Бахшҳо
28 мар 2012 10:15Гузориш

Ҳиндустон-такондиҳандаи дунё

Соли 1994 вақте ин намоишгоҳ дар Ню-Деҳлӣ ифтитоҳ ёфт, дар он танҳо 313 нафар иштирок карда будаанд. Ҳоло дар намоишгоҳ беш аз 2 ҳазор экспонат ба намоиш гузошта мешавад.

Нимаи дуввуми моҳи феврал дар  шаҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон Намоишгоҳи маҳсулоти дастсохт баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ ҳамроҳ бо як соҳибкори тоҷик хабарнигори Озодагон ҳам ширкат варзид.

Қабл аз ҳама бояд зикр намоем, ки чорабинии мазкур дар байни намоишгоҳҳои ҳаммонанди кишварҳои Осиё бузургтарин ба ҳисоб меравад. Намоишгоҳ тайи 18- соли ахир аз ҷониби Шўрои рушди содироти маҳсулоти дастсохт баргузор гардида, ба маърази тамошои тоҷирон, соҳибкорон ва ҳамаи  онҳое, ки  ба маҳсулоти дастсохт таваҷҷўҳ доранд, имконият фароҳам меорад, то аз ҳунару истеъдоди якдигарӣ бохабар шаванд, ҳамкорӣ намоянд ва тиҷорати худро боз ҳам рушд бидиҳанд. Аз ин ҷост, ки намоишгоҳи мазкур ҳам  барои харидорон ва ҳам барои содиркунандагони маҳсулот хеле манфиатовар дониста мешавад.

Хуллас, дар тайёраи самти Душанбе- Алмаато огаҳӣ ёфтам, ки аз Тоҷикистон ба ғайёр аз мани хабарнигор, роҳбари корхонаи ҶДММ «Атлант» Сипеҳр Абдуев низ ҳаст. Ўро ҳамчунин муовинаш, Парвинабону (ҳамсари тоҷир) ҳамроҳӣ мекард. Барои ман сафари мазкур ба Ҳиндустон дуввумин ба ҳисоб мерафт, аммо онҳо аввалин бор ба ин кишвари афсонавӣ сафар доштанд.

Саҳни намоишгоҳ

Барои баргузории намоишгоҳи мазкур ҳукумати Ҳиндустон толори калону зебо ва мувофиқеро дар маркази шаҳри Ню-Деҳлӣ омода намудааст. Масоҳати умумии толори намоишгоҳ  100. 000  метри квадратиро ташкил медиҳад. Зеро тавре, ки гуфтем иқтисоди ин кишвар аз ҳисоби намоишгоҳи мазкур ҷаҳиши бузурге ҳам эҳсос кардааст. Тавре баъдан ба мо гуфтанд, ин намоишгоҳ  соле ду  маротиба - баҳор ва тобистон баргузор мешавад. Тайи 18- соли баргузории намоишгоҳи мазкур аллакай 950 нуқтаи маҳсулоти дастсохт ҷо кунонда шудааст. Доираи баргузории намоишгоҳ ҳамчунин аз ҳисоби харидорони хориҷӣ  хеле афзоиш ёфта, то 8- ҳазор нафар расидааст. Соли 1994 вақте ин намоишгоҳ ифтитоҳ ёфт, дар он танҳо 313 нафар иштирок карда будаанд. Аммо феълан дар намоишгоҳ беш аз 2- ҳазор экспонат ба намоиш гузошта шудааст. Харидорони асосӣ ва бузурги намоишгоҳи мазкур аз кишварҳое чун ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Канада, Арабистони Саудӣ, Африқои ҷанубӣ, Русия, Гонгконг, Малазия, Сингапур ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Бо афзоиш ёфтани теъдоди ширкаткунандагон ва харидорон ҳаҷми содироти масулоти дастсохт аз Ҳиндустон низ афзоиш меёбад. Бубинед, дар солҳои аввали шаклгирии намоишгоҳ аз Ҳиндустон ба маблагӣ 600 миллион доллар маҳсулоти дастсохт содирот  мешуд. Ин маблағ тайи солҳои ахир 2301.52 миллион баробар шудааст. Дар натиҷаи афзоиш ёфтани талаботи содиротӣ устоҳои корхонаҳои маҳсулоти дастсоз даромадҳои ҳангуфте ба даст меоранд ва аз ҷониби дигар шарикони онҳо аз кишварҳои дигар низ  манфиатҳои калони молиро соҳиб мешаванд.

