Бахшҳо
26 мар 2012 04:21Гузориш

Нишасти сегона ва чоргонаи сарони кишварҳои минтақа дар Душанбе

Сарварони се кишвари ҳамзабон, Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон зимни як мулоқоти сеҷониба дар Душанбе ёддошти тафоҳум дар мавриди сохтмони хатти роҳи оҳан, интиқоли барқ, аз ҷумла нафт, газ ва барқу обро ба имзо расондаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай дар дидоре чаҳоргона бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, ки низ ба Душанбе сафар кардааст, мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ ва бунёди шабакаҳои роҳи оҳанро баррасӣ кардаанд.

Бино ба навиштаи сайти раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқотҳои сегона ва чаҳоргонаи раҳбарони кишварҳои минтақа пас аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 25-уми март дар Кохи Сомони бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои "иҷрои саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои қаблан ҳосилшуда" набояд ба "саҳлангорӣ" роҳ дода шавад. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин ҳарфҳои Раҳмон, асосан иҷрои лоиҳаҳои пайвастшавии роҳҳои заминӣ ва оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва бунёди хатти интиқоли барқи 500 киловолтии Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон мебошад.    Аснои мулоқот Эмомалӣ Раҳмон афзуд, давлатҳои се кишвар бояд дар чорчӯби Қатъномаи Иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба "Рӯзи байналмилалии Наврӯз"-и рӯзномаи "Фарҳанги сулҳ" бояд барномаи мукаммалтари корӣ дошта бошанд."Раҳбарони се кишвар ҳамчунин хостори тавсеъаи равобити сеҷониба барои ҳалли масоили Афғонистон шуда ва гуфтаанд, ки ин равобит ба бозсозии имконоти иқтисодию иҷтимоъӣ ва нақлиётию транзитии ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

Ҳамзамон, дар мулоқоти чаҳорҷонибаи раҳбарони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Покистон, низ ки пушти дарҳои баста дар Душанбе доир шуд, мавзӯъи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва бозсозии иқтисодии ин кишвар баррасӣ шудааст.Сарварони Эрону Афғонистон ва Покистон аз пешниҳоди президенти Тоҷикистонн барои таъсиси як форуми минтақаӣ истиқбол карданд: «Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд. Бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ниёзманди минтақа дорои суди беандоза мебошад».

Ёдрас менамоем, раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Покистон рӯзи шанбеи 24-уми март ба манзури ширкат дар маросими ҷашни байналмилалии Наврӯз ва нишастҳои муштарак вориди Душанбе шуда буданд. Аммо дар намоиши театрии рақсу суруд дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе президентҳои Эрону Афғонистон ширкат надоштанд ва райисҷумҳури Тоҷикистонро Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ҳамроҳӣ мекард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)