Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Пулакӣ шудани об ба манфиати кист?

30 март 2012, 10:24

Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст ва ҳаминак бисёре аз сокинони пойтахт бо оби нӯшокии тоза таъмин нестанд. Аммо ба ҳамаи инҳо нигоҳ накарда КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" тасмим гирифтааст, ки то соли 2018 тамоми сокинони пойтахтро бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин кунад. Аммо ин кор ба кадом мақсад анҷом мешавад ва чи паёмадҳое хоҳад дошт?

Бино ба гуфтаи Муҳиддин Ҳасанов мудири шӯъбаи истифодабарӣ ва таъмири обҳисобкунакҳои КВД Обу корези шаҳри Душанбе, то кунун теъдоди ҳисобкунакхои обие, ки дар пойтахт насб шудааст, ба 9 ҳазору 250 адад баробар аст ва ҳамагӣ 5 фоизро дар бар мегирад. Ва имсол аз рӯи барнома қарор аст, ки 76 ҳазор донаи дигар ҳисобкунакҳои обӣ насб гардад. Ин тарҳ бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ иҷро мегардад ва ба ғайр аз мардум, корхонаҳову ташкилотҳҳо ҳам бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳасанов чунин мешуморад, ки бо ин кор ҳаҷми дақиқи истифодаи об аз тарафи сокинон мушаххас мегардад. Вале коршиносон дар ин бора чи назаре доранд?

Иддае аз коршиносон мӯътақиданд, ки насби ҳисобкунакҳо роҳро барои пурра ситонидани маблағи об аз аҳолӣ фароҳам мекунад. Дар ҳамин ҳол коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён насби ҳисобкунакҳои обиро саривақтӣ   намешуморад ва таъкид мекунад, ки аввал бояд сокинони пойтахтро бо оби ошомиданӣ таъмин карду баъд ҳисобкунак насб кард: "дар шаҳри Душанбе на ҳамаи мардум об доранду бештари аҳолии пойтахт аз рӯи соат об дарёфт мекунанд. Чунончи биноҳои 9 то 12 ошёна дар як шабонарӯз 8 - 10 соат об мегиранд. Вале иттисоли ҳисобкунакҳо барои сокиноне, ки дар як шабонарӯз танҳо 8 соат об мегиранд хуб мешавад, зеро дар ҳоли ҳозир онҳо 8 соат об гирифта бо вуҷуди ин ҳамонанди дигар аҳолии пойтахт пули 24 соат оби масраф накардаашонро пардохт мекунанд". Ба гуфтаи номбурда, барои рафъи ин нобаробарӣ дар масарафи об, қонун ё барномае вуҷуд надорад ва насби ҳисобкунакҳо метавонад ин мушкилро бар тараф намояд агар, нозирони об  пулро ба киса назананду онро ба хазинаи давлат супоранд.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки агар нозирони соҳаи барқ пули аз мардум гирифтаро бо пуррагӣ ба ширкати Барқи тоҷик месупориданд, ин ширкат кайҳо ба яке аз сердаромадтарин ширкатҳои ҷумҳурӣ табдил меёфт. Ба ҳамин хотир онҳо иброз медоранд, ки баъд аз насби ҳисобкунакҳои обӣ дар сурати манфиъатҷуӣ накардани нозирон, ин кор ба муваффақият меанҷомад. Зулфиқори Исмоилиён бар ин бовар аст, ки танҳо 70% маблағҳои барқ ба буҷет мераваду бас ва пули 40% талафоти барқ ҳам шояд ба ҷеби ҳамон кормандони соҳаи барқ меравад, зеро шаффофият на дар соҳаи барқ ва на дар соҳаи об вуҷуд надорад ва имкони суиистифода ва фасод дар сурати насби ҳисобкунакҳо ҳам ҳамчунон вуҷуд дорад.

Аммо бархе аз коршиносон чунин бовар доранд, ки адами ҳисобкунакҳои обӣ боиси барзиёд ситонидани маблағи оби истифода нашуда аз тарафи масъулони сохторҳои обрасонӣ мегардад. Коршиноси иқтисодӣ Барот Юсуфӣ мӯътақид аст, ки насби ҳисобкунакҳо аз нигоҳи иқтисодӣ барои сарфа ва муъаян кардани ҳаҷми дақиқи масрафи об лозим аст: "бо ин кор бо як тир ду нишон зада мешавад. Аввал инки об сарфаҷуӣ карда мешавад ва дуввум онки аҳолӣ обро кам сарф карда маблағи камтаре бобати истифодаи он мепардозанд ва гузашта аз ин мизони ришва ситонии нозирони об камтар мешавад".

Бино ба гуфтаи коршиносон, сатҳи хидматрасонӣ дар бахши об дар ҳолати хубе қарор надорад. Чунки ба андешаи коршиноси иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён, дар сурати таркидан ё сурох гардидани лулаҳои оби шаҳрвандон, масъулини "Водаканал" ба мардум мегӯянд, ки шумо пул ҷамъ кунед то мо омада мушкили шуморо бар тараф кунем. Ва дар аксари ҳолатҳо сокинон худ пул ҷамъ карда ба таъмири лулаҳо ё рафъи дигар мушкилоташон машғул мешаванд. Аз сӯи дигар, баъзе аз хонаҳои Душанбе дар рӯз то 5-6 соат об мегиранд, биноҳои 9 табақа 12 соат об доранд, зеро бо насос кор мекунанд, ки он қувваи электронӣ масраф мекунад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони шаҳри душанбе аз кам омади об шикоят мекунанд. Парвиз Неъматов истиқоматкунандаи минтақаи Зарафшон, ки дар 7 ошёна зиндагӣ мекунад, дар хусуси набуди об мегӯяд: "мо обро бо насос боло мекашем ва дар як рӯз танҳо 9 соат об дорему халос. Ва бештари вақтҳо фарқ намекунад, ки тобистон аст ё зимистон, об ба хонаи мо бо фишори хеле каме мебарояд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот ҳамонанди дигарон пули обро ба таври муназзам пардохт мекунем".

