамсоя ибрат гирем, ки чанд сол қабл боло бурдани нархи қувваи барқ мушкилиҳои иҷтимоию сиёсӣ эҷод намуд. Бинобар ҳамин боло бурдани нарх бо ченаки харидории мардум бояд мувофиқат кунад ва кӯшиш карда шавад то ба мардум имтиёзҳо дода шавад ва бо нархи арзону ба таври шабонарӯзӣ таъмин кардани аҳолӣ бо барқ дар ҳама фаслҳои сол пешбинӣ гардад.

Дилшод Муллоев, муҳаққиқи иқтисоди исломӣ

Агар гӯем, ки боло бурдани қимати нерӯи барқ ба аҳолӣ гаронӣ намеорад, дурӯягӣ мешавад. Ҳар як болоравие, ки ҳамсафари имтиёзҳо ба қишри ниёзманди аҳолӣ нест, гаронӣ хоҳад овард. Баландравии нарх бояд асоснок бошад, то кадом андоза воқеӣ буданаш таҳлил гардад. Оё ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арафаи муҳокимаи онҳо ширкат дошт? Яъне муколамаи давлату ҷомеа бояд дар баландравии нархҳо сурат гирад. Вақте ҷомеа пули барқро месупорад, мусаллам аст, ки давлат бо ҷомеа дар ин маврид гуфтугӯи мустақим дошта бошад. Нархбандӣ сирф аз ҷониби мақомоти давлатӣ сурат нагирад. Элементҳои демокросӣ дар ин самт хеле ба тариқи густарда роҳандозӣ карда шавад. Худи бурда расонидани барқ ба сифати иқтисоди бозаргонӣ, ба фикри шахсии ман бояд либерализатсия (ба таври озод) карда шавад. Истеҳсолкунанда, расонанда ва таъминкунандаи барқ ташкил шавад. Диверсификатсияи иқтисодӣ карда шавад ва дар натиҷа як рақобати солим ба вуҷуд ояд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дигар манбаъҳои таъминкунии энержиро дар асоси ҷустани роҳҳои алтернативӣ, аз ҷумла ТЭС (Маркази барқу гармидиҳӣ) ва сохтни дигар навъи нерӯгоҳҳо ба нақша гирем. Дар ҳама ҷо рақобати озод ва диверсификатсия, бурда расонидани маҳсулот бошад. Монополияи табиӣ бошад, лекин мо бояд оҳиста-оҳиста ба рақобати озод гузарем. Яъне ҳамааш бояд шахсӣ карда шавад. Ин фикри шахсии ман аст ва метавонад ба фикри аксари ҷомеаи суннатӣ дуруст наояд. Вале ман омодаам то охир сари ин гуфтаи худ устувор бошам ва агар касе илман асоснок кунад, ки нодуруст аст, қабул дорам. Бонки ҷаҳонӣ методологияи худро дорад, ки намедонам он то кадом андоза ба воқеияти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои пасошӯравӣ созгоранд. Мо бояд мутмаин ба илман асоснокнамоии худӣ бошем. Бояд донем, ки доираи академии миллӣ вобаста ба баланд бурдани нархҳо чӣ фикр дорад? Албатта, ҳама вақт хуб аст, ки нарх боло наравад, лекин ҷомеа дар карахтӣ нест ва боло бурдани нарх низ яке аз нишондиҳандаи он аст, ки ҷомеа дар ҷояш шах нашудааст. Вале болоравии нархҳо бояд ҳамсафар бо воқеияти иқтисодиву иҷтимоӣ бошад. Яъне нархгузорӣ мардумӣ бошад, на аз рӯи тавсияҳои "хонумон ва ҷанобон"-е, ки бо як методологияи мушаххаси ба манфиатҳои миллӣ ва хунии мардум ҷавобгӯ набуда, муҷаҳҳазанд. Як ченаки муайян бояд вуҷуд дошта бошад ва он ҳам бошад манфиатҳои иҷтимоии мардум ва интихобкунандагон. Тамом! Давлат бояд ҳамаи кӯшишашро баҳри он равона кунад, ки сатҳи иҷтимоиёт рӯ ба беҳбудӣ орад. Тавсияи Бонки ҷаҳонӣ бояд ба манфиатҳои имрӯзаи мардум, пеш аз ҳама манфиатҳои равонӣ ва умедвориҳои онҳо ҷавобгӯ бошад. Шояд мардум дигар чизро умедвор аст, фикр мекунад, ки нархҳо то як андоза дар ҳолати карахтӣ боқӣ монанд. Зеро фикр мекунанд, ки Тоҷикистон давлати гидроэнергетикӣ аст ва мо ҳама вақт мегӯем, ки Тоҷикистон иқтидорҳои бузурги энержӣ дорад, аммо вақте нархро боло мебарем ва ҳамсафари имтиёзи ҳуқуқӣ намегардонем, ин хеле боиси риққати мардум хоҳад буд. Мо бояд ҳама гуна боло бурдани нархро илман асоснок кунем ва дар асоси методологияи сирф миллӣ ба пеш ҳаракат кунем. Ҳамаи давлатҳое, ки нархро боло мебаранд, онҳо то як андоза давраи шок-иро аз сар мегузаронанд. Гӯё оби хунукро ба сарашон рехта бошанд. Лекин ба ҳар ҳол функсияи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва функсияи худи давлат баҳри созмон додани иқтидорҳои бузурги энержӣ бояд ба тариқи густарда ба роҳ монда шавад. Мо дар мавриди боло бурдани нарх нигоҳ мекунем ба манфиатҳои сирф геополитикие, ки аз он манфиат дорем. Мо душмани абадӣ надорем, дӯсти абадӣ надорем, МО МАНФИАТ дорем ва ин манфиатҳо абадӣ ҳастанд ва барои ҷомеаву давлат ин бояд ҷанбаи меҳварӣ дошта бошад.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ

