Бахшҳо
20 мар 2012 06:56Гузориш

Роҳи харобу кисаи «тиҳӣ»-и ронанда дар Душанбе

Аз бемасъулиятӣ ва бефаъолиятии масъулини роҳу нақлиёти пойтахт, ҷайбу буҷаи ронандагон «хароб» ва кори таъмиргарони воситаи нақлиёт «дучанд» афзудаст.

 

Амруллоҳ, як ронандаи сабукрав мегӯяд, ба далели харобии роҳҳои Душанбе ӯ маҷбур аст, ҳар даҳрӯза ба усто муроҷиат кунад: «Дар нуқтаҳои таъмири автомобил вақтҳои охир бозор гарм аст. Устоҳо ва фурӯшандагони қисмҳои эҳтиётӣ аз талаботи зиёд сӯйистифода карда, нархи молу хизматрасониҳояшонро боло бардоштаанд».Амруллоҳ мегӯяд, айни ҳол ронандагони пойтахт бо ваҳму тарс ва эҳтиёткории аз ҳад зиёд ҳаракат мекунанд, то ба чуқурӣ назананду боз хароҷоти зиёдатӣ ба бор наояд: «Аз чуқурӣ эҳтиёт карда, мошинро ин сӯ он сӯ тоб медиҳанд, ки дар натиҷа тартиби ҳаракат дар роҳҳо вайрон мешавад ва ҳолатҳои садамавӣ ба вуҷуд меоянд». Ӯ мӯътақид аст, ки садамаҳои зиёди вақтҳои охир, пайомади вайронию харобии роҳҳо аст.

Абдулҳақ Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт нисбатан зиёд шудани чуқуриҳоро ба хунукиҳои зимистони гузашта рабт медиҳад:

«Аз якуми март таъмири ҷорӣ оғоз шуд вале боришоти вақтҳои охир имконият намедиҳанд, ки кор бо суръати зарурӣ пеш равад».  Вақтҳои охир бор кардани камбудиҳо ба сари боду ҳаво дар Тоҷикистон одат шудааст, ки на танҳо хоси масъулини нақлиёт аст, балки воломақомони энергетика, хоҷагии қишлоқ саноат ва ғайра аз ин баҳона бисёр истифода мебаранд.

Дар маҷмӯъ, Оев тасдиқ кард, ки корҳои таъмири роҳҳо дар Душанбе аз рӯи меъёр сурат нагирифта истодааст. Ба гуфтаи ӯ, тибқи меъёр  ҳар сол бояд дар Душанбе 65 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шавад, ки ҳаҷми буҷети шаҳр инро имкон намедиҳад:  «Барои таъмиру азнавсозии 65 километр роҳ ҳудуди 600 миллион сомонӣ зарур аст, ки буҷети шаҳр онро намебардорад. Зарур аст, ки ба ғайр аз роҳ ба соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, - маориф, тандурустӣ ва ғайра маблағ равон шавад. Имсол азнавсозии 27 километр роҳ дар назар аст, ки аз меъёр 38 километр камтар мебошад».

Бо вуҷуди ин Оев, таъкид мекунад, ки роҳбарияти шаҳр аз мушкили роҳ дар пойтахт огоҳ аст ва кӯшишҳо барои ҳалли он солҳои охир дучанд шудаанд:

«Агар  дар 13 соли пеш, аз соли 1995 то 2009 ҳамагӣ 4,12 километр роҳи пойтахт таъмиру азнавсозӣ шудаст, тайи солҳои 2009 – 2011 39,1 киллометр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда гардид.  Имсол таъмири асосӣ дар 14 кӯчаи нав ва  3 кӯчаи боқимондаи соли гузашта амалӣ шуда истодаст».

Муовини райиси шаҳр ҳаҷми маблағро, ки имсол ба таъмири асосии роҳҳо равона шудааст, 220 миллион сомонӣ арзёбӣ кард, ки нисбати соли 2011 ду маротиба зиёдтар аст.

Дар ҳоли харобию вайронии роҳҳо, ронандаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон мегӯянд барои нақлиёт ва истифодаи роҳ андози зиёд месупоранд. Дар кишвар аз ҳамаи соҳибони нақлиёт вобаста ба ҳаҷми муҳаррик андоз ситонда мешавад. Дар баробари ин ҳамаи ширкатҳо, сарфи назар аз он, ки воситаи нақлиёт доранд ё не ҳаққи истифодаи роҳ мепардозанд, ки ҳаҷми он ба гуфтаи Константин Бондаренко, сардори Маркази бозори озоди Тоҷикистон 2 фоиз аз ҳаҷми хароҷоти ширкатро ташкил медиҳад. Бондаренко мегӯяд андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт объекти мушаххас ва асос дорад: «Аммо ситондани ҳаққи истифодаи роҳ аз ҳамаи ширкату корхонаҳо асоси кофии иқтисодӣ надорад ва тарзи ҳисобаш ҳам ғайримантиқист. Масалан, ташкилоти ман ягон воситаи нақлиёт надорад, вале ду фоиз аз хароҷоти ташкилотро ҳамчун андоз аз истифодаи роҳ пардохт мекунад».

Пули андози роҳ куҷо меравад?

Матлуба Ӯлҷабоева, сардори Асосиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон бо ишора ба вазъи ногувори роҳҳо, таъкид мекунад, ки андозсупорандагон ҳаққи пурсидан доранд, ки маблағҳои супурдаашон куҷо мешаванд.

Дар ин маврид Абдулҳақ Оев изҳор медорад, ки маблағҳои аз бахши нақлиёт ҷамъ гардида, маънои онро надорад, ки боз маҳз ба ин соҳа равон гарданд:

«Маблағҳо дар буҷет ҷамъ гардида, ба соҳаҳои гуногун тақсимбандӣ мегарданд».

Оев таъкид мекунад, ки дар баробари таъмири асосию азнавсозӣ дар пойтахт давоми сол бояд таъмири ҷорӣ амалӣ шавад: «Бо ин мақсад ба раёсатҳои  нигаҳдории ноҳияҳои пойтахт маблағи муайян ҷудо мегардад».

Дар ҳамин ҳо,л Баҳодур Ҳабибов, сардори Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, дар мавридҳое, ки воситаи нақлиёт дар чуқуриҳои роҳҳои Душанбе зарар мебинад, ронанда ҳуқуқ дорад, тавассути муроҷиат ба суд товони зарарашро аз сохторе, ки нигоҳдории роҳҳоро ба дӯш дорад, аз раёсатҳои нигоҳдории роҳҳои ноҳияҳои пойтахт рӯёнад.

Ҳаким Давлатёров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)