Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Пешниҳод

29 март 2012, 10:57

Наврӯз бидуни эълон ҳам ҷаҳонӣ ҳаст, фақат онро бояд шинохт.

Аввалин қадам дар таҷлил бояд баргардондани асолати он сана ва ҷашн бояд бошад

Дар тамоми шабакаҳои телевизиони кишвар ҳар гузорише аз таҷлили Наврӯз буд, ҳатман таъкид мешуд, ки Наврӯзи байналмилалиро бо шукргузориву шодӣ сокинони фалон ноҳия ё шаҳр ҷашн гирифтанд. Аввал зиёд ҳассос набудам, аммо ба ҳадди ифрот такрор шудани ин гуна тавсифи худбофтаи ночаспон ба торҳои асабам нохун мезад. Ба назар мерасад, ки шахсе ё гурӯҳе огоҳона ва ё ноогоҳона дар ростои поин бурдани ҷойгоҳи Наврӯз ва ё ҳадди ақал як моҳияти худбофтае додан ба он талош доранд. Даҳҳо нафар мусоҳиби хабарнигорони шабакаҳои телевизиони кишвар таҳти таъсир иддаову таблоғоти идеологҳои дурӯғин ва ватанхоҳони забонӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷашни байналмилалӣ шудани Наврӯзро боиси ифтихор мехонданд. Ин дар ҳолест, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Озарбайҷон ироа шудаву Тоҷикистон яке аз чанд кишварест, ки ин пешниҳодро пуштибонӣ кард. Албатта ин талоши огоҳона ё ноогоҳонаи таҳрифи вокеият мавзӯи баҳси мо ва онучунон муҳим ҳам нест. Муҳим ва падидае, ки боиси иншои ин сатрҳо гардид, бо ин ҷаҳонӣ эълон шудан боло нарафтани ҷойгоҳи Наврӯз мебошад. Бояд фаромӯш накард, ки даҳҳо рӯз дар тақвим аз сӯи Созмони милал ва соири ниҳодҳои байналмилалӣ рӯзи ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудаву онро дар аксари кишварҳо таҷлил мекунанд. Наврӯз он тарв, ки телевизиони кишвар таблиғу талқин мекунад, фақат ҷашни миллӣ ё иди баҳор нест ва ба ин моҳият таҷлили он чи дар кишвар ва чи дар сатҳи ҷаҳон поин овардани ҷойгоҳи Наврӯз аст. Бояд бидонем ва барои дигарон низ бифаҳмонем, ки ҳамвазну баробари Наврӯз дар тақвими ҷаҳон фақат Соли нави мелодӣ ҳаст. Яъне агар таҷлил мешавад бояд ҳамчун оғози Соли нав мутобиқи солшумории хуршедӣ ҷашн гирифта шавад. Ҳар гуна мақоми дигар додан ба Наврӯз дур кардани он аз моҳияту ҳувияти аслияш бояд арзёбӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол намоиши телевизион аз маросими таҷлили наврӯз дар бархе минтақаҳои кишвар воқеан музҳик буд. Аз ҷумла зери барф бо либосҳои нозук дастафшонӣ кардану суруд хондани тифлакон дар ноҳияи Ҷиргатол ҳеч ҷои шодӣ надошт, балки бинандаро сахт ба риққат меовард.

Аз сӯи дигар агар ифтихори пучу иддаоҳои бепояро як канор гузорем воқеият ин аст, ки ба назар мерасад мо- мардуми тоҷик камтарин ҳақи иддаои соҳибият ба Наврӯзро дорем. (Ҳоло тасаввур мекунам, ки идеологҳои дурӯғин ва олимони чоплус бо хондани ин ҳарфҳо чи қадр ба ғазаб меоянд ва шояд маро душман эълом кунанд. Аммо…) воқеият ин аст, ки моҳияти аслии Наврӯз оғози соли нав будани он аст. Ба ин шакл имрӯз танҳо дар кишварҳои Эрону Афғонистон Наврӯзро таҷлил мекунанд. Яъне на ҳамчун як ҷашне, ки баҳонае барои рақсу суруд ва сайру намоишҳои каммоҳияту чеҳраашро ивазкардаи замони Шӯравӣ бошад. Агар тақвими мо бо ин рӯзи нав иваз намешавад, яъне солшумории мо, ки аз Наврӯз оғоз намегирад, ба чи далеле иддао дорем, ки Наврӯз аз мосту  Тоҷикистон ватани Наврӯз аст? Албатта ба шакли як ҷашни хушҳолӣ ва сайри мардумӣ (народное гуляние) ва намоишгоҳҳо тартиб додан Наврӯз аз они мост. Аммо бо моҳияти аслияш…  Охир талоши офтобро ба домон пӯшондан беҳудакорие беш нест.

