Бахшҳо
27 мар 2012 05:07Гузориш

SOS: Дашти Ҷам дар хатар

Раиси ноҳия Амирхон Икромов ба талаби сокинон барои кӯмак намудан дар интиқоли барқ гуфтааст, ки аз дасташ ягон кор намеояд, зеро интиқоли барқ аз онҳо вобаста набудааст…

Бо баланд гаштани ҳарорати ҳаво ва обшавии барф дар кӯҳу пуштаҳо хатари селзаниву фаромадани ярч сокинони навоҳии кӯҳистонро таҳдид мекунад. Ҳафтаи қабл бар асари болоравии сатҳи об дар рудхонаи Яхсу заминҳои наздиҳавлигии сокинони рустои Лоҳутии ноҳияи Ховалингзери об монда, манзили зисти як хонаводаи дигар комилан тахриб шуд.Тибқи иттилои аз ҳукумати ноҳия расида, молу амволи ин оилаҳо аз мавзеъи хатарзо берун оварда шуда, сокинони он ба минтақаи амн кӯчонида шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, шаби 25–ум ба 26-уми март сокинони деҳаи Дашти Ҷами ноҳияи Шӯрообод шаб то рӯз аз тарси канда шудани кӯҳпора ва фурӯ рехтани ярч бедорхобӣ кашида, азоби алим доштанд. Раҳматалӣ Назриев, як сокини ҳамин русто зимни як тамоси телефонӣ бо хабарнигори маҳаллии  «Озодагон» гуфт: «Шоми 25-уми март мардум лағжиши хоку сангро дар кӯҳи болои деҳа мушоҳида карданд. Ярч оҳиста-оҳиста поён мефарояд, одамон молу колоашонро ҷамъ намуда, ба ҷойи бехавфтар мекӯчанд, вале бо фарорасии шаб, дар торикӣ дигар лағжиши хокро муайян карда намешавад. Мардум худашон прожектор оварда, ҷониби кӯҳ гардондаанд, вале бо сабаби набудани барқ, наметавон аз он истифода кард».

Ин ҳамсӯҳбати мо (Назриев) мегӯяд, раиси ноҳия Амирхон Икромов ба талаби сокинон барои кӯмак намудан дар интиқоли барқ гуфтааст, ки аз дасташ ягон кор намеояд, зеро интиқоли барқ аз онҳо вобаста набудааст. Аммо баъди як занги телефонии сокинон ба сардори идораи минтақавии «Шабакаҳои Барқи Кӯлоб»  мушкили бебарқӣ дар вазъияти фавқуллода ҳалли худро ёфт.

-То субҳ бароямон барқ доданд, ки воқеан хеле бамаврид буд. Зеро дар равшании прожектор ҳам аз лағжиши ярч хабардор мегаштемва  одамон ҳам тавонистанд кӯчу бандашонро ба ҷойҳои бехавф бикашанд,- мегӯяд Худойдод, як сокини дигари ҳамин русто.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 5-6 хонаи истиқоматӣ дар роҳи лағжиши ярч қарор дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба коми он равад. Гузашта аз ин, агар ярчфароӣ идома ёбад, эҳтимоли хароб намудани даҳҳо манзили зисти одамон аз эҳтимол дурр нест. Ба қавли мардуми таҳти хатар қарордошта, то ҳоли ҳозир аз масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақа ва ҳукумати ноҳия ягон нафар  ба суроғи эшон наомадааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Дашти Ҷам беш аз 300 оила бо шумули наздик ба 2000 нафар ба сар мебаранд. Вале ҳамин русто дар мавзеи хатарбор мавқеъ дошта, ҳар лаҳза лағжиши кӯҳ ва фаромадани ярч барои мардуми бумӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои шоҳидон, соли 1991-ум дар ин мавзеъ ярч фаромада, даҳхо манзили зисти одамон ва молу чорвои аҳолӣ зери лою гил монда буд.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)