Новобаста аз он ки сатҳи камбизоатӣ дар кадом ҷомеа чанд фоизро ташкил медиҳад, болоравии нархи нерӯи барқ дар тамоми форматсияи ҷамъиятӣ ба мардум, ба истеҳсоли маҳсулот ва арзиши молҳо таъсири манфии худро мегузорад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва бояд аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода барад ва на танҳо дар масъалаи барқ, балки дар масоили дигари иҷтимоӣ ва таъмини аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал низ кӯмак намояд. Вале ҳамаи ин бо назардошти имкониятҳои буҷет амалӣ карда мешавад. Ҳар кишваре, ки барои рушди иқтисодиёти худ, маблағҳо, захираҳо ва қарзҳои институтҳои молиявиро истифода мебаранд, дар вақти ана ҳамин имкониятҳоро истифода бурдан намояндгони созмонҳои молӣ шарту шароитҳои худашонро мегузоранд. Чунки қарздиҳанда дар ҳар ҳолат ба қарзгиранда шарти худро пешниҳод мекунад. Ва ҳангоми ҷалб кардани грантҳо ва қарзҳои беруна ба Тоҷикистон, ки бештари он мансуб ба Бонки ҷаҳонист, дар вақти ҷудо кардани ин маблағҳо то як андоза шартҳои худро мегузорад. Вале болоравии нархи барқ на танҳо аз шарту шароитҳои Бонки ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Ин ҷо омили дигаре ҳаст, ки ба он таъсир мерасонад. Таври маълум, нерӯгоҳҳои мо дар солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудаанд  ва хатҳои интиқоли барқ дар баъзе мавзеъҳо то 30 сол мавриди истифода қарор дорад. Трансформаторҳо низ кӯҳна шудаанд, мӯҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст ва акнун онҳоро бо нархи ҷаҳонӣ бояд харид. Барои иваз кардни ҳамаи онҳо маҷбурнд, ки қимати барқро боло баранд. Аз сӯи дигар Тоҷикистон дар баъзе навоҳӣ барқро аз хориҷа бо нархи ҷаҳонӣ харидорӣ мекунад. Дар замони шӯравӣ солона 10 фоизи хатҳои интиқоли барқ таъмири ҷорӣ медид ва дар зарфи 10 сол тамоми хатҳои барқ таҷдид мегашт, лекин феълан шароити чунин таъмиру таҷдид вуҷуд надорад. Симчӯбҳо 30-40 сол боз иваз нашудаанд ва феълан қисме аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз ин рӯ маҷбуранд барои коршоям нигоҳ доштани системаи энержӣ нархи барқро боло баранд.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос

Боло рафтани қимати нерӯи барқ зарбаи наве ба кисаи мардум хоҳад буд. Аз нигоҳи ман хуб мешуд, ки сарчашмаҳои алтернативиеро пайдо мекардем ва аз ин ҳисоб нархи барқро пойин мебурдем. Аз тарафи дигар маълум аст, ки вазъи имрӯзаи мардуме, ки дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият мекунанд, қисми зиёди онҳо ба офатҳои табиӣ, ба хусус сармои дурудароз дучор шудаанд ва бӯҳрони норасоии молу маҳсулот онҳоро таҳдид мекунад. Дар ин сурат болоравии қимати барқ таъсири манфӣ мегузорад. Созмонҳои хориҷӣ боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистонро ба хотири он тавсия медиҳанд, ки онҳо дар ин ҷо саҳмгузоранд ва мехоҳанд, ки дараҷаи нархи молҳо ба нархи байналхалқӣ баробар шавад. Ин як хусусияти хоси фаъолияти онҳост, вале давлат функсияи иҷтимоии худро бояд дар чунин ҳолатҳо иҷро кунад. Зеро мардум дар тарзи акси даромадҳо қарор доранд. Қобилияти харидории мардуми мо хеле пойин аст. Дар таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дида мешавад, ки барои мардуми худ бо нархҳои паст барқ мефурӯшанд ва ҳам озод кардан аз пардохтҳоро истифода мекунанд, ки ин таҷрибаро мо низ бояд дар Тоҷикистон ҷорӣ намоем.

Усмони Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҲХДТ

Як чизро бояд дар назар дошт, ки дар муқоиса бо кишврҳои минтақа ва ҷаҳон гирем, нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистони мо арзонтарин аст. Нархи нерӯи барқ он қадар зиёд боло нарафтааст, аз 9 дирам ба 11 дирам расидааст. Лекин болоравии нарх аз он вобаста аст, ки талабот ба барқ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон  сол то сол меафзояд. Ва аз сӯи дигар мо ба ҷуз алюминий, пахта ва барқ дигар маҳсулоте надорем, ки буҷаи кишварамонро каму беш ғанӣ гардонем. Дар ҳаҷми 2 дирам боло рафтани нарх ба кисаи мардум он қадар зарар ворид намекунад. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки мо ба доираи иқтисоди ҷаҳонӣ ворид шуда истодем ва хоҳу нохоҳ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ иқтисоди худро мутобиқ гардонем. Ин ҳам яке аз талаботи созмонҳои ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд нарху наворо зина ба зина зиёд кардан гирем. Агар дар ҷумҳурӣ имкониятҳои молӣ бошад, роҳбарияти давлат ҳатман ба хотири дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ имтиёзҳо медиҳад. ҲХДТ ҳам ҷонибдори он аст, ки ба масъалаи кӯмаку дастгирии ниёзмандон ва беҳбуд бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёд карда шавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)