Манфиатҳои «Атлант» аз намоишгоҳ

Тайи чанд рўзе, ки намоишгоҳ идома дошт мо бо соҳибкорон ва тоҷирони кишварҳои гуногун ҳамсўҳбат шудем. Ҳар кадом бардоштҳои худро доштанд, аммо як чиз маълум буд, ягон тоҷир аз ин намоишгоҳ бо дасти холӣ намерафт. Ҳатман бо ин ё он ширкат созишномаи ҳамкорие ба имзо мерасонанд ё тавофуқоти қаблиро соҳиб мешуданд. Аз ҷумла, тоҷири тоҷик роҳбари ширкати  ҶДММ «Атлант» низ чанд ҳамкорони нави хинду пайдо кард.

- То ин замон ҳам ширкати «Атлант» дар соҳаи мебелсозӣ фаъолиятҳои густурдае дорад, - мегўяд  Сипеҳр Абдуев. - Аммо намоишгоҳи Ҳиндустон ва маҳсулоти ба маърази тамошогузошташуда барои мо аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷўҳ афтод, ки акнун мо имкон дорем, барои мизоҷони худ бастаи комили маҳсулоти худро пешкаш намоем. Масалан, агар қаблан мизоҷони мо мебелро аз мо мехариданду болопўш барои он ё қолину палоси ба ранги онҳо мувофиқ меомадаро аз ҷойи дигар мекофтанд, акнун имкон пайдо мекунанд, ки ин ҳамаро аз нуқтаҳои фурўши ширкати мо дастрас намоянд. Дар ин сурат ҳамвақт сарфа мешавад ва ҳам бе харҷи маблағи иловагӣ. Яъне мо кўшиш мекунем маҳсулоти сифатноки худро бо нархи барои мардум дастрас ба онҳо пешниҳод кунем. Ба гуфтаи  ҷаноби Абдуев,  ширкати онҳо бо корхонаи калонтарини Ҳиндустон «VinayakInternational»-, ки ба истеҳсоли қолин ва болопўшҳо барои мебел машғул аст,  ҳамкориро оғоз намудааст ва ба наздикӣ маҳсулоти онҳо  дар бозори Душанбе пайдо хоҳад  шуд.

Тоҷикистон бояд чӣ бардоште аз ин намоишгоҳ ҳосил кунад?

Пас аз анҷоми намоишгоҳ чанд андеша дар зеҳни мо пайдо шуд.Пеш аз ҳама маҳсулоти дастсохти тоҷирони хинду то андозае  моҳирона сохта шудаанд, ки одам ба душворӣ бовар мекунад, ки он дастӣ сохта шудааст. Гап сари он меравад, ки маҳсулоти дастсоз аллакай ба як бахши афзалиятноки иқтисоди Ҳиндустон табдил шудааст.

Тайи рўзҳои баргузории намоишгоҳ ин суол ҳамеша дар зеҳни ман мечархид, ки оё дар Тоҷикистон, ки таҷрибаи истеҳсоли маҳсулоти дастӣ собиқаи тўлонии таърихӣ дорад,то куҷо имкони рушд ва соҳиб шудани авлавиятро дорад? Ҳоло мо мебинем, ки дар бозорҳои Душанбе, маҳсулоти ҳаммонанди хитоиву кишварҳои дигар кам нест, ҳатто тоҷирони мо маҳсулотеро низ аз хориҷа меоранд, ки имкони истеҳсоли онҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Албатта, ҳамкорӣ  бо шарикони хориҷӣ хуб аст, аммо он бояд танҳо ба сифати қадами аввал хизмат намояд. Тавре баъдан раиси ширкати «Атлант»  низ гуфт, онҳо ҳам мехоҳанд дар оянда истеҳсоли маҳсулоти дохилиро роҳандозӣ кунанд.

Ҷамила Мирбозхонова

Душанбе-Ню-Деҳлӣ-Душанбе

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)