Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:45

Ӯзбакистон ва Русия ба Тоҷикистон фишор меоранд?

31 март 2012, 04:33

Боло рафтани боҷи содироти гумрукӣ барои сӯзишворӣ ва эҳтимоли қатъ шудани гази сӯзишвори аз чӣ дарак медиҳад.

Вафо Ниятбеков, коршинос

Қатъи интиқоли гази табии Ӯзбакистон ва болоравии боҷи гумрукӣ барои сӯзишвории аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда аз оғози семоҳаи аввали сол ба иқтисоди миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад. Дар сурати пурра қатъ шудани гази табиӣ аз оғози моҳи апрел қабл аз ҳама ду корхонаи азими Тоҷикистон: ширкати ТАЛКО ва Тоҷиксементро ба мушкил мувоҷеҳ месозад.  Тоҷиксемент иншоотҳои стратегии кишварро, ки сохтмонашон идома дорад, бо маҳсулоти аълосифат таъмин мекунад, ки яке аз онҳо НБО Роғун мебошад. Дар баробари қатъ шудани интиқоли газ ва боло рафтани боҷи гумрукӣ барои сӯзишворӣ аз моҳи апрел арзиши нерӯи барқ низ баҳри аҳолӣ гаронтар мешавад. Таъсири манфии ин раванд ба иқтисодиётро махсусан дар тирамоҳ баръало эҳсос кардан мумкин аст. Дар кишвар ҳоло бӯҳрони энергетикӣ идома дорад ва маълум нест, ки таъмини зироатҳои обёришавандаи кишоварзӣ чӣ гуна сурат мегирад? Ба ин проблема норасоии гази табиӣ ва сӯзишвории гарон зам мешавад. Кишти баҳорӣ ба наздикӣ бояд оғоз шавад ва ҳамаи ин вазнинӣ ба дӯши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон меафтад. Дар натиҷа ин ҳама ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолмекардаи деҳқонон таъсири манфӣ мерасонад. Маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир нахоҳад шуд ва дар кишвар сатҳи таваррум афзоиш меёбад. Ҳозир Ӯзбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад ва эҳтимол пагоҳ ин ҳамсоя сару садо дар атрофи корхонаи алюминийро пурзӯр менамояд. Бе ин ҳам алайҳи ин корхонаи азим кайҳо боз эътирозҳо ташкил карда истодаанд. Онҳо дар бораи зарари ин корхона ба экологияи атроф ҳарф мезананд ва дар бробари ин аз пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои гузаронидни баррасии экологии ширкат худдорӣ мекунанд. Азбаски сохтмони Роғун бо сабаби гузаронидани баррасӣ барои чанд вақт мавқуф гузошта шуд, акнун ҳамсоякишвар тамоми қувваи худро алайҳи ширкати азими Тоҷикистон равона карда истодааст.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон

Он равандҳое амалӣ шуда истодааст, ки мо аз он тарс доштем. Баъзе пешгӯиҳо буд, ки Кремл нақшаҳои худро аз тирамоҳ шуруъ мекунад, лекин ин раванд хеле барвақт оғоз шуд. Эҳтимол меравад, ки Кремл дар фишор сари Душнбе Тошкандро ҳамчун иттифоқчӣ шарик карда аст. Дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон бояд як ниҳоде бошад, ки таҳлили стратегӣ ва пешбинии 1-3-5 то 10 солро анҷом дода тавонад. Афсӯс, ки чунин сохтор дар мо нест. Ҳангоми дар вазифа будани Сӯҳроб Шарипов Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ин смт каму беш кор мекард, лекин ҳозир мо дида истодаем, ки таҳлилҳо нест  ва аз ин хотир тарс дорам, ки чунин таҳриму фишорҳо аз болои Тоҷикистон зиёд мешаванд. Тоҷикистон аз як тараф талош дорад, ки имкониятҳои худро тавассути Чин ва Афғонистон васеъ кунад, лекин аз самти анънавие, ки дар гузашта мо имкони ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ карданро доштем, баста шуда истодааст. Мо бояд коре кунем, ки чунин таҳримҳо ҳар се моҳ ё ним сол идома пайдо накунад ва тавонем бо Тошканд ва Кремл дар алоҳидагӣ қарордод бандем ва нагузорем, ки онҳо муштарак фаъолият кунанд. Мо бо ҳар ду ҷониб бояд гуфтушунидҳои мунтазам дошта бошем, ки фишорҳо то ин ҳад вазнину сангин нашаванд. Агар қимати сӯзишворӣ боло раваду интиқоли газ қатъ шавад, ҷои нигаронист ва ҳатто баъзе бахшҳои иқтисоди миллӣ ба бӯҳрони шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Он имкониятҳое, ки тавассути Афғонистон ба даст меорем, ба имкониятҳои аз самти Ӯзбакистону Русия ба даст меомада баробар шуда наметавонанд.

