Бахшҳо
28 мар 2012 05:30Гузориш

Дурӯғ ва чоплусӣ дар ҷомеаи тоҷик

Агар имрӯз дар ҷомеаи мо як назарсанҷии вижа ташкил карда, чунин суол гузорем: оё кӣ дар ҳаёташ боре дурӯғ нагуфтааст, шояд кам нафаре пайдо намоем, ки ҷавоби МАН-ро ишора кунад.

Гарчанде дар китобҳои ахлоқиву классикии мо падидаи дурӯғгӯӣ  ҳамеша инкор карда мешавад ва ростгӯиву ростқавлӣ бештар тарғиб мегардад, аммо ба назар чунин мерасад, ки дар ҷомеаи мо бештари мардум аз ин падида худдорӣ намекунанд. Яъне сари ҳар қадам дурӯғ мегӯянд. Масалан, агар аз ҳаёти имрӯза гирем, шогирд ба устод, харидор ё мизоҷон ба тоҷир ва баръакс, зердаст ба роҳбар, духтар ба модар ва ба ҳамин монанд дурӯғ мегӯянд. Аммо аз ин дида падидаи бадтар он аст, ки қисме аз мардум дар ҷомеа дар баробари дурӯғ чоплусӣ ва лаганбардорӣ мекунанд. Ва ин ҳамон гунаест, ки дар он сохта будани он бармало эҳсос мегардад. Яъне ҳамон гунае дурӯғ мегӯянд ва чоплусӣ мекунанд, ки онро наметавон дарк накард. Ин падида то андозае дар ҷомеаъ реша давонда истодааст, ки дигар қисме аз мардум онро ба гунаи як чизи муқаррарӣ қабул мекунад. Яъне дурӯғ мегӯянд ва аз он шарм ҳам намекунанд. Ин ба он боис гардидааст, ки дар баъзе аз маворид ҳатто агар сухани ростро гӯӣ ҳам дигар боварат намекунанд.

Акнун саргаҳи дурӯғ дар куҷост?

Дурӯғгӯӣ  ва ё чоплусӣ ин хислати модарзодӣ нест ва он дар раванди тарбия ва ташаккули фард дар ҷомеа шакл мегирад. Яъне ин хислатест, ки дар муҳит ҳосил мегардад, мегӯяд равоншинос Маҳмадулло  Давлатов.

Номбурда бар он аст, ки “умуман масъалаи дурӯғ ва  хислати дурӯғгӯӣ ин хислати модарзодӣ нест. Ин хислатест, ки дар ҷараёни таълиму тарбия ба амал меояд. Яъне хислати ба дастоварда ва ҳосил гардидааст. Ва агар сарчашмаи ҳамин дурӯғро як бубинем, он гоҳ тухмаи асосии ҳамин дурӯғгӯӣ ба давраҳои поёнии сину солӣ аслан рост меояд. Яъне, дурӯғгӯӣ заминаю тухмаи худро дорад. Ва ҳамон нафаре, ки  бештар ба дурӯғгӯӣ одат мекунад ва ҳамеша ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ онҳоро истифода мебарад, аслан роҳи қонеъ гардонидани талаботи худро ба туфайли ҳамин дурӯғгӯӣ  бевосита ба амал меоварад, ки ин ба ҳукми одати ӯ табдил меёбад.

Агар аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, дар ҷомеа дурӯғ реша дорад. Зеро дурӯғгӯӣ  ин хислати модарзодӣ нест. Аммо чаро бештари аҳолии ҷомеаи мо ин характерро дар худ доранд?

Дар ҳамин маврид психологи дигар Қутбиддин Каримов ба он бовар аст, ки дурӯғгӯӣ хислати манфии характери инсон аст. Ва он аз давраи хурдсолӣ дар раванди тарбияи нодуруст дар кӯдак одат мегардад.

