Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Нур бар зулмот ғолиб меояд

29 март 2012, 11:16

Таърих гувоҳ аст, ки бархе давлатҳо давоми 20 сол ба як кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил шудаанд, аммо ба қавле "мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем"…


Агар Наврӯзро ғалабаи рӯшноӣ бар зулмот мехонданд, ҳоло солҳост, ки Тоҷикистон Наврӯзро дар торикӣ ҷашн мегирад. Ёд надорам, ки бори чандум аст дар бораи барқ менависам. Охирин матлабам "Сесолаҳои беохир" ном дошт ва қавл додам, ки дигар лимиту "Барқи тоҷик"-ро ба "ҳоли худашон" мегузорам, аммо нашуд. Вақте деҳа рафтам ва аҳволи мардумро бо чашми сар дидам қавлшиканӣ кардам. Муҳим нест, ки дар бораи кадом русто мегӯям, зеро вазъ қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон якранг аст.


Вақте дар сардиҳои шадид одамон аз зери барф охирин решаҳои дарахтонро мекобанд, то волидони пирашон аз сардӣ ҷон надиҳанд, вақте зане бо ашки шашқатор аз ҳамсояаш чорто таппак қарз мепурсад, то кӯдаки навзодаш туъмаи хунукӣ нашавад, вақте лимити муқарраршударо ҳам ба аҳолӣ намедиҳанд ва ин ҳамаро мебинӣ дигар хомӯш будан имкон надорад.


Дар рустоҳо кайҳо сокинон аз ду соат барқи субҳгоҳӣ умедашонро кандаанд, аммо чӣ мегӯед, ки на ҳар шом низ рӯшноии онро мебинанд. Гузашта аз ин аз лимити бегоҳӣ низ нисфашро "қайчӣ" мекунанд. Дар баъзе деҳоти ҷумҳурӣ дар шабонарӯз  45 дақиқа барқ медиҳанд.


Боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар кӯҳистон дигар касеро нигарон намекунад. Онҳо аз боло рафтани арзиши таппаку ҳезум дар ташвишанд. Дар маркази ноҳия аз биноҳои ду ва сетабақа дуди печи бобоӣ ба осмон дакка мехӯрад. Беморхонаи марказии ноҳия ҳам дар "никоҳ"-и лимити барқ даромадааст. Баъзан рӯзи дароз ва ҳатто шаб барқ хомӯш мешавад. Аз дохили утоқҳои табобатӣ дида берун гармтар аст. Хешовандон барои бемор қабл аз ҳама курпаи гарм меоранд. Ҳолати катҳои хоб ҷои гап надорад. Дар чунин шароит шифо ёфтан ба фикри шумо имконпазир аст? Баъди мушоҳидаи чунин вазъ оё мешавад хомӯш буд?


Дигар афсона ҳам суде надорад…


Мақоли "Бузак-бузак намур баҳор омад" ҳам ба дарди одамон намехӯрад. Соли дуюм аст, ки табиат ва "Барқи тоҷик" маҳз дар фасли баҳор мардуми кишварро "ҷазо" медиҳанд. Бо айби аввалӣ дуюмӣ реҷаи шадиди барқро ҷорӣ мекунад ва мардум рӯ ба раҳми Худо мешинанд. Акнун дар дуоҳои баъди намозу пас аз хӯрок боз як ҷумла илова шудааст: "Худованди Карим обанбори Норакро сероб гардон".


Нур бар зулмот ғолиб меоядБарқ барои сокинони минтақаи кӯҳистони кишвар чизи дастнорасеро мемонад. Он гуна ки кӯдак аз дидани шакалод хурсанд мешавад, рушании фурузонакҳои камасраф рустоиҳоро хушнуд мекунад.


Лимитбандиҳову бебарқиҳои тӯлонӣ ва ваъдабозиҳои масъулин кайҳо умедҳо барои дар чор фасли сол бо барқи пайваста таъмин буданро барбод додаст.


Ҳамин шабу рӯз лимити барқ шадидтар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамагӣ баъди чанд рӯзи дигар арзиши истифодаи барқ ба 20 дар сад боло меравад. Ёдовар мешавем бо пешниҳоди ширкати "Барқи тоҷик" ва қарори ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми апрел аҳолӣ барои як киловатт барқ ба ҷои 9 дирами ҳозира, 11 дирам пардохт мекунад.


Масъулин чун ҳамеша тасвиби қарор, амр ё қонунеро барои ҷомеа муҳим ва заруриву саривақтӣ арзёбӣ мекунанд. Зимнан, дар шарҳи боло бурдани нархи барқ ҳам мушкил накашиданд. Яке гуфт, талаботи Бонки ҷаҳонӣ ҳамин буд, ки ҳаққи истифода аз барқ гарон шавад, дигарӣ аз зараровар будани арзиши ҳозираи он даҳон пур кард, аммо касе ба зарари ин иқдом ба кисаи мардум лаб накушод. Абдулло Ёров, раиси "Барқи тоҷик" нархҳои мавҷударо барои ширкаташ зараровар арзёбӣ кард. Аммо аз зарари бебарқӣ ва боло бурдани қимати он чизе нагуфт. Танҳо коршиносони соҳа ва соҳибназарон дар посух ба пурсиши "Озодагон" иқрор карданд, ки иқдоми мазкур чӣ зарбае ба вазъи иқтисодии мардуми бечора мезанад.