Раҳматулло Валиев, роҳбари созмони "Рушди ҷомеа"

Ба назари ман баланд бардоштани боҷи гумрукӣ аз ҷониби Русия барои ворид кардани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон фишор аст ва Русия бо ин роҳҳо мехоҳад мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсоя аст ва тақдири ин кишвар баъд аз баромадани қувваҳои НАТО равшан нест, мустаҳкам кунад ва ба ин восита таъсирашро ба дигар кишварҳои минтақа расонад. Тоҷикистон имрӯз бисёр чизҳоро аз даст додаст, зеро вақтро гузаронидааст. Қаблан бояд бо Русия бо забоне ҳарф мезад, ки Қазоқистон ва Ӯзбакистон бо Русия ҳарф мезананд. Бо он забоне, ки ҳамсояҳои мо бо Русия гап мезанд мо натавонистем. Шояд барои аз даст нарафтани мансаб бошад ё омилҳои дигар, мо бо Русия ҳарф зада натавонистем. Имрӯз, ки Тоҷикистон дар як вазъияти бисёр ногувори иқтисодӣ қарор дорад, бояд аз пешниҳоди ситонидани маблағ аз пойгоҳи низомии Русия даст накашад. Дар баробари Ӯзбакистон ҳоло Тоҷикистон дигар ягон фишоре дар даст надорад ва Ӯзбакистон хоҳад роҳи оҳанро мебандад, хоҳад марзро мина мегузорад ва хоҳад интиқоли газро қатъ мекунад. Он обе, ки ҳаст мо пеши онро баста наметавонем ва ҳамааш ба Ӯзбакистон меравад. Ягон роҳи ҳалли масъала аз тариқи дипломатия аст ва мо хоставу нохоста ҳамсояи якдигарем ва бояд зиндагиро идома диҳем.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ

Аслан, Русия пеш аз ноил шудан ба ягон ҳадафаш кӯшиш менамояд, ки роҳу воситаҳои гуногуни таъсиррасониро ба давлати Тоҷикистон истифода барад. Чанде қабл дар арафаи интихобот дар хусуси тамдиди буду боши минбаъдаи ҷузъу томҳои ин кишвар дар мамлакати мо миёни сардорони ду давлат санаде ба тасвиб расида буд. Шояд дигар масъалаҳои нав низ дар ин миён пайдо шуда бошанд. Бинобар ин Русия барои қонеъ сохтани манфиатҳояш ба чунин амалҳо даст заданаш аз эҳтимол дур нест. Ба ҳар сурат то анҷоми ваколаташ  президенти Русия Дмитрий Медведев мехоҳад, ки санадҳои ниҳоӣ доир ба масъалаҳои қаблан мувофиқашудаи ҷонибҳо хулосаи мантиқӣ пайдо кунанд ва инро ҳамчун муваффақият дар сиёсати худ нишон диҳад. Дар хусуси моҳияти мушкилот бо ӯзбекистон ҳаминро бояд зикр намоям, ки масъулини соҳа зимни таҳия ва бастани шартномаҳо тартиби муқаррар кардаи созмонҳои байналмилалиро риоя намоянд. Чун қоида ҳолатҳои истисноӣ вуҷуд надошта бошад, то як тарафа бекор кардан ё иҷро накардани шартномаҳо боиси баррасӣ дар сохторҳои марбута нашаванд. Дар бисёр маврид шартномаҳо номукамал аст ё зимни ба расмият даровардани онҳо ба бесалоҳиятӣ роҳ дода мешавад, ки боиси таасуф мебошад. Шояд ин ҷо низ ягон баҳси дигар ҳаст ва ҷониби ӯзбекистон ҳамин тавр мувофиқи мақсад донистааст, ки аксуламал нишон диҳад. Ба ҳар ҳол роҳи дипломатии ҳалли масъала бояд пайдо карда шавад. Зеро вазъи ба амал омада сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро боз ҳам бадтар мекунад.