“Дурӯғгӯӣ хислати характер аст. Ва албатта, хислати манфии характер. Одамон барои чӣ дурӯғ мегӯянд? Барои он ки ба ин одат мекунанд аз кӯдакӣ. Дар асари тарбияи нодуруст. Масалан,  онҳо намуна мегиранд аз калонсолон. Вақте ки падар,  модар ё калонсолони дигар дар назди онҳо дурӯғ мегӯянд,  кӯдакон аз онҳо меомӯзанд,” мегӯяд психолог Қутбиддин Каримов ва илова мекунад: “дурӯгӯиро ҳамчун як усули ба даст овардани манфиат истифода мебаранд. Ин кадом манфиат аст? Ҳимояи худ аз ягон вазъият. Масалан,  донишҷӯ  ба дарс дер мекунад ва барои худро ҳимоя кардан дурӯғ мегӯяд. Инчунин барои ба даст овардани  манфиати маънавӣ. Манфиати маънавии на ҳама вақт мусбат. Мисол,  ягон одам нисбати каси дигар ғараз дорад ва барои дар ҳолати ногувор мондани ӯ ягон дурӯғ мебофад. Ягон овозае дар бораи ӯ паҳн мекунад. Яъне барои худ манфиат меҷӯяд”.

Дар ҳоле ки ба назари Каримов қишре аз мардум дурӯғро барои манофеъ истифода мебаранд,  равоншинос Маҳмадулло Давлатов  сабаби онро дар заъфи калонсолон маънидод мекунад.

-Аз нуқтаи назари илми равоншиносӣ ҳамон даврае,  ки алҳол кӯдак қобилияти раворо аз нораво,  хубро аз бад,  муҳимро аз номуҳим то андозае ҷудо мекардагӣ мешавад, ин аслан  давраи сесолагӣ аст. Давраест, ки кӯдак дорад як фарди бошуур мешавад, ҳисси маърифатияш боло мегирад ва ҳама чизро донистан мехоҳад. Агар чунин бубинем аксар вақт воқеан дар ин давра кӯдак  барои донистан суолҳои бисёр фалсафии сахтро медиҳад. Ва аз ин хотир калонсол баъзан оҷизӣ мекашад дар ҷавоб додан ба худи саволҳои додаи хурдсол. Ва аксар вақт калонсол ҳам рӯ ба дурӯғ меравад. Ҳамин тариқ дурӯғи калонсолро хурдсол қабул мекунад ҳамчун чизи рост ва аниқу дуруст ва онро ба ҳамсоли дигараш мегӯяд. Ҳамсоли дигараш ба ҳамсоли дигараш, ҳамин тариқ доираи майдони дурӯғ васеъ мешавад. Агар чунин бигирем, пас ин тухма кошта шуд ва худи калонсолон гӯё сабабгори дурӯғгӯ шудани он шуданд. Ҳамин тариқ шахсияти дурӯғгу шакл гирифтан мегирад. Ин хислат ҳамон қадар устувор ва мустаҳкам дар тиннати ӯ мегардад, ки  ба феълаш табдил меёбад. Яъне феъли шахс.  Ва бисёр вақт мо мегӯем, ки феълаш ҳамин аст, дуруггӯӣ вақте ки феъл шуд, яъне ин маъноро дорад, ки хислат хело устувору мустаҳкам шудаст ва ӯ ҳамеша ҳангоми дилхоҳ масъалаҳои пешомада дар ҳаёт, маҳз ҳамин усули дурӯғгӯиро  истифода мебарад, мегӯяд равоншинос Маҳмадулло Давлатов.

Боз ҳам ҷомеа гунаҳкор аст...

Ба назари бархе аз таҳлилгарони дигар падидаи дурӯғгӯӣ замоне бештар рушд меёбад, ки қишри ҷомеа бекор ва камбизоат мебошанд ва барои манфиат ё подоше дурӯғ ва чоплусӣ мекунанд. Аммо Табрез Маҳмудов донишҷӯи ДМТ муқобили ин гуфтаҳо буда, бар он бовар аст, ки ин падида дар дигар ҷомеаҳо мебошад ва сабаби ин дар коҳиш ёфтани ахлоқи онҳост.