Мо беист иддао дорем, ки Наврӯзро иди байналмилалӣ кардем. Ҳол он ки моҳияти аслии Наврӯзро дорем аз байн мебарем. Аз сӯи дигар як аслро набояд фаромӯш кард, фақат миллатҳои кучак, ки таъриху тамаддуне надоранд, дар ростои исботи мавҷудияти худ ба ин гуна иддаоҳои камарзиш ва аз устураҳо таърих сохтанҳо аввалан норасоии худро рӯйпуш мекунанду сипас барои ҳувияти худ пеши дигарон гӯӣ далел меоранд. Аз барои Худо, инсоф кунед. Бо пазируфтани Созмони милал ё ҳар ниҳоди дигар Наврӯз ё ҳар ҷашни дигари моро бидуни шак ҷойгоҳамон аз будаш боло намеравад. Гузашта аз ин мо миллати бузургем ва ниёзе ба ин гуна пазируфтани ин ё он ниҳод надорем. Мо бояд аввал худрову ҷойгоҳамонро дар тамаддуни башарӣ бишносем ва Наврӯзу аз ин даст муносибатҳоро аз рӯи асолаташ таҷлил кунем. Он гоҳ ҳатман дигарон худ аз паи шинохтани мо мешаванд. Вақте Наврӯз дар ду кишвари ҳамзабони мо оғози сол асту дар кишвари мо як ҷашне намедонам бо чи асолат, пас ҳар ниҳоди байналмилалӣ онро фаромилливу ҷаҳонӣ эълон кунад ҳам, ҳанӯз мояи баҳамомадан ва ифтихор нест. Наврӯз бидуни эълон ҳам ҷаҳонӣ ҳаст, фақат онро бояд шинохт.  Беш аз ин, бояд ба дунё бо чашми боз бингарем. Охир ҳамасола беш аз шаш миллиард инсон дар кишварҳои гуногун бо нажоду ақидаву забонҳои гуногун шаби аввали моҳи январро ба сифати оғози Соли нав таҷлил мекунанд. Ҳеч шунидаед ва ё дар ҷое хондаед, ки кадом як кишвари масеҳӣ барои ҷашни байналмилалӣ шудани он пешниҳод дода бошад? Пас чи ҷои ифтихор дорад, ки дар Созмони милал ё ину он ниҳоду кишваре Наврӯзро ба шакли расмӣ таҷлил кунанд? Охир мо ҳам Соли нави онҳоро ҷашн мегирем- ку! Гузашта аз ин ҳамон гуна, ки ишора шуд, ҳанӯз барои худи мо Наврӯз оғози Соли нав нашудааст. Яъне ҳанӯз Наврӯзро дар хонаи худамон ба ҷойгоҳи аслӣ ва арзандааш нашинондаему аз таҷлили он дар хонаи дигарон хушҳолӣ мекунем.

Албатта набояд аз ҳақ бигзарем, ки ин ҳама ҷашну шодӣ ба муносибати Наврӯз чои хушҳолӣ дорад. Аммо то замоне ки Наврӯзро ба ҷойгоҳи аслияш нашинонем, яъне тақвими кишварро бо Наврӯз оғоз накунем, ин ҳама ҷашну базмҳо мисли дигар ҷашну базмҳо хохад буд. Ба ибораи сода муҳим Наврӯз не муҳим базму рақсу шодӣ хоҳад шуд, ки ҳар рӯзи дигаре ҳам бо баҳонае мешавад онро созмон дод.

Пас, аввалин қадам дар роҳи таҷлил ва бузургдошти Наврӯз бояд ҳамчун оғози Соли нав шинохтани ин рӯз ва тақвими кишварро низ ба ин солшуморӣ баргардондан аст.

Зафари Суфӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!