Илҳом Назриев, таҳлилгари сиёсӣ

Русия ҳар сол вақти оғози кори кишти баҳорӣ ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ боҷи содиротиро боло мебарад. Ҳадаф ин ки ширкатҳо шахсианд ва ба онҳо фармон дода намешавад, ки бензинро аз кишвар набароранд. Барои ҳамин ҳам ҳукумати Русия ҳамин тавр мекунад, ки фурӯши он ба хориҷа имконнопазир шавад. Ӯзбакистон бо Хитой қарордод дорад, ки аз 1 апрел гази худро ба он кишвар бифурӯшад. Бозори Ӯзбакистон нав гарм шуд, харидори сарватманд пайдо кард, ки ҳозир аст ҳамаи гази ӯро бо нархи ҷаҳонӣ бихарад. Ин сабаби он шуд ки ба Ӯзбакистон ширкатҳои Русия ташриф оварданд. "Лукойл" мугӯяд, ки мехоҳад истихроҷи газро дар Ӯзбакистон аз 3 млрд. метри кубӣ ба 18 млрд. расонад ва ба Хитой бифурӯшад. "Газпром" ҳам дар Ӯзбакистон фаъол шуд. Дар Қашқадарё ва Сурхандарё корҳои кофтукоби газро фаъол кард ва мехоҳад аз ин маърака қафо намонад. Хитой 1 апрел сохтмони лулаи нави гази Осиёи Миёна - Хитой ро ба анҷом расонид ва ҳоло тақрибан 500 млн. аҳолии ин кишвар гази Осиёи Миёнаро истифода мекунад. Дар оянда Хитой мехоҳад ин газро ба вилоятҳои ҷанубии худ бикашад ва пасон ба кишварҳои "сателлит"-и худ ҳам бирасонад.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ

Аз як тараф шояд инҳо ҳама фишор ба Тоҷикистон ҳисобида шаванд, аммо аз сӯи дигар ба назари ман ин то андозае дуруст ба роҳ намондани робитаҳои дипломатӣ аз ҷониби масъулини сиёсии кишварҳост. Вақте муносибатҳои дипломатӣ нодуруст ба роҳ монда шудаанд, ба вуқуъ омадани чунин фишорҳо аз эҳтимол дур нест. Тоҷикистон фишоре дар баробари Ӯзбакистон надорад, ки дар чунин ҳолатҳо истифода барад. Розӣ нашудани ҳамсоякишвар барои бунёди Роғун ҳам аз тарси ҳамин аст, ки минбаъд он ҳамчун як василаи фишор истифода нашавад. Яъне онҳо ҳар коре мехоҳанд алайҳи мо анҷом додан гиранд ва мо ҳеч фишоре оварда натавонем.

Иззат АМОН,раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия

Оре, мусаллам аст, ки ин фишор аст  ва ғайр аз ин чизи  дигаре нест. Маълум аст, ки ҳама гуна фишор бо ҳадафҳои маълум ва мушахас ворид карда мешаванд. Вале дар муносиботи кишварҳои пасошӯравӣ як гуна нофаҳмиҳое ҷой дорад. Аз  як ҷониб ин кишварҳо аъзои созмонҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ мебошанд, аз ҷониби дигар ҳамчунин фишорҳо болои ҳамдигар ворид месозанд. Ва бояд қайд намуд, ки чунин фишорҳо аз ҷониби ҳамсоягон ва дӯстони стратегии мо дирӯз сурат нагирифтаанд. Дар таърихи 20 соли истиқлолияти кишварамон мо ҳама вақт зери фишорҳои ё иқтисодӣ ва ё сиёсӣ қарор гирифтаем. Ва низ то ҳол дурнамои сиёсати хориҷии мо ба куллӣ муайян ва фаҳмо нест, ки мо бо кӣ ҳастем. Бори аввал нест, ки Русия нархи боҷи гумрукиро барои Тоҷикистон қимат мекунад. Ва масоили мавриди ихтилоф қарор гирифта, ки боиси қимат шудани боҷ гащтааст инҳоянд;  тамдиди будубоши дивизияи 201 Русия барои 49 сол дар Точикистон, супоридани иҷорапулӣ бахри будубоши он (ҷониби Тоҷикистон 300 миллион доллар барои як сол талаб дорад), масъалаи фурӯдгоҳи ҳарбии Айнӣ ва ҳамчунин марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ва баъзе масоили дигар. Ногуфта намонад, ки дар ин авохир ҷониби Русия барои дохил шудани кишварҳои пасошӯравӣ ба созмони иқтисодии Авруосиё кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодаст. Ҷониби Тоҷикистон майли ворид шудан ба ин иттиҳодро надорад. Ин чиз ба  дӯстони "стратегиамон" он қадар хуш намеояд.  Гумон мекунам, дар рӯзҳои наздик Русия боз аз ҳамон картае, ки дар дасташ ҳаст, яъне муҳоҷирони тоҷик истифода хоҳад бурд. Зеро алакай фоидаовар будани ин карта собит шудааст. Аммо он чӣ вобаста ба Ӯзбакистон ва қатъи газ мебошад, арзиши баҳс ҳам надорад. Чанд рӯз қабл раисҷумҳури Ӯзбакистон дар як семинаре дар Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистон ширкат карда, гуфта буд, ки ба ҳеч ваҷҳ иҷоза нахоҳем дод, ки Тоҷикистон Роғунро бисозад, агар чанде ин бар зарари мо низ тамом шавад. Бинобар ҳамин ин силсилафишорҳо аз як манбаъ маншаъ мегиранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!