Табрез  Маҳмудов мегӯяд: “Фикр накунам, ки масъала рабте ба камбизоатӣ ва ё бекорӣ дошта бошад, чун бубинед, дар ҳамон давлатҳои мутараққӣ ва пешгом ҳам ин раванди номатлуб то ҳадде ба чашм мерасад. Фикр мекунам масъалаи мавриди назар бештар он масъалаи чоплусӣ ва ё тамаллуқ дар ҷомеаи кунунии мо  рабте дорад ба паст гардидани сатҳи маърифату шуурнокии ҷомеа ва ҳамчунин ба сустиродагиву як навъ нобоварӣ ба худ ва ба зарфияти худ”.

Ҳамин нуктаро равоншинос Каримов Қутбиддин низ таъкид карда,  ба он ишора мекунад, ки ин бештар дар байни зердасту роҳбарон рушд кардааст.

Яке аз шаклҳои паҳншудаи дурӯғӯӣ ин чоплусӣ ё хушомадгӯӣ мебошад, ки бисёр бад аст. Ва дар ҷомеаи имрӯзаи мо бештар рушд ёфтааст. Ва ин ҳам албатта барои ба даст овардани ягон манфиат аст. Асосан зердастон нисбати роҳбарони худ бисёр хушомадгӯӣ мекунанд барои ба даст овардани мансаб ё ягон намуди манфиати дигар, мегӯяд равоншинос Қутбиддин Каримов.

Дурӯғгуӣ роҳҳали масъала нест!

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки бо дурӯғ гуфтан мушкилот ҳал мешаванд, лек намеандешанд, ки ин амали эшон паёмади хубе ба дунбол надорад.  Мисле, ки мегӯянд: "Чароғи дурӯғ фурӯғ надорад" ҳоло ҳам бошад бад-ин шева наметавон аз мушкилӣ раҳо шуд. Ин дар аксари ҷомеаҳо ба вижа дар мо низ як чизи маъмулӣ ва назарногире шуда, ки фикр мекунам иллати аслиаш коҳиш ёфтани виҷдон,ахлоқ ва маърифати умум дар ҷомеаи феълӣ аст. Масъала ин ҷост, ки ҳамин бузургсолони мо зиёд насиҳат мекунанд, ки ҳаргиз дурӯғ нагӯед, дурӯғгӯ нашавед, вале худи эшон низ дар ҳаёт бисёр дурӯғ мегӯянд. Масалан, вақте фарзандро дар тифлӣ мегӯӣ, ки ин кори бад аст ва ту набояд инро анҷом диҳӣ, вале вақте худ чунин мекунию он тифл аз ин огоҳ мешавад, пас ин хоҳу нохоҳ таъсири манфие ба тарбияи наврасон ё кӯдакон мерасонад, мегӯяд донишҷӯи ДМТ Табрез Маҳмудов.

Дар ҳамин маврид аксари мусоҳибон ва таҳлилгарону психологон ҷурмро дар муҳити оила ва калонсолон медонанд. Агар чунин аст, пас нахуст бояд худи калосолонро дар рӯҳияи ростгӯӣ тарбия намуд. Вагарна ин падида, дурӯғгӯиро наметавон дар ҷомеа решакан намуд. Аммо ба суоли он ки чӣ гуна метавон ин падидаро миёни калонсолон ва дар маҷмӯъ аз ҷомеа бартараф кард, равоншинос Қутбиддин Каримов мегӯяд: “Вақте одам ягон гуноҳ содир мекунад ва беҷазо мемонад, минбаъд боз онро давом додан мегирад. Пас ҳатман бояд одам ҷазо бинад, ки аз ин кор даст кашад. Ман фикр мекунам, бигзор барои дурӯғ гуфтан ягон намуд ҷазо бошад. Бигзор ин ҷазо ба мисли танбеҳ шавад. Шарт нест, ки вай ҳатман ҷазои маъмурӣ ё ҳуқуқӣ  бошад. Ҷазои оддӣ, ҷазои ахлоқӣ, ҷазои ҷаъиятӣ  бошад. Дар ин ҳолат, вақте одам барои гуфтани дурӯғ ҷазо мегирад, пас эҳтимол дорад,  оҳиста - оҳиста он аз байн бурда шавад”.

Наврӯз Қурбонзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)