 

Мардуми Тоҷикистон кай об ё оби тозаро мебинанд?

Аз рӯи омори созмонҳои байналмилалӣ сатҳи таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ дар қиёс бо аҳолии дигар кишварҳо, дар рутбаи хеле поинест. Тибқи омори созмони ҷаҳонии беҳдошт, 42 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ маҳрӯм буда бештари деҳаҳои кишвар ба оби нушокӣ дастрасӣ надоранд ва танҳо 20 фоизи аҳолӣ ба шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ пайвастанд. Бино ба гузориши СММ, дастрасии мардуми Тоҷикистон ба об маҳдуд буда танҳо дар як шабонарӯз 4 то 15 соат оби ошомиданӣ ба мардум дода мешаваду дар манозили масрафкунандагон ҳисобкунакҳои обӣ намебошад. Аммо муовини раиси шаҳр Насрулло Хайруллоев таҳлили СММ - ро нодуруст дониста мегӯяд, ки 70 фоизи аҳолии пойтахт доимо об доранд. Вай аз ҷумла афзуд: "дар ҳоли ҳозир ҳар рӯз батаври доимӣ ба сокинони шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 750 ҳазор метри мукаъаб об дода мешавад, ки ин шумора ба ҳазор метри мукаъаб бар ҳар сари аҳолӣ баробар аст".

Ҳамчунин аз рӯи барномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо низоми масрафи сарфаҷуёнаи об тӯли як моҳ барои истеъмолкунандагон дар хонаҳои сохтмонӣ барои як нафар 10,8 метри кубӣ ва дар хонаҳои заминӣ бошад, барои як истеъмолкунанда оби нушокӣ 6 метри кубӣ муъаян шудааст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон дастрасии аҳолии пойтахт бо оби тозаро беҳтар аз солҳои пешин арзёбӣ мекунанд. Барот Юсуфӣ як хабарнигори тоҷик бар ин назар аст, ки нисбат ба чанд соли қабл мардуми шаҳри Душанбе аз оби ошомидании поктаре баҳраманд шудаанд: "баъди онки дар "Воданасос" маркази таъмини об сохтанд, қисмати аслии шаҳр бо об таъмин гардид. Чунончи пештар аз марказ то ноҳияҳои Сино аҳолии ин навоҳӣ аз оби доимӣ бархурдор набуданд. То се сол пеш ҳамроҳи борон оби "қаҳваранг" меомад, вале акнун чунин нест".

Дар канори адами таъмини сокинони пойтахт бо ҳисобкунакҳои обӣ ва дастрасӣ надоштани онҳо ба оби ошомиданӣ мушкили дигаре наҳуфтааст, ки низоми ҷамъоварии ҳаққи пардохти об мебошад. Дар ин бора директори корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ Алимурод Тағоймуродов мегӯяд, низоми ҷамъоварии маблағҳои хизматрасониҳои коммуналӣ дар ҳолати нодуруст қарор дорад. Чунончи як нозир метавонад пули обро гирифта то садсолаҳо ба "Водаканал" ва дигар корхонаҳо надиҳад. Як нозир аз ҳазор нафар 10 сомонӣ гирад дар маҷмуъ соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешавад ва ин маблағро дар кисааш занад, чигуна метавон интизори ободии ҷомеаро дошт? Аз ин рӯ, бояд низоме ҷорӣ гардад то мардум худ рафта ҳаққи хизматрасонии коммуналию обро аз тариқи бонк пардохт кунанд.

Инки оё воқеъан бо насби ҳисобкунакҳо мушкили фасоду ришваситонӣ дар соҳаи об ҳал мегардад ё на, Барот Юсуфӣ ибрози хушбинӣ мекунад: "фикр мекунам то андозае ин мушкил рафъ мешавад, зеро дар сурати адами ҳисобкунак нозирони об метавонанд ришваситонӣ кунанд. Агар ҳисобкунакҳо насб гардад, фасод пурра неву то як андозае коҳиш меёбад".

Бояд мунтазир монд то соли 2018, ки пурра аҳолии пойтахт бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин мегарданд, ин ки насби ин дастгоҳҳо ҳаққи пардохти обро кам мекунад ё зиёд, ришваситониву фасодро коҳиш медиҳад ё афзоиш, мизони дақиқи оби масрафиро мушаххас мегардона ё на ва ниҳоят сатҳи хидматрасониро беҳтар мегардонад ё бадтар, вақт нишон хоҳад дод.

Сиёвуш Қосимзода

PS:

Инҷо фикре ба сарам омад. Замоне масъулини тоҷик мушкили таъмини аҳолӣ бо гази табииро хостанд бо роҳи насби ҳисобкунакҳо рафъ созанд. Гуфта мешуд, ки пас аз насби ҳисобкунакҳои газ мушкили газрасонӣ ба пуррагӣ барҳам хоҳад хӯрд. Вале пас аз насби саросарии ҳисобгарҳои газӣ худи газ ҳам ба таври куллӣ "гум" шуд. Ба ростӣ пас аз ин аз насб гардидани ҳисобкунакҳои обӣ низ кас ба ҳарос меафтад. Худо накунад, ки ин ҳисобкунакҳо низ мисли ҳисобгарҳои газ "бехосият" бароянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!