Бахшҳо
19 мар 2012 09:57Гузориш

Фарҳанги «ланг» дар Мӯъминобод

Дар ин минтақа ҳатто барои харидории 20 китоб маблағ намерасад. Раиси ноҳия бошад, аз вазъи фарҳанги ноҳия ва шӯъбаи он, ки ҳамагӣ 100 қадам дуртар аз утоқи кориаш мебошад, иттилоъ надорад. Бойбачаҳои маҳаллӣ майдону ҳавлӣ ва ҳатто деворҳои шӯъбаи фарҳангро чаппа намудаанд…

 

Шодӣ Абдураҳимов, мудири китобхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод дар сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, шӯъбаи фарҳанги ноҳия қудрати харидории адабиёт ва китобҳои соҳавиро надорад: «Аввали ҳамин сол 87 нусха китобҳои аҳамияти сиёсӣ доштаро бароямон ройгон оварданд. Ҳамчунин, 100 нусха китоби «Адабиёт ва санъати ноҳияи Мӯъминобод»-ро, ки аз таъриху санъати ноҳия ва сокинони он хабар медиҳад, хостем харидорӣ намоем. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин шумораи китобро дар даст дорем, вале мутаасифона, маблағи пардохти онро надорем. Аз ин хотир, намедонем онро бигирем, ё не».

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар 20 бахши китобхонаҳои ноҳия 88. 067 нусха китоб мавҷуд будааст, ки ҳамагӣ адабиёти бадеиву сиёсии давраи Шӯрваӣ мебошанд. Аз ин шумора 9619 нусха адабиёти ҳизби коммунистӣ ва асарҳои Ленину Марксу Энгелс буда, наздики 42 ҳазори дигар китобҳои соҳавӣ мебошанд. Боқӣ адабиёти бадеии тоҷикиву русӣ ва узбакии нимаи асри гузашта будааст. Китобҳои замонавӣ тақрибан дар ягон китобхона нест. Абдураҳимов ҳатто намедонад, ки барои харидории китоб барои китобхонаҳо аз ҷониби буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо мешавад ё не?

-Шояд маблағ ҷудо шавад, аммо он ба ихтиёри мо нест. Дар шӯъбаи фарҳанг шояд хабар дошта бошанд,-мегӯяд ӯ.

Дар шӯъбаи фарҳанги ноҳия бошад, мудир ва муҳосибро дарёфт карда натавонистем. Сармутахассиси шӯъба Муродалӣ Давлатов гуфт, бо иллати нав ба кор таъин шуданаш, дар ин бора чизе намедонад. Дар ҳукумати ноҳия низ ба ин савол ягон масъуле ҷавоб надод.

Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи фарҳанг худ дар як бинои садамавӣ қарор доштаву ҳамагӣ як утоқи корӣ дораду бас. Бинои фарҳанг ончунон коставу вайрону чиркину дилгир аст, ки табъи бинанда ба як бор аз «фарҳанг»-и мӯминободиҳо хаста мегардад. Клуби фарҳангӣ бошад, дар як хоначаи гилину лойини дар дарозии 8 метру бари 4 метр ҷой гирифтаву ҳамагӣ камтар аз 20 ҷойи нишаст дорад. Гумони ғолиб бар он аст, ки дар ин клуб  дар 100 соли охир ягон барномаи фарҳангӣ намоиш дода нашудаасту дар оянда ҳам нахоҳад дод.

Кормандони шӯъба  то ҳол намедонанд, ки барои рушди фарҳанг аз буҷаи маҳаллӣ маблағ пардохт мегардад ё не. Аммо Давлатхӯҷа Мираҳмадов, сардори Раёсати молияи ноҳия мегӯяд, ки ҳамасола ба шуъбаи фарҳанг на камтар аз ним милён сомонӣ аз ҳисоби буҷа ҷудо мегардад ва он сари вақт маблағгузорӣ мешавад: «Тибқи нақша пешакӣ, барои соли 2012-ум ба ҳамин шӯъба 59.5510 сомонӣ ҷудо гардида аст. Гузашта аз ин, аз ҳисоби бақияпулиҳои даромад барои рушди фарҳанг боз ҳам ба қадри имкон маблағ мегузаронем», мегӯяд Мираҳмадов.

Ба гуфтаи кормандони шӯъба, тайи 3 моҳи фаъолият раиси тозатаъини ноҳия Пирмад Зарифов аз ин шӯъба, ки ҳамагӣ дар масофаи камтар аз 100 қадам аз утоқи кори раис ҷойгир аст, боре назар накардааст.  Дар ҳоле, ки раиси ноҳия аз соҳаи муҳим бехабар асту гузашта аз ин, парвои он надорад, мусаллам аст, ки он аз таҳти назорат дур мондаву маблағҳои зиёди ҷудомешуда бо ҳамин иллат, беназоратӣ ва бемасъулиятӣ, низ назорат намешаванд. Вале деворҳои бинои шӯъбаи фарҳанг бошад аз 3 тараф чаппа шудан дораду аз тарафи чорум, соҳибкорон онро ғасб кардаву мағозаву ошхона бунёд кардаанд, аммо кормандони шӯъба бошанд, ҳамагӣ дар як утоқчае болои ҳам нишаста, гӯё фаъолият мекунанд.

Аслиддин Достиев

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)