Абдуқаҳҳори Давлат ба пурсиши хабарнигори мо гуфта буд, ки зиёд шудани нархи нерӯи барқ вазъияти бе ин ҳам мушкили мардуми моро боз бештар мекунад: "Ҳайратовар он аст, ки чаро ҳукуматдорони мо, ба хусус иқтисодшиносон ба мақомоти давлатӣ аз пайёмадҳои ин гуна тасмимҳо ҳушдор намедиҳанд. Намегӯянд, ки шумо ин корро анҷом надиҳед, ки оқибатҳои мудҳише дар пай дорад".


Ба қавли Амният Абдуназаров, роҳбари созмони "Демократия" ба боло бурдани қимати барқ ҳеч зарурате нест: "Рӯз ба рӯз нархҳои бозор баланд шуда истодааст ва мардум қобилияти харидориро аз даст медиҳад. Боло бурдани нархи барқ боз як зарбаи дигар ба кисаи мардуми қашшоқ аст. Ҳамзамон кишвари иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ҳам зери суол мемонад. Баланд бардоштани нархи барқ ба хотири он аст, ки мехоҳанд, аз ҳисоби мардум ширкати "Барқи тоҷик" ғанитар гардад. Вале теъдоди мардуми камбизоат боз афзоиш хоҳад ёфт".


Исмоил Талбаков, вакили мардуми дар парлумони кишвар аз ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки болоравии нархи барқ ба мардум таъсири манфии худро мегузорад.


Аммо ин гуфтанҳо ба назар мерасад, ки дигар фоидае надоранд. Аз мардум акнун 11 дирамӣ меситонанд. Ин ҳам чандон мушкил надошт, агар аҳолӣ дар зимистон, дар фасли барояшон аз ҳар ҷиҳат мушкил барқ мегирифтанд.


Одат шудааст, ки дар ҳама мушкилоте, ки домангири аҳолии кишвар аст, ҷанги шаҳрвандиро гунаҳкор мекунанд. Аммо 15 сол шуд, ки Тоҷикистон дар ҳолати сулҳу амн ва чунон ки мансабдорони тоҷик гуфтанашро дӯст медоранд "ваҳдати миллӣ" ба сар мебарад. Таърих гувоҳ аст, ки бархе давлатҳо давоми 20 сол ба як кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил шудаанд, аммо ба қавли Мавлавӣ "мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем". Мегӯед ҳоло Тоҷикистон боз 5 соли дигар фурсат дорад? Ман ҳам зиёд мехоҳам дар панҷ соли дигар кишвари мо дар феҳрасти аққалан давлатҳое, ки мардумаш бо барқи "шикамсерӣ" таъминанд ворид шавад, аммо вақте ба воқеият нигоҳ мекунӣ шубҳаҳо зиёд мешавад.Нур бар зулмот ғолиб меояд


Ба ҳар сурат ба муъҷизаи илоҳӣ боварӣ ҳаст ва шояд баъди панҷ сол дар Тоҷикистони тамоман дигар зиндагӣ мекунем. Дар Тоҷикистоне, ки мардум аз фасли тирамоҳ бо далели оғози реҷабандии барқ буданаш дигар ҳарос надоранд. Калимаи лиммитро забоншиносон дар феҳрасти ибораҳои архаистӣ ворид мекунанд. Дар он Тоҷикистон мансабдороне, ки аз як вазифа бо сабаби бемасъулиятӣ сабукдуш шуданд, раиси шаҳри дигар таъин намешаванд. Дар он Тоҷикистон ҳар зимистону ҳар баҳор мизони об дар обанборҳои бузург коҳиш намеёбад.


Дар он Тоҷикистон аз фасоду ришват ному нишон ва аз суду прокурори порагир дараку хабаре нест. Он Тоҷикистон мақоли "як тарафаш тобистону як тарафаш зимистон"-ро ба хотир намеорад. Онҷо мардуми оддӣ баробари мансабдорони бо маоши ночизи давлатӣ сарватмандшуда шабонарӯзӣ барқ доранд. Дар он Тоҷикистон нозирони БДА танҳо мошинҳои сохти шӯравиро "шикор" намекунанд. Онҷо ҳар амри президент бе чуну чаро риоят мешавад.


Шумо ба чунин мӯъҷиза бовар доред?


Абдулазизи Восеъ


PS: Дар ҳамин ҳол, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои суханрониаш дар ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 26-уми март дар Душанбе гуфт, ки нахустин чархаи НБО-и “Роғун” баъд аз ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Шояд пас аз ба кор даромадани чархаи аввали ин неругоҳ «мӯъҷиза» ба ҳақиқат бадал шаваду сокинони кишвар аз сербарқӣ шикоят кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!